Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Паёми Пешвои миллат сармашқи фаъолияти мост.

Паёми Пешвои миллат сармашқи фаъолияти мост.

18-01-2017, 09:59
Хабарро хонданд: 238 нафар
Назарҳо: 0
  Паёми Пешвои миллат сармашқи фаъолияти мост.
Чун анъана ҳамасола баъд аз ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғибу ташвиқи минбаъдаи он, расонидани муҳтавои он ба интихобкунандагон дар ҳайати гуруҳҳои муштарак бо аҳолӣ баргузории вохӯриҳо ба нақша гирифта мешаванд. Тибқи ҷадвали тастиқгардидаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳайати гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, имрӯзҳо дар тамоми гӯшаю канори вилоят вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шарҳу моҳият ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида истодааст.
  Паёми Пешвои миллат сармашқи фаъолияти мост.
Бо ҳамин мақсад дар ноҳияи Деваштич низ доири фаҳмонидани тамоми нуқтаю хулосаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гуруҳи тарғиботии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифтанд. Аз ҷумла, дар Қасри фарҳанги ба номи Абуабдуллои Рӯдакӣ мулоқот баргузор гардид, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагон Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва Ахмедов Мирзоанвар Халифаевич, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Амриддин Шарипов ва Фирӯз Қодиров, устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Абдураҳмон Мирсаидов, раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Комрон Исмоилов, сардори ШВКД дар ноҳияи Деваштич Маҳмадсафар Пирзода, сардори шӯъбаи КДАМ дар ноҳияи Деваштич Бахтиёр Абдуллоев иштирок намуданд. Мулоқотро Раиси ноҳия Ҷӯразода Рустом Боймурод ифтитоҳ намуда, ҳузури меҳмононро ба ин ноҳияи зебоманзари Деваштич барои сокинон лаҳзаҳои хотирмон хонд.
Исмомилзода Зуфар вакили Маҷлиси намояндагон дар суханронии худ қайд намуд, ки 22 декабр Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикиситон вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои оянда муайян намуданд. Чи хеле дар Паём қайд гардид «Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи Истоиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад. Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем. Ҳамаи мо ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем». Чандин нуқтаҳои дигари Паёмро Исмоилзода Зуфар барои ҳозирин мавриди таҳлил қарор дод.
Мирзоанвар Ахмедов вакили Маҷлиси намояндагон дар баромади хеш қайд намуд, ки Пешвои миллат дар Паёми худ кайд намуданд, ки «Дар натиҷаи заҳмати пурмаҳсули кишоварзон дар соли 2016 рушди утувори соҳа идома ёфта, истеҳсоли ғалладонагиҳо ба як миллиону 400 ҳазор тонна, картошка ба 890 ҳазор тонна ва сабзавот ба як миллиону 670 ҳазор тонна расонида шуд, ки ба таъминоти мардум ба маводи ғизоӣ таъсири мусбат расонид». Дар суханронии худ Мирзоанвар Ахмедов қайд намуд, ки дар таъминоти яке аз стратегияҳои асосӣ таъмини амнияти озуқаворӣ нақши сокинони ноҳияи Деваштич басо назаррас мебошад. Бо истеҳсоли картошкаи аъло сифат дар миқёси ҷумҳурӣ ҷойгоҳи хосаро касб кардааст.
Амриддин Шарипов усдоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ дар баромадаш қайд намуд, ки бо шарофати расидан ба Истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи маориф зиёда 2500 муассисаҳои таълимӣ бунёду азнавсозӣ гардида, бо таҷҳизоти муосири таълимӣ таъмин гадида, аз 13 муассисаи таҳсилоти олӣ ва 70 ҳазор донишҷӯ ба 39 шумора ва донишҷӯён бошад ба 170 ҳазор нафар расидааст. Зиёда аз 30 ҳазор нафар донишҷӯёни лаёқатмад аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба хориҷи кишвар таҳсил менамоянд. Ин нишондиҳандаҳо моро водор месозад, ки нисбати ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва алахусус Пешвои миллат аҳамияти хоса дода, ҳамеша баҳри пешрафту ободии сарзамини биҳиштосоямон дар талош бошем.
Ғамхории дигари Сарвари мамлакатамон ин аст, ки соли 2017-ро дар Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон намуданд. Ҷавонони босаодати моро зарур аст, ки аз ин фурсат истифода бурда дар таҳкими Истиқлолият, рушди тамоми соҳаҳои мамлакат ҳамаҷониба дар талош бошанд. Дар охир кулли ҷавонони ноҳияи Деваштичро бо ин иқдоми Пешвои миллат муборакбод намуд.
Фирӯз Қодиров устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ дар баромадаш тамоми нуқтаҳои иқтисодии дар Паёми Пешвои миллатро ироа гаштаро муфассал шарҳ дода қайд намуд, ки тамоми захираву имконияти мо барои се ҳадафи асосӣ равона гардида, барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ равона шудааст. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол қариб 7 фоиз зиёд гардида, танҳо дар зарфи 15 соли охир даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион ба 18 миллиард сомлнӣ расонида шуда, музди миёнаи меҳнат дар 20 соли охир 60 баробар ва нафақа 85 баробар зиёд шуда, сатҳи камбизоатӣ се баробар паст гардид. Ин нишондиҳандаҳо моро водор месозад, ки дар солҳои наздик тамоми сокинони кишварамон ба сатҳу сифати зиндагии шоиста мушарраф мегарданд.
Собиқадори маориф Муҳибулло Нуруллоев диққати хешро ба иқдомҳои наҷиби Сарвари мамлакат доири таъмини барқ равона сохта, қайд намуд, ки солҳое буданд, ки ба мо 2 соат барқ медоданд, имрӯз шукрона мекунем, ки 18 соат ҳамаи аҳолӣ бо барқ таъмин мебошанд. Тибқи маълумотҳо дар муддати наздиктарин аҳолии Тоҷикистон бо барқи доимӣ таъмин мегардад. Баъди бунёди НБО-и Роғун ва хатти баланд шиддати CASA-1000 мо барқамонро ба хориҷ содир намуда ба дасдовардҳои зиёди иқтисодӣ ноил мегардем. Дар амалӣ гардидани тамоми нақшаҳои дар пешистода ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон ва Пешвои миллат бурдбориҳоро аз номи сокинони ноҳияи Деваштич таманно дорам. Барои ширкати вакилону меҳмонон Муҳибулло Нуруллоев миннатдории сокинонро баён намуд.
Шоираи ҷавон Парвина Амонова мамнунии хешро нисбати дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус Пешвои миллат иброз намуда қайд кард, ки мо ҷавононро зарур аст, ки ҷавобан ба ин иқдомҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти гузаштагонамон бошем ва баҳри пешрафту тараққиёти ояндаи давлат, ҳифзи Истиқлолияти он тамоми ҳастиямонро равона созем. Соли 2017-ро Пешвои миллат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон намуданд. Ин иқдом мо ҷавононро водор месозад, ки нисбати ҳимояи Ватан, миллат, Истиқлолият ва забону фарҳанг доимо дар талош бошем. Чун арзи эҳтиром шоираи ҷавон Парвина Амонова ба Пешвои миллат мисраҳои шеърии хешро эҳдо намуд.
Дар ҷамъбасти мулоқот Раиси ноҳия Ҷӯразода Рустам Боймурод қайд кард, ки амалӣ гаштани хатти оби Дахкатсой-Даҳанасой, ки 12 ҳазор гектар замин обёрӣ мегардаду ҳазорон нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд, ин яке аз нишонаи ғамхориҳои Сарвари давлат аст, ки мардуми ноҳия онро хуш пазируфта баҳри зудтар амалӣ гардидани он кӯшиш ба харҷ дода истоданд.
Чунин мулоқотҳо дар Ҷамоатҳои деҳоти Росровут, Ваҳдат, Исмоили Сомонӣ, Далёни Боло ва Муҷун бо иштироки бештари намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолӣ ҷараён гирифтанд.
Мо сокинони ноҳияи Деваштич баҳри дар амал татбиқ гардидани ҳар як нуқтаи Паёми Пешвои миллат заҳмати шабона рӯзӣ намуда, заррае ҳам бошад дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон дар талош мебошем. Ҳар рӯз чандин маротиба ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи радио ва телевизион ба гӯши мо садо медиҳад, ки “Дӯст бошед! Иттифоқ бошед! Шукронаи ҳамин сарзамин кунед! Шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред!”-ро дар ноҳияи зебоманзари Деваштич зимни яке аз сафарҳояшон гуфтаанд. Ин гуфтаҳо моро водор месозад, ки ҳамеша дӯст бошем, иттифоқ бошем, шукронаи ҳамин зарзаминро карда, дар рушду пешрафти минбаъдаи тамоми соҳаҳои мавҷуда кӯшиш намуда дар арсаи ҷаҳон Тоҷикистонро ба сафи даҳгонаи мамлакатҳои мутаррақӣ ворид созем.
Лоиқ Тӯйчиев ноҳияи Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: