Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Либоси миллиро чӣ гуна тарғиб намоем?

Либоси миллиро чӣ гуна тарғиб намоем?

8-07-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 942 нафар
Назарҳо: 0
Либоси миллиро чӣ гуна тарғиб намоем?Либоси миллӣ. Бахусус либоси миллии занона, он бояд чӣ гуна бошад? Сарҳади он гирифта аз урёнии ғарбиву пӯшидагии шарқӣ бояд дар кадом ҳад қарор бигирад имрӯз баҳси муҳимест дар ҷомеаи мо.

Ҳоло бо сабаби рӯ овардани тарроҳон ба нозукиҳои либоси миллӣ, ҳароина он шонси зиёд дорад,ки ҷойгоҳи худро дар ҷомеа пайдо кунад. Вале бо вуҷуди ин… Мавқеи дигар либосҳо, ки аз фарҳанги бегона ба мо таҳмил шудаанд, шояд ба хотири нисбатан арзонтар будан ва ё хостаҳои мазҳабиву динӣ, тақлиди беасос ба либосҳои мардуми шарқ ва ё ғарб дар ҷомеа ҳанӯз устувор аст…

Аксарият бар он ақидаанд, ки аз тариқи пӯшидани сатрҳои сиёҳу якранг, ки дар кишварҳои Арабистону Эрон байни занон маъруф аст, ниёзҳои мазҳабии худро бароварда месозанд, вале бехабар аз он, ки тӯли қарнҳои дароз модарон ва хоҳарони мо либосҳои миллиеро, ки имрӯз ба мо мерос гузоштаанд, ба бар мекарданд ва дар ин ҳол чизе аз мусалмонии онҳо кам намешуд.

Ҷавондухтарони мо чанд сол қабл ҳангоми интихоби либос ё ба фарҳанги урёни ғарб тарҷеҳ медоданд ва ё ба фарҳанги комилан пӯшидаи шарқ. Вале имруз вазъият каме тағйир ёфтааст ва гоҳо дар кӯчаҳо духтаронро бо либосҳои миллӣ мебинем, ки ин нишонаи бозгашт ба асолату арзишҳои миллӣ аст. Шояд дар ин ришта саҳми бонувони маъруфи овозхони мо ва тарроҳони тоҷик низ то андозае бориз аст, ки кӯшиш доранд либоси миллии тоҷикро бо ҳама нақшу нигори ҷаззобаш ба ҷавонони кишвар ва ҷаҳониён ошно созанд.

Чанде қабл иштироки Макнуна Ниёзова дар як намоиши коллексияи либосҳои миллӣ дар озмуни “Face of Central Asia” (Чеҳраи Осиёи Марказӣ) дар Қазоқистон, роҳи ин тарроҳи ҷавони тоҷикро ба ҷашнвораи ҷаҳонӣ дар Кореяи Ҷанубӣ боз кард.

Роҳхат ба чунин як намоиши бонуфузи ҷаҳонӣ, масъулияти бештарро талаб мекунад. Ин озмун зери номи «Беҳтарин модел, зебосанам ва тарроҳ» моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Сеули Корея баргузор гардид. Ҳадафи аслии ширкати ин ҷавондухтар дар ин ҷашнвора муаррифии либосу фарҳанги Тоҷикистониён буд. Ин, албатта, масъулияти зиёдро талаб мекунад, чун дар ин озмун натанҳо ҳайати доварон аз Корея, балки намояндаҳои чандин кишварҳои ҷаҳон иштирок карданд. Иштирок дар ин озмуни бонуфуз имкон дод, ки тарроҳони ҷавони мо каме ҳам бошад, хориҷиёнро бо фарҳанги либоспӯшии миллии тоҷикон ошно созанд.

Ҳамроҳ бо Макнуна ду модели тоҷик Фотима ва Азиз Мирзоев ҳам ба ин ҷашнвора сафар карданд ва дар бахшҳои дигар либосҳои таҳияи кардаашонро намоиш доданд. Коллексияи либосҳое, ки онҳо муаррифӣ намуданд, аз нақшу нигори миллӣ оро ёфтааст ва бо назардошти анъанаҳои суннатии тоҷикӣ таҳия гардидааст. Қобили таҳсин аст, ки иштироки ин бонувони ҳунармандро дар ҷашнвораи мазкур Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъмин намудааст ва онҳо аз раёсати донишгоҳи номбурда хеле сипосгузоранд.

Дар Тоҷикистон имрӯз тарроҳони касбӣ хеле зиёданд, аммо теъдоди онҳое, ки маҳз ба либосҳои миллии суннатӣ таваҷҷуҳ доранд, ангуштшумор. Шояд имрӯз фурсати он расидааст, ки дар асоси барномаҳои махсуси давлатӣ барои таъсиси мактабҳои тарроҳии миллӣ замина гузорем, то тарроҳони мо ҳавасманд гардида, ҳангоми тарроҳии либос бештар ба фарҳанги тоҷикон такя кунанд, на ба таъриху фарҳанги бегона. Ҳоло мебинем, ки онҳо бисёртар ба Аврупо тақлид мекунанд. Шояд замона ҳаминро талаб мекунад ва завқи духтарон чунин буда, ки ин навъ либосҳо харидорони бештар доранд, вале ба ҳар сурат беҳтар аст тарроҳон вақти таҳияи либос таъриху фарҳанг ва менталитети миллати тоҷикро ба назар бигиранд.

Мушкили дигар ин аст, ки бо сабаби набудани мактаби миллии тарроҳӣ бархе тарроҳон аз нозукиҳои дизайнерии мардумӣ бехабаранд. Ҳар тарроҳи касбӣ бояд таъсири ҳар ранг, гул ва ороишоте, ки дар курта нақш меёбад, ҳатман донад.

Коршиносон ва тарроҳони либоси миллӣ Мурод Бобоқулов, Хуршед Сатторов, Мукаррама Қаюмова ва чанде дигар талоши зиёд доранд, то бо пешниҳодҳои худ нофаҳмиҳоро дар шеваҳои либоспушии миллӣ бартараф намоянд. Онҳо беш аз ҳама дар офаридаҳояшон ба таъриху фарҳанги тоҷикон такя мекунанд.

Бисёртар занон кӯшиш доранд ва тавонистанд муаррифгари либоси милли бошанд. Дар ин самт мардҳо ба мӯд ва либоси миллӣ чандон таваҷҷуҳ надоранд. Тарроҳон барои мардҳо ҳоло танҳо либосҳои ҷашнӣ ва ё либосҳои саҳнавӣ пешниҳод мекунанд. Хуршед Сатторову Умед Кучкалиев бисёр талош доранд, то либосҳои замонавии мардона низ таҳия намоянд ва таваҷҷуҳи эшонро ба либосҳои суннатии тоҷикӣ ҷалб кунанд.

Вале… Имрӯз мушкилии рақами яки тарроҳон набудани сарпараст аст. «Вакте мо - тарроҳон, мехоҳем Тоҷикистонро дар озмунҳои тарроҳии берун аз кишвар муаррифӣ намоем, бояд либосҳое омода кунем, ки аз матои гаронарзиш сохта шаванд»-, мегӯянд онҳо… Гузашта аз ин, барномаҳои тарроҳӣ барои муаррифии бештари либосҳо низ дар мо хеле каманд.

Мақсади асосӣ омода намудани мутахассисони хуби соҳаи тарроҳӣ, ҷалби духтарон ба ҳунаромузӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, пайдо кардани истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани сатҳи касбияти онҳо мебошад.

Аз дигар тараф, бекорӣ миёни занҳо баъзан сабаби ба корҳои ношоиста даст задани онҳо мегардад. Вале мо агар қисме аз онҳоро ба курсҳои тарроҳӣ ҷалб намоем ва ё бо шуғлҳое, ки барои бонувон мувофиқ аст, фаро гирем ва онҳо соҳиби касбу ҳунар шаванд, мусаллам аст, ки шиддати ҷинояткорӣ дар байни бонувон коҳиш хоҳад ёфт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: