Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Илму маърифат дар банди хурофот

Илму маърифат дар банди хурофот

26-06-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 316 нафар
Назарҳо: 0
Илму маърифат дар банди хурофот
Вақте маводи мазкурро омодаи навиштан будам, ба хотирам суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо зиёиёни кишвар омад. Ӯ қайд карда буд, ки имрӯз дар ҷомеа эҳтиром нисбати муллоҳо афзудааст, аммо қадру манзалати оне, ки умре пайи таълиму тарбияи фарзандон аст, ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст. Воқеан ҳам, ин гуфтаҳои Сарвари давлат ҷон дорад. Ба маъракае даъват шудам. Анбӯҳи одамон паси дарвозаи маъракадор сарҷамъ буданд. Аз вақти таъин намудани ба истилоҳи мардум «зиёфат» ним соат гузашта бошад ҳам, касе ба даруни хона даромаданӣ набуд. Чун сабаб пурсидем, маълум гардид, ки домуллои маҳалла дар маъракаи дигар будаасту ҳамин замон омада мемондааст. Ниҳоят домуллои маҳалла бо як мошинаи гаронарзише назди дарвозаи маъракадор омада таваққуф намуд. Чун нек назар кардам, ӯ ба синну сол тахмин 40-45-сола менамуд. Аммо ришҳои мондаву либоси дарози ба домуллоҳо хос ӯро аз будаш калонсолтар мекард. Домулло бо карру фар аз даъватшудагон пеш вориди хона шуда, дар ҷойи аз ҳама боло рафта нишаст ва бо хондани яке аз оятҳои каломи раббонӣ ҳозиринро ба хӯрдан даъват кард. Шояд ин амал як ҳодисаи маъмул дар ҳоли ҳозир бошад, аммо бароям чунин рафтори домулло писанд наомад. Зеро дар ин маърака нафароне ҳам ҳузур доштанд, ки ҳам ба синну сол ва ҳам аз рӯи обрӯ ва нуфуз аз ин домулло боло меистоданд. Ҳатто марде, ки дар назди ман буд, худро омӯзгори деҳа муаррифӣ намуд, бо ифтихор шогирдаш будани домуллоро қайд кард. Ва ин ҷавони аз илми шариат бархӯрдор мебоист онҳоро аз худ пеш гузаронида, баъд медаромад. Баъдан дар ҳаққи маъракадор ӯ неву шахси калонсолтар дуо мегуфт. Зимни тановули хӯрок ӯ аз аҳкоми шариат ёд карда, ҳатто бузургтарин парастиши Худовандро дар эъзозу икроми волидон ва дар сурати реҳлати онҳо дӯстони наздики онҳо донист, аммо худ ба оддитарин одобу ахлоқи инсонӣ риоя накард.
Хулоса, аз ин зиёфати ошноям ошуфтаву малулхотир берун шудам ва ба худ андешидам, ки чаро имрӯз обрӯ ва мартабаи домуллоҳо баланд шудаасту муаллимро, ҳамон тавре ки пештар ҳурмат мекарданд, имрӯз эҳтиром намекунанд ва азиз намедоранд.
Аз рӯи нақли модаркалонам, ки чанд сол пеш аз ин ҷаҳон реҳлат кардаанд, дар замони шӯравӣ, ки хондани намозу ба масҷид рафтан манъ буд, «одамони кӯҳна» намозашонро мехонданд, аммо касеро талқин намекарданд. Аз амнияти худ метарсиданд. Чунин даъватҳои ошкоро аввалҳои соли навадум ба қавле «мӯд» шуданд. Дар хотирам аст, ки мо- толибилмони мактаб аз рӯи таассуб бошад ё бо амри дил аз волидонамон хоҳиш мекардем, ки ба мактаби шабонаи омӯзиши динӣ равем. Онҳо низ ба хотири гирифтани дониши динӣ ба иқдоми мо розӣ шуда буданд. Ду домулло ба мо аз фанни «муаллими сонӣ» дарс мегуфтанд. Аҷибаш он, ки ин домуллоҳоро, ки ба «дониши мукаммалашон» он вақт сахт эътимод доштем, ҳар шаб сари хони густурдаи яке аз шунавандагон ба мо дарс мегуфтанд. Яъне, бар замми ҳаққи хизматашон мо бояд бо навбат онҳоро меҳмондорӣ мекардем. Хулоса, аз ин домуллотарошон, ки худро аз муридони олими равоншод Саид Абдулло Нурӣ муаррифӣ мекарданд, чизеро наомӯхта, онҳо ба якборагӣ ғайб заданд. Дар он солҳо даҳҳо домуллоҳое буданд, ки худро шогирди ин олими бузурги дин эълон намуда, эҳсосоти мардумро бар манфиати хеш истифода мебурданд. Ва онҳое, ки имрӯз қадре аз ин илми исломшиносӣ огаҳӣ пайдо кардаанд, бо дамандозиву фотеҳа ба фотеҳа гаштан ҳам кисаҳояшонро пур мекунанду ҳам шикамашонро.
Манзури овардани ин мисолҳо дар чӣ буд? Ман аз он дар шигифтам: мардуми мо то куҷо кӯтоҳназаранд, ки кӯдаки беморро ба умеди шифоёбӣ аввал ба шифохона неву ба даргоҳи мулло мебаранд, то дам андозаду кӯдак шифо ёбад. Чун ҳолати бемор вазнин мешавад, баъд ба беморхона мебаранд. Агар кӯдак шифо наёбад, аз гиребони табиб мегиранд. Аммо то ҳол ба мушоҳида нарасидааст, ки касе аз домулло сабаби шифо наёфтани фарзандашро пурсон шавад.
Имрӯз шумораи домуллоҳо дар ҷомеа бамаротиб афзудааст. Чаро чунин аст? Аввал ин ки тавре дар боло ишора шуд, ба домуллоҳо ҷомеа бештар таваҷҷуҳ доранд, сониян набудани касбу кор иддае аз ҷавонони моро водор мекунад, ки даст ба домуллогӣ зананду нони беминнате ёбанд. Дар ин самт ба ақидае бархе розиам, ки мегӯянд: «садоқат ба илму касбомӯзӣ нуфузи муллоҳоро кам мекунад». Зеро ҷавонони соҳибкасб касбдошта ҳаргиз дар фикри домуллогӣ нестанд ва нахоҳанд шуд.
Сардори давлатамон дар чандин баромадҳои худ таъкид намудаанд, ки муллогӣ касб нест. Агар мақсад омӯзиши илми шариат бошад, айни замон қариб дар тамоми шаҳру ноҳияҳо мадрасаҳои исломӣ фаъолият мебаранд. Барои омӯзонидани наврасон бошад, дар назди аксарияти масҷидҳои ҷомеъ мактабҳои ибтидоии аз қайди давлатӣ гузашта мавҷуданд.
Одатан мардуми мо мулло гуфта, шахсеро мефаҳмид, ки ба монанди муаллим роҳнамо ва тарбиятгари аҳли ҷомеа бошад. Ҳатто имрӯз ҳам, одамони калонсол ба нишони эҳтиром ба муаллимон «домулло»- гӯён муроҷиат менамоянд. Мутаассифона, рафтору амали бисёрии муллоҳои навбаромад ба ин талабот ҷавоб намедиҳад. Муллогӣ на роҳнамоиву ҳидоят, балки воситаи рӯзгузаронию сарватҷамъкунӣ барои онҳо шудааст.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки шахси хонда ва бомаърифат ҳаргиз духтурро монда, ба пеши мулло намеравад. Ҳамчунин, тавре ки болотар таъкид намудем, рӯ ба омӯзиши касбу ҳунар ва меҳнати ҳалол овардан ҷавононро ба созандагию бунёдкорӣ таҳрик менамояд. Бо ибораи дигар, онҳо бахти худро дар меҳнат меҷӯянд, шариатро аз хурофот фарқ карда, динро ҳамчун худошиносӣ ва наздикшавӣ ба асли худ истифода мебаранд.
Бадбахтӣ дар он аст, ки дар замони имрӯза бисёр падару модарон рисолати азалии худро ба ҷо намеоранд ва боз аз мактабу маориф домангир ҳастанд. Ин гуна волидон гоҳо худашон дидаву дониста фарзандонашонро шогирди муллотарошон мекунанд, ки на ҳама вақт оқибати хуб медиҳад.
Аз рӯи маълумотҳо айни замон зиёда аз 300 нафар ҳамватанони мо дар Сурия «ҷиҳод» мекунанд. Ҳамаи онҳо шогирдони чунин муллоҳои ифротгаро ҳастанд ё худашон ба чунин дараҷа расидаанд. Ҷиҳоди онҳо танҳо барои нафс ва молу сарват аст. Агар мақсад ризо кардани парвардигор бошад, онҳо метавонистанд дар Ватани худ гӯшаеро обод намуда, дастгири ниёзмандон бошанд.
Чунин ҳолат дар гузашта низ ба мушоҳида расида, боиси нигаронии равшанфикрон шуда будааст. Аз ин ҷост, ки шоир Фахрии Рӯмонӣ мегӯяд:
Ҳар гову харе, ки соҳиби дунё шуд,
Дар маъракаҳо ҷои вай аз боло шуд.
Норафта ба мактабу наомӯхта сухан,
Аз каҷравии замона домулло шуд.
Мутааассифона, имрӯз айнан чунин ҳолат дар ҷомеаи мо ба назар мерасад. Бояд ҳамагӣ аз паи ислоҳи он шавем ва насли наврасу ҷавонро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоем.
Абдусабури Абдуваҳҳоб, рӯзноманигор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: