Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар партави Паёми Сардори Давлат Мушкилоти соҳибкорӣ ВАҚТЕ КИ ДАР САНҶИШ ҚОНУНИЯТ РИОЯ НАМЕШАВАД…

Дар партави Паёми Сардори Давлат Мушкилоти соҳибкорӣ ВАҚТЕ КИ ДАР САНҶИШ ҚОНУНИЯТ РИОЯ НАМЕШАВАД…

23-01-2017, 10:47
Хабарро хонданд: 238 нафар
Назарҳо: 0
Дар партави Паёми Сардори Давлат Мушкилоти соҳибкорӣ ВАҚТЕ КИ ДАР САНҶИШ ҚОНУНИЯТ РИОЯ НАМЕШАВАД…
Нуҳ сол пеш ҳолати санҷиши фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвари мо чунин буд: Соҳибкор аз нозири андоз мегурехту нозир дар талоши ба таври ногаҳонӣ ғафлатгир кардани он буд. Ва ба ҷуз аз худи нозир касе намедонист, ки ин санҷиш нақшавӣ аст ё тасодуфӣ. Соҳибкор ҳам ғайрате надошт, ки аз нозир ақаллан нишон додани шаҳодатномаи хизматиашро бипурсад. Зеро шурӯъ аз аввали пайдоиши соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ қонун дар бораи санҷиши ин намуди фаъолият набуд ва вобаста ба он як реҷаи муайяни санҷиш низ вуҷуд надошт. Як идда соҳибкорон ҳам иҷозатномаи фаъолият надоштанд ва то ҷое, ки имкон меёфтанд, кӯшиш мекарданд андози давлатиро камтар супоранд ё тамоман насупоранд.
Аз он солҳо ба баъд бо тасмими Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ дар пиёдасозии ислоҳоти иқтисодӣ, бахусус санҷиши фаъолияти соҳибкорӣ, чанде дигаргуниҳои мусбат ба амал омаданд. Нахустиқдом дар самти ҳимояи соҳибкорон аз санҷишҳои тасодуфӣ бо қабули фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2001, таҳти рақами 542 «Дар бораи кушодани дафтари бақайдгирии санҷиши субъектҳои хоҷагидор» ва 10 майи соли 2002 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузошта шуд. Баъдан асосҳои пойгоҳи қонунгузорӣ ташаккул ёфтанд. Моҳи июли соли 2006 бори аввал қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. То ба ин ҳуҷҷати муҳим санҷиши фаъолияти соҳибкорӣ бо бисёр қоидаҳои идоравию дастурамалҳо танзим карда мешуд. Қонуни мазкур ба аксарияти мақомоти санҷишӣ тартиби ягонаи санҷишро пешниҳод кард. Бори аввал ба таври возеҳу фаҳмо ҳуқуқу вазифаҳои соҳибкор ва ҳам нозир ба таври қонунӣ муайян намуда, риоя нашудани он барои ғайриқонунӣ донистани натиҷаҳои санҷиш асос шуда метавонист. То қабули қонун ҳар нафаре, ки шаҳодатномаи мақомоти санҷиширо дошт, кадом вақте хоҳад, фаъолияти ин ё он соҳибкорро метавонист ба хости худ бисанҷад. Қонуни соли 2006 ин тартибро аз байн бурда, мушаххасан аз тарафи кадом мақомоти санҷишӣ санҷида шудани кадом паҳлуи фаъолияти соҳибкор ва меъёрҳои санҷиширо муқаррар кард. Бо роҳандозӣ шудани он асосҳои пойгоҳи қонунгузории самти санҷиш дар мамлакат гузошта шуданд. Дар санҷиши фаъолияти соҳибкор тартиби муайян ҷорӣ гардид. Ба субъектҳои хоҷагидор дар ҳифзи ҳуқуқҳояшон шароиту имконият фароҳам омад. Вале бо вуҷуди ин, соҳибкорон аз ҳифзи ҳуқуқҳои худ тавассути қонун қаноатманд набуданд ва дар ҳар вохӯрӣ бо Сардори давлат дар баробари баланд будани андозу қимати патент, инчунин аз санҷишҳои худсаронаи беасос ва поймол шудани ҳуқуқҳои худ шикоят мекарданд. Ва аз ин бармеомад, ки на танҳо бандҳои ҷудогонаи қонуни зикршуда аз тарафи санҷишгарон нодида гирифта мешуданд, балки бо гузашти нуҳ сол ва пеш омадани дигаргуниҳои мусбат дар рушди соҳибкорӣ худи қонун дар ҳимояи ҳарҷонибаи ҳуқуқҳои соҳибкорон ҳанӯз мукаммалу тобовар набуда, ба таҳриру такмил ниёз дорад.
Бо назардошти ин, Гурӯҳи корӣ дар ҳайати намояндагони мақомоти давлатӣ, бизнес-ассотсиатсияҳо ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) дар Тоҷикистон бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифт, ки лоиҳаи нави Қонун «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро дар таҳрири нав омода намояд.
Аъзои Гурӯҳи корӣ дар тӯли 1,5 сол барои аз ҳар ҷиҳат мукаммалу устувор намудани қонуни мазкур дар таҳрири нав камбудиҳои онро дар тӯли солҳои амалкардаш ва таҷрибаи амалигардонӣ ва ислоҳоти системаи ин намуди санҷиш дар бисёр мамлакатҳо, мисли ҷумҳуриҳои Литва ва Словения омӯхтанд.
Бахусус натиҷаи тадқиқоти Фокус-гурӯҳ бо иштироки нозирон ва намояндагони соҳибкории хурду миёна (СХМ), инчунин тадқиқоти интихобӣ миёни 100 соҳибкор ва 20 нозир, ки таҳиягарони қонуни амалкунанда гузаронида буданд, ба онҳо собит намуд, ки як қатор принсип ва нишондодҳои муҳиму пешқадами ин ҳуҷҷат дар аксар маврид аз ҷониби бисёр мақомоти санҷишӣ риоя намегарданд. Ба сифати мисол, талаботи моддаи 11 – и қонун доир ба се рӯз пеш аз оғози санҷиш огоҳондани соҳибкор боре ҳам аз тарафи мақомоти санҷишӣ риоя нашудааст. Аз талаботи моддаи 12 – и қонун: то оғози санҷиш ба соҳибкор пешниҳод намудани қарори мақомоти санҷишӣ, нишон додани шаҳодатномаи хизматии нозир, рӯйхати номгӯйи масъалаҳои санҷидашаванда, қайди нозир доир ба санҷиши гузарондашуда дар дафтари бақайдгирии санҷиши соҳибкор танҳо яке – аввалӣ иҷро мешудаасту халос.
Тадқиқот ҳамчунин сатҳи пасти огоҳии соҳибкоронро аз нишондодҳои қонун, ки онҳоро аз ҳар гуна «ташриф» - ҳои беасоси санҷишгарон ҳимоя мекунад, ошкор сохт. Тибқи қонун, дар сурати аз ҷониби нозири санҷишгар риоя нашудани ақаллан яке аз талаботи дар боло номбаршудаи қонун, соҳибкор ҳуқуқ дорад онро ба санҷиш роҳ надиҳад. Вале аксар соҳибкорони иштирокчии тадқиқот аз ин огоҳ набуданд ва ягон далели ба санҷиш иҷозат дода нашудани нозирон аз тарафи соҳибкорон ба қайд гирифта нашудааст.
Амалан ҳамаи соҳибкорони иштирокчии тадқиқот дар посух ба саволи «Санҷиш аз нигоҳи шумо ба кадом мақсад гузаронда мешавад?», изҳор доштанд, ки «бо мақсади дарёфти камбудӣ дар фаъолияти соҳибкор ва муҷозоту ҷаримабандӣ». Фаҳмиши ҳаммонанди чунин мақсади санҷиш дар нозирон низ ба мушоҳида расид.
Қонун ба соҳибкор ҳуқуқ медиҳад, ки аз натиҷаҳои санҷиш ба мақомоти болоӣ шикоят барад, вале тадқиқот ҳамчунин нишон дод, ки ягон муроҷиати шикоятии соҳибкорон дар мақомоти болоии санҷишӣ ва ё суд ба қайд гирифта нашудааст.
Дар рафти тадқиқот ҳамчунин далелҳои такрор шудани санҷиши фаъолияти як соҳибкор аз тарафи гурӯҳҳои сатҳи гуногуни як муассиса ва ҳам ду ва зиёда мақомоти санҷишӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Дар асоси ин омӯзиш ва дархости соҳибкорони ватанӣ ба қонун дар таҳрири нав зарурати беш аз пеш мукаммал намудани қоида ва тартиби ягона ба ҳама намудҳои санҷиш, аз ҷумла, то ба минимум расондани муассисаҳои аз тартиби ягонаи санҷиш берун, пурзӯргардонии назорат ба риоя ва иҷрои талаботи қонун, роҳандозии меъёрҳои бештар самараноки баҳодиҳии фаъолияти нозирон дар тафовут ба таҷрибае, ки дар асоси теъдоди таҳрим ва ҷаримаҳо дар нисбати соҳибкор пиёда мешуданд, боло бурдани сатҳи иттилоотонии соҳибкорон, таъсисдиҳии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ – мақоми машваратии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишро таъмин менамояд, пеш омад.
Мувофиқи меъёрҳои қонун, нозир пеш аз он, ки ба санҷиш равад, бояд аз роҳбари мақомоти санҷишӣ иҷозатнома гирад, на кам аз се рӯз пеш то оғози санҷиш соҳибкорро аз санҷиши дарпешистода огоҳ намояд, рӯйхати масъалаҳои санҷидашаванда, шаҳодатномаи хизматӣ ва қарори мақомоти санҷиширо оид ба санҷидани фаъолияти соҳибкор ба ӯ пешниҳод намояд. Ва билохир, бо анҷом додани санҷиш, дар Дафтари бақайдгирии санҷиши субъектҳои хоҷагидор дар бораи санҷиши анҷомдодааш қайдҳо гузорад. Субъекти хоҷагидор дар сурати нагирифтани огоҳинома дар бораи гузаронидани санҷиш ҳуқуқ дорад шахси мансабдори мақоми санҷишро барои гузаронидани санҷиш роҳ надиҳад. Мавзӯи санҷиши як мақоми санҷишӣ, ки дар қисми 1-и моддаи 10-и қонун пешбинӣ шудааст, наметавонад аз тарафи мақоми дигари санҷишӣ такрор карда шавад. Санҷиши нақшавии аввалини фаъолияти субъекти хоҷагидори навтаъсис, ба истиснои субъектҳои хоҷагидори дараҷаи таваккалнокиашон баланд, танҳо баъди сипарӣ гардидани ду сол пас аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии он гузаронида шуда, ду соли аввали фаъолияти субъекти мазкур мавриди санҷиш қарор дода намешавад. Санҷиши ғайринақшавӣ дар асоси қарори (фармоиши, амри) роҳбари мақоми санҷишӣ танҳо аз рӯи масъалаҳое гузаронида мешавад, ки ба баргузории ин намуди санҷиш асос гардидаанд ва мақомоти санҷишӣ ҳангоми зарур афтодани ин намуди санҷиш уҳдадоранд, ки ба субъекти хоҷагидор оид ба шикоятҳои ҷойдошта маълумоти дақиқ ва асоснок пешниҳод намоянд. Ба санҷидани масъалаҳое, ки асоси гузаронидани санҷиши ғайринақшавӣ нестанд ва дар номгӯи саволҳои санҷишӣ пешбинӣ нашудаанд, роҳ дода намешавад.
Тибқи муқаррароти моддаи 26-и қонун муҳлати гузаронидани санҷиши молиявии фаъолияти соҳибкори инфиродие, ки фаъолияти худро дар асоси шаҳодатнома амалӣ менамояд, набояд аз панҷ рӯзи корӣ ва соҳибкори инфиродие, ки дар асоси патент кор мекунад, набояд аз ду рӯзи тақвимӣ зиёд бошад. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар муҳлати на зиёдтар аз 10 рӯзи корӣ барои субъектҳои соҳибкории калон, 5 рӯзи корӣ барои субъектҳои соҳибкории миёна ва 2 рӯзи корӣ барои субъектҳои соҳибкории хурд гузаронида мешавад. Фосилаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ба истиснои санҷишҳои ғайринақшавӣ, танҳо бо назардошти дараҷаи таваккалнокӣ: таваккалнокии дараҷаи баланд – на зиёда аз 2 маротиба дар 1 сол; таваккалнокии дараҷаи миёна – на зиёда аз 1 маротиба дар 3 сол ва таваккалнокии дараҷаи паст – на зиёда аз 1 маротиба дар 5 сол муқаррар шудааст. Рӯихати намудҳои фаъолияте, ки ба гурӯҳи таваккалнокии баланд дохиланд, аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ карда шуда, ҳиссаи ин гурӯҳ набояд аз шумораи ҷамъи субъектҳои соҳибкорӣ беш аз 10 фоизро ташкил диҳад.
Дар ин ҳуҷҷат бори аввал тартиби танзими санҷишҳои якҷояи якчанд мақомоти назоратӣ пешниҳод карда, асос барои гузарондани ин намуди санҷишҳо фақат нақшаи санҷишии ҳар як мақомот ва қабули қарори (фармони) алоҳида оид ба санҷиши якҷоя дониста шудааст, ки он бояд пеш аз санҷиш ба соҳибкор супурда шавад. Инчунин мақомоти санҷишӣ бояд оид ба фактҳои шикояти субъектҳои соҳибкорӣ аз натиҷаи санҷиш, чораҳои вобаста ба он дидашуда ва натиҷаи онҳо ба Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ ҳисобот пешниҳод намоянд.
Дар маҷмӯъ, қабули қонун «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2006 ва таҳрири нави он дар соли 2015 дар ҷодаи ба танзим даровардани санҷиши фаъолияти соҳибкорон мушкилоти соҳибкории хурду миёнаро то андозае сабук намуд: Теъдоди ба санҷиши беасос омадани нозирон, муҳлати давомнокии санҷишҳоро коҳиш дода, ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири мусбат расонд. Яке аз нишондиҳандаҳои назарраси он дар соли 2016 ба 290 ҳазор расидани теъдоди субъектҳои соҳибкорист, ки дар қиёс ба панҷ сол пеш 110 ҳазор афзоиш ёфтааст. Вале бо вуҷуди ин, чунонки таҷриба нишон медиҳад, аз мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур нуҳ сол ва аз таҳрири нави он як соли пура сипарӣ шуда бошад ҳам, фишори маъмурӣ ба тиҷорат ҳанӯз поён наёфта, принсипҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор - қонуният, беғаразӣ, шаффофият ва ошкорбаёнӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо, поквиҷдонии шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ ва субъекти хоҷагидор ба пурагӣ риоя нашуда, пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ҳанӯз ба муҳиту фазои озодтаре ниёз дорад. Зеро тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 22 декабри соли 2016 изҳори ташвиш намуданд, соли гузашта ҷиҳати танзими фаъолияти мақомоти марбута Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субьектҳои хоҷагидор» дар таҳрири нав қабул шуда бошад ҳам, шумораи зиёди мақомоти санҷишу назорат ва санҷишҳои бемаврид боиси ташвиши соҳибкорон гардидааст. Аз ин рӯ, Сардори Давлат ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии самоягузорӣ ва ва идораи амволи давлатӣ супориш доданд, ки масъалаи мазкурро ҳаматарафа таҳлил намуда, оид ба кам кардани санҷишҳо ва боз ҳам шаффофу содда гардонидани онҳо ба Ҳукумати ҷумҳурӣ лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор пешниҳод намоянд.
Н. Худойбахшов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: