Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Қасди худкушӣ амали номатлуб аст

Қасди худкушӣ амали номатлуб аст

25-06-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 439 нафар
Назарҳо: 0
Қасди худкушӣ амали номатлуб астҲаёти инсон неъмати ноёфт ва бебаҳо буда, ҳамаи неъматҳои дигари моддӣ аз он сарчашма мегирад. Ҷони рафтаи инсон бебозгашт аст. Дар байни падидаҳои номатлуби ҷомеаи инсонӣ худкушӣ, яъне қасд намудан ба ҷони худ, мавқеи муайянеро ишғол кардааст. Ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани ҷавонон яке аз масъалаҳои доғи рӯз маҳсуб ёфтааст, ки ҷомеаи моро хеле ба ташвиш овардааст.

Новобаста аз чораҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ шумораи нафарони даст ба худкушӣ зада, сол аз сол рӯ ба афзоиш ниҳода, ин зуҳуроти номатлуб хусусан дар байни занону духтарон, аз он ҷумла ноболиғон ташвишовар гардидааст.

Мувофиқан ба ин, моддаи 5-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти инсонро баробари дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир шуморидааст. Дар моддаи 18-и Конститутсия бошад, кайд шудааст: ки «Ҳар кас ҳаққи зиндагӣ дорад».

Мутаассифона, дар ҷомеаи инсонӣ кам нестанд нафароне, ки хилофи ин ҳуқуқи худ амал намуда, худро аз ҳаёт маҳрум мекунанд, ё ба ин кор кӯшиш ва даст мезананд.

Мафҳуми худкуширо сад сол пеш (соли 1807) олими ҷомеашинос Эмил Дюркгейм ба арсаи илм кашида, мавриди таҳқиқ қарор додааст. Ӯ дар рисолаи илмии худ бо номи “Худкушӣ” (“Le suicide”) чунин таълифи онро меорад, ки “Худкушӣ амалест, ки инсон мақсаднок худро ба қатл мерасонад” Агар тасвири умумии онро пешкаш созем, ба ақидаи бештари олимони ҷомеашиноси дунё ин рафторест, ки аз натиҷаи номутобиқии равонию иҷтимоии шахс аз ҳолатҳои номусоидии зиндагӣ бармеояд. Сабабҳои даст ба худкушӣ задани ҷавонон гуногун буда, аз камақливу кӯтоҳандешии онҳо манша мегирад.

Аксарияти олимони дунё бар он ақидаанд, ки худкушӣ падидаи равонист ва барои дарки он зарур аст ҳолати рӯҳии инсонеро, ки даст ба ин амал мезанад, дарк кард. Худкушӣ дар лаҳзаи ҳассостарини ҳаёт рух медиҳад, ҷанбаи равонии худкушӣ пеш аз ҳама ин ҳолати маъюсӣ ва ноумедиҳост…

Омилҳои зиёде, ки ҷавонон даст ба худкушӣ мезананд, баҳсҳои оилаҳои ҷавон (вайроншавии оилаҳо, талоқ), вазъи саломатӣ (касалии руҳӣ, майзадагӣ, нашъамандӣ), баҳсҳо дар ҷойи кор ва таҳсил ва ғайраро номбар кардан ҷоиз аст,ки рӯз аз рӯз зиёд шудани теъдоди чунин ҳодисаҳо боиси ташвиш буда, аз ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, тандурустӣ, маорифу аҳли ҷамоатчигӣ масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд.

Маҳз бо назардошти ногувор будани чунин вазъ дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилоти зӯроварӣ дар оила ва худкушӣ диққати махсус дода, баҳри куллан тағйир намудани теъдоди ин доғи рӯз “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023”-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд. Ин аст, ки дар ҷомеа имрӯз баҳри амалӣ намудани пешгирии ин доғи рӯз чора ва тадбирҳои судманд андешида шуда истодааст.

Бо назардошти ҷиддӣ будани масъалаи баррасишаванда ва мавҷуд будани камбудиву норасоиҳо дар ин самт 27-уми ноябри соли 2012-ум ҷаласаи васеи якҷояи машваратии назди Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд баҳри пешгирӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда қарори дахлдор қабул карда шуд. Аз ҷониби Раиси Шӯро ба роҳбарони мақомотҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон вазифагузориҳо гардида буд.

Зикр бояд кард, ки дар моддаи 109-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба худкушӣ ва ба сӯиқасди худкушӣ расонидани шахсро ҷиноят эътироф намуда, қонунгузор дар моддаи мазкур ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ намудааст.

Вобаста ба масоили дарҷёфта дар мақомотҳои қудратии ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд як идда амалиёту чорабиниҳо гузаронида мешавад. Давоми се моҳи аввали соли 2016 аз тарафи прокуратураи ноҳия, як ҳолати ҷинояти ба сӯиқасди худкушӣ расонидан ошкор гардида, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Чунончӣ, шаҳрванд Ҳакимов Сайфиддин соли таваллудаш 5-уми январи соли 1967, сокини ноҳияи Зафаробод бинобар ба амал омадани муноқишаҳои деринаи оилавӣ бо роҳи муомилаи бераҳмона ва пастзании мунтазами шаъну эътибори шахсии ҳамсарашро поймол намудааст, ки дар натиҷа Холиқназарова Гулсара маҷбур шуда, даст ба сӯиқасди худкушӣ задааст.

Онҳо аз моҳи сентябри соли 2000-ум ба ҳам ақди никоҳ баста, муносибати оиладорӣ пайдо мекунанд. Дар давоми зиндагии якҷоя соҳиби ду фарзанд мегарданд. Ҳакимов Сайфиддин роҳи дурусти муносибатҳои оиладориро пеш нагирифта, бинобар муноқишаҳои ночизи оилавӣ бе сабаб ҳамсараш Холиқназарова Гулсараро мавриди лату кӯб ва шиканҷа қарор медиҳад. Гузашта аз ин ӯ пайваста нисбати ҳамсараш ҷароҳатҳои ҷисмонӣ мерасонид. Ӯ нисбати ҳамсараш, ки аз ҷиҳати моддӣ тобеъ буд, бо ин роҳ мунтазам муомилаи дағалонаро раво мебинад.

Ҳакимов Сайфиддин ҳанӯз санаҳои 29-30 майи соли 2009 муносибати бераҳмонаашро нисбати ҳамсараш Холиқназарова Гулсара оғоз намуда, давоми ду рӯз ҳамсарашро мавриди лату кӯб ва шиканҷа қарор медиҳад, ки ҳолати мазкур бо ҳуҷҷатҳои тиббии бойгонӣ тасдиқи худро ёфтаанд.

Ҳакимов Сайфиддин тахминан моҳҳои июл-августи соли 2014 такроран бо ҳар гуна баҳонаҳо бо ҳамсараш Холиқназарова Гулсара муноқишаи оилавиашро идома дода боз мавриди лату кӯб ва озори ҷисмонӣ қарор ва нисбаташ муомилаи бераҳмона мекунад. Бо мақсади эмин мондан аз дарди ҷисмонӣ ҳамсараш Холиқназарова Гулсара ба шавҳараш Ҳакимов Сайфиддин баён мекунад, ки тоқаташ тоқ шудасту дар ҳолати идома намудани чунин бераҳмӣ ба худкушӣ даст зада олами ҳастиро падруд хоҳад гуфт. Вале Ҳакимов С. З. ба суханҳои ҳамсараш беэътиноӣ зоҳир намуда, “марг осон нест...”, “аз дастат худкушӣ намеояд”-гӯён дашному ҳақорат медиҳад. Ҳамсараш Холиқназарова Гулсара ба чунин ҳолат қарор ёфтани муомилаи бераҳмонаи ҳамсараш дигар тоқат карда натавониста, дар оғилхона бо роҳи худовезӣ даст ба сӯиқасди худкушӣ мезанад, ки аз иродаи ба ӯ вобаста набуда, яъне наҷот додани шавҳараш Ҳакимов Сайфиддин, ки мехост боз дар оянда низ нисбати ҳамсараш муносибати бераҳмонаашро давом диҳад, аз марг наҷот дода мешавад.

Шаҳрванд Ҳакимов Сайфиддин аз ин кирдори ҳамсараш ба худ хулосаи лозимӣ нагирифта, минбаъд низ бо ҳамсараш муносибати дағалонаашро идома медиҳад. Такроран тахминан моҳҳои декабри худи ҳамон сол (яъне соли 2014) ҳамсарашро мавриди лату кӯб қарор медиҳад ва нисбаташ муносибати бераҳмонаро раво мебинад ва дар охир ӯро аз хона пеш мекунад, ки ҷабрдида аз ин ҳодисаи рухдода ба волидонаш хабар медиҳад. Бо дахолати кумитаи маҳал ва насиҳати волидонаш Холиқназарова Гулсара ба хона баргашта зиндагонии оилавиашро бо шавҳараш ва фарзандонаш идома медиҳад.

Аммо Ҳакимов Сайфиддин чун ҳарвақта роҳи дурусти муносибатҳои оилавиро пеша намегирад. Нисбати ҳамсараш, ки аз ҷиҳати моддӣ ба ӯ тобеъ буд, муносибати берамҳона ва латукӯбро мунтазам раво мебинад ва охирон санаи 12-уми январи соли 2016 бо баҳонаи дар бозор фурӯхта натавонистани ҳезуми ҷамъовардашуда аз ҷониби писари ноболиғаш Ҳакимов С. тахминан соатҳои 10:50 дақиқа ҳамсарашро боз мавриди лату кӯб қарор дода, зарбаи ҷисмонӣ мерасонад, ки ба ин кирдори шавҳараш ҷабрдида Холиқназарова Гулсара тоқат карда натавониста, тахминан соатҳои 11:00 худи ҳамон рӯз бо мақсади худкушӣ аз ошхонаи ҳавлии истиқоматиашон корди хоҷагиро гирифта, раги гарданашро буридани мешавад, аммо бо сабабҳои аз ӯ вобаста набуда, аз ҷониби писараш наҷот дода мешавад, ки ҷабрдида мақсади падруд намудани олами ҳастиро то ба охир расонида наметавонад.

Оиди ҳаракатҳои ғайриқонуниаш нисбати Ҳакимов Сайфиддин санаи 23-юми январи соли 2016 бо моддаи 109 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, парванда санаи 28-уми марти соли 2016 бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суди ноҳияи Зафаробод, ирсол карда мешавад.

Бо ҳукми суди ноҳияи Зафаробод аз 13 апрели соли 2016 Ҳакимов Сайфиддин дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 109 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазо бо дастрасии моддаи 63 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 3 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр таъин карда мешавад.

Исмоилҷон Усмонзода, муфаттиши прокуратураи ноҳияи Зафаробод,
Сарваррзода, рӯзноманигор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: