ДАР ХОТИР ДОРЕД: СИЛ АВЛОДӢ НЕСТ!9-04-2024, 13:22
Хабарро хонданд: 2345 нафар
Назарҳо: 0
24 - уми март - Рӯзиҷаҳониимуборизабо бемории сил
Ҳамасола 24-уми март дар ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории сил таҷлил мешавад, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ аз мушкилоти сил ва сафарбар кардани кӯшишҳо барои рафъи эпидемияи глобалии ин беморӣ пешбинӣ шудааст. Он аз ҷониби Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) ва Иттиҳоди байналмилалии зидди бемории сил ва шуш соли 1982 таъсис дода шудааст. Санаи интихоби 24-уми март аз он сабаб буд, ки дар ин рӯзи соли 1882 доктор Роберт Кох бактерияи ангезандаи бемории сил - чӯбчамикроби Кохро кашф кард. Дар соли 2024, ба мисли соли гузашта Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо сил (24-уми март) таҳти шиори "Бале, мо метавонем ба бемории сил хотима диҳем!" ҷашн гирифта шуд. Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо сил фурсатест барои таҷдиди уҳдадориҳои мо ҷиҳати барҳам додани бемории сил, андешидани чораҳои зарурӣ. Бо дарназардошти хулосаҳои ҷаласаи сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба бемории сил дар моҳи сентябри соли 2023, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба сармоягузории зарурӣ барои мубориза бо сил, татбиқи тавсияҳои охирини Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва воридсозии равишҳои навоварона саъю кӯшиш карда истодааст. Нақши Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили шаҳри Душанбе дар ташхис, табобат ва пешгирии оризаҳои сил чист? Ба ин ва дигар саволҳо рӯзноманигор Шервони Умриддин бодиректори Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили шаҳри Душанбе Бобоҷони Пирмаҳмадзодасуҳбат орост, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандагон мегардонем. - Роҷеъбабемориисилваоқибатҳоиондар байниатфолчӣандешадоред? - Сил ин бемории сироятӣ, яъне гузаранда, музмин ва аз сатҳи иҷтимоӣ вобастагӣ дошта, барангезандаи хоси худ -чӯбчамикроби силро доро мебошад. Сил аз қадимулайём вуҷуд дорад ва ба инсон маълум аст. Сарчашма ё манбаи пайдоиши он шахси бемор мебошад. Аз ҳама манбаи хавфноктарин беморе мебошад, ки гирифтори бемории сили шакли микробхориҷкунанда аст. Ингуна беморон дар як шабонарӯз беш аз миллиард адад микроб хориҷ мекунанд ва агар микроб бо ҳавои нафаси бемор хориҷ шавад, атрофиён зуд сироят меёбанд. Тавре ишора кардем, барангезанда ё бавуҷудоварандаи бемориро микробактерия ё худ чӯбчамикроби сил ё Кох (номи олиме, ки онро кашф кардааст) меноманд. Роҳи асосии паҳншавии сирояти сил ин ҳавоӣ мебошад. Микробҳои сил дар вақти гап задан, сулфидан, атса задан бо ҳавоинафаси шахси бемор ба масофаи аз 1,5 то 2 метр ба атроф паҳн мешаванд. Шахси солим аз ин ҳаво, яъне аз ҳавои олудаи микроб нафас кашида сироят меёбад, ба ифодаи дигар, бактерияҳои сил аз