Муштзанӣ кори далерон аст.29-03-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 463 нафар
Назарҳо: 0
Ягон нафар сарватманд боксёр намешаваду ягон тиҳикиса ба голф шуғл навазидааст.
Дар бораи бокс - мусобиқаи муштзанӣ ҳанӯз Ҳомер навишта буду дар барномаи бозиҳои олимпии Рими куҳан муштзанӣ яке аз навъҳои маъмули мусобиқа маҳсуб меёфт. Фарқияти мусобиқаи муштзании онрӯза аз бокси кунунӣ дар он буд, ки дар қадим ҳарб вақти муайян надошт. Варзишгарон то замоне якдигарро мекуфтанд, ки яке бояд бехуд мегардид ва ё яке ба мағлубияти худ тан медод. Тез -тез ҳолатҳое рух медод, ки мусобиқа ба фоҷиа анҷом меёфт. Дар нахустин набардҳо вазифаи дастпӯшакҳои имрӯзаро тасмаҳои чармӣ ба ҷо меоварданд. Дар асри чоруми то милод бошад, прототипи дастпӯшакҳои имрӯза пайдо гардид, ки ба онҳо тугмачаҳои фулузӣ насб карда шуда буданд. Ҳарчанд бо мурури замон техникаи бозӣ, қоидаҳои он тағйир ёфт, ҳакам – довар дар ҳама давру замон дар бокс мавқеи махсус дошту ягон мусобиқа бе он намегузашт. Ватани бокси муосирро ба давлати Англия нисбат медиҳанд. Ибтидои асри 18 дар ин сарзамин нахустин рингҳои боксёрӣ пайдо шуданд. Асосгузори ин навъи варзиши ҷадид Ҷеймс Фиг буд, ки дар найзабозӣ маҳорати хуб дошт. Ин варзишгар клуби «Амфитеатри Фигга»-ро таъсис дода, хоҳишмандонро ба ин навъи варзиш ҷалб кард. Аввалин қоидаҳои муштзанӣ соли 1865 дар Англия пайдо шуда андозаи ринг, вақти мусобиқа ва вазни дастпӯшакҳо муайян карда шуданд. Бо вуҷуди он, ки бокс дар муддати кӯтоҳ ба кишварҳои зиёде паҳн гардида, шуғли асосии як гурӯҳ мардум шуд, муассисони бозиҳои якум ва дуюми олимпӣ боксро чун варзиши хавфнок ҳисобида, ба мусобиқа шомил накарданд. Танҳо соли 1904, замоне, ки ин навъи варзиш дар Амрико бениҳоят маъмул гардида, варзиши асосӣ дониста шуд, бокс шӯҳрат пайдо кард. Баъди чор соли дигар дар Лондон бокс чун намуди бозии олимпӣ ба ин мусобиқаи умумиҷаҳонӣ ворид карда шуд. Соли 1912 бошад, дар Стокголм боз бокс аз рӯихати навъи бозиҳои олимпӣ берун монд. Фақат баъди соли 1920 бокс дар қатори дигар намудҳои бозиҳои варзишӣ дар олимпиадаҳо роиҷ гардид. Дар бозиҳои олимпӣ муштзанҳои машҳури олам: Муҳаммад Алӣ, Ҷо Фрейзер, Ҷорҷ Формен, Шугар Рей Леонард, Флой Петерсон, бородарон Спайксҳо ва Эвандер Холифилд ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ гардида, баъдан дар бокси касбӣ маҳорати хешро то ҳадди олӣ расониданд. Дар мусобиқаҳои олимпӣ бокс ягона намуду варзиш аст, ки дар он синну соли варзишгар ба эътибор гирифта мешавад. Боксёр набояд аз 17 сола хурд бошаду аз 32 сола калон. Оғоз аз соли 1952 нафаре, ки дар мусобиқаи нимфиналӣ мағлуб мешавад, сазовори медали биринҷӣ мегардад. Бозӣ барои ҷои сею гузаронида намешавад. Мусобиқаи олимпӣ бояд ба задухӯрд – ҷанҷол табдил наёбад. Боксчӣ бо майкаи махсус ва кулоҳи муҳофизатӣ ба майдон барояд. Мусобиқа аз се раунд иборат мешавад. Барои соҳиб шудан ба медали тиллои олимпӣ варзишгарро зарур меояд, дар як ҳафтаи мусобиқа панҷ бозиро буррад. Дар ҳама давраи баргузории бозиҳои олимпӣ боксёрҳои амрикоӣ медали бештар ба даст овардаанд. Имрӯз бошад, давлати Куба дар сафи пеш меистад. Танҳо дар бозиҳои олимпии Барселона (соли1992) ба боксёрҳои Куба муяссар гардид, ки аз 12 медал ҳафтои онро соҳибӣ намоянд. Соли 1996 дар Атланта варзишгарони «Ҷазираи озодӣ» сазовори чор медали тилло ва се нуқра гардиданд. Дар тамоми таърихи бозиҳои олимпӣ танҳо ду муштзан тавонистанд, ки се маротибагӣ сазовори медалҳои тилло шаванд. Инҳо Л. Лапп аз Венгрия ва Т. Стивенсони кубагӣ мебошанд. Оғоз аз соли 1986 аъзои комиссияи махсуси Ассотсиатсияи байналмилалии хабарнигорони варзиш рӯихати боксёрони беҳтаринро аз 27 кишвар тартиб медиҳад. Аз ин шумора варзишгарони танҳо ду давлат: СССР ва Куба тавонистанд дар 12 категорияи мусобиқа миёни муштзанҳои дунё бартарии худро нишон диҳанд. Замоне, ки бокс чун навъи маъмулии варзиширо касб кард ба он намояндагони ҷинси латиф-занону духтарон низ рағбат пайдо карда байни худ мусобиқаҳо мегузаронидагӣ шуданд. Дар Тоҷикистон низ баробари рушди дигар намудҳои варзиш клубу маҳфилҳои беши муштзанҳо рӯи кор омада, иштироки муштзандухтари тоҷик Мавзуна Чориева дар мусобиқаҳои минтақавию ҷаҳонӣ ба ӯ имкон дод, ки роҳхати бозиҳои олимпиро ба даст оварад. Он рӯзе, ки Мавзуна чун байрақбардори кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар бозиҳои олимпии Пекин аз майдон мегузашт, касе аз ёд бароварда наметавонад. Ин Гурдофариди тоҷик дар ин олимпиада тавонист медали биринҷиро ба даст оварда, ба оламиён исбот кунад, ки варзишгарони тоҷик аз ҳамтоёни худ ҳеҷ мондание надоранд. Феълан баробари Мавзуна даҳҳо духтарони тоҷик баробари мардон дар риштаи муштзанӣ устокор шуда, бо иштироки худ дар мусобиқаҳои мухталиф нуфуси варзиши тоҷикро боло мебаранд. Таҳияи Маъруфи Бобораҷаб Манбаъ: Интернет |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.