Аз 14 то 17 октябри соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии мардумии Чин – шаҳри Пекин Форуми ҳизбҳои сиёсии кишварҳои Осиё ва дар доираи он Конфронси байналмиллалӣ зери унвонӣ «Роҳи абрешим: Камарбанди ягона – роҳи ягона» баргузор гардид.
Дар асоси мактуб ва дархости Департаменти байналмиллалии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиши байналмилалӣ, Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов ва мудири Шӯъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо созмонҳои ҷамъиятии ҳизб Аҳмадрафиқ Ҳомидов иштирок намуданд.
Дар форуми байналмиллалии мазкур роҳбарон ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, роҳбарон ва вакилони Парламентҳои баъзе кишварҳо, дар маҷмӯъ беш аз 50 кишварҳои Осиё ширкат варзиданд. Масъалаҳое, ки дар лоиҳаи бузурги «Роҳи абрешим» пешбинӣ шудааст, баррасӣ гардид.
Дар маросими кушодашавии Форум намояндагони мақомоти давлатӣ иштирок намуда, ҳадафҳои чорабиниро қайд карда, таъкид доштанд, ки он барои ҳамаи иштирокчиён ва соири аҳолии кишварҳо манфиатбахш хоҳад буд.
Дар Конфронси байналмиллалӣ зери унвонӣ «Роҳи абрешим: Камарбанди ягона – роҳи ягона», ки дар доираи Форум баргузор гардид, иштирокчиён аз кишвари мизбон ва давлатҳои ширкаткунанда, дар атрофи мавзӯи муҳокимашаванда маърӯзаҳо намуда, ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва парламентҳои мамлакатҳои дунёро мӯҷиби рушди кишварҳо ва ба сатҳу сифати баланди зиндагӣ ноил гардидани онҳо арзёбӣ намуданд.
Нақши пешсафии ҳизбҳои сиёсӣ дар сохтмони лоиҳаи “Камарбанди ягона – роҳи ягона”, ки як бахши муҳими Форум буд, иштирокчиён мубодилаи афкор намуда, назари худро роҷеъ ба ҷанбаҳои гуногуни ин лоиҳа баён намуданд. Аксари ширкаткунандагон ин тарҳро ҷонибдорӣ намуданд, вале бо қатъият таъкид намуданд, ки дар татбиқ ва амалигардонии он ҳатман манфиатҳои ҳама кишварҳо бояд ба инобат гирифта шавад.
Масъалаҳои иқтисодӣ масъалаи меҳварии ин чорабинии бонуфузуи байналмиллалӣ буд. Маҳз дар ин чорабинӣ аз ҷониби тамоми ширкаткунандагон изҳор гардид, ки иқтисод асоси равнақи ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҳадафи ҳама ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ пеш аз ҳама истифодаи захираву имкониятҳо ва роҳу воситаҳо барои баланд гардидани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ миёни мардум аст.
Дар ин ҷода нақши ҳизбҳои сиёсӣ, бахусус ҳизбҳое, ки дар мамлакати худ нуфузи баландро соҳиб гардидаву дар интихобот курсиҳои бештарро дар Парламент ба даст овардаанд хело бузург аст. Маҳз ҳизбҳои сиёсии неруманди ҳар як кишвар тавасссути фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мусоид, хусусан дар самти қонунгузорӣ, заминаҳои мусоидро барои рушди иқтисодиёт ба миён хоҳанд овард.
Дар ҷаҳони имрӯза, бештари кишварҳо ва миллатҳо гирифтори бӯҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ гаштаанд, ки ҳамеша барои раҳоӣ аз ин ҳолатҳо роҳу имкониятҳоро ҷустуҷӯ менамоянд. Дар ин ҷода ҳамеша роҳбарони кишварҳо дар ҷустӯҷуи идеяҳои нав ва ҷавобгӯи талаботи рӯз ҳастанд, ки сатҳу сифати зинадагии аҳолиро беҳтар ва некуаҳволиро таъмин намоянд. Ҳадафи лоиҳаи “Роҳи абрешим: Камарбанди ягона – роҳи ягона” низ аз ҳамин иборат мебошад. Рафъи ин буҳронҳо маҳз тавасссути ҳамкориҳои мутақобила, хусусан амалӣ намудани чунин лоиҳаҳои бузург муяссар мешавад.
Дар ин чорабинӣ низ таъкид карда шуд, ки ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ, дар ҳамкорӣ бояд барномаҳои фаъоли бакортаъминкунӣ таҳия ва амалӣ гардонида шавад. Ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки дар маҷмӯъ ба манфиати ҳамаи кишварҳои ҳамкор аст, барои таҳкими сулҳу амнияти умумиминтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Дар радифи баромадҳои иштирокчиёни конфронс, маърӯзаи Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов дар мавзӯи “Ҳамгироии иқтисодӣ: заминаҳо барои рушд” дар толори асосии чорабинӣ ва дар муҳокимарониии гуруҳӣ шунида шуд.
Дар баромади худ Абдураҳмон Хонов қабл аз ҳама аз аҳмияти таърихии Роҳи абрешим, ки он дар тӯли таърих дар пайванду васли тамаддунхо, дар густариши тамаддунҳову фарҳангҳо ва тиҷорату мубодилаи мол миёни кишварҳо нақши бузургу муборизе доштааст, ёдовар гардид.
Ҳамчунин, оид ба “Ҳамгироии иҷтимоию иқтисодӣ, ки барои он заминаи қонунгузорӣ шарти асосист, метавонад ба омили қавии рушди устувори иҷтимоӣ мубаддал гашта, барои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва боло бурдани некӯаҳволии мардуми сайёра мусоидат намояд” – сухан карда, такид намуд, ки “Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори таҳкими равобит, тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ҳизбҳои сиёсии кишварҳои дунё буду ҳаст ва оянда низ дар мавқеъ устувор хоҳад монд”.
Дар ин росто дар хотима қайд намуд, ки “Рушди иқтисодӣ бояд бо принсипҳои адолати иҷтимоӣ мувофиқат намуда, ба беҳтар гардидани зиндагии аҳолӣ нигаронида шавад. Ин ҳадафу мақсадҳоеанд, ки ҷавҳари барномаҳои Ҳизби Хақии Демократии Тоҷикистонро дар бахши иҷтимоиёту иқтисод ташкил медиҳанд».
Рузи нахустини чорабинӣ бо иштирокчиёни Форум - мудири шӯъбаи байналмилалии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Ҷумҳурии Чин Ван Сзяжуй машварат намуда, мавқеъи ҳар як мамалактро аз забони иштирокчиёни он вобаста ба татбиқи лоиҳаи «Роҳи абрешим: камарбанди ягона – роҳи ягона» шунида, ба ҳадафҳои лоиҳа бори дигар равшанӣ андохт.
Роҳбарони гуруҳи намояндагони кишварҳои иштирокчии Форуми ҳизбҳои сиёсии Осиёиро Роҳбари Ҷумҳурии мардумии Чин, Котиби генералии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин Син Сзипин ба ҳузур пазируфта, суҳбатҳои самимиву судманд анҷом доданд.
Мавзӯи суҳбати Роҳбари кишвари мизбон фарогири муҳимтарин масъалаҳои ҷаҳони имрӯза буд. Мавсуф зимни суханронии худ ба он ишора намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза ҳеҷ кишваре дар алоҳидагӣ наметавонад мушкилоти мавҷударо бартараф созад, гарчанде кишвари аз лиҳози масоҳат ва иқтидори иқтисодиаш қудратманд ҳам бошад. Кишварҳои қудратманд бояд ҳамеша манфиатҳои кишварҳои хурд ва рӯ ба инкишофро ба инобат гиранд.
Син Сзипин вобаста ба татбиқи лоиҳаи «Роҳи абрешим: камарбанди ягона – роҳи ягона» андешеронӣ намуда, таъкид намуд, ки аз ояндаи он умедвориҳо дорем, ки барои пешрафти иқтисодиёт, муколамаи тамаддунҳо ва суботи сиёсӣ дар ҷаҳон мусоидат хоҳад намуд. Мавсуф зикр намуд, ки лоиҳаи мазкур лоиҳаи бузурги глобалӣ мешавад, ки ба манфиати ҳама кишварҳо нигаронида шуда, дар меҳвари асосии он сарфи назар аз миллату мазҳаб ва нажод – Инсон қарор гирифтааст.
Ҷаноби Син Сзипин дар идомаи сухани худ зикр намуданд, ки: «Мо захираҳои хело зиёди истифоданашудае дорем, ки танҳо дар ҳамкорӣ ба онҳо дастёб ва шарафёб хоҳем гардид. Агарчанде баъзе кишварҳо ва доираҳо ба ин иқдоми мо бо «айнакҳои ранга» менигаранд, ки то куҷо мерасем, вале азми мо бояд баҳри татбиқи ин лоиҳа қатъӣ бошад.»
Дар интиҳо ҳуҷҷати хотимавӣ – «Ташаббусҳои Пекин» аз тарафи иштирокчиёни Форум қабул гардид. Дар асоси он бояд намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ асос ва ҳадафҳои Форуми ҳизбҳои сиёсии кишварҳои Осиёиро вобаста ба татбиқи лоиҳаи «Роҳи абрешим: камарбанди ягона – роҳи ягона», ба инобат гирифта барои татбиқи амалии он дар кишварҳояшон талош намоянд. Бешак ҳадафҳои он, ки аз паст намудани сатҳи камбизоатӣ, таъмини шароити баланди зиндагӣ, фароҳам овардани шароити хуби иҷтимоӣ ва рушди босубот мебошад, ки барои ҳамаи кишварҳо аз манфиат холӣ нахоҳанд буд. Барои ноил гардидан ба ин ҳадафҳо пеш аз ҳама иқдом ва тасмимгириҳо аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ бояд сурат бигирад.
©hamsafon.tj