шахси бемори сили шушидошта ба одами солим ба воситаи роҳҳои нафас мегузаранд. - Сил воқеанҳам,табобатшаванда аст? - Ҳарчандбемории сил сироятӣ ва музмин бошад ҳам, хушбахтона,табобатшаванда мебошад. Ҳар чӣқадар беморро мо саривақт дарёфт намуда, ташхисашро дуруст аниқ намоем, ҳамон қадар табобат ҳам ба бемор ва ҳам ба кормандони соҳаи тиб осон ва камхарҷ мегардад. Муҳлати табобати беморони сил вобаста аз миқдор ва намуди устуворият доштани барангезандаи бемориаш ба маводи доруи зиддисилӣ вобастагӣ дошта, курси пурраи табобат ба ҳисоби миёна 6-8 моҳро дарбар мегирад. Дар давраи пурраи табобат хизматрасониҳои тиббӣ ба беморон аз қабили таъминнокии дорувориҳои зиддисилӣ, симптоматикию патогенетикӣ (дар доираи имкониятҳои муассисаи тиббии беморро назораткунанда), ташхисҳо ва ҳама озмоишҳои хун дар рафти назорати табобат ба бемор ройгон пешкаш карда мешавад. - Нишонаҳоиинбеморӣкадомҳоянд? - Аломату нишонаҳои бемории силро ба гурӯҳи нишонаҳои заҳролудшавии умумии сироят ва нишонаҳои хосу ҷузъӣ (ё мавқеӣ) ҷудо кардан мумкин аст. Нишонаҳои умумӣ инҳоянд:сулфаи давомнок, ки ба табобатҳои зиддибактериявӣ бартараф намешаванд, бемадорӣ, хастагии рӯз ба рӯз афзоянда, халал ёфтани хоб, беиштиҳоӣ, лоғарӣ ё худ камшавии вазни бадан, шабонгоҳ арақ кардан (ҳатто ҳаво сард бошад ҳам), таби на он қадар баланд (то 37,9 дараҷа). Нишонаҳои ҷузъӣ вобаста ба мавзеи узвҳоииллатёфтагуногунмебошанд:нафастангӣ, сулфаи давомнок, ки ба табобатҳои зиддибактериявӣ бартараф намешаванд, хунтуфкунӣ, дарди қафаси сина, пайдо шудани дардмандӣ ва варамҳо дар пайванду устухонҳо, дар мавзеи ҷойгиршавии лимфағадудҳои канорӣ, дар мавзеи шикам, калоншавии ҳаҷми шикам, пайдо шудани носурҳо. Инро ҳам бояд донист, ки сил бидуни ҳеҷ аломати хос низ метавонад касро ба «дом»-и худ афтонад. Одатан, дар аксар мавридҳо, шахс ба бемории сил мубтало гашта, бо назардошти сатҳи баланди фаъолияти масунияти бадан ва муборизаи ҳуҷайраҳои иммунӣ бемории ӯ шифоёфта, шахс аз гирифтор шуданаш ба бемории сил огоҳӣ намеёбад. Ин гуна ҳолатҳоро дар аксар вақтҳо ҳангоми рафти муоинаҳои профилактикӣ дарёфт ва муайян мекунанд. - Аксаран нишонаи бемориҳоироҳҳоинафасбааломатҳоихосимаризисилмонандмебошад, хусусандаркӯдаконбештаринҳолатэҳсосмешавад. Яъне, ҳароратибаландибадан, сулфа, бемадорӣ…Чӣгунаметавонин нишонаҳорозуддаркӯдаконмушаххас кард? - Дуруст қайд кардед, аксари нишонаҳои бемории сил ба нишонаҳои дигар иллатҳои узвҳои роҳҳои нафас хос ва монандӣ доранд. Барои чӣ? Барои он ки бемории сил низяке аз намудҳои газакгирии бофтаҳо, шуш ва ё узвҳои роҳҳои нафас мебошад, ки танҳо дар асоси муайян намудани барангезанда ва ҷараёни инкишофёбиаш аз дигар шаклҳои газаки шушҳо (ё пневмонияҳо) фарқ мекунад. Бинобар ин, аломатҳои бемориҳо дар бештар мавридҳо монанд мебошанд.Кӯдакон, ки дар аксар ҳолат ба бемории сили узвҳои ғайришушӣ гирифтор мешаванд ва равиши ҷараёни силӣ дар организмашон равиши хоси худро доро мебошад, дар баробари аломатҳои умумию локалӣ боз дар онҳо хусусиятҳои аллергикии беморӣ ё ин ки аломатҳои параспетсификӣ мушоҳида мешаванд. Вобаста ба ҷойдоштани ин аломатҳо ва шинохтани онҳо, дар кӯдакон метавон саривақт эҳтимолияти доштани бемории силро муайян кард. - Оё гирифторшавии ҳарнафарбабемориисилэҳтимолиятдорад, бахусускӯдакон чӣгунасироятмеёбанд? - Новобаста аз синну солҳар як шахс метавонад ба ин беморӣ гирифтор шавад. Аз ҳама гурӯҳи хатари баланддошта нисбат ба гирифторшавӣ ба бемории сил инҳо мебошанд: Алоқамандон ё ҳамнишинони бемории сил, бахусус кӯдакони хурдсоли ҳамнишини бемории сил, кормандони соҳаи тиб, шахсони бо сирояти вируси норасоии масунияти бадан зиндагикунанда, муҳоҷирони меҳнатӣ, шахсони дорои бемориҳои музмини роҳҳои нафас ва дигар системаю узвҳо. Таврезикркардем, яке аз гурӯҳҳои аҳолии зери хатари баланддошта ба гирифторшавии бемории сил ин ҳамнишинони бемор мебошанд, бахусус кӯдакони хурдсол. Зеро,вақте ки шахси калонсол дар оила ба бемории сил гирифтор шаваду заифу нотавон гардад, то муайян шудани ташхис ва сиҳатёбиаш бештари вақт дар дохили манзил мемонад, ҳамзамон, кӯдакони дар оила зиндагикунанда, ки ҳар чӣқадар хурдсол бошанд, бештари вақт дар дохили манзил бо бемор ҳамнишин мемонанд ва зери хатари баланди сироятшавӣқарор мегиранд. Бинобар ин, кӯдакон низ ба бемории сил гирифтор мешаванд, танҳо тавре ки зикр кардем, равиши ҷараёни бемориашон дар кӯдакон хусусияти фарқкунандаи худро дорад. - Ташхиси туберкулинӣчӣгунааст?Оё гузаронидани ташхиси туберкулинӣбароикӯдаконмуҳимаст? - Аз нуқтаи назари иммунологӣ туберкулин як аллергени мушаххас ва антигени нопурра мебошад, ки ҷузъҳои инфиродии биологии фаъоли Mycobacterium tuberculosis-ро дорад. Онро озмоиши “Манту” мегӯянд. (Манту номи олими Фаронсавӣ, ки ин усулро кашф кардааст). Иммунодиагностика (санҷишҳои мушаххаси ташхисӣ бо истифода аз антигенҳои Mycobacterium tuberculosis) барои муайян кардани ҳассосияти бадан (сироят) ба сил Mycobacterium гузаронида мешавад. Иммунодиагностика ба оммавӣ ва инфиродӣ тақсим мешавад. Гузаронидани иммунодиагностикаи оммавӣ дар муассисаҳои тиббии шабакаи умумии тиббӣ азназаргузаронии аҳолии кӯдаконро барои бемории сил таъмин менамояд. Ин санҷиш маҳз барои муайян кардани шахсони сироятёфта ба амал оварда мешавад. Маҳлули махсусро ба мавзеи оринҷ равон мекунанд, ки он то муддати 3 шабонарӯз дар бадан таассур (реаксия) - ро ба вуҷуд меорад. Ин намуди санҷиш танҳобарои муайян кардани сироятёбии организмаз барангезандаи бемории сил ва ё сироят надоштани шахси тадқиқшаванда гузаронида мешавад. Агар натиҷаи санҷиш мусбат барояд, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар бадани инсон сирояти бактерияҳои сил вуҷуд дорад, ё ин ки реаксияи постваксиналӣ аз БСЖ ба вуҷуд омадааст.