Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » РОҲЕ, КИ МОРО БА ЧИН МЕБАРАД

РОҲЕ, КИ МОРО БА ЧИН МЕБАРАД

23-08-2016, 12:30
Хабарро хонданд: 395 нафар
Назарҳо: 0
РОҲЕ, КИ МОРО БА ЧИН МЕБАРАД

«Раҳоӣ додани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани он ба минтақаи транзитӣ бо тамоми инфраструктураи нақлиётии мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ яке аз ҳадафҳои стратегии сиёсати иқтисодии давлат дар ояндаи наздик ба шумор меравад».
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон


Инъикоси воқеъбинонаи амали созандагиву бунёдкорӣ дар қаламрави мамлакат фаъолияти рўзмарраи аҳли эҷоди матбуоти даврӣ маҳсуб гардида, ташкили сафари рўзноманигорон ба минтақаи Шамсиддин Шоҳин- Шоҳони шоҳроҳи Душанбе - Ваҳдат- Кўлоб- Хоруғ - ағбаи Қулма, ки бо ибтикори Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ санаи 17 август доир гардид, бозгўи фаъолияти бурдборонаи аҳли заҳмати кишвар дар ҳамбастагӣ бо сохтмончиёни корозмудаи кишварҳои хориҷӣ буданд.

Субҳгоҳони санаи номбурда, ки бо роҳи тахту ҳамвори шоҳроҳи мазкур савори сабукраве, ки хабарнигоронро ба корзори аҳли заҳмат мебурд, яқин кардам, ки сохтмон ва таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асту минбаъд боқӣ хоҳад монд. Зеро роҳи нақлиётгард заминаи асосӣ ва муҳими ҳаракати мусофирону интиқоли молу маҳсулот дар қаламарави кишвар ва хориҷи он аст.

Тўли солҳои соҳибистиқлолӣ бо ҳидоятҳои раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон роҳу роҳсозӣ дар саросари мамлакат нерўи тоза пайдо намуда, бо кушодани роҳҳои нав, таъмиру таҷдиди роҳҳои мавҷуда, сохтмони нақбҳо аз қалби ағбаҳои мушкилгузари Анзоб, Шар - Шар, Шаҳристон ва Чормағзак натанҳо минтақаҳои кишварро ба ҳам пайваст, ҳамчунин имкон фароҳам омад, ки роҳҳои ҷавобгўи талаботи байналмилалӣ Тоҷикистонро бо кишварҳои минтақа ба ҳам пайваст созад.

Бо мақсади фаъолияти пурсамари роҳсозӣ баробари маблағгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз институтҳои молиявии байналмилалӣ лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ ҷалб карда шуда, ҷалби мутахассисони кордидаи хориҷӣ имкон фароҳам сохт, ки мушкилтарин қитъаҳои мушкилгузар дар муддати муайян ба роҳҳои тахту ҳамвор табдил дода шаванд.

Яке аз он иншооте, ки имрўзҳо корҳои сохтмонӣ дар ин масир босуръат идома меёбад, сохтмони роҳи мошингарди Кўлоб - Қалъаи Хумб, қитъаи «Шамсиддин Шоҳин-Шоҳон» мебошад, ки арзиши умумии он 86,7 миллион доллар аст. Лоиҳаи номбурда бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарзи имтиёзноки Бонки исломии рушд, Фонди рушди Саудӣ, Фонди Кувайт, Абу - Дабӣ ва Фонди ОПЕК-13 ба иҷро расонида мешавад.

Агар гўям, ки мо хўроки субҳонаро дар даромадгоҳи шаҳри бостонии Кўлоб хўрдем, шумо бовар кунед. Зеро ронандаи сабукрав дар роҳи тахту ҳамвор чунон мошинро тезу беозор медавонд, ки тай кардани чунин масофа бароямон ноаён гузашт.

Замоне аз ин шаҳри Кўлоб берун омада, рў ба фарози ағбачаи Мумирак ниҳодем, Директори татбиқи лоиҳаи «Сохтмони роҳи мошингарди Кўлоб - Қалъаи Хумб, қитъаи «Шамсиддин Шоҳин- Шоҳон» Сиҷоуддин Сироҷов шояд ба хотири он, ки ин қитъа ҳанўз нообод асту бардору зани он зиёдтар мешавад, моро бо факту далелҳои амалӣ шудани лоиҳаи номбурда андармон мекард. Тибқи иттилои номбурда лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Кўлоб- Қалъаи Хумб, қитъаи «Шамсиддин Шоҳин- Шоҳон», соли 2011 оғоз гардида, алҳол корҳои сохтмонӣ дар он бо суръати баланд ҷараён доранд.

Аз арзиши умумии лоиҳа то ин муддат беш аз 57 миллион доллар аз худ карда шудааст. Лоиҳаи сохтмони роҳи қитъаи «Шамсиддин Шоҳин- Шоҳон» бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарзи имтиёзнок, асосан аз ҳисоби Бонки исломии рушд ва Фонди рушди Саудӣ 20 миллион долларӣ, Фонди Кувайт- 17 миллион доллар, Фонди Абудабӣ -15 миллион доллар, Фонди ОПЕК-13 миллион доллар сохта мешавад. Саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ин тарҳ 7 миллиону 900 ҳазор долларро ташкил медиҳад, баробари ба маркази маъмурии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ворид шуданамон суханашро ба итмом расонид, Сиҷоуддин Сироҷов.

Нишемангоҳи баромади маркази ноҳияи номбурда майдони онрўзаи ҳарбу зарби сохтмончиён буд. Миёни гурўҳи калони аҳли заҳмат, ки асосон ҷавонони ҳузарби маҳаллӣ буданд, аҳён - аҳён чеҳраҳои чиноиҳову туркҳоро мушоҳида кардан мумкин буд.

Мувоини аввали вазири нақлиёт Суҳроб Мирзоев мароқи хабарнигоронро нисбати фаъолияти коргарони маҳаллӣ пай бурда гуфт, ки аз шумораи умумии мутахассисону роҳсозон наздик ба 630 нафарашон сокинони маҳаллӣ, асосан бошандагони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва шаҳри Кўлоб мебошанд, ки бо маоши хуб таъминанд.

Зимни суҳбат ҷавоне, ки худро Гулмирзо Ҳайдаров муаррифӣ намуд, аз он хушнудӣ мекард, ки вай дар канори хонааш соҳиби ҷои кор шуда, маблағе, ки тўли 5 моҳ ба даст овард, аз фоидаи 4 - солаи мусофират дар шаҳрҳои Русия бештар мебошад. Сарахони Мирзо- ҷавони дигар бо хушнудӣ мегуфт, ки тибқи шартнома бо роҳсозон ҳамкорӣ карда, рўзе 40 сомонӣ маблағ пайдо мекунад. Аллакай маблағи ҷамъовардааш барои оғози таҳсил дар Коллеҷи ҳарбии Вазорати мудофиа басанда аст.

Ҳамчуноне иттилоъ дода шуд, дар татбиқи ин тарҳ ширкатҳои роҳсозии «Агат Тигар»-и Туркия ҳамчун пудратчӣ ва ширкати «Чайна Роуд» -и Ҷумҳурии Мардумии Чин зерпаймонкори татбиқи лоиҳа буда, дар ҳамбастагӣ бо ширкатҳои роҳсозии маҳаллӣ фаъолияти пурсамар доранд. Масофаи сохтмони қитъаи роҳи «Ш. Шоҳин - Шоҳон» 40 километр ва паҳноии роҳ 8 метрро ташкил дода, аз рўи меъёр бо ду қабат асфалт дар дараҷаи сеюм сохта шуда, ҷавобгўи меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.

Дар бунёди ин қитъаи роҳ 760 нафар кормандону мутахассисон ва роҳсозон дар ду баст фаъолияти пурсамар дошта, барои татбиқи он 250 адад техникаи роҳсозӣ ва мошинолот сафарбар гардидаанд. Барои вусъати корҳои сохтмонӣ дар қитъаи «Ш. Шоҳин-Шоҳон» ду корхонаи истеҳсоли асфалт, иншооти сангмайдакунӣ ва 5 корхонаи бетонтайёркунӣ фаъолият менамоянд.

Дар радифи тахту ҳамвор ва асфалтпўш кардани роҳи паҳноиаш 8 метра барои бехатарии ҳаракат сохтмони деворҳои муҳофизатӣ дар боло ва поёни роҳ бунёд карда шуда истодаанд, ки аз маблағи умумии лоиҳа 10% -и он барои ин амал нигаронида шудааст. Дарозии чунин иншоот 7 ҳазор метрро ташкил дода, 1300 метри он дар қисмати болоӣ ва 5700 метраш дар қисмати поёнии роҳ бунёд карда мешаванд.
Мувофиқи иттилои масъулини Вазорати нақлиёт дар масири лоиҳаи номбурда баробари тахту ҳамвор кардани роҳ ва дигар иншооти ёрирасон масофаи беш аз 1100 метр дарозӣ 11 купрук сохта мешаванд.

Зимни муаррифии вазъи феълии рафти корҳо дар иншоот муовини аввали вазири нақлиёт Сўҳроб Мирзоев бо боварӣ изҳор дошт, ки дар муҳлати муқарраргардида тахту ҳамвор кардани ин қитъа ва асфалтпўш намудани масири он имконпазир буда, барои иҷрои он ягон монеаи ҷиддӣ мавҷуд нест. Ёдовар мешавем, ки то андозаи 30 метр паст кардани роҳ дар километри 38 - 40 - ум аз мавзеъҳои мушкили тарҳ дониста шуда, он дар баландии ду ҳазор метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Феълан аз ҷониби аҳли заҳмат таҷҳизоти сўрохкунанда, тарконанда ва хокканак, ки беш аз 10 ададро ташкил медиҳанд, фаъолияти шабонарўзӣ дошта, вазифаи ба дўшдоштаи худро сарбаландона иҷро менамоянд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолиятии роҳсозон ин далел мавриди таваҷҷуҳ буд, ки шумораи коргарони маҳаллӣ дар муқоиса ба дигар лоиҳаҳои аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ амалигардида бештар ба чашм мерасиданд. Хушбахтона, онҳо имрўз на чун нерўи кори дуввумдараҷа, балки дар радифи мутахассисони хориҷӣ техникаи роҳсозиро идора менамуданду дар фаъолияти дастаҷамъонаи худ аз хориҷиҳо камӣ надоштанд. Ҷанбаи дигар истифодаи маҳсулоти ватанӣ дар сохтмони иншоот аст. Ба иттилои муовини аввали вазири нақлиёти кишвар Сўҳроб Мирзоев танҳо таҷҳизоти оҳанӣ ва битум аз хориҷа, боқимонда маҳсулот аз ҷумла семент аз корхонаҳои сементбарории шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ёвон, қуму шағал аз маҳалли сохтмон дастрас карда мешаванд. Ҳар рўз то 200 тонна семент аз корхонаҳои кишвар ворид мегардад. Қабл аз истифодаи масолеҳи сохтмонӣ он дар озмоишгоҳ аз ҷониби мутахассисон ташхис карда шуда, сатҳи то чӣ андоза ба сардӣ ва иқлими кўҳистон тобовар ва мутобиқ будани масолеҳи сохтмонии барои бунёди ин қитъаи роҳ истифодашаванда мушаххас мегардад.

Чунин ба назар мерасид, ки кор дар тамоми қитъаҳои сохтмонӣ ба маънии том меҷўшид. Ҳама ба кори худ овораву дар аксар маврид мавҷудияти мо гуруҳи хабарнигоронро пайхас ҳам намекарданд. Ҳатто аз нафаре, ки ба сўрох кардани синаи кўҳ овора буд, хоҳиши мусоҳиба кардану гирифтани маълумоти бештаре оид ба ин намуди фаъолияти роҳсозон кардани, бо табассуми малеҳ посухам дод, ки барои суҳбат вақт надорад. Ростӣ ба ҷои ранҷидан дар дил хурсанд будам, зеро кор кор асту онро бояд саривақт ва босифат анҷом дод.

Ҳашт - даҳ километр роҳ, ки то қитъаи Шоҳон мерасид аз ҷониби мутахассисони турку тоҷик асфалтпўш карда мешуд ва мо баъди расидан ба марра - поёни масири лоиҳа ба қароргоҳи роҳсозон баргаштем. Дар нишасте, ки бо иштироки муовини аввали вазири нақлиёт, директори иҷроияи лоиҳа, мутахассисони ширкати туркӣ баргузор шуд, ба мо иттилоъ доданд, ки то охири соли равон сохтмони роҳи мошингарди «Кўлоб- Қалъаи Хумб», қитъаи «Шамсиддин Шоҳин- Шоҳон» ба анҷом расонида мешавад. Ва илова намуданд, ки барои ба сомон овардани масири роҳи Душанбе - Хоруғ таъмиру таҷдиди 47 километр роҳи Кўлоб - Ш.Шоҳин, 25 километр роҳи Шкев- Қалъаи Хумб ва 109 километр масири Қалъаи Хумб Рўшон боқӣ мемонад, ки дар солҳои минбаъда таъмиру таҷдиди онҳо аз сар гирифта мешавад. Ин амал бешак қадами муҳимест дар ҷодаи ба меъёри талаботи замон мувофиқат кунонидани шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат - Кўлоб - Қалъаи Хумб – Хоруғ - Қароқурум.

Замоне, ки аз қароргоҳи роҳсозон берун меомадем, дар роҳи морпечи он соҳили Панҷ афғонбачае бонуи худро ба дучарха савор карда, аз як деҳа ба деҳаи дигаре мебурд. Чанг аз паси дучарха ба ҳаво мехесту саворагон рўймолпеч буданд. Ҳарчанд ин сафар роҳате надошт, яқин буд, ки аз маркабсаворию пиёдагардӣ беҳтар буд ва мақоли «ангур зи ангур гирад ранг»-и халқ башорат аз он медод, ки созандагии босуботи мо- тоҷикон сокинони кишвари ҳамзабони мо афғонҳоро ба илҳом оварда онҳо ҳам ба роҳкушоӣ даст мезананд.

Маъруфи Бобораҷаб.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: