Армуғон ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ!10-05-2016, 17:29
Хабарро хонданд: 306 нафар
Назарҳо: 0
Хизмат ба давлат, хизмат ба халқ аст! (мусоҳибаи тахассусӣ) Аркони аслии давлатдории миллӣ аз ҳокимияте сарчашма мегирад, ки такя бар дастгирӣ ва ризоияти халқ рӯйи кор омадаву ҷомеа ва кишварро ба рушду субот ҳидояту раҳнамоӣ мекунад. Дар қатори «афсарони ҷабҳа»-и идоракунии давлатӣ саҳми хизматчиёни давлатӣ низ муассир аст. Оид ба нақши ин қишри кормандон ва муайянсозии «беморӣ»-ҳои ҷомеаи муосир сӯҳбате доштем бо номзади илмҳои сиёсӣ, мудири шуъбаи дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маҳмадулло Наимов, ки онро манзури шумо мегардонем: - Муҳтарам Наимов, ба хонандагони мо шарҳ диҳед, ки имрӯз ҷомеаи мо дар кадом ҳолату вазъ қарор дорад ва сохтори идоракунии он чӣ тарз ба роҳ монда шудааст? Мегӯянд, ки «давлат фарзанди ҷомеа мебошад». Яъне, ҷомеа дар кадом сатҳу сифат қарор дошта бошад, давлат, дастгоҳи давлатӣ, мақомоти давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар ҳамон ҳолат қарор мегирад. Ҷомеаи мо имрӯз дар даврони гузариш аз ҷомеаи партократии шӯравӣ ба демократӣ, аз сохтори кӯҳна ба нав ва дар марҳилаи бунёдкорию созандагӣ қарор дорад, ки онро «модернизатсияи ҷомеа» мегуянд. Такя бар ин, тамоми зимоми давлатдорӣ низ дар ҳолати ислоҳ кардан ва ташаккулу такомул аст ва дар ин раванд ба ҳалли бисёр масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва аз ҳама зиёд иҷтимоӣ ниёзу талабот дошта, аз мушкилот низ орӣ нест. Мутобиқ ба моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии пойдориву бардавомии давлат, мурраттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Дар навбати худ, давлат, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» моддаи 1 аз дастгоҳи давлатӣ ва дастгоҳ аз мақомоти давлатӣ, мақомот аз мансаби давлатӣ, мансаб аз хизмати давлатӣ ва хизмат аз хизматчии давлатӣ яъне маъмури давлатдорӣ иборат аст. Хизматчиёни давлатӣ. Ин чи гуна категорияи кормандон ҳастанд ва фаъолияташон чи тавр бояд ба роҳ монда шавад? Хизматчии давлатии маъмурӣ - шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фаъолияти ӯ ба таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои сиёсии хизмати давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ равона карда шудааст. Ӯ дар мансаби давлатии хизмати давлатӣ фаъолияти касбӣ мекунад ва соҳиби музд гардида, дар таҳлилу таҳқиқ ва таҳияву баррасӣ, назорату иҷрои идоракунии се шохаи ҳокимияти давлатӣ бо василаҳои идоракунии се шохаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи эҷоди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нақши боризро иҷро мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муаззафи мураттабсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар се шохаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, ҳудуд, аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни ҷомеаро танҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим ва идора месозад. Муносибатҳои хеле зиёди аҳли ҷомеа, ки пайваста дар ҳамкорӣ қарор доранд, танҳо бо меъёр, яъне андоза (ченак, ҳад, стандарт) –ҳои муайян ба танзим дароварда мешаванд. Дар навбати худ давлат, дастгоҳи давлатӣ ва мақомоти давлатӣ аз ҷониби дорандагони мансаби давлатии ҳокимияти давлатӣ- Президент, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳокимияти судӣ идора карда мешаванд. Имрӯз барои таъмини фаъолияти онҳо дар се шоҳаи ҳокимияти давлатӣ наздик 19 000 хизматчиёни давлатии маъмурӣ масъул гардидаанд. Дар ин маврид шоир дуруст овардааст: Ҳаст гӯши чарх бар овози килкаш рӯзу шаб, Рост гӯӣ, чарх маъмур асту килкаш амир. Ҳамкории хизматчиёни давлатӣ бо дигар қишрҳои ҷомеа бояд чи гуна бошад? Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол тибқи Конститутсия низоми идораи давлат демократӣ, (аз юнонӣ, демос-халқ ва кратос-ҳокимият) буда, яъне халқ соҳибихтиёр ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ (неру ва қудрат аз халқ аст) мебошад, бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш дар идораи давлат иштирок мекунад. Ҳамчунин шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи ҳокимияти давлатӣ пурра ширкат намояд. Халқ сарчашмаи қудрату тавоноӣ буда, дар ҳаёти ҳамарӯзаи ҷомеа сиёсати пешгирифтаи сарвари давлат, ки якдилона ӯро интихоб карда буданд, амалӣ месозад. Сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Пешвои миллат дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таҷассуми худро пайдо кардааст. Дар сатҳи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳоло зиёда аз 10 000 нафар вакил, дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ наздик 3000 нафар ва дар сатҳи олӣ 95 нафар аъзову вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаанд, ки рисолати онҳо дар ҳамдастӣ бо наздик 19 000 хизматчиёни давлатӣ омӯзиш, таҳлил, таҳқиқ ва ҷустуҷӯи тадбирҳо барои ҳалли мушкилот ва талаботу ниёзҳои сарчашмаи асосии ҳокимият-халқ мебошад. Бо интихоби дуруст, тарбия ва сари вақт фаъол кардани ин ҳайати бузург, ки аз номи халқ ва барои халқ хизмат мекунанд, ҳазорон мушкилоту муаммоҳои ҷойдошта бартараф гардида, ҷомеа марҳила ба марҳила устуворона рушд мекунад. Рисолати намояндагони ҳокимияти судӣ дар ҷомеа танзим, таҳкими тартибот ва риояи адлу адолат мебошад. Бо иҷрои ин вазифаи пурмасъули худ онҳо ҷомеаро аз фасоду таназзул ва инқирозу нестӣ наҷот мебахшанд. Девонсолорӣ аз замони давлати бузурги Сомониён, гузаштагони мо манша гирифта, дабирияту надимони пешин имрӯз тибқи қонунҳои амалкунанда вакилони халқ ва хизматчиёни давлатӣ мебошанд (М. Н.), ки ин рисолати пурмасъул ва душворро ба зиммаи хеш гирифтаанд. Барои иҷрои ин рисолат афроди арзанда ва беҳтарин, ки бояд ҳушёру зирак, дорои масъулият, сатҳи касбият ва дониши баланд бошанд, зарур буда, онҳо муаззаф ҳастанд, ки дар зимоми идораи давлат бехиёнат амонати худро иҷро намоянд. Яъне, «табибони ҷомеа» бояд аз тамоми заъфиятҳои ҷомеа огаҳ бошанд, то ин, ки ҳангоми «табобат» ва рафъи мушкилиҳои ҷойдоштаи он муваффақ бошанд. Шумо истилоҳе ба кор мебаред, ки то имрӯз ягон маротиба мавриди истифода қарор нагирифта буд ва то андозае онро метавон чун кашфиёт дар илми сиёсӣ қаламдод намуд. Ин ҳам истилоҳи «табибони ҷомеа» мебошад. Бигӯед, ки ин «табибон» кистанд ва рисолаташон аз чӣ иборат аст? «Табибони ҷомеа» дар маҷмуъ нафарони махсус ва муайяну мушаххас мебошанд, ки давлатдорон бо онҳо доимо дар робитаю ҳамкорӣ қарор дошта, барои таҳким ва рушди маҳорату санъати идоракунӣ, донишу малакаи зарурии онҳо баҳри рушду нумӯи идоракунии давлатӣ тадбирҳо меандешанд. Биёед, қиёсан сухан ронем. Духтур дар раванди табобат дар ибтидо бо варақаи бемор шинос мегардад. Яъне, дар бораи ӯ иттилои зиёд мегирад. Баъдан ӯро ба лаборатория (ташхисгоҳ) барои супоридани анализ мефиристонад. Барои дақиқ муайян кардани дараҷаи беморӣ духтур аз усулҳои муосири ташхис, ба монанди узи, кардиограмма, ЭКГ, рентген, томография, ки бемориро ҳаматарафа таҳқиқ мекунанд, истифода мебарад. Дар ҳолати даркорӣ бо дигар табибон маслиҳату машварат (консилиум) дойир месозад ва дар охир хулосаи худро қабул мекунад. Дар ҳолатҳои зарурӣ барои табобати пурраи ӯ бемор зери назорати мунтазами духтур гирифта мешавад. Айнан ҳамин кори духтурро вакил ва хизматчии давлатӣ дар муайян ва табобати бемориҳои гуногуни ҷомеа иҷро мекунанд. Онҳо низ дар ибтидо омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии пеш қабулшударо анҷом дода, иттило мегиранд. Решаҳои аслии «беморӣ»-и ҷомеаро таҳлилу таҳқиқ менамоянд. Лоиҳаи санади дахлдорро таҳия ва бо роҳбарони сохторҳои зиёд мувофиқа, маслиҳату машварат карда, дар охир онро барои баррасию қабул омода месозанд. Иҷрои онро ташкил ва пайи он назорат мебаранд. Дар охир натиҷаи онро арзёбӣ карда, ҳангоми пурра иҷро гардидан аз назорат мебароранд ё тағйиру иловаҳо барои иҷрои бандҳои дахлдор қабул мекунанд. Аз ҳамин сабаб, вакил ва хизматчии давлатиро низ маҷозан «табибони ҷомеа» номидан иштибоҳ нест. Имрӯз мо баръало дида истодаем, ки «табибони ҷомеа»-и мо, пеш аз ҳама хизматчиёни давлатӣ ва вакилони сатҳи гуногун бо эҷоди василаҳои сиёсат дар омӯзиш, таҳлил, таҳқиқ, қабул ва ворид намудани тағйиру иловаҳо, тафсир, интишор, мураттабсозӣ, мавриди амал қарор додан, боздоштан ва қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (бо ин амали худ ӯ сиёсатро роҳандозӣ мекунад) дар маҷмуъ техника ва технологияи идоракунии аҳли ҷомеаро истифода бурда, корҳои муҳим ба субут мерасонанд. Аз ин бармеояд, ки хизматчиёни давлатӣ ва вакилони сатҳи гуногун дар идоракунии мақомоти давлатӣ нақши хеле муассир ва бузург доранд. Пас зарурат ҳаст, ки онҳо пеш аз ҳама ин санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар сатҳи баланд аз худ намоянд ва дар табобати бемориҳои ҷомеа ин муносибатҳоро сари вақт ислоҳу танзим намоянд. Бо роҳандозии ин кори пурмасъулияту мураккаб онҳо рисолати таърихии худро назди халқ - сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ ва Сарвари Муаззами давлат метавонанд иҷро намоянд. Дар идоракунии давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон, кишварҳои пешрафтаи Малайзия, Сингапур, Таиланд, Япония ва чанди дигар имрӯзҳо ба ҳамин гуна менеҷерон (хизматчиёни давлатӣ) аҳамияти зиёд дода истодаанд, ки ин бесабаб нест, зеро онҳо ҳамчун «муҳаррик»-и рушди ҷомеаву таҳкими давлату давлатдорӣ ҳастанд. Хуб, бармеояд, ки хизматчиёни давлатӣ бояд аз тамоми санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ бархурдор бошанд. Яъне, то андозае онҳо бояд улуми сиёсатшиносиву ҳуқуқшиносиро низ балад бошанд, то ин ки фаъолияти худро густурдатару босифаттар ба роҳ монанд… Оре. Ба касе пӯшида нест, ки Сарвари давлат, дастгоҳи давлатӣ, мақомот, роҳбари мақомот, хизматчиёни давлатии ин ва ё он мақомот, аҳли ҷомеа ва соҳаҳои мухталифро танҳо ба василаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ идора мекунанд, ки он эҷоди сиёсат ном дорад (М.Н). Дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (аз 26 марти соли 2009, №506) ба низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 номгӯи санадҳо дохил мешаванд, ки инҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, сананҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшудаи кишвар, кодексу қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои вазорату идораҳо, ки 10 номгӯ дар марказ ва 5 номгӯро дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ ташкил мекунанд, ҳамчунин дигар санадҳо мебошанд. Аз ин чунин хулоса кардан мумкин аст, ки сатҳ, сифат ва самараи идоракунии давлатӣ аз салоҳият, соҳибкасбӣ ва дараҷаи таҳсилоти ин нафарон вобастагии зиёд дорад. Пас суол ба миён меояд, ки санади меъёрии ҳуқуқӣ чӣ ҳуҷҷате будааст, ки тамоми тақдири мо аз он вобастагӣ доштааст? Дар моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» тафсири он чунин оварда шудааст: «Санади меъёрии ҳуқуқӣ ҳуҷҷати расмии шакли муқарраршудаест, ки бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ ё аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё худидоракунии шаҳраку деҳот ё шахси мансабдори ваколатдори давлатӣ қабул гардида, хусусияти умумиҳатмӣ дорад ва меъёрҳои ҳуқуқиро муқаррар менамояд, тағйир медиҳад ва ё бекор мекунад». Аз ин рӯ, таҳия, тасдиқ, қабул, бақайдгирӣ, мавриди амал қарор додан, интишор, назорат, тағйир додан, илова ворид намудан, қатъ кардан ё боздоштани амали ин 15 Номгӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки як низоми муайянро ташкил медиҳанд, ваколати ҳуқуқшинос аст ё сиёсатмадор? Дар кадом амали ин занҷираи пайдарҳам сарҳад муайян мегардад? Агар идоракунии мақомот, ҷомеа, соҳа ва аҳолӣ доимо дар ҳаракат, раванд, рушд, инкишоф, яъне бо сиёсат идора шавад, пас санади меъёрии ҳуқуқӣ чист? Ин ҳуҷҷат аст ё сиёсат? Сарҳад миёни онҳо чи тавр муайян ва муқаррар мешавад? Ин суолҳоест, ки олимони соҳа имрӯз бояд посухгӯи онҳо бошанд. Салмони Соваҷӣ фармуда: Аҳволи меҳру маҳро карда равшан, Аъмоли мулку динро килки ту баста қонун. Пас, имрӯз ба дӯши хизматчиёни давлатӣ, бо истилоҳи Шумо, «табибони ҷомеа», масъулияти бузурге дар идораи давлат вогузошта шудааст… Дуруст қайд кардед. Илова намудан лозим аст, ки бо омӯзиш, таҳлил, таҳқиқ, қабул ва ворид намудани тағйиру иловаҳо, тафсир, интишор, мураттабсозӣ, мавриди амал қарор додан, боздоштан ва қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ҳадафи асосиаш риоя, танзим, ҳамоҳангии муносибатҳои гуногуни ҷомеа бо риояи адл, адолатнокӣ, адолатпарварӣ ва адолатхоҳӣ танзим мегардад. Бояд имрӯз мо пояю аркони давлатдории навини соҳибистиқлолро бо эҷоди сиёсати жарфандешона пойдору устувор гардонем. Дар маҷмӯ мо хулоса карда метавонем гӯем, ки вакил ва хизматчии давлатӣ нафаре мебошад, ки қобилияти махсуси дидан дорад. Яъне ӯ метавонад муаммо ва проблемаҳои ҷомеаро бинад ва барои ҳалли онҳо чораҳо андешад. Аз ҳамин сабаб онҳо шахсони зирак, доно ва хеле заки мебошанд. Моро низ зарур аст, ба суханони бузургони худ таваҷҷуҳ намоем, ки гуфтаанд: Бувад адл сармояи давлатдорӣ, Зи адл аст бозуи давлат қавӣ. Дар тақвияти гуфтаҳои боло хулосаю таклифҳои зеринро зарур мешуморам: 1. Фаъолияти аҳзоб дар самти дарёфт, тарбия ва тайёр кардани номзадҳо барои интихоби вакили бояд хеле ҷиддӣ бошад; 2. Маводҳои зиёди илмӣ ва дастурҳо барои хониши мустақилонаи вакилон ва хизматчиёни давлатӣ таҳия ва сари вақт манзур карда шавад; 3. Мақомоти давлатӣ ба хониши идоравии вакилон ва хизматчиёни давлатии худ ҷиддӣ муносибат карда, дар сатри алоҳидаи буҷет харҷи маблағи заруриро ҳамасола пешбинӣ намоянд; 4. Такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар самти идоракунии соҳавӣ (вазорату идораҳо) бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола баррасӣ ва қабул карда шавад. 5. Барои омода кардани коршиносони миллии идораи давлатӣ аз ҳисоби ҳуқуқдонон, сиёсатшиносон, иқтисодчиён, файласуфон ва дигар мутахассисон таъҷилан ҷораҳои зарурӣ андешида шаванд. 6. Барои таҳия ва чопи китобҳои дарсии хеле лозимаи идоракунии давлатӣ ва дастурҳои илмии сатҳи баланд озмунҳо бо харҷи маблағи зарурӣ баргузор карда шаванд. 7. Вобаста ба таҷрибаи ислоҳоти соҳаи идоракунии давлатии кишварҳои пешрафта хуб мебуд, агар дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи миллӣ оид ба ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ таъсис дода мешуд. Мувофиқ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи идораи давлатдорӣ ва самти хизмати давлатӣ имрӯз ҳамоҳангсозию мураттабии фаъолияти мақомоти марказию маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳоло ба дӯши хизматчиёни давлатӣ гузошта шудааст. Онҳо тибқи дастурамали мансабии худ масъули омӯзиш, таҳлил, таҳқиқ ва таҳиякунандаи номгӯи зиёди санадҳои идоракунии дахлдор мебошанд. Агар ҷавҳари сиёсат риояи манфиатҳои зиёди қувваҳои гуногуни ҷомеа бошад, пас ҷавҳари ҳуқуқ - ин риояи адл, адолат ва адолатнокӣ дар ҷомеа мебошад. Дар раванди табобати бемориҳои ҷомеа «табиб», яъне хизматчии давлатиро зарур аст, ки омӯзиш, таҳлил ва таҳқиқи ӯ пеш аз ҳама ба манфиати миллат, мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа равона шуда бошад. Танҳо чашми тезбину нуктасанҷи хизматчии давлатӣ метавонад масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаро бинад, муайян созад ва бо истифодаи роҳу усулҳои муосири идоракунии давлатӣ онҳоро бартараф намояд. Аз ин лиҳоз, масъулияти «табобат»-и бемориҳои ҷомеаро ба зиммаи худ гирифтан, яъне хизматчии давлатӣ шудан кори осон ва саҳл нест. Аз вай пеш аз ҳама дониш, маҳорат ва малакаҳои махсус тақозо мегардад. Хизматчии давлатӣ то андозае бояд сиёсатдон, ҳуқуқшинос, иқтисодчӣ ва менеҷер бошад. Барои таҳқиқи ҳатто як «беморӣ»-и хурди ҷомеа зарурати даҳҳо адабиёту қонунҳоро мутолиа ва таҳлил намудан пеш меояд. Умуман, мо бояд марҳила ба марҳила ба принсипҳои идоракунии меритократӣ гузарем, ки хушбахтона, имрӯз аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар амалӣ шуда истодааст. Меритократия, яъне «ҳокимияти арзандаҳо». Ҳеҷ кас мухолифи ин назар нест, ки он ба нафъи ҷомеаву кишвар равона карда шудааст, аммо роҳандозӣ намудани ин принсипи идоракунӣ мувоҷеҳ ба мушкилиҳо дучор намегардад, чун бояд бисёр қолабу монеаҳо ба монанди маҳалгароӣ, авлодпарастӣ ва «сарпарастӣ», ки мутаассифона то андозае имрӯз домангири ҷомеаи муосири мо ҳастанд, баршикаста шаванд? Хуб, мову шумо аз ин мафҳум бархурдор ҳастем, аммо ба хонандагон ин ҷо мехоҳем мафҳуми «меритократия»-ро шарҳ диҳем. Меритократия аз калимаи лотинии meritus-арзанда ва калимаи юнонии kratos-ҳокимият, идоракунӣ гирифта шудааст. Ин чунин усули идоракунист, ки тибқи он зимоми раҳбарияти зинаҳои гуногуни ҷомеаву давлат бар дӯши ашхоси боистеъдод, новобаста аз кадом қишри ҷомеа ва дорои кадом вазъи молиявӣ буданашон бояд вогузошта шавад. Ин принсип ғолибан бо ду маъно истифода мегардад. Маънои аввал ба сохторе мувофиқат мекунад, ки такя бар он роҳбарон аз ашхоси боистеъдод, ки таҳти сарпарастии давлат қарор доранд ва онҳоро дар Юнони Қадим талант меномиданд, интихоб мегарданд. Дуввум маъно, ки паҳншудатар аст, бунёди шароити аввалияро барои афроди меҳнатдӯст ва боистеъдодро тақозо мекунад, то ин, ки онҳо дар оянда тавонанд дар шароити рақобати солим сазовори обрӯву мақоми баланд дар ҷомеа гарданд. Баъдан, истифодаи чунин усули идоракунӣ метавонад бисёр монеаҳоро бартараф созад, чуноне ки коршиноси амрикоӣ, асосгузори назарияи «ҷамъияти пасоиндустриалӣ» Дэниэл Белл соли 1973 дар асари хеш тахмин мекард, ки меритократия метавонад зуҳуроти манфӣ, ба мисоли бюрократияро маҳв сохта, сохтори иҷтимоии ҷомеаро куллан ва мусбӣ тағйир бидиҳад. Назарҳои мушобеҳро ҳамчунин намояндагони неоконсерватизм дар илми сотсиологияи Ғарб доштанд (масалан, Збигнев Бжезинский). Умуман, бисёр нависандагону таҳлилгарон, азҷумла Майкл Янг, Леонид Леонов ва дигарон дар осори хеш ҳамин мавзӯро пайгирӣ кардаанд. Агар ба таърих назар андозем, хоҳем дид, ки Чин дар бархе лаҳзаҳои таърихиаш ба пиёда сохтани сохтори меритократӣ наздик будааст. Масалан, замони ҳукмронии сулолаи Сун системаи сезинагии имтиҳонот-кэтсзюй вуҷуд дошт, ки тибқи он ба роҳбарият он довталабоне интихоб мешуданд, ки беҳтар аз дигарон санъат, ҷаҳонбинии конфутсианӣ ва масъалаву қазияҳои маъмуриву ҷомеавиро балад буданд. Дар кишварҳои мухталиф роҳандозии ин принсип гуногун будааст. Масалан, дар ИМА ақидае пойдор аст, ки усули меритократия он ҷо аллакай пойдор шудааст ва дастовардҳои фардии амрикоиён вобаста ба истеъдод, меҳнатдӯстӣ, қонуниятҳои зиндагӣ ва маънавиёташон аст (аммо ин ҷо, мегӯянд коршиносон, мавзӯъ баҳснок аст. А.Д.). Дар Британияи Кабири баъдиҷангӣ (манзурам Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонист) имтиҳонот имкон дод, ки намояндагони синфи коргар ба қишри миёна (средний класс) ворид гардида, дар соҳаҳои зеҳнӣ, чун тиббу ҳуқуқшиносӣ, маориф ва амсоли ин соҳибкасб гарданд. Аз ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ ҳангоми ҷалб намудан ба идоракунии давлатӣ бештар дар Қазоқистони имрӯза аҳамияти хоса дода, ин принсипро ба қонуни хизмати давлатии кишвар аз 1 январи соли ҷорӣ ворид намуданд. Аммо меритократия низ, чун дигар падидаву зуҳуроти иҷтимоиву сиёсӣ мунаққидони худро дорад, ки мегӯянд «муайянсозии универсалии «истеъдод»-ҳо то ҳол вуҷуд надорад». Ба ҳар ҳол, самаранокии ин принсипро таърих собит сохтааст. Хушбахтона, имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба кори идоракунии давлатӣ ҷалб намудани афроди лаёқатманду боистеъдод аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад, ки системаи озмунӣ ҳангоми ишғоли вазифа бозгӯи ин гуфтаҳост ва тасдиқи ин аст, ки Ҳукумат ва Сарвари Муаззами кишвар сиёсати хирадмандонаву дурандешонаро дар самти рушди ҷомеаи баробарҳуқуқ ва нашвунумӯи давлатдории миллиро пиёда месозанд. Исбот гардидааст, ки душвортарин кор муқаррар кардани андозаи лозимаи мувозинати манфиатҳои қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад. Зеро ин гурӯҳҳои манфиатдор доимо ҷонибдори ҳалли мусбии манофеи хеш ҳастанд. Ба танзим даровардан ва идора кардан, ҳамоҳангсозӣ, мураттабсозӣ, ба як мувофиқа овардани риояи манфиатҳои қишрҳои гуногун илм ва санъати махсусро талаб мекунад, ки онро «сиёсат» меноманд. Имрӯз дар раванди идоракунии муосири давлатӣ ба вакилон ва хизматчиёни давлатӣ маҳз ҳамин талабот зарур аст. Саъдии бузург овардааст: Раёсат ба дасти касоне хатост. Ки аз дасташон дастҳо бар худост. Дар фарҷоми сӯҳбат бояд зикр намуд, ки бесабаб Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни давлатиро "нерӯи пешбарандаю таҳкимбахши давлату давлатдорӣ” нагуфтааст. Аз ин сабаб, онҳоро зарур аст, ки дар иҷрои вазифаи пурмасъули хеш дар самти ҳалли мушкилоти ҷомеа тамоми кӯшишу ғайрат ва донишу маҳорату малакаи худро равона созанд. ©Мусоҳиб Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.