Омодагиҳо ба соли нави хониш29-07-2016, 16:30
Хабарро хонданд: 695 нафар
Назарҳо: 0
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама ҷабҳаҳои рӯзгор, меҳнати диловарона ҷӯш мезанад. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф баҳри истиқболи ин санаи бузург як қатор корҳо ба сомон расонида шудаанд. Масалан, барои соли хониши нав синфхонаҳо аз таъмир бароварда шуда, сохтмони якчанд биноҳои таълимӣ ба итмом расиданд. Дар баъзе муассисаҳои миёнаи умумӣ бошад, таъмири синфхонаҳо дар арафаи анҷомёбист.
Бо дилпурӣ гуфта метавонем, ки ҷашни 25-солагии Истиқлолро сокинони ноҳия сазовор истиқбол хоҳанд гирифт. Дар ин дастовардҳои меҳнатӣ саҳми аъзои Кумитаи иҷроия, мудири шуъбаи маориф Гурезов Сироҷиддин ва соҳибкорон назаррас аст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.