Боздиди ҳайати Конгресси ИМА аз Қирғизистон19-06-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 257 нафар
Назарҳо: 0
Ҳайате аз Конгресси ИМА ба хотири таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба рӯзи 1 июн ба Қирғизистон омад. Дар ин бора Хадамоти матбуотии сафорати ИМА дар шаҳри Бишкек хабар додааст.
Конгрессменҳои амрикоӣ дар ҷараёни ин сафар бо намояндаҳои порлумон ва аъзои ҳукумати Қирғизистон мулоқот карда, барои дарки бештари аҳамияти муносибатҳои Вашингтону Бишкек бо як қатор барномаҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар ошно хоҳанд шуд. Ин ҳайат Комиссияи ҳамкориҳои демократии Конгрессро намояндагӣ карда, бо табодули таҷриба, ташкили семинарҳои омӯзишӣ барои аъзо ва коргарони порлумон машғул аст ва ба бахшҳои назорати қонунгузорӣ, таҳлили буҷа, кори кумитаҳо, муносибат бо интихобкунандагон ва хизматрасонии китобхонаию пажӯҳишӣ кӯмакҳои моддӣ мерасонад. Ба ҳайати гуруҳи конгрессменҳо Питер Роскам, Дэвид Прайс, Эндрю Креншоу, Сюзан Дэвис, Ҷим МакДермотт, Тим Мерфӣ, Ҷеррӣ Конноллӣ ва Дина Титус шомиланд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.