Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳодисаҳои Туркия: Пушти ошӯб дасти кист- Америка ё Русия?

Ҳодисаҳои Туркия: Пушти ошӯб дасти кист- Америка ё Русия?

21-07-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 632 нафар
Назарҳо: 0
Ҳодисаҳои Туркия: Пушти ошӯб дасти кист- Америка ё Русия?Гурӯҳе аз ошӯбгарон шаби 15 июл кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ дар Туркия карданд. Гумонҳо дар мавриди дасти хориҷӣ дар ин рӯйдодҳо ҳамоно пас аз ноком шудани ошӯбгарон дар ахбору гузоришҳои воситаҳои ахбор пайдо шудан гирифт. Чунин ба назар мерасад, ки бозигарони ҷаҳонӣ аз талоши мақомоти Туркия барои хуб кардани муносибатҳо бо Русия хеле норозианд.

Шарҳи сафири Туркия дар Тоҷикистон
Озкан Гултекин, сафири Туркия дар Душанбе зимни тавзеҳи ин ҳодиса ба хабаргузориҳо гуфт, ки кӯшиши табаддулот аз сӯи як гурӯҳи ночизи нерӯҳои артиш анҷом шуд, ки дар ҷараёни задухӯрдҳо шуморе кушта ва даҳҳо нафари дигар аз дастандаркоронаш боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар айни ҳол тамоми воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳ ба таври комил таҳти тобеъияту фармони раҳбарияти давлати Туркия қарор доранд.

Вай тавзеҳ дод, ки дар пайи ин кӯшиши хасмона беш аз 6 ҳазор нафар дастгир шуда, зиёда аз сад нафар ошӯбгарон кушта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол сарвазири Туркия рӯзи 18 июл ё пас аз се рӯзи кӯшиши табаддулот эълон кард, ки дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои давлат аз гурӯҳи низомиёни хоин 208 нафар кушта шудаанд, ки 60 нафар онҳо кормандони полис, се сарбоз ва 145 нафар ғайринизомиён буданд.

Биналӣ Йилдирим, сарвазири Туркия ёдовар шуд, ки 24 созмондиҳандаи ошӯб ба қатл расида ва 50 тани дигар захмӣ гардидаанд.

Ошӯбгарон он шаб бо ташкили бесуботӣ ва тирандозиҳо дар хиёбонҳои Анқара ва Истанбул қасди ба даст овардани қудратро доштанд. Дар амалиёти тарҳрезишуда аз техникаи вазнин ва чархболҳои низомӣ ҳам истифода шудааст.

Хабарҳо мерасад, ки дар пайи саркӯби ошӯб, ки мақсади аз мақом дур кардани Раҷаб Тайип Эрдагон, Президенти Туркияро доштанд, 8 ҳазор нафар корманди полис аз кор озод шуданд. Дар миёни боздоштшудаҳо зиёда аз сад афсари баландрутба, аз ҷумла генерал ва адмиралҳо ҳастанд.

Дар миёни дастгиршудагон номи фармондеҳи сипоҳи сеюми артиши Туркия генерал Эрдал Озтюрк ва фармондеҳи Артиши дуюми Туркия Адем Ҳудути ҳам зикр мешавад.

Ҳукумати Туркия дар ташкили ошӯб мухолифи давлат, рӯҳонии фирорӣ Фатҳулло Гуленро, ки дар Америка зиндагӣ мекунад, гунаҳкор медонад.

Ҳизби Адолат ва Тарқаққӣ бо раҳбарии Эрдагон, ки он вақт сарвазири Туркия буд, дар соли 2002 ба сари қудрат омад. Бо гирифтани ҳокимият ин ҳизб ислоҳоти зиёдеро дар артиш анҷом дода, имкони дастёбӣ ба ҳар гуна ошӯб ва табаддулотро, ки дар ин кишвар зуд -зуд бо иштироки низомиён ба вуқӯъ меомад, маҳдуд кард. Туркия то чанд моҳ пеш мавриди эътимоди Ғарб буд ва раҳбарону созмонҳои аврупоӣ раҳбарияти Анқараро намунае барои тамоми кишварҳои Ховари Наздик ва ҷаҳони ислом медонистанд. Аммо ин ҷойгоҳ пас аз он ки Ҳизби Адолат ва Тараққӣ муносибаташро бо ҳаракати таҳти раҳбарии Гулен тағйир дод, бад шудан гирифт. Ҳукумати Туркия таҳқиқ карда, ба хулосае омадааст, ки ин ҳаракат агарчӣ бародарии исломиро шиори худ медонад, дар асл аз тариқи шабакаи васеи мактаб ва муассисаҳои тиҷоратии худ дар Туркия ва дигар кишварҳои минтақа ҳадафҳои сиёсии раҳбари фирориашро талқин ва тарвиҷ намуда, ба ин васила содиқона хидмати сармоягузорон ва раҳнамоҳои хориҷиашро мекунад.

Кор ба ҳадде мерасид, ки тарафдорони ин ҳаракат дар артиш, суд ва прокуратура ҷой гирифта буданд. Ин нерӯҳо аз дохил ба сиёҳ кардани мақомоти калидии давлати Эрдагон аз чанд сол пеш шурӯъ карданд, Агарчӣ президенти Туркия чанд вақт пеш прокурори генералии кишварашро, ки бо ин ҳаракат ҳамкориҳои паси пардагӣ дошт, барканор кард, аммо вазъият кам тағйир ёфт.

Муборизаҳои дохили гурӯҳӣ ва ҳаракати ҷудоихоҳии курдҳои муқими Туркия аз хатарҳоеанд, ки дар гузашта ҳамеша монеаи рушди давлат ва ин кишвар дониста мешуданд. Ҳоло чунин ба назар мерасад, ки фаъолияти нерӯҳои зидди давлат, бо ҳимояти ҳодиёни хориҷиашон аз таҳдидҳои асосӣ ба суботу амнияти ин кишвар аст.

Аммо ин хатарҳо то замоне камтаъсир ба назар мерасиданд, ки Туркия дар ҳамкорӣ бо Ғарб ба унвони узви НАТО барои иҷрои нақшаҳои ин созмон дар Ховари Наздик ёрӣ медод.

Тайи ин муддат, дар артиши Туркия дастпарварони муассисаҳои омӯзиши низомии ғарбӣ ба вазифаҳои масъул таъин шуда буданд.

Фатҳулло Гулен кист?
Гулен аз шахсиятҳои бонуфуз ва машҳур дар Туркия буда, ҳоло 75- сола аст.

Дар гузашта вай аз имомхатибҳои масҷиде дар шаҳри Измири ин кишвар буд. Дар ҳамон солҳо ӯ ба омӯзиши кадрҳои ҷавон оғоз карда, баъдтар ҳаракати омӯзишии «Хизмат»-ро ташкил дода, онро бо маблағ таъмин ва роҳнамоӣ мекард.

Дар давроне, ки фаъолияташ мавриди эътирози давлат қарор гирифт, соли 1999 аз кишвар берун рафт ва акнун ин ҳаракатро аз хориҷ истода тавсиа медиҳад ва раҳбарӣ мекунад. Давлати Туркия дар ин охирҳо ҳаракати «Хизмат»- ро террористӣ ва фаъолияташро барои ин кишвар номақбул донист.

Бар асоси маълумоте, ки WikiLeaks чанде пеш ба нашр расонд, соли 2010 дипломатҳои америкоӣ созмони Гуленро аз нерӯмандтарин гурӯҳҳои исломӣ дар Туркия эътироф кардаанд. Ба ақидаи америкоиҳо ин ҳаракат ҳанӯз дар ҳамон давра тамоми тиҷорати бузург, савдо, фаъолияти нашаротӣ ва маҳфилҳои сиёсиро дар кишвар назорат мекард.

Гуфта мешавад, ӯ як бахши даромадҳояшро аз созмонҳо ва фондҳои америкоӣ дарёфт кардаву мекунад.

Баъзе аз таҳлилгарон гуфтаанд, ки 17 сол дар хоки Америка зиста, ҳеҷ мумкин нест, ки бо хадамоти ҷосусии ин кишвар ҳамкорӣ надошта бошад.

Ба ҳамин далел буда, ки Америкаро аз кишварҳои дастдошта дар ташкили ошӯбҳои ахир ба хотири ғасби қудрат медонанд.

Нуланд ҳам таҳдид карда буд
Намояндаи вазорати корҳои хориҷаи Америка Виктория Нуланд, ки аз коргардонҳои инқилобҳои рангӣ дар баъзе аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумули Украина ва Гурҷистон шинохта шудааст, дар пайи бахшиш пурсидани Раҷаб Эрдагон, Президенти Туркия аз ҳамтои русаш пас аз 8 моҳи сарнагун шудани ҳавопаймои ҷангии Русия дар хоки Сурия, ин амали раҳбари туркро ғайри қобили қабул дониста буд.

Баъд аз ин узрхоҳӣ ба ҳамон суръате, ки муносибатҳои Анқара ва Москва рӯ ба гармӣ меовард, робитаҳояш бо Вашингтон тиратар мешуд. Аз ин сабаб намояндаи Вашингтон бо эътироз аз амалкарди Эрдагон гуфт, ки «Мо аз ин рафтори Президенти Туркия дар тааҷҷуб шудем. Мо чунин меҳисобем, ки ин узрхоҳӣ беҷо буда, шахсан мехоҳем, ки мавзеъгирии Эрдагонро аз забони худаш дар ин робита шунавем.»

Вай иқрор кард, ки «… ба унвони шарики НАТО Эрдагон бо ин амали худ Америкаро дар шигифт қарор медиҳад. Мо бовар дорем, ки узрхоҳии Туркия дар мавриди сарнагун кардани ҳавопаймои Русия беэътибор дониста мешавад. Дар акси ҳол Америка маҷбур хоҳад шуд муносибаташро бо Туркия тағйир диҳад.»

Дар пайи ин изҳори назари хашмгинона, бисёре аз соҳибназарон ба ин натиҷа расиданд, ки ҳавопаймои Русия дар хоки Сурия дар авҷи амалиёти зидди нерӯҳои Давлати Исломӣ бо ҳидояти чӣ кишваре сарнагун шудааст.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки пас аз саркӯб шудани ошӯбҳо дар Анқара ва Истанбул, аз ҷумла пилотҳои ҳавопаймои туркии ҳавопаймои русиро сарнагункарда ҳам ба иттиҳоми ширкат дар кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ дар Туркия дастгир шуданд.

Ҳоло дигар дақиқ шудааст, ки Америка тавассути тарафдоронаш дар нерӯҳои мусаллаҳ, прокуратура ва судҳои Туркия бо сарнагун кардани давлати Эрдагон мехост аз вай интиқом гирад.

Дар охирҳои моҳи июн бар иловаи ин ки Туркия аз Русия бахшиш пурсид, инчунин эълони омодагӣ карда буд, ки «Инжирлик» - яке аз фурудгоҳҳои асосии низомии худро барои осон кардани иштирок дар амалиёти зидди террор дар Сурия дар ихтиёри русҳо мегузорад.

Ҳамзамон бо ин Анқара гуфта буд, ки мавзеи қаблии худро нисбат ба ҳалли қазияи Сурия ҳам дигар мекунад.

Ин ҳама албатта боиси нороҳатии мақомоти НАТО ба раҳбарии Америка шуд. Америкоиҳо ва иттифоқчиёнаш шояд мехостанд, бо дастгирии низомиёни турк Президенти Туркияро ҷазо диҳанд, аммо…

Ҳамлаи ифротгароёни мусаллаҳ ба шуъбаи корҳои дохилии Алмаато дар Қазоқистон, кӯшиши нокоми мухолифон барои ғасби қудрат дар Арманистон ҳамзамон бо ошӯби низомиён дар Туркия иқдомоте аст, ки ба ҳам рабт дода мешаванд.

Агарчӣ ҳомиёни сиёсати ғосибонаи Ғарб бедалел бо истифода аз воситаҳои ахбори умуми вобастаи худ дар ин ҳодисаҳо дасти Русияро нишон доданӣ мешаванд, аммо воқеият чизи дигарро бозгӯ мекунад. Тавре мегӯянд: «Он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест.»
Солеҳ Абдулазиз
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: