Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тағйиру иловаҳои саривақтӣ

Тағйиру иловаҳои саривақтӣ

14-03-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 293 нафар
Назарҳо: 0
Тағйиру иловаҳои саривақтӣ
Баробари шунидани он ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардидааст, онро саривақтӣ номидам. Зеро рушду инкишофи илму техника ва соҳаву муассисаҳои гуногуни ҷомеа касро водор месозанд, ки меъёрҳои тамоми аснод, минҷумла Конститутсия бо мурури вақт такмил дода шаванд. Ин такмилёбӣ, дар навбати худ, барои рушду такомули бемайлони дигар соҳаҳо, ба монанди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат менамояд.

Ба ҳамагон маълум ва равшан аст, ки қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, таҳти рақами 458 тасдиқ гардидааст. Аз ин пеш бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1998, №355 «Имлои забони тоҷикӣ» тасдиқ гардида буд, ки он дар давоми сездаҳ сол то қабули таҳрири нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» мавриди истифода қарор дошт. Яъне дар тӯли сездаҳ сол дар мақом, инкишоф ва густариши забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва корбурди он дар умури сиёсиву иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва дигар бахшҳо зарурати тағйиру иловаҳо пеш омад.

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи имрӯза имкон медиҳанд, ки меъёрҳои он бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ амал намоянд. Аз ин рӯ, ҳамчун шаҳрванди ҷумҳурӣ мехоҳам, баъзе фикру ақидаҳои хешро вобаста ба тағйиру иловаҳои саривақтии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намоям. Ростӣ, банда аз ҷумлаи ашхосе буд, ки зидди Конститутсияро бо вожаи Сарқонун тарҷума кардан ва бо ин роҳ баъди Конститутсия Сарқонунро дар қавсайн гирифтан буданд. Баъзеҳо умуман ба ҷойи Конститутсияи маъмул, эътирофшуда ва байналмилалӣ Сарқонун мегуфтанд ва ё менавиштанд. Агар Сарқонун ба маънои боло, баланд ва қувваи олӣ ояд, Конститутсия ҳамчун калимаи лотинӣ маънои муайян кардан, муқаррар намудани асосҳои низоми сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа, принсипҳои ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, низоми мақомоти он, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсонро ифода месозад. Ин вожа дар ҳама ҷо маъмул буда, мардуми олам ба маънои он ба хубӣ сарфаҳм мераванд. Ба ин маънӣ, минбаъд аз қавсайн бардоштани Сарқонун айни муддаост.

Якчанд моддаҳо, аз қабили қисмҳои гуногуни моддаҳои панҷум, ҳафтум, ҳаштум, чордаҳум, понздаҳум, шонздаҳум, ҳаждаҳум, бистум, бисту ҳафтум, бисту ҳаштум, сию ҳафтум, чилум ва ғайраҳо хусусияти таҳрирӣ дошта, аз нигоҳи қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ баррасӣ ва ё иваз гардидаанд. Ба ҷойи калима ва ибораҳои «марз» – «ҳудуд», «ташкилот, «иттиҳодия», «эълоншуда»,- «муқарраргардида»,- «ҷиноӣ»-«ҷиноятӣ», «шахсоне»,-«шаҳрвандоне», «пулӣ»-«пардохтшаванда», «туризм»- «сайёҳӣ», «ҷамъият» – «ҷомеа», «қарордод» – «шартнома», «қаламрав» – «ташкил» – «таъсис», «марзиву маъмурӣ» – «маъмурию ҳудудӣ», «маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллӣ» – «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ», «сохти конститутсионӣ» – «асосҳои сохтори конститутсионӣ», «ҳаққи зиндагӣ» – «ҳуқуқ ба ҳаёт», «Ҳокимияти маҳаллӣ» – «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва амсоли инҳо тақвиятгари ин навиштаҷотанд.

Мардуми мо шиоре дорад, ки як ҷавонмард дар чил сол ба воя мерасад. Аз ин рӯ, хуб мешуд, навиштаҷоти моддаҳои 49, 65, 85 ва 89 (синну соли номзад ба Президент, узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе) ба ин навиштаҷот мувофиқ меомад.

Ҳамчун омӯзгор шарҳу тавзеҳи қисми дуюми моддаи сиву чорумро раво медонам. Дар он омадааст: «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд». Ин пешниҳод масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд ва баръакс, вазифаи фарзандони болиғ ва қобили меҳнатро дар нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар муайян менамояд. Акнун байти:

Куҷо фарзанди қобил рафта аз ҳолаш хабар гирад,
Куҷо фарзанди ноқобил гиребони падар гирад,
бо мизони ақлу фаросат баркашида мешавад. Ба ин моддаи Конститутсия табиист, ки Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» асос мегарданд.
Сайфуллоҳ МАҲКАМОВ, номзади илмҳои филология
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: