РӮЗИ ТАЪРИХИЮ САРНАВИШТСОЗ20-04-2017, 11:34
Хабарро хонданд: 220 нафар
Назарҳо: 0
Раванди расидан ба сулҳи фарогир дар Тоҷикистон, ки хоҳиши деринаи мардуми Тоҷикистон ва қувваҳои сиёсии созандаи мамлакат барои хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва ҷустуҷӯйи ҳамдигарфаҳмӣ ба ҳисоб мерафт, дар ҷараёни кори иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд оғоз гардида, то 27-уми июни соли 1997 идома ёфт, зеро баъди баргузории ин иҷлосияи тақдирсоз низ ҳанӯз вазъи сиёсии ҷумҳурӣ пурра ором нагардида буд. Қувваҳое мавҷуд буданд, ки ба касе итоат намекарданд. Агар баъзеи ин қувваҳои сияҳкор худро ҷонибдори мухолифин меномиданд, баъзеи дигар барои бадном кардани ҳукумат даст ба ҷинояту ғоратгарӣ мезаданд. Албатта, ҳама гуна нооромии сиёсиро қувваҳои ҷиноӣ ба манфиати худ истифода бурда, даст ба куштору ғорат мезананд. Дар он солҳое, ки фазои сиёсии ҷумҳурии азизи мо низ ноором буд, чунин қувваҳо даст ба ҷиноятҳои зиёд заданд, вале ягонтои онҳо ба мақсади нопоки худ нарасида, оқибат подоши амали худро диданд. Маҳз ба хотири расидан ба сулҳи фарогир ва ба даст омадани оромию осоиштагии комил дар ҷомеа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи музокироти байни тоҷиконро пеш гирифт, ки ин музокирот бо мусоидати бевоситаи СММ ва кишварҳои хайрхоҳ баргузор гардид ва аз 5-уми апрели соли 1994 то 27-уми июни соли 1997 идома ёфт. Дар ин муддат 8 даври музокироти байни Ҳукумат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, 3 машварати байниҳамдигарии ҷонибҳо ва 6 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари иттиҳоди мухолифин баргузор гардид. Дар ҷараёни музокирот 9 санади асосӣ қабул шуд. Ин санадҳо барои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» заминаи мусоид фароҳам оварданд. Ниҳоят, дар рӯзи барои мардуми Тоҷикистон басо таърихию тақдирсози 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва ҳуҷҷати сарнавиштсози «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Ин рӯз барои мардуми Тоҷикистон иди ҳақиқӣ буд. Ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» дар ҷомеаи мо на танҳо сулҳу оштии миллиро таъмин намуд, балки ба пешрафту тараққиёти ҳамаҷонибаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард, зеро бидуни сулҳу оромӣ пешрафту тараққиёт имконнопазир аст. Ҳар сол мардуми шарифи Тоҷикистон рӯзи имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»-ро бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ истиқбол мегиранд. Ба истиқболи ин рӯзи саид дар саросари ҷумҳурӣ корҳои созанда вусъат меёбанд. Дар арафаи ин ид даҳҳо иншооту корхонаҳо ба истифода дода мешавад. Тантанаҳои ҷашнӣ доир мегарданд. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан аст. Ваҳдат - беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи саросарии Тоҷикистон, ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзабони берунмарзӣ мавқею мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо дар устувор будани Ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт гом мегузорад. Ба ақидаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширини сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ, намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Президенти муаззами мо ба сулҳу Ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширини бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, мардуми Тоҷикистон, ифтихор дорем. Юсуф Талабов, раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.