Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Трамп пешбарии номзадиашро ба президентии ИМА таъмин кард

Трамп пешбарии номзадиашро ба президентии ИМА таъмин кард

10-06-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 267 нафар
Назарҳо: 0
Трамп пешбарии номзадиашро ба президентии ИМА таъмин кард
Доналд Трампи миллардер раъйи кофии ҳайати анҷумани қарибулвуқуи Ҳизби ҷумҳурихоҳони ИМА-ро барои пешбарии номзадиаш ба мақоми президентии Иёлоти Мутаҳҳида соҳиб шуд.

Трамп пас аз он ба чунин имконият даст ёфт, ки гурӯҳи "калаванда"-и вакилони ҷумҳурихоҳ, ки то ҳол аз ҳеч номзаде ҳимоят намекард, тарафдори ӯ шуд.

Ба ин тартиб, шумори вакилони тарафдори Трамп дар анҷумани ҳизбӣ аз 1237 раъйи лозим гузашт.

Эҳтимоли номзадии Трамп аз ҳизби ҷумҳурихоҳон дар ибтидои моҳи май, замоне рӯшан шуд, ки рақибони вай аз мубориза даст кашиданд.

Тибқи назарсанҷиҳои охир, маъруфияти Доналд Трамп миёни интихобкунандагон афзуда, нуфузи ӯ тақрибан бо нуфузи рақибаш аз ҳизби демократӣ Ҳиллари Клинтон баробар шудааст.

Анҷумани Ҳизби ҷумҳурихоҳ охири моҳи июл дар Кливленд баргузор хоҳад шуд. Интихоботи президентии ИМА 8 ноябр доир мегардад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: