Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Занҷабил - давои дардҳо

Занҷабил - давои дардҳо

15-03-2017, 10:11
Хабарро хонданд: 427 нафар
Назарҳо: 0
  Занҷабил - давои дардҳо
Занҷабил (имбир) аз ҷумлаи гиёҳҳои нодире аст, ки ҳосилаш даҳҳо хосияти фоиданок дорад. Бо таваҷҷуҳ ба хосиятҳои табобатӣ ва фоиданок будани он муносиб аст, ки занҷабил дар байни ғизоҳои ҳаррӯзаи мо ҷойи худро дошта бошад.
Як нуктаи дигар ҳам қобили ёдоварӣ аст. Дар бисёре аз минтақаҳои кишвар, аз ҷумла Душанбе, ноҳияҳои атрофи шаҳр, Ҳисор, Файзобод «занҷабил» гуфта,мурч (қаламфур) ва тезак фаҳмида мешавад, аммо он чӣ дар борааш суханмеравад,чизи дигар аст. Агарчӣ он ҳам ба монанди мурч (қаламфур) хеле таъми тез (тунд ) дорад ва шояд ба ин далел бошад, ки бисёриҳо онро як навъи қаламфур (филфил, ки эрониҳою арабҳо мегӯянд) медонанд. Аммо навъҳои қаламфур агар хеле зиёд бошад, занҷабил чӣ дар чӣ дар табиат ва чӣ дар истеъмол хеле кам буда, дар бозор ҳам нархи хеле гарон дорад.
Хосиятҳои фоиданоки занҷабил асрҳо боз маълум аст. Дар осори марбут ба гиёҳшиносӣ омадааст, ки дар асрҳои миёна занҷабилро барои табобати вабо (чума) истифода мебурданд. Инчунин дар он даврон ин гиёҳ воситаи асосии табобати сармохӯрдагӣ, дарди сутунмуҳра ва бемориҳои меъда буд.Маҳсулотеро, ки аз он тайёр мешуд, ҳамчун омили фаъоли ороиши рӯй (косметика)ба кор мебурданд.
Маҳали парвариши занҷабил кишварҳои Осиёи Ҷанубӣдониста мешавад, аммо ҳоло онро дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳам кам-кампарвариш мекардагӣ шудаанд.
Таҳқиқи донишмандони соҳаи гиёҳшиносии муосир собит кардааст, ки реша ва барги занҷабил дорои витаминҳои муҳим, ба монанди витаминҳои В, С, А ва унсурҳои зиёди микроэлементҳо мебошад.
Занҷабил буғумдардро шифо мебахшад
Дар сурати истифодаи дуруст занҷабилро барои табобати буғумдард метавон ба кор бурд.
Бадани инсон бо гузашти умр ба ин дард гирифтор мешавад. Агар кас бихоҳад, ки аз он худро нигаҳ дорад ва дарди буғумҳоро эҳсос накунад, бояд аз ҷавонӣ маҳсулоти тайёршуда аз ин гиёҳро истифода карданро ёд гирад. Хосияти зидди илтиҳобии занҷабил барои пешгирии бисёре аз дардҳо, аз ҷумла буғумдард мусоидат мекунад.
Таҳқиқот нишон додааст, ки дар кишварҳое, ки мардум занҷабилро як ҷузъи ғизои худ қарор дода, ба хӯрдани он одат кардаанд, одамон кам гирифтори артрит мешаванд.
Занҷабил ҳазми ғизоро беҳтар мекунад
Истеъмоли занҷабил таъсири хеле судманд ба ҳолати меъдаю рӯда дорад. Истифодаи доимии он барои бартараф кардани халали воридшуда ба кори меъдаю рӯда ёрӣ медиҳад ва раванди ҳазмро беҳтар менамояд, ҳамзамон эҳсоси яъсу ноумедӣ ва андӯҳро аз кас дур мекунад.
Занҷабил давои дарди сар аст
Яке аз хосиятҳои дигари табобатии занҷабил гум кардани дарди сар аст. Аз ҷумла дарди мигренро кам мекунад. Ин хосияти занҷабил ба он вобаста аст, ки барои беҳбуди ҳолати рагҳои хунгузар таъсири мусбат дорад ва ба ин восита омилҳои дарди сарро аз байн мебарад.
Занҷабил одамро лоғар мекунад
Занҷабил барои табобати бемороне, ки аз фарбеҳӣ ранҷ мекашанд, воситаи хуб аст. Садҳо ҳазор марду зандар кишварҳои ҷаҳон ба воситаи истеъмоли маҳсулоте, ки аз занҷабил тайёр шудааст, худро лоғар месозанд.Истеъмоли меъёрии занҷабил аз афзоиши вазн ва дар як ҳолати муътадил нигоҳ доштани он мусоидат мекунад. Истифодаи маҳсулоти аз занҷабил тайёршуда хеле одӣ аст: агар кас бихоҳад, ки лоғар шавад, онро бо чой ҳамроҳ карда нӯшидан кофист. Агар ин кор аз рӯи қоида анҷом шавад нӯшидани чойи занҷабил дар муддати як моҳ дар бадан тағйироти мусбат ворид мекунад.
Занҷабил сатҳи қанди хунро паст мебарад
Бо истифода аз занҷабил мешавад, ки сатҳи хуни худро ҳам паст кард. Ба ин васила хатари гирифтор шудан ба бемории қандро аз байн бурдан мумкин аст. Ҳамзамон ба ин имкони гирифторӣ ба бемориҳои системаи дилу рагҳо ҳам кам мешавад. Духтурон истифодаи занҷабилро барои оилаҳое, ки ба бемориҳои дил бештар мубтало мешаванд, хеле фаъолона тавсия мекунанд.
Аммо дар ҳама гуна ҳолат пеш аз истифодаи занҷабил лозим аст, ки чанд нуктаи муҳим риоя шавад. Аввал, кас бояд дар назар дошта бошад, ки ба ҳангоми баланд будани ҳарорат истифодаи он қобили қабул нест. Дуюм, дар сурати гирифтор будан ба бемориҳои кӯҳна (музмин)-и ҷигар ҳам кас аз истеъмоли занҷабил бояд худдорӣ намояд.
Занҷабил маҳсулоти муфиде аст, ки ҳар нафар метавонад дар ғизои ҳаррӯзаи худ онро дошта бошад. Аз он нафақат ҳамчун як маводи хушбӯйкунандаи ғизо мешавад истифода кард, балки онро дар шакли холис, ба нӯшокиҳои гуногун пеш аз ҳама ба чой ҳамроҳ карда, хӯрдан мумкинаст.
Таҳияи С. Абдулазиз
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: