Сардори «Тоҷикстандарт»: Маҳсулоти худӣ безарар аст21-07-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 302 нафар
Назарҳо: 0
Ва ё чӣ тавр 2100 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ дар зарфи 6 моҳ ба бозор ворид шудааст?
Ба ақидаи директори агентии «Тоҷикистандарт» беҳтарин маҳсулоти ғизоӣ ҳамоне аст, ки дар дохили кишвар истеҳсол мешавад. Қурбониён Ибодуллои Карим дар нишаст ба хабарнигорон гуфт:- «Шумо ин воқеиятро таблиғ кунед, ки маводи истеҳсолшуда дар худи Тоҷикистон безарартар ва беҳтар аз воридотӣ аст.» Вай савол кард: «Чаро себҳои моро кирм мехӯрад ва зуд вайрон мешавад, аммо себи воридотӣ ҳафтаҳо берун аз яхдон ҳам бошад, рангашро дигар намекунад?» Ва худ посух дод: «Чунки деҳқонони хоҷагиҳои мо ҳанӯз ба зиёд химикунонии дарахтон одат накардаанд ва ҳашарот ҳам хубро аз бад фарқ мекунад.» Директори Агентӣ ин суханонро дар бахши поёнии нишаст бахшида ба фаъолияти шашмоҳаи ин ниҳод баён кард ва аз ҳозирон хост, барои таблиғи маҳсулоти худӣ кӯшиши бештар нишон диҳанд. Ба гуфтаи ӯ, таркиби тамоми маҳсулоти истеҳсоли дохилӣ безарартар аз анвои маводи воридотӣ аст. Дар ин нишаст зикр шуд, ки кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикстандарт) дар давоми шаш моҳи соли равон ба миқдори 4 ҳазору 940 тонна маҳсулоти гуногуни берун аз талаботро ба қайд гирифта, нисбати соҳибон ва воридкунандагони он тадбирҳо андешиданд. Бар асоси гузориши сардори ин ниҳод, танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе даҳҳо ҳазор дӯкону фурӯшгоҳҳо ба сокинони пойтахт маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ пешниҳод мекунанд, ки миёни онҳо маҳсулоти сифатан паст ва муҳлаташон гузашта хеле зиёд аст. Дар ин муддат ҳамагӣ 4940 тонна маҳсулоти ба талабот ҷавобгӯнабуда ошкор шудааст, ки нисбати натиҷаи соли 2015, ки 1 ҳазору 800 тонна буд, қариб се баробар зиёд аст. Аз ҷумлаи маводи дар озмоишгоҳи ташхисӣ ғайристандартӣ донисташуда, асосан маҳсулоти гӯштӣ, равғани растанӣ, макарон, нӯшобаҳои ташнагишикан, ғайриспиртӣ ва машрубот, маҳсулоти ширӣ, қаннодӣ, консерваҳо, чой, какао, қаҳва, меваву сабзавот мебошанд, ки аз Туркия, Эрон, Русия ва дигар кишварҳо ба Тоҷикистон ворид карда шуданд. Оид ба хабарҳо дар хусуси манъ шудани воридоти маҳсулоти истеҳсоли Эрон, ки баъзе ВАО паҳн карданд, директори агентии «Тоҷикстандарт» изҳор кард: «Мо воридоти ягон маҳсулоти эрониро манъ накардаем. Чунин овозаҳо асос ҳам надоранд. Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон вобаста ба ҳамин масъала худ ба роҳбарияти «Тоҷикстандарт» муроҷиат кард. Аммо сафир пас аз шиносоӣ ба маҳсулоти ғайристандартии истеҳсоли Эрон, натиҷаи ташхисро қабул намуд ва изҳор дошт, ба шахсони ба бозори истеъмолии Тоҷикистон чунин маҳсулоти ғайристандартии Эронро воридкунанда минбаъд раводид дода намешавад.» Бинобар омори ин ниҳод, дар давоми шаш моҳ аз Туркия 590 тонна, Ҳиндустон 300 тонна, Чин 269 тонна, Русия 186 тонна, Ветнам 10 тонна, Қазоқистон 12 тонна, Гурҷистон 69 тонна ва аз Эрон 664 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ба бозори истеъмолии Тоҷикистон ворид шудааст. Ҳамзамон кормандони «Тоҷикстандарт» аз маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ 105 тонна (ғайр аз обҳои ташнашикан) маҳсулоти ғайристандартиро ошкор ва аз фурӯш хориҷ кардаанд. Бар асоси гуфтаҳои роҳбари ин Агентӣ, Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии соҳибкорон ва зиёд намудани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул карда, ки онҳо фаъолияти мақомоти назоратӣ ва санҷишӣ, аз ҷумла гузаронидани санҷиш аз тарафи кормандони «Тоҷикстандарт»-ро маҳдуд месозад. Дар ҳамин маврид, зиёд намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинони аҳолӣ оид ба талаб кардани уқуқҳои истеъмолии худ ва дархост намудани сертификати мол аз фурӯшандагон лозим аст. Вобаста ба ин, агентии «Тоҷикстандарт» барои муаррифии маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунандаи истеҳсоли ватанӣ озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро эълон намуда, ки даври аввали он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо пешниҳод шудани маҳсулоти 203 корхонаи истеҳсоли ватанӣ ҷамъбаст гардидааст. С. Юсуф |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.