Муаррифии барномаи пешазинтихоботӣ7-06-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 236 нафар
Назарҳо: 0
Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии вилоятии Сирдарё №1 бо интихобкунандагони кумитаи маҳаллаи «Сирдарё» баргузор гардид.
Вохӯриро раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ҳусни оғоз бахшида, дар бораи нақша ва чорабиниҳои кумитаи иҷроия то интихобот сухан ронд. Дар ин вохӯрӣ номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Сирдарё №1», Салима Каримова иштирок намуда, аз барномаи пешазинтихоботии худ сухан гуфт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.