Аммо ин маънои онро надорад, ки шахс гирифтори бемории сил мебошад. - Роҷеъбаташхисҳоимуосирифаврӣ ватаҷҳизотизамонавӣкамемаълумот медодед. - Мувофиқи тавсияҳои охирини Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ барои ташхиси бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз усулҳои муосири тезташхискунандаи зерин истифода мебаранд: - усулҳои молекулярӣ-генетикӣ: Xpert MTB/RIF, LPA DR (Хайн тест) ва секвинатсияи геноми микобактерияи сил, - таҳқиқҳои фенотипӣ дар муҳитҳои сахти Левенштейн-Йенсен ва дар муҳитҳои моеъ дар системаи автоматикунонидашуда BACTEC MGIT-960 бо санҷиши ҳассосияти доругӣ (СҲД). Xpert MTB/RIF-системаи тестии автоматикунонидашудаи молекулярӣ-ташхисӣ мебошад, ки таҳлили аксуламали занҷири полимеразиро дар вақти воқеӣ, барои дарёфт намудани ДНК-и микобактерияҳои сил ва мутатсияҳои ба дорувориҳои зиддисилӣустуворро бевосита аз намунаҳои балғам дар давоми 2 соат истифода мебарад. Ба сифати маводи биологӣ балғам, мавод аз лимфағадудҳо, пешоб, моеи ҳарроммағз, моеи пардаи шуш ва шикам бе омехтаи хун ва ғайраҳо истифода бурда мешаванд. Усули Xpert MTB/RIF танҳо бо мақсади ташхис истифода гардида, барои мониторинги самаранокии табобат истифода бурда намешавад. LPA DR plus - усули молекулярӣ-генетикӣ мебошад, ки бо гузоштани гибридизатсия бо зондҳои махсусгардонидашуда асоснок карда шудааст. Ин усул имкон медиҳад, ки мавҷудияти M. tuberculosis ва устувории он ба дорувориҳои зиддисилӣзуд (48-72 соат) муайян карда шавад. - Ҳамчун мутахассис ба волидон чӣ тавсия медиҳед? - Дар мавриди мушоҳида намудани аввалин нишонаҳо дарҳол ба муассисаи тиббӣ муроҷиат кардан, дар давраи мушоҳида шудани аломатҳои беморӣ ва ҷой доштани эҳтимолияти бемории сил ниқоб пӯшидан, ҳангоми сулфидан, атса задан ва гуфтугӯ кардан даҳонро бо рӯймолча ва ё пушти даст пӯшонидан, балғамро дар рӯйи ҳавлӣ, кӯчаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар байни мардум туф накардан, мунтазам тоза карданиҳавои хона, ҳар гоҳе тирезаҳоро кушодан, бо латтаи намнок пок кардани хона, пурра ва то охир табобат гирифтан вабаланд бардоштани сатҳи маърифати тиббӣ. Тарзи ҳаёти солим натанҳо аз бемории сил, балки касро аз аксар бемориҳои дигар ҳифз ваҳимоя менамояд. Шахсе, ки ба тартибу низоми истеъмоли ғизо ва сифати он аҳамият диҳад, варзишро як ҷузъи зиндагии хеш донад, фаъолу серҳаракат бошад, баданро обутоб диҳад, аз мушкилиҳои зиндагӣ руҳафтодаву маъюс нагардад, шаробхӯру майзадаву нашъаманд набошад, аз сигору нос дурӣҷӯяд, гигиенаи шахсиро ҷиддан риоя намояд, ба тозагии бадану сару либос, хонаву дар аҳамият диҳад, дар зиндагӣҳадафу мақсади муайян дошта бошад, сатҳи дониш, аз ҷумла маърифати тиббии худро такмил диҳад, бе ҳеҷ шакку шубҳа худро аз бемории сил эмин нигоҳ дошта метавонад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.