Ангела Меркел ба Қирғизистон меояд7-07-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 256 нафар
Назарҳо: 0
Ангела Меркел, садри аъзами Олмон бо даъвати президент Алмосбек Отамбоев барои анҷоми як сафари расмӣ ба Қирғизистон меояд.
Бино бар иттилои хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон, боздиди садри аъзами Олмон аз ин кишвар рӯзҳои 13-14 июл сурат мегирад. Дар ҷараёни ин сафар Меркел ва Отамбоев вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Қирғизистону Олмонро баррасӣ ва дар бораи масъалаҳои мубрами байнулмилалию минтақавӣ табодули назар хоҳанд кард. Дар анҷоми гуфтушунид раҳбарони ду давлат нишасти матбуотии муштаракеро баргузор менамоянд. Ҳамчунин садри аъзами Олмон дар доираи сафараш бо ҳайати порлумонии Қирғизистон ба раҳбарии Чинибек Турсунбеков, раиси Жогорку Кенеш ва намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар мулоқот хоҳад кард. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.