Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҲАР КАСЕ, К-Ӯ ДУР МОНД АЗ АСЛИ ХЕШ...

ҲАР КАСЕ, К-Ӯ ДУР МОНД АЗ АСЛИ ХЕШ...

Вчера, 14:17
Хабарро хонданд: 20 нафар
Назарҳо: 0
Дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат

ҲАР КАСЕ, К-Ӯ ДУР МОНД АЗ АСЛИ ХЕШ...
Зимни суханони табрикотӣ дар ҳамоиши тантанавӣ ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода ба чанд нуктае таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуд, ки бояд фарогири фаъолияти ҳамарӯзаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бошанд. Асоситарин ва муҳимтарини онҳо бо мардум будан ва миёни мардум қарор доштан аст.
Ҳизби мо зодаи азму иродаи Пешвои миллат ва халқи Тоҷикистон буда, тамоми саъю талоши худро баҳри амалӣ намудани ҳадафу ниятҳои неку созанда равона намудааст.
Бояд ҳар кадом узви ҳизб ба дарки ин маънӣ бирасад, ки манфиати ҳар кадом табақаи мардум, занону ҷавонон, гурӯҳҳои осебпазир аз маъюбону ятимон гирифта, то нафақахӯрону оилаҳои камбизоат аз ҷониби ҳизб ҳимоя карда мешавад.
Рушд кардани фарҳанги сиёсии ҷомеа аз ҷумлаи самтҳои дигари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ буда, набояд нодида гирифта шавад. Фарҳанг марбут ба тамоми ҷомеа буда, сиёсатзада кардани он, аз ҷумла бовару эътиқодоти динӣ, киҷузъи фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад, амалест нораво ва бар зиёни ваҳдату иттиҳоди миллат.
Ҷавонон созандагони ояндаи босафои кишваранд ва бояд пайваста зери таваҷҷуҳи ташкилотҳои ҳизбӣқарор гирифта, ба дархосту ниёзҳои онҳо саривақт диққати зарурӣдода, муносиб вокуниш сурат гирифта, ҳадди имкон шароити сазовори талаботи онҳо фароҳам оварда шавад.
Ба муносибати “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон гаштани солҳои 2025-2030 аҳаммияти ин бахши фаъолият як ба чанд афзуд. Гузариши ҳар чи бештар ва зудтари соҳаҳои иқтисоди кишвар ва умуман, ҷомеа, аз ҷумла зиндагии муқаррарӣ ва маишати мардум ба технологияҳои иттилоотию рақамӣ имкон фароҳам меоварад, ки пеши роҳи амалҳои коррупсионӣ гирифта, ҷиҳати решакан кардани он қадамҳои устувор гузошта шавад.
Истифодаи зеҳни сунъӣҳам ба ҳамин ҳадаф нигаронида шуда, пешрафтҳои азимеро дар самти расидан ба зинаҳои нави маърифату технологияи сатҳи ҷаҳонӣ дар пай дорад.
Самтҳои номбурдаи фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ танҳо дар он сурат ва ҳолат самараовар ва натиҷабахш мегарданд, ки бо назардошти манфиати давлат, сулҳу оромиши кишвар ва зери шиори “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол - Ватани маҳбуби ҳамаи мо” татбиқи амалӣ пайдо намоянд.
Мо як лаҳза ҳам набояд фаромӯш кунем, ки мафкураи миллии худро соҳибем ва ин мафкураи миллӣ аз таъкидҳои пайдарпайи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гуфтори таърихии эшон “Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон!” сарчашма мегирад.
Пешвои миллат мунтазам таъкид менамоянд, ки миллат бе худшиносии миллӣ, эҳтиром ба гузашта ва ҳифзи забону фарҳанг пойдор намемонад. Аз ин рӯ, гуфтори “Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон!” метавонад мардуми мамлакатро барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, ки дин ҷузъе аз он мебошад, муттаҳид созад.
Ин бедорӣ танҳо ба хотири он аст, ки дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза ҷою мавқеи худ ва манфиату зарари худро донем, яъне ҳадду чигунагии фарқи худро аз дигарон (ба монанди миллат, забон, дин, нажод, аслу насаби умумӣ, таърих, ҷуғрофия-ватан, давлатдорӣ, фарҳанги миллӣ ва дигар арзишҳо) ба хубӣ ва огоҳмандона донем. Хулоса, худшиносии миллӣ беҳтарин кушоишгари пешрафту тараққии давлати миллист.
Имрӯз зарур аст ҷавонон бидонанд, ки мусулмон будан ҳеҷ гоҳ бо тоҷик будан дар таноқуз ва таоруз нест, аммо бо ифтихор аз тоҷик будан метавон аз дини худ ҳам ба таври шоиста ҳимоят кард.
Бо гузашти қарнҳо тоҷик будан худ ба маънои мусулмон будан аст. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат борҳо таъкид медоранд, ки “дини мо ё мусулмонии моро касе аз мо дигар гирифта наметавонад!”, яъне мусулмон шудани мо - тоҷикон ҷараёни ба охиррасида мебошад. Тоҷик будан худ пояи устувори худшиносӣ ва диндорӣ аст.
Мо тоҷикем - бо забон, бо фарҳанг, бо таърих ва бо исломе, ки бо забони модарии мо ва арзишҳои хирадмандонаи форсӣҳамгун шудааст. Дар хотир дошта бошем, ки тоҷик буданамон аз замони яктопараст шудани гузаштагонамон, яъне аз Зардушт то Муҳаммад (с) ва аз “Авасто” то “Қуръон” як равиши мантиқӣ дар таърихи диндории миллиамон гардидааст.
Дар ОинномаиҲизби Халқии Демократии Тоҷикистон қатъӣ таъкид гаштааст, ки “Ҳизб дастовардҳои афкори пешқадами ҷомеаро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, расму ойин ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, таассуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм (ифротгароӣ), сепаратизм (ҷудоихоҳӣ), терроризмро қатъиян маҳкум намуда, таҳкими ҳувияти миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияти худ мешуморад” (боби 1, банди 4).
Муқаррароти мазкур дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба самтҳои муҳимтарини рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тақвияти мантиқии худро пайдо намудааст. Дар он масъалаҳои густариши худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва тақвияти маърифати сиёсӣ муҳим ва рӯзмарра дониста шудааст (зербанди 1.1).
Бинобар ин, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода кӯшиш дорад, ки масъалаҳои ҳимоя ва таблиғи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ, пешгирӣ аз таассуб ва хурофот дар меҳвари тадбирҳои барномавии ҳизбӣ, пеш аз ҳама, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ қарор дошта бошад.
Нурулло ҲАБИБУЛЛОЗОДА,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
шаҳри Турсунзода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: