Муроҷиатномаи имомхатибони масҷиди ҷомеъ ва масҷидҳои панҷвақтаи шаҳри Сарбанд ба Ҳукумат ва мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон!11-09-2015, 09:21
Хабарро хонданд: 465 нафар
Назарҳо: 0
Мо, имомхатибони масҷиди ҷомеъ ва масҷидҳои панҷвақтаи шаҳри Сарбанд ба воқеаҳои сиёсие, ки имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ ва баъзан шаҳру ноҳияҳои он рух дода истодаанд, бетараф буда наметавонем. Ин воқеаҳо моро ба ташвиш оварда истодааст, мо ин оромӣ ва ин тинҷию амониро аз даст доданӣ нестем ва бетараф буда ҳам наметавонем. Мо ҳамеша мекӯшем, ки бо меҳнати софдилона, дасту дили пок ба Ватанамон – Тоҷикистони азиз хизмат намоем ва Ватанамонро ободу зебо гардонида, иқтисодиёти ҷумҳуриро баланд бардорем.
Аммо дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои кишварамон аз ҷониби баъзан шахсон дар байни мардум низоъу тафриқа андохта истодаанд, ҳатто бархе аз ин шахсҳо ва гуруҳҳо аз номи Ислом мардумро ба ноамниву хорӣ расонданианд, ки ҳадафи аслиашон манфиатҷӯӣ, гуруҳбозӣ ва мансабхоҳист ва баъзан шахсоне, ки Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон бо он боварии комил намуда, мансабҳои баланди давлатиро муносиб донистаанд, нисбати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин тинҷиву оромӣ хиёнат намуда, аз мансаби хеш сӯйистифода карда, ин Ватани тинҷу ороми моро, амну суботи моро ноором намуда истодаанд. Яке аз чунин шахсон генерал-майор Назарзода Абдуҳалим Мирзо, муовини вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо номи Ҳоҷӣ Ҳалим машҳур гаштааст. Номбурда, аз 7 сентябри соли 1997 то имрӯз, яъне моҳи сентябри соли 2015 дар вазифаҳои гуногуни сохтори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Ин амалиёти Назарзода Абдуҳалим Мирзо на ин ки мо муллою имомхатибони масҷидҳоро ба ташвиш овардааст, балки кулли мардуми моро ба ташвиш овардааст, касе ки ин хиёнати ӯро шунида ва ё аз васоити ахбори омма бархурдор гаштааст, ангушти ҳайрат мегазад, ки бо чунин дороӣ ва вазифаҳои масъули роҳбарӣ ба чунин кирдор, ба чунин хиёнат даст задааст. Савол ба миён меояд, ки ба Ҳоҷӣ Ҳалим чӣ намерасид, ки нисбати Ватан ва миллат чунин рафтор намуда, зидди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти террористӣ бурда истодааст. Натиҷаи ин амалҳои хоинонаи Абдуҳалим буд, ки чандин нафар шаҳрвандони ҷумҳуриямон ҷон аз даст доданд, чандин тан маҷруҳ шуданд, хешу табор ва наздикони фавтидагон дар ҳаққи ӯ дуоҳои баду суханҳои талху дуруште гуфта истодаанд. Шахси дигаре, ки ба Ватан хиёнат намудааст, Умаров Ҷунайдулло, сардори Раёсати инспексияи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин ҳарду дар ҷумҳурӣ нуфузи баланд доштанд, яке аз шахсони бонуфузу бою бадавлати Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Дар зиндагӣ ягон камбудие надоштанд. Чӣ хеле ки аз васоити ахбори омма шунидем, генерал-майор Назарзода Абдуҳалим Мирзо, муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар ҷумҳурӣ соҳиби чандин корхонаву хоҷагиҳо, тарабхонаву мағозаҳо ва иншоотҳо будааст, ки шумораи онҳо ҳисоб надорад. Абдуҳалим ва Ҷунайдулло шахсоне мебошанд, ки баъди Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон соли 1997 аз ҳисоби 30 фоизаи ИНОТ соҳиби мансаб ва вазифаҳои бонуфуз гардида буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи он шахсоне, ки аз ҳисоби 30 фоиза ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дохил шуда буданд, сидқан боварӣ намуда, ҳамаи онҳоро ба мансабҳои баланд соҳиб гардонд, то ки баҳри халқу Ватан хизмат намоянд. Аз он рӯз ҳаждаҳ соли эҳёи миллӣ, ҳаждаҳ соли баҳамоӣ, ҳаждаҳ соли худсозӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, ҳаждаҳ соли сулҳу субот ва оромӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳаждаҳ қадами устувор дар роҳи эъмори ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, ки дар таърихи навини давлатдории мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардида буданд, имрӯз боз чунин шахсон давлати тинҷу ороми моро нотинҷ намуда истодаанд. Имрӯз мо бояд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлолият ва давлатдории мустақилона расем, худро ҳамтақдир ва ҳаммароми миллати хеш донем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намоем. Ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон, яъне Ваҳдати миллӣ ва истиқлолият вазифаи муҳимтарин ва аввалиндараҷаи тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем ва ҳоло таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дунё меомӯзанд. Мо боварии комил дорем, ки бо низо барангехтани 10-15 нафар шахсони нохалаф, ношукр ин Ватану миллат Тоҷикистони азизи моро ва миллати ваҳдатшиору миллатдӯстро шикаста наметавонанд. Мо рафтори онҳоро маҳкум намуда, аз мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш дорем, ки ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳанд, ба фиребу найрангҳои шахсони бегона наафтанд ва ба гуруҳҳои ифротгаро ва ҳизбу ҳаракатҳои манфиатҷӯ шомил нашаванд. Дар охир аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таманнои онро дорем, ки фаъолияти номардонаи ин шахсҳо, тарафдорони онҳо ва ҳизбро омӯхта барои пешгирии амалҳои номатлуби ин гуна гуруҳҳо ва ҳизбҳои иғвогар чораҷӯӣ намояд ва аз Аллоҳ таъоло талаби онро дорем, ки аз фазлу карамаш мардуми моро фурсату тавфиқи тавба карданро ато намуда, хатову гуноҳонамонро мавриди бахшиш қарор диҳад, ба мо дар гуфтору кирдор ва ҳама ҳолатҳо риоя намудани адлро рӯзӣ диҳад, миллат ва Тоҷикистони азизи моро дар арсаи ҷаҳон соҳиби обрӯ гардонад. Бо эҳтиром имомхатибони масҷидҳои панвақта ва масҷиди ҷомеъи шаҳри Сарбанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.