Вохӯрии сайёри Муовини аввали ҲХДТ ва ҳайати гурӯҳи корӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар бемористони " Бодкина " - и шаҳри Маскав22-06-2024, 13:35
Хабарро хонданд: 2790 нафар
Назарҳо: 29
22 июни соли ҷорӣ таҳти роҳбарии муовини аввали Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим, роҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар Федератсияи Россия Мирзомиддинов Саидбек ва корманди Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Вализода Назаралӣ вохӯрии сайёр бо муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бемористони "Бодкина" - и шаҳри Маскав баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Муовини аввали Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор дар бораи сиёсати имрӯзаи давлати Тоҷикистон ва кӯшишҳои Ҳукумат дар роҳи дастгирии ҳамаҷонибаи муҳоҷирон, вазъияти имрӯзаи ҷаҳон, таваҷҷуҳи Хукумат ба муҳоҷирини меҳнатии Тоҷикистон изҳори андеша намуда, аз наздик бо шароити кор ва будубоши онҳо шиносоӣ пайдо карданд. Лозим ба ёддоварист, ки шароити будубош ва кору фаъолияти шаҳрвандони Тоҷикистон дар бемористони "Бодкина"- и шаҳри Маскав хуб арзёбӣ гардид. Мавсуф шаҳрвандонро дар хориҷи кишвар ба дӯстӣ, муттаҳидӣ, рафтори шоиста, муносибатҳои неки ахлоқӣ ва риояи қонунҳо даъват намуда, хотирассон карданд, ки онҳоро Ватан ва хешу табор интизоранд. Бамаврид зикр намуд, ки Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар таҳрири нав қабул гардида, ба мақсади ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон, инчунин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, таълиму донишомӯзӣ, тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ равона шудаанд Сипас, диектори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода А. Ғ. дар бораи тарзи муносибат бо фарҳанги давлати будубош, таҳаммулгароӣ, маданияти муҳоҷирон дар хориҷ, изҳори назар намуда, шаҳрвандонро ба рафторҳои баланди ахлоқӣ ва инсонӣ даъват краданд. Мавсуф ҳамзамон хотирасон карданд, ки дини мубини ислом манбаи ахлоқи баланд ва рафтори шоистаи инсонӣ аст, намои асли мусулмон дар қалби тоза ва муносибати неку беғаразонаи ӯст на дар ришу на дар сару либос. Асли ибодат рафтори ҳамидаи неки инсонӣ аст. Ҳамчунин, дар бораи мазмун ва моҳияти Қонуни миллии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», ки ба тозагӣ қабул шуд, ба муҳоҷирони меҳнатӣ фаҳмонида шуд. Қайд карда шуд, ки мақсаду ҷавҳари он ҳифзи манфиатҳои мардуми мусулмони Тоҷикистон ва таъмини шароити арзандаи зиндагӣ аст. Муҳоҷирон сӯҳбату мулоқоти аъзои кориро хуб пазируфта, хоҳиш карданд, ки чунин вохӯриҳо дар низ оянда бештар карда шаванд. Дар анҷом, масъулони вохӯрӣ ба саволҳои шаҳрвандон ҷавоб дода, онҳоро ба муттаҳидӣ, ваҳдату якпорчагӣ ва риояи қоидаҳои будубош дар кишвари хориҷ даъват намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.