Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Фаъолиятро бояд ба таври густурда ба роҳ монем

Фаъолиятро бояд ба таври густурда ба роҳ монем

23-02-2017, 11:40
Хабарро хонданд: 235 нафар
Назарҳо: 0
Фаъолиятро бояд ба таври густурда ба роҳ монемСанаи16 феврали соли равон дар толори мақомоти иҷроияи Ҳокимияти Давлатии шаҳри Турсунзода маҷлиси ҷамъбастии кумитаи ҲХДТ доир шуд. Дар ин ҳамоиш раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КМИ ҲХДТ Маҳмадӯлло Наимов ва Абдураҳим Шоев мудири шуъбаи омор ва ба қайдгирӣ КИМ ҲХДТ инчунин Муистон Азизова раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода , фаолон ва дигар аъзоёни ҳизб иштирок доштанд. Ҷаласаро аъзои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Турсунзода, раиси шаҳр Сиҷоуддин Саломзода ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хушомадед гуфт.Сипас раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода Муистон Аизова баромад намуда, оиди фаъолияти яксолаи КИ ҲХДТ ва инчунин камбудиву норасогиҳое, ки дар фаъолияти кори ташкилотҳои ҳизбӣ ба назар мерасанд ибрози андеша намуд .Қайд гардид, ки дар давоми фаъолият Кумитаи Иҷроияи шаҳрии ҳизб дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ҳизбӣ ба он муваффақ гардидааст,ки корҳои таблиғотӣ-ташвиқотӣро ҷонноқ намуда сафи аъзоёни ҳизбро аз ҳисоби хоҳишмандон ва шахсони арзанда зиёд намояд. Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба фаъолияти аъзои ҳизб диққати ҷидӣ дода шудааст.
Вале новобаста ба ин дар фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ камбудиву норасогиҳо, ба иҷро нарасидани қарорҳои Кумитаи Иҷроияи шаҳрӣ, мавҷуд набудани утоқҳои кори алоҳида дар баъзе ташкилотҳои ҳизбӣ, дар сатҳи паст қарор доштани ҳуҷҷатгузориҳои сиёсӣ, сари вақт пешниҳод нагардидани ҳисоботҳои оморӣ ва молиявии ташкилотҳои ҳизбӣ ба назар мерасад. Муистон Азизова афзуд,ки бобати тавсеа бахшидани фаъолтяти аъзои кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб , аъзои кумитаи иҷроияи «Устод» дар амалӣ намудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пешгирии ҳолатҳои номатлуб дар миёни ноболиғон , тарбияи дурусти наврасону ҷавонон пешгирӣ намудани гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, боз ҳам ҷоннок намудани фаъолияти кори ҳизбӣ, тайёр намудани кадрҳо аз ҳисоби ҷавонони фаол сай менамояд. Баҳри дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ ва соли 2017 соли ҷавонон ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ҳиссагузор хоҳанд буд.
Дар идома Абдураим Шоев баромад намуда, оид ба ҳадафҳои стратегию миллӣ ёдовар шуда, қайд намуд, ки дар самти амалисозии ин ҳадафҳо дар тӯли 25-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо ба дастовардҳои зиёд ноил гардидем.
Маҳмадалӣ Наимов бошад, дар баромади худ фаъолияти ҳизбиёни шаҳри Турсунзодаро қаноатбахш арзёбӣ намуда, ҷиҳати пешравии фаолияти ҳизбӣ ва омодагиҳо ба ҷашни байналмиллалии «Наврӯз» таклифу пешниҳодҳо намуд. Дар фарҷом ба якчанд нафар аъзоёни фаолони ҳизб сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Пас аз анҷоми ин ҷаласаи ҳизбӣ меҳмонон ва дигар аъзоёни ҳизб ба Қисми низомии 051059 ташриф оварда, бо сарбозон вохӯрӣ доир намуданд. Дар ин вохӯрӣ бо сарбозон пиромуни Паёми навбатии Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбати ошкоро доир намуда сарбозонро ба рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд .

Нодира Муҳаммадзода.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: