Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Спитамен

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Спитамен

13-09-2016, 14:18
Хабарро хонданд: 274 нафар
Назарҳо: 0




Ҳамватанони азиз!
Устодон, падару модарон ва фарзандони азиз!
Имсол барои мардуми шарифи Тоҷикистон соли воқеан таърихӣ – яъне 25-солагии соҳибистиқлолии кишвари азизамон мебошад.
Ба ифтихори ин ҷашни фархундаи миллӣ бори дигар кулли мардуми сарбаланди ноҳияи Спитамен ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро сидқан табрик мегӯям.
Лозим ба ёдоварист, ки солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ мардуми шарифи Тоҷикистон ба имтиҳони бисёр сангину вазнини таърих рӯ ба рӯ шуда, мушкилоти зиёдеро паси сар карданд ва маҳз бо сабру таҳаммул, саъю талоши ватандӯстона ва заҳмати фидокорона ба ин рӯзҳои неку воқеан идона муяссар гардиданд.
Дар ин раванди таърихӣ сокинони заҳматқарини ноҳияи Спитамен низ саҳми сазовор гузоштаанд.
Соли ҷорӣ, яъне 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои сокинони ноҳияи Спитамен боз бо як санаи муҳим – 90 – солагии таъсисёбии ноҳия хотирмон мебошад.
Аз фурсати мусоид истифода карда, мардуми сарбаланди ин гӯшаи ободи Ватанро бо санаи таъсисёбии ноҳия низ табрик мегӯям ва бовар дорам, ки сокинони ноҳия барои ободиву сарсабзии минбаъдаи диёри худ ва пос доштани номи неки Спитамени диловар бо ҷидду ҷаҳди дучанд заҳмат мекашанд.
Зимнан, мехоҳам хотирнишон созам, ки номи яке аз симоҳои барҷастаи таърихи аҷдоди қадимаи халқи тоҷик – сипаҳсолори шуҷоъ Спитаменро ба худ гирифтани ноҳия аз падидаҳои нек ва аз баракати замони истиқлолият мебошад.
Ҳамчунин, бо қаноатмандӣ иброз медорам, ки дар зарфи 25 соли соҳибистиқлолӣ мардуми сарбаланди ноҳия бо кору фаъолияти садоқатмандонаи худ дар соҳои гуногун ба хеле дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.
Ҷиҳати рушди соҳаи саноат дар ноҳия танҳо дар панҷ соли охир дар ноҳия 15 корхонаи нав ба фаъолият оғоз карда, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бамаротиб афзоиш ёфтааст.
Соҳаи кишоварзии ноҳия низ тараққӣ карда, дар давоми шаш соли охир афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ якуним баробар зиёд шудааст.
Агар соли 2010 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия 164 миллион сомониро ташкил карда бошад, пас соли гузашта кишоварзони ноҳия дар ҳаҷми 260 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ буҷети ноҳия мунтазам афзоиш ёфта, аз 160 ҳазор сомонии соли 1992 ба 40 миллион сомонӣ дар соли 2015 расидааст.
Умуман, дар замони истиқлолият барои тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ беш аз 300 миллион сомонӣ, аз ҷумла тавассути амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ 17 миллион сомонӣ равона карда шудааст.
Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои зикршуда масъалаҳои таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, таъмиру азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва беҳдошти вазъи хоҷагии коммуналӣ ба маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ ҳаллу фасл карда шудаанд.
Вале ноҳия имконияту иқтидорҳои зиёде дорад, ки то ба ҳол истифода нашудаанд.
Масалан, дар самти вусъат додани соҳаи пахтакорӣ, бо иқтидори пурра ба истифода супоридани навбати дуюми корхонаи муштараки «Спитамен-текстайлз» ва таъминоти мардум бо ҷойҳои нави корӣ бояд як қатор корҳои мушаххас амалӣ карда мешуданд.
Лекин корхонаи «Спитамен-текстайлз» аз соли 2015 бо сабабҳои гуногун фаъолият надорад ва муҳлати ба истифода додани коргоҳои бофандагиву рангуборкунӣ ва дӯзандагии он ба таъхир афтодааст.
Дар ин ҷода, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, инчунин соҳибмулкони корхонаи муштаракро зарур аст, ки мушкилоти корхонаро ҳал намоянд ва фаъолияти муътадили онро таъмин созанд.
Инчунин, дар корхонаи дӯзандагии ноҳия бояд ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми истеҳсол ва беҳтар кардани сифати маҳсулот бояд тадбирҳои амалӣ андешида, талаботи хонандагони мактабҳои ноҳия бо сару либоси мактабӣ таъмин карда шавад.
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати мамлакат «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ» ва ба кори фоиданок ҷалб намудани шаҳрвандони бекор, махсусан занону духтарони хонашин дар деҳаи Куркат Маркази таълимиву истеҳсолии “Куруш” ба истифода супорида шуд, ки ба рушди касбомӯзии сокинон ва беҳтар шудани вазъи зиндагии онҳо мусоидат мекунад.
Дар робита ба ин, роҳбарону масъулон вазифадоранд, ки барои ҷалби ҳарчи бештари сармояи ватаниву хориҷӣ ва истифодаи самараноки онҳо дар пешбурди соҳаҳои иқтисодиёт тадбирҳои боз ҳам муассир андешанд.
Зеро тибқи маълумот дар ноҳия айни замон беш аз 13 ҳазор нафар занону духтарон бешуғл мебошанд.
Имрӯз мо дар доираи корҳои созандагиву ободгаронаи Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Спитамен ба фаъолияти якчанд иншооти таъиноти гуногун ифтитоҳ бахшидем, ки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бо шуғл фаро гирифтани мардум ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунанд.
Яке аз иншооти зикршуда Корхонаи муштараки «Норд Азия» мебошад.
Бунёди корхонаи мазкур бо ҳамкории соҳибкорони маҳаллӣ ва сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ду сол пеш оғоз ёфта, барои сохтмони он беш аз 23 миллион сомонӣ равона шудааст.
Корхонаи «Норд Азия» баъди бо иқтидори истеҳсолии пурра ба кор даромаданаш дар як сол ба маблағи 50 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол менамояд ва 120 нафар сокинони маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин месозад.
Инчунин, имрӯз фаъолияти корхонаи «Спитамен-ойл» низ оғоз гардид, ки бо иқтидори коркарди 150 тонна ашёи хом дар як шабонарӯз бунёд гардида, равғани растанӣ истеҳсол мекунад.
Коргоҳ дар як сол метавонад то 30 ҳазор тонна равғани растании тоза истеҳсол намояд. Илова бар ин, дар корхона дар асоси технологияи замонавӣ хӯроки махсуси ғизоноки паранда истеҳсол мегардад. Дар корхонаи мазкур низ 120 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин карда мешаванд.
Вобаста ба ин, роҳбарони сохтору мақомоти марбута ва соҳибкорону сармоягузоронро зарур аст, ки чунин иқдомҳои шоистаро доир ба таъсиси коргоҳу корхонаҳои нав ва хусусан, дар самти рушди саноати коркард вусъати тоза бахшанд ва дар иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар - таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми сазовори худро гузоранд.
Дар ҳудуди ноҳия дар самти азнавсозӣ ва обод кардани роҳҳои мошингард танҳо соли гузашта қариб 100 километр роҳҳои дорои аҳаммияти маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ аз таъмир бароварда шудаанд.
Аз ҷумла, аз ҳисоби буҷети давлатӣ бо харҷи 5 миллион сомонӣ роҳи мошингарди Куруш-Спитамен пурра азнавсозӣ гардида, роҳи Спитамен -шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ ба масофаи беш аз 50 километр ба маблағи 13 миллион сомонӣ таъмир карда шудааст.
Бо сифати баланд ба истифода додани он имконият фароҳам овард, ки рафтуомади мусофирон ба минтақаҳои дигари кишвар, аз ҷумла барои сокинони ноҳияи Мастчоҳ тавассути ноҳияи Спитамен осон гардида, акнун аҳолии ноҳияи Мастчоҳ барои то пойтахти кишвар расидан 130 километр роҳро камтар тай менамояд.
Ҳозирини муҳтарам!
Тайи солҳои охир дар мамлакатамон марҳалаи созандагӣ ва дигаргуниҳои бунёдӣ дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дар сиёсату иқтисодиёт ва иҷтимоиёту фарҳанг вусъати тоза гирифта, барои рушди соҳаи маориф шароити мусоид фароҳам гардидааст.
Дар доираи «Барномаи давлатии сармоягузорӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2015-2017» дар ноҳияи Спитамен чор лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 6 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Ҳукумати мамлакат бо мақсади татбиқи усулҳои инноватсионӣ дар ҷараёни таълиму тарбия бо такя ба таҷрибаи ҷаҳонӣ консепсия ва барномаҳои гуногунро доир ба рушди мактаби миллӣ роҳандозӣ карда истодааст.
Мактабе, ки мо имрӯз ба истифода супоридем, дар раванди фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи насли наврас, ҷалби онҳо ба маҳфилу озмунҳои фаннӣ ва дастгирии соҳибистеъдодҳо, аз ҷумлаи тадбирҳои муҳимест, ки бо саҳмгузории соҳибкори ҳимматбаланд Анвар Эшонқулов бунёд гардидааст.
Мактаби нав барои ба таҳсил фаро гирифтани 240 нафар хонандагони болаёқат пешбинӣ шуда, дорои тамоми шароити зарурӣ мебошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҳамаи шахсоне, ки дар ин кори хайр саҳмгузорӣ кардаанд, барои чунин амали неку созанда миннатдорӣ баён карда, дар фаъолияти минбаъдаи онҳо барору комёбӣ орзу менамоям.
Муассисаи таълимии имрӯза, ки самараи даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад туҳфаи арзандаи идона ба хонандагони болаёқати ноҳияи Спитамен дар рӯзҳои ҷашни мубораку муқаддаси миллиамон ба шумор меравад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ифтитоҳи мактаби нави замонавиро ба аҳли маориф ва шогирдони боргоҳи нави маърифат табрик гуфта, итминон дорам, ки дар ин таълимгоҳи муосир таҳти роҳбарии устодони соҳибтаҷриба хонандагони фаъолу болаёқат донишу маърифат омӯхта, дар оянда ҳамчун кадрҳои баландихтисос ба воя мерасанд ва шарафи Тоҷикистони азизамонро боз ҳам баланд мебардоранд.

Дӯстони азиз!
Замони муосир дар баробари пешрафти илму техника, инчунин, масъалаҳоеро ба миён гузоштааст, ки дарки онҳо донишу ҷаҳонбинии мукаммал, ҳушёриву зиракӣ ва мавқеи устувори шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеаро талаб мекунад.
Хусусан, дар солҳои охир тавсеа пайдо намудани зуҳуроти нангину хатарноки терроризму ифротгароӣ, ки аксаран таҳти шиорҳои динӣ ва зери ниқоби ислом сурат гирифта, аслан ба дини мубини ислом иртиботе надоранд, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, барои ноором сохтани вазъи ҷомеаи ҷаҳон истифода мешавад.
Боиси таассуф аст, ки ба чунин гурӯҳу ҳаракатҳо баъзе шаҳрвандони мо, аз ҷумла ҷавонони сустиродаву ноогоҳ низ шомил гардидаанд.
Тибқи маълумот аз вилояти Суғд қариб 400 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 36 нафар сокинони ноҳияи Спитамен ба ҳаракату гурӯҳҳои ғайриқонунӣ шомил гардидаанд ва то имрӯз даҳҳо нафари онҳо ба хотири манфиатҳои бегонагон ба ҳалокат расидаанд.
Вобаста ба ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, падару модарон, аҳли маориф ва фаъолон вазифадоранд, ки корҳои тарбиявиро дар байни наврасону ҷавонон вусъат бахшида, ба онҳо роҳи дурусти зиндагиро нишон диҳанд ва дар зеҳни наврасону ҷавонон ҳисси ифтихор аз давлати соҳибистиқлол ва ватани соҳибихтиёрро тарбия намоянд.
Зеро таълиму тарбияи насли наврас ва роҳнамоии дурусти ҷомеа омили муҳимми пешгирии ҳама гуна таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир буда, аз роҳбарону фаъолон ва аҳли зиё тақозо менамояд, ки нисбат ба мушкилоту масъалаҳои мавҷудаи ҷомеа бетараф набошанд ва дар ҷодаи таҳкими асосҳои истиқлолияти давлатӣ ва таъмини тараққиёти минбаъдаи кишвар садоқатмандона хизмат намоянд.
Бовар дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳия ба шукронаи сулҳу суботи комили Ватан ва соҳибистиқлолии сарзамини аҷдодӣ минбаъд низ барои ободиву пешрафти кишварамон садоқамандона кору фаъолият карда, сиёсати Ҳукумати мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд ва дар пешрафту тараққиёти минбаъдаи кишвари азизамон саҳми сазовор мегузоранд.
Дар охир, бори дигар кулли сокинони ватандӯст ва бонангу номуси ноҳияи Спитамен ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромиро ба муносибати 25-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон ва 90 - солагии таъсисёбии ноҳия табрик гуфта, бароятон саодати рӯзгор, хонаи обод ва саломативу хушбахтӣ орзу менамоям.
Ҳамеша шоду сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!








Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: