Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » АЗ ТОРИКИВУ РАНҶ ТО РӮШНОИВУ ГАНҶ

АЗ ТОРИКИВУ РАНҶ ТО РӮШНОИВУ ГАНҶ

1-11-2016, 09:05
Хабарро хонданд: 338 нафар
Назарҳо: 0
АЗ ТОРИКИВУ РАНҶ ТО РӮШНОИВУ ГАНҶ

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 29-уми октябри соли ҷорӣ маросими амалӣ гардидани орзӯи деринаи халқи тоҷик, яъне вусъат ёфтани бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки бо баландии 335 метр сохта мешавад, барпо шуд. Бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳарчанд дар замони иттиҳоди Шӯравӣ шурӯъ гардида бошад, вале ҳамчун иншооти бузурги аср барои Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Миёна пас аз Истиқлолияти кишвари азизамон ба нуктаи муҳими ҳаёту мамот табдил ёфт ва ҳамин буд, ки Пешвои миллат бо пуштибонии амиқ барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ҳанӯз дар замони шакл гирифтани давлати тозабунёди Тоҷикистон аз ин иншооти тақдирсоз сарфи назар намекарданд ва бо алоқамандӣ ва огоҳии комил аз вазъи минтақа ва ҷаҳон, бахусус иқлими тағйирёбанда кори сохтмонро назорат менамуданд. Пешвои миллат дар баробари домана бахшидани чунин ташаббусҳо ба сифати идомадиҳандаи пайкорҳои фарзандони содиқи миллати тоҷик дар асри навин ҳамчун як фарзанди диловар ва ҷасур бо таъмири бинои газандёфтаи халқу миллати хеш, ки дар даҳсолаи нуҳуми асри гузашта бо дасти «дӯстон»-и беруна рӯйи кор омада буд, кӯшишҳоеро барои ба кишвари нуру нерӯтабдил ёфтани Тоҷикистон анҷом доданд ва ин заҳматҳои шабонарӯзии сарвари дурандешу хирадманди халқамон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии амиқ пайдо кард.
Хурсандиовар аст, ки ин рӯйдоди таърихӣ, яъне бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар соли таҷлили 25-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонбарои бунёди сарбандва ба самти дигар равона кардани ҷараёни оби дарё тайи якуним соат кор карда, аввалин шуда ба соҳили дигари дарёгузоштанд ва бо ҳаминзаминаи ривоҷи корҳои бунёдкориву созандагиро, ки дар ин марҳала бо тарзу намуда хоса ҷараён пайдо намуданд, фароҳам оварданд. Пешвои миллат, ки интизориҳои тамоми сокинони Тоҷикистонро ба сифати узви ифтихории ҳамин ҷомеа хуб эҳсос менамуданд, дар коргоҳи асосии ин нуктаи азими энергетикӣ мутахассисону сохтмончиёни баландихтисосро ҷамъ карданд, ки ин омил ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои таҷлили ин рӯз, ки Пешвои миллат онро «рӯзи равшаниву нур» номиданд, кӯмак намуд.
Бо ёдоварӣ аз иродаи қавии мардуми кишварамон, ки дар назди таърих аз имтиҳони сахту сангин бо сарбаландӣ баромаданд, Пешвои миллат умед бар он карданд, ки рушди бомарому устувори иқтисодиву иҷтимоии кишварамон зина ба зина бо роҳандозии барномаҳои ҳадафманд таъмин мегардад ва Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ аз кишвари аграрӣ ба кишвари саноатӣ табдил меёбад.
Барои арзёбии асосноккунии техникиву иқтисодӣ ва таъсири иҷтимоиву экологии лоиҳа олимону коршиносони маъруфи ҷаҳонӣ ба ин мабдаи нур ҷалб гардида буданд ва бо ҳамин марҳалаи татбиқу бунёдкорӣ дар чунин санаи фархунда оғоз ёфт.Минбаъд фаъолияти ду ширкати бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ, яке «Силини Импре-ҷило»- и Италия ҳамчун пудратчии асосии бунёди сарбанд ва дигаре «Трактебел инҷи-ниринг»-и Франсия назоратчии раванди сохтмон ва намояндагии фармоишгар, ки дар самти бунёди иншооти гидротехникӣ таҷрибаи бой доранд, барои тезонидани ҷараёни корҳо фаъолият менамоянд.
Мо умед бар он дорем, Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои дурбинонаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, ки яке аз онҳо саноатикунонии мамлакат мебошад, кӯмак мерасонад ва Тоҷикистон ба мабдаи нур табдил меёбад. Бо чунин ниятҳои нек тамоми сокинони мамлакатро бо ин рӯйдоди таърихӣ, яъне маросими оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт, муборакбод намуда, ба онҳо тансиҳатӣ, хонаободӣ ва тамоми хушиҳои зинадагиро таманно мекунем.

Х.Сабуров,
муовини ректори ДДХ ба номи академик
Б.Ғафуров оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ,
доктори илмҳои педагогӣ, профессор, аъзои ҲХДТ.

Р.Абдуллоев,
сармутахассиси раёсати корҳои илмӣ-
тадқиқотӣ, номзади илмҳои филология.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: