Иштироки ҳизбиён дар маъракаи «130 рӯзи ободонӣ»22-06-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 252 нафар
Назарҳо: 0
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он таҳти сарварии Ҷамшед Саидов-раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар доираи маъракаи «130 рӯзи ободонӣ» дар ҳашари бартарафсозии симтӯру панҷараҳо ва тоза намудани гирду атрофи манзилҳои истиқоматӣ дар шаҳраки 101-и ноҳияи Синои пойтахт дар якҷоягӣ бо донишҷӯёну устодони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино ширкат намуданд.
Ҷ. Саидов баён дошт, ки раванди вусъат бахшидани корҳои ободонӣ фаъолияти дастаҷамъиро талаб менамояд. Ҳамаи шаҳрвандон ва сокинони пойтахт дар истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ширкати фаъолона дошта бошанд ва саҳми худро гузоранд. Зеро пойтахт ин симои давлату миллати мо буда, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни арзишманди мардуми тоҷик аст. Мавриди зикр аст, ки то имрӯз дар ин шаҳрак наздики 70 дарсади корҳои ободонӣ ва бартарафсозии монеаҳои сарироҳӣ ба сомон расонида шудаанд. С. Зуҳра |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.