Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мусоидат ба рушди кишоварзӣ

Мусоидат ба рушди кишоварзӣ

26-10-2016, 14:41
Хабарро хонданд: 208 нафар
Назарҳо: 0
Мусоидат ба рушди кишоварзӣ

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Иттиҳоди Аврупо бар асоси як барномаи якҷоя бо арзиши 42 миллион евро барои деҳқонони тоҷик ҷудо карданд. Марҳилаи аввали барнома ҷиҳати мусоидат барои нав намудани таҷҳизот дар соҳаи кишоварзиро дар бар гирифтааст.
Дар маросими рӯнамоии ин барнома, ки чанд рӯз пеш дар Душанбе баргузор шуд, сардори намояндагии БАТР дар Тоҷикистон Ричард Ҷонс гуфт: “Бо сармоягузории дуруст ба коркард, банду баст ва мутобиқи стандартҳои сифат, истеҳсолоти кишоварзии Тоҷикистон қобилияти бештар баҳри тавсеа, таъмини сарчашмаҳои мавҷудият ва афзоиши содирот пайдо мекунад.
Вай қайд кард, ки барномаи нави маблағгузорӣ – ин навтарин василаи ҳамкории БАТР дар заминаи дастгирии раванди эҳёи иқтидори соҳаи кишоварзии Тоҷикистон аст. Он ба барномаҳои қарзии пешина такя мекунад, ки тавассути шарикони молиявии маҳаллӣ, ҷиҳати машварат барои рушди соҳибкории хурд ва маблағгузории бевоситаи соҳибкорони тоҷик амалӣ мешавад”.
Дар ин маросим, ки бо иштироки мақомоти ниҳодҳои молии байналмилалӣ, Вазорати кишоварзӣ ва Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ баргузор шуд, таъкид гардид, ки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) якҷо бо Иттиҳоди Аврупо (ИА) барномаи навро бо арзиши 42 миллион евро (46,5 миллион доллар) барои дастгирии деҳқонони Тоҷикистон оғоз бахшидаанд.
Соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон бовуҷуди ин ки аз соҳаҳои шуғли асосӣ ба ҳисоб меравад, аммо бинобар набудани таҷрибаи кофии кор дар заминаи истеҳсол ва бастабандии маҳсулот, инчунин маҳсулнокии хеле паст ба душвориҳо рӯ ба рӯ аст. Барномаи нави таҳкими рақобатпазирии соҳибкории кишоварзӣ дар Тоҷикистон маҳз барои баланд бардоштани маҳсулнокӣ дар соҳаи кишоварзӣ пешбинӣ шудааст.
БАТР дар маҷмӯъ, 20 миллион евро қарз ва ИА 9 миллион евро ёрии молӣ (грант)-ҳои сармоявӣ ҷудо намуда, тасмим гирифаанд, ки ба таври илова боз 800 ҳазор евро барои кумаки техникӣ низ пешниҳод намоянд. Пешбинӣ мешавад, ки дар ояндаи наздик боз як бонки рушд ба БАТР ҷиҳати маблағгузорӣ ва амалигардонии барномаи мазкур ҳамроҳ шуда, дар маблағгузории умумӣ саҳм хоҳад гузошт.
Дар назар аст, ки марҳилаи аввали барнома 15 миллион евро маблағи БАТР - ро дар бар мегирад ва баҳри мусоидат ба фаъолияти корхонаҳои хурд ва миёна дар соҳаи кишоварзӣ барои коркарди маводи аввалия, бо мақсади нав кардани техникаву таҷҳизоти кишоварзии фарсуда ва куҳнашудаи боқимонда аз замони шӯравӣ, сарф мешавад.
Бо мақсади дастрас намудани қарз ба корхонаҳои хурд ва миёнаи соҳаи соҳибкории кишоварзӣ дар тамоми кишвар, ташкилотҳои маблағгузории хурд ва бонкҳои тиҷоратии баргузидаи Тоҷикистон бо маблағи пешбинишуда таъмин мегарданд. Аз ин 80 дарсади маблағгузорӣ ба ноҳияҳои тобеи марказ ва берун аз шаҳри Душанбе равона карда мешавад.
Азизбек Шарифов, раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон ва яке аз иштироккунандагони ин маросим ба хабарнигори “МХ” барномаҳои ҳамкории ниҳодҳои байналмилалӣ бо соҳаи кишоварзии кишварро иқдоми муҳим баҳри дастгирии ин соҳа донист. Вай шуфт: - Соҳаи кишоварзӣ беш аз 50 фоизи қувваи кориро дар Тоҷикистон бо кор таъмин мекунад, аммо бинобар заиф будани фаъолият танҳо чоряки маҷмӯи маҳсулоти дохилиро таъмин менамояд.
Ба андешаи ӯ, соҳаи мазкур дар ҳоли ҳозир танҳо аз чанд навъи зироат, ба монанди гандум, ҷав, пиёзу сирпиёз вобастагӣ дорад, дар ҳоле, ки дар сурати рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ саҳми кишоварзон дар бахшҳои дигар низ бештар хоҳад шуд.
Зимни тавзеҳи барномаи нав таъкид гардид, ба самти мусбат тағйир додани фаъолияти бахшҳои то ба ҳол назарногири кишоварзӣ як ҳадафи дигари он аст. Аз ҷумла, мусоидат барои парвариши меваю сабзавотҳои барои Тоҷикистон нав, афзоиши истеҳсоли асал ва рушд додани чорводорӣ, ба шумули чорвои ширдеҳ низ аз ҳадафҳои он мебошад.
Тавре зикр шуд, нахустин ташкилоти амонатии қарзии хурд, ки дар чорчӯби барнома маблағгузорӣ мешавад, ташкилоти амонатии “Арванд” аст. Ин ниҳоди қарздиҳанда маблағи баробар ба 2 миллион долларро бо сомонӣ дарёфт намудааст. То кунун деҳқонон дар бисёр маврид бо асъори хориҷӣ маблағгузорӣ мешаванд, дар ҳоле, ки тамоми муомилоти онҳо бо пули миллӣ буда ва даромадро ҳам бо пули миллӣ ба даст меоранд. Сабаби чунин ҳолат на ҳамеша дастрас будани маблағгузории миёнамуҳлат бо арзи миллӣ дар бозор буд. Бинобар ин тартиби нави пешниҳоди қарз ба деҳқонон мавриди иҷро қарор мегирад.
Директори кулли “Арванд” Шоира Содиқова гуфт: “Мо аз шакли нави қарздиҳӣ, ки сармоягузорони аврупоӣ тавсия мекунанд, истифода хоҳем кард.”
Вай афзуд: - Ҳамеша кӯшиш дорем, ки ҳатто дар вақтҳои мушкил барои иқтисодиёти кишварамон қарзҳоро дастраси мардум кунем ва таваҷҷуҳро ба соҳаи кишоварзӣ равона карда, баҳри дастгирии рушди ин соҳа талош мекунем.
Ӯ бовар дорад, ки барномаи нав имконияти бештареро барои таъмини талаботи муштариёни дур аз шаҳр ва маркази ноҳияҳо фароҳам мекунад.
Содиқова ёдовар шуд, ки марказҳои хизматрасонии бонкии ин ташкилот 60 дарсад дар минтақаҳои деҳот ҷойгир буда, барои бомуваффақият амалӣ гардондани барнома мадад мерасонанд.
Масъулони барномаи номбурда таъкид карданд, ки он ҷадидтарин дар силсилаи лоиҳаҳои мавриди иҷро буда, ки баҳри дастгирии соҳаи соҳибкории кишоварзӣ дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Яке аз тозатарин намунаҳои ҳамкории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) бо Тоҷикистон саҳмиядори миноритарӣ (ғайри мустақим) дар “Ашан” аст, ки он ба наздикӣ гипермаркети нахустинро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуд. Дар ин маркази бузурги тиҷоратӣ зиёда аз 200 соҳибкори маҳаллӣ ҷиҳати таъмини маҳсулот ҳамкорӣ мекунанд.
То имрӯз БАТР беш аз 670 миллион долларро ба бахшҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.
Солеҳ Юсуфов


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: