Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Гули бор

27-09-2016, 16:15
Хабарро хонданд: 596 нафар
Назарҳо: 0
Гули бор

Гули бор
Ҳоло дар мавриди хосиятҳои шифобахши гули бор–(боровая матка) сухан мегӯем. Ин растаниро гиёҳи модарон ҳам ном мебаранд. Он дар минтақаҳои Олтой ва Сибири Русия, инчунин дар мавзеъҳои кӯҳистонии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мерӯяд. Гули бор номи шартии ин растанӣ аст, дар маҳалҳо шояд мардум онро ба таври дигар ном баранд.
Маъмулан аз он барои табобати бемориҳои занона истифода мекунанд, агарчӣ ба мардону кӯдакон низ дар рафъи нороҳатиҳое, ки дар қисмати гурда ва масона (мочевой пузыр) доранд, фоида дорад.
Он ба ду шакл истифода мешавад. Яке бо роҳи чой карда нӯшидан ва дигаре истифода аз маъҷун ё маҳлул (настойка)-и он, ки дар дорухонаҳо мефурӯшанд.
Алафи гули борро ҳам беҳтар аст, ки аз дорухона бихарем, зеро дар тайёр кардани он технологияи ҷамъоварию таҳия риоя шуда, истифодааш ҳам боварбахштар аст. Аз сӯи дигар, ин растанӣ дар миёни шумораи маҳдуди гиёҳшиносони кишвари мо ошно буда ва аз дастифурӯшҳои бозорҳо ҳам пайдо кардан мушкил аст.
Гули бори харидоришуда аз дорухонаҳоро, ки монанди чойи хушк дар қуттиҳои коғазӣ аст, барои он ки режими табобат вайрон нашавад, дар маҳали кор ҳам ба оби ҷӯш дам карда, нӯшидан мумкин аст.
Гули бор чӣ фоидаҳо дорад?
Гули бор амалан барои дармони қариб ҳамаи бемориҳои занона (гинекологӣ),ҳатто безурётӣистифода мешавад. Аз он ҷиҳати табобати хунравӣ, эрозия (фарсоиш)-и даҳанаи бачадон, барои ба тартибовардани гардиши қоидагии занон, табобати миома, илтиҳоб(хунукгирифтагӣ)-и найчаҳо, варами пистонҳо, тақвияти беҳдошти тамоми бадан, барои рафъи баъзе мушкилиҳои ҳомиладоршавӣ истифода мешавад.
Аз ин гиёҳ барои дармони илтиҳоб (хунукгирифтагӣ)-и гурда ва масона (мочевой пузыр) ҳам ба кор мебаранд.Гули бор хосияти баланди пешобронӣ дорад.
Табобати бемориҳои мардона ва кӯдакона
Мардон аз гули бор метавонанд барои дармони (илтиҳоб)-и хунукгирифтагии масона (мочевой пузырь), пиелонефритҳо, илтиҳоби ғадуди простата истифода кунанд. Он хосияти хуби пешгирӣ аз бемориҳои ҳамсон ва таҳкими баданро дорад.
Барои пешгирӣ аз пешобравии кӯдакон, аз ҷумла ба ҳангоми хоб ҳам тавсия мешавад.
Аммо дар баробари ин ҳама хосиятҳои табобатӣ истифодаи гули бор дар ҳолатҳои маҳдуд, аз ҷумла ба ҳангоми ҳомиладорӣба модароне, ки аз сина ба кӯдаконашон шир медиҳанд ва ба заноне, ки қоида доранд, тавсия намешавад.
Тартиби истифода
Барои бачаҳои 14 - сола ва калонсолон истифодаи маъҷуни гули бор, ки дар дорухонаҳо фурӯхта мешавад, дар як рӯз чаконидани 10-20 қатра ду бор ба зери забон тавсия шудааст.Роҳи аз ин муносибтар ин миқдорро бо каме об ҳамроҳ карда, ним соат пеш аз хӯрок хӯрдан аст.Гиёҳшиносон истифодаи 200 мл маҳлули тайёршуда аз ин растаниро барои як давраи табобат муфид медонанд. Агар зан гирифтори бемориҳои миома ва ё илтиҳоб бошад, дар ин ҳолат дар як сол то 600 мл аз он истифода бояд кунад.
Дар баъзе аз мавридҳо истифодаиомехтаи он бо гули хор (расторопша) низ тавсия мешавад.
Тарзи тайёр кардани чой аз гули бор
Як қошуқи хӯрокӯрӣ хушкшудаи алафи гули борро ба як стакан (200 мл) оби гарм партофта, болои оташи паст 5 дақиқа меҷушонанд, пас онро муддати 3 соат печонида мемонанд, то дам хӯрад. Чойи тайёршударо як қошуқи ғизохӯрӣ 3-4 бор дар як рӯз ним соат пеш аз хӯрок мехӯранд.
Тартиби тайёр кардани маъҷуни гули бор
5 қошуқи хӯрокхӯрӣ алафи хушк, реза ва кӯфташудаи онро ба 500 мл арақ мерезанд. Пас аз он муддати 3-4 ҳафта дар ҷои торик нигоҳ медоранд, аммо барои дуруст тайёр шуданаш ҳар замон зарфро ларзонда, маҳлули дохили онро омезиш додан лозим аст.
Бо гузашти ин муҳлат онро полида, 20-30 қатра ҳар рӯз ним соат пеш аз хӯрок истеъмол мекунанд.
С.Абдулазиз
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: