Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Рустами Эмомалӣ метавонад!

Рустами Эмомалӣ метавонад!

17-01-2017, 15:59
Хабарро хонданд: 283 нафар
Назарҳо: 0
Рустами Эмомалӣ метавонад!
Таъйин шудани Рустами Эмомалӣ ба мақоми Раиси шаҳри Душанбе дар ҷумҳурӣ сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Аввал ин ки мавсуф писарбузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дигар ин ки гуфта мешавад оё Рустами Эмомалӣ, ки синну соли ҷавон дорад, аз уҳдаи раҳбарии шаҳри бузурге чун пойтахтамон -Душанбе баромада метавониста бошад?! Ва боз суолу посухҳои дигари зиёд.
Дар ин маврид қазовати мардум зиёд аст. Аммо ман паҳлуи воқеии қазияро матраҳ кардан мехоҳам, ки посухи он мусбат аст.
Аз мансаби Раиси шаҳри Душанбе рафтани Маҳмадсаид Убайдуллоев воқеаи табиӣ мебошад, зеро ки мавсуф чанд сол боз синну соли нафақаро сипарӣ карда истодааст. Дар мавриди ба нафақа рафтани М.Убайдуллоев ҳанӯз як сол пеш гуфта буданд, ки ӯ аризаашро манзур намудааст. Аммо Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро қабул надошта будааст.
Лекин ба таърихи 12 январ мо шоҳид гаштем, ки Рустами Эмомалӣ бо Фармони Президент ҷойгузини М. Убайдуллоев шуд. Ин воқеият табиист, ки дар миёни коршиносон ва мардуми оддӣ сару садоҳоро ба миён овард. Агар ба сарнавишти Рустами Эмомалӣ ва табодули вазифаҳояш назар андозем, мебинем, ки ӯ дар ҳақиқат зина ба зина на танҳо мансаберо иваз намудааст, балки тавонистааст, ҳар масъулиятеро, ки бар дӯш доштааст, онро содиқона, софдилона ва одилона пеш бурдааст.
Таърихи роҳбарии Рустами Эмомалиро агар назар андозем ё ҳадди ақал онро таҳлилу баррасӣ намоем, хулоса бармеояд, ки мавсуф дар иҷрои кору вазифа қатъӣ мебошад. Ӯ аз ҷумлаи кадрҳои нави технократ аст, зеро ки дар шароиту замони нав бо донишу диду назари тоза вориди сиёсат ва хадамоти давлатӣ гаштааст. Гузашта аз ин роҳбарияти Давлату Ҳукумати Тоҷикистон бинобар ҷавон будани синну соли аксарияти сокинони мамлакат ва ба корҳои сарварӣ пешбарӣ намудани ҷавонон бештар ба ҳамин қишри аҳолӣ таваҷҷуҳ намуда истодааст.
Натиҷаи ҳамин воқеаият аст, ки Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуд. Пешвои миллат дар зимни ироаи Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии кишвар зикр намуданд, ки бо назардошти ташаккули мавқеи ҷавонон дар рушди ҷомеа ва вусъати ташаббускории онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мо соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намудем. Бовар ва эътимод дорам, ки дар доираи чорабиниҳои ин сол эҳсоси ватандориву ифтихори миллии онҳо боз ҳам тақвият ёфта, дар ҳифзу ҳимояи Ватан ва соҳибистиқлолии кишвар нақши сазовори худро мегузоранд.
Президенти кишвар ҳамзамон дар ҷаласаи КИМ ҲХДТ таъкид карданд, ки сарфи назар аз он ки дар Парлумони мамлакат ҷавонону занон ҳастанд, лекин дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ шумораи онҳо хеле каманд. Бинобар ин ба мақомоти дахлдор, аз ҷумла масъулини ҳизбӣ дастур доданд, ки ба масъалаи пешбарии ҷавонону занон ба сохторҳои интихобӣ ва давлатию ҳукуматӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Дар ҳамин замина бояд боиси сару садоҳои барзиёд ҳам набошад, ки Рустами Эмомалиро ба сифати Раиси шаҳр пазируфтанд. Худи Рустами Эмомалӣ ҳам вақти пешниҳод ба ин мансаби баланд дар ҳоле, ки унвони генералиро дорад, дар ҷаласаи аввали шаҳрдорӣ хоксорона худро "сарбоз" номида, гуфт падари пешвояш ҳар тасмимеро нисбаташ гирад, омодааст, паи иҷро бошад.
Ӯ ба қавлаш содиқ аст. Инро мо ҳанӯз дар вазифаи раиси Хадамоти гумрук буданаш дарку эҳсос намуда, амалан дидем. Рустами Эмомалӣ корро дар ин симмат аз санҷиш ё аттестатсияи кормандон оғоз намуд. Ҳамзамон дар ҳамон соли 2014 эълон намуд, ки беш аз 11 дарсади мансабдорони ин ниҳод ба мансабҳояшон сазовор нестанд. Дар мавриди санҷиши 672 масъули гумрук муайян шуд, ки 74 нафарашон нопурра ва 3 нафарашон пурра ба мансабҳои ишғолкарда ҷавобгӯй нестанд.
Ба шахсоне, ки нопурра ҷавобгӯ буданд, муҳлат дода шуд, то ки малакаашонро такмил диҳанд, вале се нафаре, ки пурра номувофиқ буданд, аз кор озод шуданд. Дар маҷмуъ ҳамон сол 151 корманди гумрук ба ҷазои интизомӣ кашида шуда, 15 нафарашон аз кор озод шуданд. Хулоса, бо хоҳиши худ ва сабабҳои дигар 112 нафар аз кор дар Хадамоти гумрук рафтанд.
Роҳбари нави гумрук озмунҳои ба кор гирифтанро низ дар ду давра гузаронд. Дар даври аввал аз 550 довталаб 77 нафар ба вазифаҳо дар Хадамоти гумрук таъин шуданд. Дар даври дуюм низ аз 55 довталаб 24 нафар ба кор қабул шуданд, ки бисёрашон як ё ду забони хориҷиро медонанд.
Бо мақсади ҷилавгирӣ аз фасод дар Хадамоти гумрук ҷойивазкунии кадрҳо роҳандозӣ карда шудааст. Нафаре, ки зиёда аз се сол дар як вазифа аст, ба ҷои дигар гузаронда шуд. Ҳамон сол тамоми кормандони майдонҳои ҳавоӣ иваз шуданд ва ҳар гумрукчии навтаъйини майдонҳои ҳавоӣ ҳадди ақал як ё ду забони хориҷиро медонист. Дар маҷмуъ 784 нафар мавриди ҷойивазкунӣ қарор гирифтанд.
Фақат дар давоми як соли фаъолияташ Рустами Эмомалӣ дар Хадамоти гумрук баҳои хуб гирифт. Дар ҳамон шароити буҳронҳо, таҳримҳо ва низоъҳо дар ҷаҳон, ки ба вазъи тиҷорати хориҷӣ таъсири манфӣ мушоҳида мешуд, Хадамоти гумрук тавонист, ба буҷаи кишвар 4 миллиарду 37 миллион сомонӣ ворид кунад, ки ин аз нақша 203,9 миллион сомонӣ зиёд буд.
Назар ба маълумотҳои Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳаҷми умумии савдои хориҷии кишвар дар соли 2014 ба 5 миллиарду 319 миллион доллари амрикоӣ расидааст, ки аз он 4 миллиарду 340 миллион доллар воридот ва 979 миллион долларро содирот ташкил медиҳад.
Вақте ки дар бораи даробарои ғайриқонунии мошинҳо ба ҷумҳурӣ гапу калоча зиёд шуд, Раиси Хадамоти гумрук дарк намуд, ки дар ин самт мутахассисони варзида ҳанӯз каманд. Аз ин рӯ ба масъалаи омодасозии кадрҳо ва бозомӯзии онҳо камар баст. Бо Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон шартнома имзо карда, барои 14 афсари мақомоти гумруки дар мавзӯи “Услубҳои муайянкуниии автомобилҳои дуздидашуда” давраи омӯзишӣ доир намуд.
Яке аз сатмҳои ҳамкории дигари Хадамоти гумруки мо бо мақомоти дахлдори Олмон ҷилавгирӣ ва мубориза бо интиқоли мошинҳои дуздӣ буд. Ҳарду кишвар дар ин масъала тавассути Интерпол бар сари мавридҳои мушаххаси дуздии васоили нақлия бояд табодули маълумот мекарданд. Ҳамин тариқ, бо анҷом додани корҳои тафтишотӣ 127 мошини дуздӣ ошкор гардид.
Зимни тафтиши муштараки кормандони Хадамоти гумруки назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Агентии зидди фасод, ки дар муассисаи ҶСП ШЛ “Нахуст Лизинг” сурат гирифт, зарари молиявии расонидашуда ба маблағи 20.812.688,82 сомонӣ муайян гардид ва ин маблағ ба буҷаи давлат барқарор карда шуд.
Яъне натиҷаи мавзеъгириҳои Раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, писари Президент буд, ки ин ҷинояти замони роҳбари собиқи Хадамот рухдода рӯйпӯш боқӣ намонад. Мавсуф тавонист, ки бо истифода аз нуфузе, ки дорад, ба истилоҳ "зӯр"-ҳоеро, ки парвои пардохти андозу боҷҳои гумрукиро надоштанд, лаҷом занад ва ба супурдани ҳаққи давлат маҷбур намояд.
Рустами Эмомалӣ ҳангоми дар мақоми Хадамоти гумруки Тоҷикистон будан бори аввал бо фармоиши худ “Комиссия оид ба гузаронидани озмун барои хизмат дар мақомоти гумрук”-ро таъсис дод ва қариб 600 ҳуҷҷати довталабонро барои кор ба қайд гирифт. Комиссияи мазкур ҷиҳати ба таври шаффоф ва одилона гузаронидани озмун чораҳои дахлдорро амалӣ гардонд. Гузашта аз ин бо мақсади поккории ин ниҳод, барои қабул намудан ба хизмат дар мақомоти гумрук ба вазифаҳои гуногун озмун эълон кард. Дар натиҷаи ин иқдом дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 60 нафар нозирон нав карда шуданд.
Дар баробари ин кормандони пешқадам ва ҳалолкорро ҳавасманд мегардонд. Аз ҷумла дар давраи кораш 8 нафар бо нишони сарисинагии «Аълочии хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», 24 нафар бо «Ифтихорнома»-и Хадамоти гумрук қадрдонӣ шуд. Ба 57 нафар «Раҳматнома» эълон намуда, 29 нафари дигар бо мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд ва аз 13 нафар ҷазои интизомии қаблан додашуда, пеш аз муҳлат гирифта шуд. Дар асоси хулосаи комиссияи аттестатсионӣ ба 66 нафар кормандон рутбаҳои аввалин ва навбатӣ дода шуд.
Рустами Эмомалӣ ҳангоми дар мансаби Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон будан худро ҳамчун шахси кордону ташкилотчӣ ва нисбати қонунвайронкуниҳо оштинопазир нишон дод. Миллионҳо сомонӣ маблағҳои давлатро барқарор намудааст. Нисбати фасодкорон хотирбинӣ намекард. Мо шоҳид будем, ки даҳҳо нафар ҷинояткоронро ба муҷозот мувоҷеҳ мегардонд.
Мавсуф дар бахши рушди варзиш, бунёди иншоот барои соҳаи мазкур, хусусан футбол нақши шоиста дорад. Футболи тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кард. Барқарор намудани робитаҳои дӯстона ва обрӯи шахсияш имкон дода истодааст, ки ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ барои тараққии варзиш дар Тоҷикистони маҳбубамон маблағҳои калонро ихтисос диҳад. Маҷаллаи FIFA «Futbol Mundial» дар мавриди клуби “Истиқлол”-и Душанбе филми ҳунарӣ бардошт. Бо ибтикори шахсии Рустами Эмомалӣ дар якчанд шаҳру навоҳии мамлакат толору майдонҳои варзишӣ қомат афрохта, бисёре аз варзишгоҳҳо таъмиру тармим шуда истодаанд.
Бо кишвари исломии Эрон дар бахши варзиш Ёддошти тафоҳум ба имзо расонд, ки дар асоси он ҷонибҳо дар заминаҳои омӯзишӣ, машқу омодагии футболбозон ба бозиҳо ва мусобиқот миёни дастаҳои мухталифи ин ду кишвар, бахусус, дастаҳои наврасону ҷавонон ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Дар бораи ташаббускориҳо, иқдомҳои хайр ва санъати роҳбарии Рустами Эмомалӣ аз ин бештар гуфтан мумкин аст. Аммо ҳадафи мо ин нест, балки посухи мухтасаре гуфтан ба оппонентҳо ё худ нотавонбинҳо мебошад, ки Рустами Эмомалӣ дар синну соли ҷавонӣ чӣ қудрату тавон ва маҳорату истеъдоде дорад барои роҳбарии як шаҳри бузурги тоҷикон. Дигар қазоват аз хонанда мебошад.

Рустами Эмомалӣ,
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе


Рустами Эмомалӣ метавонад!


Рустами Эмомалӣ 19 декабри соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, соли 2011 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ва соли 2014 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Солҳои 2006-2009 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии савдо фаъолият намудааст.
Аз моҳи апрели соли 2009 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи Сардори Раёсати дастгирии соҳибкорӣ кор карда, моҳи июни соли 2009 Сардори ин Раёсат таъин гардидааст.
Солҳои 2011-2012 дар вазифаи Сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз соли 2012 то соли 2013 ба сифати Муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2013-2015 Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 марти соли 2015 Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то 12 январи соли 2017 дар ин вазифа фаъолият кардааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.
Забонҳои усӣ, англисӣ ва олмониро медон ад.

У. Худойназар, рӯзноманигор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: