“Тоҷикон дар оинаи таърих” – омӯзиш идома дорад15-06-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 292 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба омӯзиши китоби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” ҳафтаи равон корҳои таблиғотиро дар деҳаҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Урметан роҳандозӣ менамояд.
Дар деҳаи Мадми ҷамоати мазкур омӯзиши китоби мазкур дар байни аъзоён ва тарафдорон ба роҳ монда шуд. Дар вохӯриҳо аз таърихи нахустини давлату давлатдории тоҷикон, аз таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ, эҳтироми суннатҳои миллӣ, ватандӯстӣ ва худшиносӣ суҳбат барпо гардид. Ҳамзамон дар вохӯрӣ омӯзгорони фанни таърихи МТМУ №20 деҳаи Мадм низ иштирок доштанд ва дар доираи мавзӯи зикршуда, ибрози ақида намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.