Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » А.Шарифов: Нагуфтанд, ки гуфтем...: Андешаҳои муҳандиси роҳсоз оид ба проблемаҳои соҳа ва роҳҳои ҳалли онҳо

А.Шарифов: Нагуфтанд, ки гуфтем...: Андешаҳои муҳандиси роҳсоз оид ба проблемаҳои соҳа ва роҳҳои ҳалли онҳо

28-06-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 315 нафар
Назарҳо: 0
А.Шарифов: Нагуфтанд, ки гуфтем...: Андешаҳои муҳандиси роҳсоз оид ба проблемаҳои соҳа ва роҳҳои ҳалли онҳо
Дар ҳаёт ва кору рӯзгору зиндагӣ шуғлу ҳунару касабаҳое ҳастанд, ки барои пешрафти иқтисоду сиёсату фарҳанг зарурӣ ва муҳим мебошанд. Яке аз чунин касбу ихтисосҳо роҳсоз ва ё муҳандиси роҳсоз мебошад. Тӯли солиёни дароз дар замони Шӯравӣ ва дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон Донишкадаи политехникӣ ва ҳоло Донишгоҳи техникии ба номи академик Муҳаммад Осимӣ солона даҳҳо нафар мутахассисонро омода карда, барои кор ба ташкилотҳои сохтмонию роҳсозӣ ва ҳамзамон ба хадамоти назорати ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо мефиристад. Бо вуҷуди ҳамаи ин камбуди ихтисосҳои мазкур дар ташкилоту муассисаҳо ба мушоҳида мерасад.

Агар аз як тараф миқёси сохтмонҳо дар саросари мамлакат тавсеа ёфта бошад, аз ҷониби дигар дар доираи амалӣ кардани яке аз самтҳои фаъолияти стратегии ҷумҳурӣ, яъне аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон таҷдиду бунёди роҳҳо, нақбҳо ва пулҳои нав дар кишвар вусъати тоза пайдо намудааст.

Дар муколамае, ки бо марди шариф, мутахассиси варзидаи соҳаи роҳсозӣ, муҳандиси мумтоз Абдулмаҷид ШАРИФОВ доштем, сари масъалаю проблемаҳо ва дурнамои рушди соҳа ибрози назар карда шуд.


- Аз рӯзҳои аввали ба сари қудрати сиёсӣ омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди худ ва тамоми сокинони мамлакат, ҳар як шахси ватандору меҳандӯст вазифа гузоштанд, ки агар мо мехоҳем Тоҷикистони азизу маҳбубамонро озоду осуда ва ободу шукуфо бинем, бояд пеш аз ҳама се ҳадафи стратегиро амалӣ гардонем. Аввалан, амнияти озуқувориамонро таъмин намоем. Дуввум, истиқлолияти энергетикиро ба даст биёрем. Ва сеюм, аз бунбасти коммуникатсионӣ бароем, -гуфт дар ибтидои суҳбат Абдулмаҷид Шарифов.

– Таври маълум бо сохтмони садҳо ва ҳазорҳо километр роҳу пулу нақбҳо мо аз бунбасти дохилии коммуникатсионӣ баромадем. Акнун дар назди мо вазифаи аввалиндараҷа аз он иборат аст, ки бо сохтмони роҳҳои оҳан ва ором шудани авзои сиёсию иҷтимоии кишварҳои ҳамсоя ба бандарҳои баҳрӣ ва уқёнус бароем. Ҳамин тариқ, мубодилаи молу коло ва тиҷоратро бо кишварҳои хориҷаи дуру наздик вусъат бахшида, Тоҷикистонро ба сатҳи мамлакатҳои пешрафта барорем.

Ҳоло мо мушоҳида карда истодаем, ки аз тариқи шоҳроҳи Кулма-Қароқурум солона ҳазорҳо тонна бор аз Чину Афғонистону Покистон ва соири мамолики Шарқ вориди Тоҷикистон шуда истодааст. Аз ҳамин масир садҳо тонна пахтаю алюмин, меваю ангур ва маводи хушккардашуда ба кишварҳои хориҷӣ содир карда мешаванд. Чунин табодули мол боиси ғанӣ гардидани буҷети кишвар, зиёд шудани даромадҳои пулии сокинон ва баланд гардидани сатҳи зиндагии онҳо хоҳад шуд.

Аслан гирем, бунёди роҳҳо маблағҳои калонро тақозо менамояд. Бо вуҷуди ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба мансаби олӣ расидан талош намуданд, ки маҳз ҳамин соҳаро ба по хезонад. Соҳаҳои дигар ҳам вазъияти он қадар гуворо надоштанд. Лекин чуноне ки худи Ҷаноби Олӣ иброз доштанд, “Аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии мо дар шароити кунунӣ бунёду таҷдиди роҳҳои автомобилгард барои рафтуомади доимӣ ва кашондани борҳо дар саросари кишвар мебошад, зеро бе роҳҳои хуби автомобилгард тараққиёти минбаъдаи иқтисодиёт, ободонии мамлакат ва Ваҳдати миллӣ имконнопазир аст”. Роҳбари давлат метавонистанд, ки сармояи аз хориҷ воридгардидаро масалан барои сохтмони сеху корхонаҳо ва муҳайё сохтани ҷойҳои кории нав равона намояд. Лекин аҳамияти ҳаётан муҳим доштани бунёди роҳҳу нақбу пулҳоро афзалттар донистанд. Ҳамзамон барои мустаҳкам намудани заминаи ҳуқуқии ин соҳа талошҳои зиёд ба харҷ дода шуд, - афзуд А. Шарифов.

Бо талошҳои вазорату идораҳои дахлдор, қонунгузорон, мутахассисони соҳаи роҳу роҳдорӣ, махсусан бо кӯшишҳои зиёди мутахассиси роҳсоз Абдулмаҷид Шарифов Лоиҳаи Қонун “Дар бораи фонди роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия гардида, аз зинаҳои мухталифи таҳлилӣ ва ташхисӣ гузаронда шуд. Дар баробари ин мавсуф талош варзид, ки барои ҳарчи зудтар аз ҷониби парлумон қабул шудани он бо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрад ва аҳамияти муҳим лоштани ин санади ҳуқуқиро тавзеҳ намояд.

Қобили зикр аст, ки чунин суҳбат сурат гирифт ва Сарвари давлат ҳаллу фасли масъалаи мазкурро ба Комиссияи иқтисодии Маҷлиси Олӣ, ки сарварии он дар ҳамон давра ба зиммаи иқтисодшиноси варзидаи ҷумҳурӣ Сафар Сафаров буд, вогузор намуд. Мутахассиси роҳсоз А. Шарифов он вақт муовини вазири сохтмон ва истифодаи роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ буд.

Мавсуф нисбати корҳои бесифат ва тибқи қоидаҳои роҳсозӣ иҷро накардани амалиётҳои роҳсозӣ бетафовут буда наметавонад. Зеро ки роҳҳо барои як солу ду сол не, балки барои панҷоҳ солу сад сол сохта мешаванд. Бо ашхоси ҳатулкор муросо карда наметавонад. Сухани ҳақро, ки ба манфиати кор бошад, рӯирост баён медорад. Зеро чуноне мегӯянд, дар кори хайр таҳаммул нашояд. Гузашта аз ин дилаш месӯзад. Борҳо воқеъ гардидааст, ки дар ҷаласаҳои корӣ проблемаҳоро хеле урён дар миён гузоштааст. Ҳамин гуна хислатҳои ошкорбаёниашро на ҳама роҳбарон хуш доштанд. Ба таъбири худаш “Нагуфтанд, ки гуфтем”.

Дар мавриди сифатнок сохтани роҳҳо бо бисёр роҳбарон ва ширкатҳои роҳсозии хориҷӣ баҳсу мунозираҳои корӣ намудааст. Аз ҷумла ҳангоми сохтмони роҳи Душанбе-Данғара-Кӯлоб-Хоруғ-Қароқурум мутахассис ошкор намуд, ки дар баъзе қитъаҳо қоидаҳои роҳсозӣ дағалона вайрон карда мешавад. Роҳсозон асфалти куҳнаро наканда аз болояш асфалти нав рехта истодаанд. Чунин амал ба сифати корҳо таъсири манфӣ мерасонд. Ҳарчанд ки ин кор барои сарфаи маблағҳо мусоидат мекард, лекин дар мудати кӯтоҳ ҳамон қитъа вайрон мешуд.

Тибқи ҳисобҳои оморӣ алҳол дар ҷумҳурӣ зиёда аз 30 ҳазор километр роҳ мавҷуд аст. Аз ин миқдор таъмиру истифодаи қариб 14 ҳазор километраш бар уҳдаи Вазорати нақлиёти кишвар ва боқимондааш дар ихтиёри хоҷагиҳо ва қисме ҳам бесоҳиб ва бе нигоҳубин мондааст. Роҳҳои дар ихтиёри вазорати нақлиёт буда ҳам на ҳамеша мавриди нигоҳубин қарор доранд. Дар як таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ омадааст, ки ҳар як долларе, ки барои таъмиру истифодаи роҳҳо масраф мешавад, дар сурати дар шабонарӯз аз он гузаштани аз 300 то 10 ҳазор мошин аз 1,4 то 44, 8 доллар фоидаи соф меорад.

Олими роҳсоз А. Шарифов барои беҳдошти фаъолият дар роҳҳо пешниҳоду таклифҳо ва ихтирооти зиёдеро манзур намудааст. Яке аз онҳо бо номи рамзии АШ-2007 мебошад, ки дӯстон ба тариқи шӯхӣ “Абдулмаҷид Шарифов 2007” мегӯянд. Аммо худи устод бошад, онро хеле одӣ ва хоксорона “Асфалтшӯрак- 2007” маънидод мекунад. Ин таҷҳизот ё ки онро заводи сайёр ҳам ном мебаранд, барои анҷоми корҳо хеле қулай ва мувофиқ мебошад. Масалан, барои омода кардани асфалт дигар нақлиёти боркашро истифода накарда, дар назди худи иншооти сохташаванда маҳсулот таҳия мекунанд. Гузашта аз ин дар ин ҷо бевосита ба сифати он назорат карда мешавад. Заводҳои асфалт аксаран хусусӣ ва аз иншооти сохташаванда дар масофаи дур ҷойгир мебошанд. Дар сурати аз он ҷо гирифтани маҳсулот дараҷаи сифатнокиаш беназорат мемонад.

Ҳамин тариқ, ду ихтирои Абдулмаҷид Шарифов соҳиби патент гардид. Агар фоидаи иқтисодии ин ихтироотро ҳисоб намоем, он ба садҳо ҳазор сомонӣ мерасад. Ҳамин гуна шахсоне, ки на манфиати хусусӣ, балки манфиати давлатро дар ҷои аввал мегузоранд, дар ҷомеа хеле ангуштшуморанд. Чунин иқдомҳои шоиста бояд дастгирӣ ва қадрдонӣ карда шаванд.

Абдулмаҷид Шарифов маҳорати баланди эҷодкорӣ низ дорад. Дар маҷмуъ панҷ китоб ва зиёда аз 200 мақола иншо намудааст, ки онҳо асосан ба масъалаҳои роҳу роҳсозӣ ва роҳдорӣ, ҳаллу фасли проблемаҳои соҳа бахшида шудаанд. Услуби хосаи нигориш ба муаллиф имкон додааст, ки назару ақоиди хешро дар мавриди роҳсозӣ ба таври хеле ҷолиб барои хонандагон манзур намояд. Ифодаи боҷуръати андешаҳо ва нигориши ошкорою ҷасурона хати асосии ифодаи андешаҳо ва тасвирҳои муаллифро ташкил додааст.

Номи силсилакитоби устоди варзидаи роҳу роҳдорӣ А. Шарифов “Нагуфтанд, ки гуфтам” мебошад, ки он дар худ як ҷаҳон маъниро ғунҷондааст. Бале, он чизеро, ки дигарон ба шумули иддае аз роҳбарони соҳа, мутахассисон, масъулин ва дигар алоқамандон дар мавриди пешрафти корҳо, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо нагуфтанд ва ё ҷуръати гуфтан накарданд, Абдулмаҷид Шарифов аз тариқи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва мустақиман бо иншои китобу рисолаҳо пешниҳоди хонандаҳо намудааст.

Маҳорати кордонӣ, ихтироъкорию навоварӣ, санъати роҳбарӣ ва дар ниҳоят истеъдоди нависандагии А. Шарифов якбора рӯ назадааст. Дар ҳар кору вазифае, ки ба ӯ бовар карда, вобастааш мекарданд, сарам-дилам не, балки аз дилу ҷон ба он дилбастагӣ нишон медиҳад. Зеро ки касби интихобкардаашро дӯст медорад ва барои шуҳратёр гаштани худ не, балки барои баланд бардоштани обрӯ, неруи созандаи касб ва ободии Ватан талош меварзад. Зеро мусаллам аст, ки ҳар шахсе касбу корашро самимона дӯст дошта, пурмаҳсул заҳмат мекашад, муваффақ мегардад. Шиори Абдулмаҷид Шарифов низ дар зиндагӣ ҳамин аст.

МУАРРИФИНОМА
Абдулмаҷид Шарифов соли 1954 дар ноҳияи Восеъ по ба арсаи вуҷуд ниҳодааст. Баъди хатми мактаби миёна як сол дар хоҷагии номдори ба номи Миралӣ Маҳмадалиев кор кардааст. Соли 1972 ба донишкадаи политехникӣ дохил шуда, онро бо ихтисоси муҳандиси сохтмончии роҳҳои автомобилӣ хатм менамояд. Фаъолияти меҳнатиашро аз коргари оддии қитъаи истифодабарии роҳҳои рақами 9-и ноҳияи Данғара оғоз намудааст. Дар ҳамин ҷо тамоми зинаҳои кори роҳсозӣ ва таъмири онро ба шумули вазифаҳои сардори қитъа, муҳандиси роҳ, сармуҳандис, сардори идораи роҳсозӣ сипарӣ намудааст. Сипас сардори раёсати роҳҳои автомобилгарди вилояти Хатлон шуда кор кардааст.

Соли 1993 ҷонишини вазири сохтмон ва истифодаи роҳҳои ҷумҳурӣ таъйин мешавад. Ҳамзамон бо назардошти таҷрибаю малакаи корӣ вазифаи дигар-роҳбарии Иттиҳодияи истеҳсолии “Хатлонроҳ” –ро низ ба ӯ бовар мекунанд. Баъдан директори генералии Иттиҳодияи истеҳсолии сохтмон ва истифодаи роҳҳои вилояти Хатлон таъйин мешавад. Аз соли 1998 барои кор ба ширкати “Тоҷикроҳсоз” мегузарад ва ҳамзамон ба кори илмӣ машғул мешавад.

Дар давоми солҳои 2001 то 2008 дар идораҳои сохтмон ва таъмири роҳҳои шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ифои вазифа намудааст.
Дар амалӣ намудани бисёр лоиҳаҳои роҳсозӣ дар саросари кишвар ва дар ҷумҳурии ҳамсоя - Афғонистон фаъолона ширкат варзидааст.

Номзади илмҳои иқтисодӣ буда, барои рисолаи докторӣ таҳқиқот бурда истодааст.

Оиладор ва соҳиби 6 фарзанд мебошад.
Таҳияи Усмон СОЛЕҲ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: