МАРОМИ ҲХДТ САОДАТИ ХАЛҚ АСТ26-09-2024, 15:04
Хабарро хонданд: 720 нафар
Назарҳо: 0
Ҳизби Халқии Демократиии Тоҷикистонро ормонҳои миллӣ ба саҳнаи сиёсат овард, ки маромаш хидмат ба халқ аст. Моҳи декабри соли равон ба фаъолияти ҳизб 30 сол пур мешавад. Нақши ҳизб ва Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори ҷомеаи навини демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон тайи ин се даҳсола бузург аст. Барномаи он, ки асоси Барномаи амали Ҳукумати мамлакат қарор гирифтааст, Тоҷикистонро на фақат аз вартаю нобасомонӣ раҳо бахшид, балки ба роҳи пешравию тараққиёт ҳидоят намуд. Суҳбате. ки бо доктори илмҳои таърих Хоналӣ Қурбонзода доштем, атрофи ҳамин мавзуъ аст, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони ҳафтанома мегардонем. - Ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои мухталифи ҷамъиятӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи унсурҳои муҳимми инкишофи ҷомеаи мутамаддин буда, дар низоми муносибатҳои байниҳамдигарии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мақом ва нақши худро доранд. Шумо, ки солҳо дар вазифаҳои роҳбарӣ кор кардед, як даъват вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ будед ва тайи ин солҳо фаъолиятатонро бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавъам пеш мебурдед, ба роҳи се даҳсола тайкардаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чӣ гуна баҳо медиҳед? - Ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ навъи муҳимми зуҳуру риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳимояи манфиату талаботи одамон мебошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи созанда, ваҳдатофар ва наҷотбахши миллат вориди саҳнаи сиёсӣ шуда, дар муддати хеле кутоҳи таърихӣ дар ҷомеа мавқеи устувор пайдо кард ва сазовори обрӯву эътибори баланд гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди рисолати ин ҳизб таъкид кардаанд: "Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлоли кишвар буда, аз умқи мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад". Мақсади асосии ҲХДТ, пеш аз ҳама, бунёди давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона буда, ҳадафи асосии он таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва мустаҳкам намудани пояҳои давлати миллӣ мебошад. - Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро чун неруи сиёсии пешбарандаи ҷомеаи навини кишвар ном мебаранд. Шумо инро чӣ гуна шарҳ медиҳед? - Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи умеду ормон ва ниёзҳои мардуми ҷумҳурист, ки тавонист дар як муддати кутоҳ бо обрӯю эътибор ва вафодориву садоқатмандиаш аз ҳама аҳзоби фаъоли кишварамон пеш гузарад ва парчами ободгариву бунёдсозиро баланд бардорад. Сӣ сол дар назди таърих муҳлати хеле кам аст. Аммо фаромӯш набояд кард, ки ҳамин фосилаи кӯтоҳи вақт марҳалаи мураккаби таърихи давлатдории тоҷикон буд. Ҳамагон дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ шоҳиди ба буҳрони сиёсӣ дучор гаштани ҷумҳурӣ будем. Низоми пешин пош хӯрд, Ҳизби коммунист чун яккатози майдони сиёсат дигар аз уҳдаи иҷрои вазифаҳояш набаромад. Ин ҳолат беҳокимиятиро ба вуҷуд овард, ки натиҷааш фалаҷшавии иқтисодиёт ва доман паҳн кардани ҷинояткорӣ буд. Дар он айёми тақдирсоз, ки Тоҷикистон дар гирдоби оташи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт, маҳз ҳизби навтаъсиси мо рисолати пешоҳангиву сулҳофаринӣ, таъмини ваҳдату якпорчагии Ватанамонро ба уҳда гирифт ва имрӯз бо боварии комил гуфта метавонем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз уҳдаи иҷрои ин вазифаи душвор ва пурмасъулият бо сари баланд баромад. Айни замон аҳли диёр дар симои ҳизби мо бузургтарин неруи созандаю илҳомбахшро мебинанд. Як даъват вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будам ва ифтихор дорам, ки маҳз аз ҷониби ҳамин ҳизб ба ин мансаби баланди мардумӣ пешниҳод гардидам. Ман дар ин муддат эҳсос намудам, ки вакилони пешниҳодкардаи ин ҳизб чӣ гуна барои таҳия кардан ва ба тасвиб расонидани санаду қонунҳои барои пешрафти Тоҷикистон бисёр муҳим заҳмат мекашанд. - Далели равшани мустаҳкам шудани мақоми ҳизб ва эътирофи онро дар сатҳи байналхалқӣ дар чӣ мебинед? - Имрӯз робитаи ҲХДТ бо як қатор ҳизбҳои созандаи мамлакатҳои хориҷӣ густариш ёфтааст ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами аҳзоби сиёсии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон яке аз омилҳои ба пирӯзӣ расидани ҲХДТ ба ҳисоб меравад. Дар соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ ин ҳизб мавқеи хешро муайян намуда, барои ноил гардидан ба арзишу муқаддасоти эътирофгардидаи умумибашарӣ талош меварзад. Ақида, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои ғоявии ҳарифони сиёсии хешро дар бисёр мавридҳо эҳтиром намуда, ҳамеша ба гуфтушунуди самарабахш бо дигар ҳизбу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ омода мебошад. Айни замон ба роҳ мондани робитаи мунтазами ташкилотҳои ҳизбӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани ҷавонон, ташаккули фарҳанги сиёсии ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми ҳизб арзёбӣ мегардад. ҲХДТ ҳамчун ҳизби бонуфузи кишвар бобати амалӣ сохтани мақсаду мароми пешгирифтаи роҳбарияти ҳизб ва иҷрои нақшаи дурнамои он тадбирҳои саривақтӣ андешида, ҷиҳати таъмини зиндагии осоиштаи мардум, мустаҳкам кардани алоқа бо қишрҳои мухталифи аҳолӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи меҳанпарастӣ, дӯст доштани Ватан ва амсоли чунин вазифаҳои аввалиндараҷа имкони мусоиди пешрафти фаъолияти минбаъдаро фароҳам месозад. Тӯли 30 соли фаъолият аъзои ҳизб тавонистанд барномаи амалии худро бо мақсади рушди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд равона сохта, на танҳо дар ҳалқаи ҳизбҳои сиёсии мамлакат, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои хориҷи дуру наздик имиҷи сиёсии худро мустаҳкам намоянд. Маҳз ҳамин садоқат ва вафодорӣ ба ҳизб буд, ки ҲХДТ имрӯз яке аз неруҳои пешбари ҷомеа гардидааст. Мақсади аслии ҳизби мо саодати халқи кишвар аст. - Шумо аз ҷумлаи фаъолони ҳизб ҳастед, ки солҳои роҳбариатон чанд ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис додед. Ин ташкилотҳо ба кадом дастовардҳо ноил шуданд? - Соли 2005 дар назди Раёсати маорифи вилояти Хатлон ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи “Маърифат”-ро таъсис додем, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, зиёд кардани теъдоди мактабҳои сохти нав, ба хориҷи мамлакат фиристодани хатмкардагони ҷумҳурӣ ва ғайра саҳми муайян дорад. Ташкилоти ибтидоии “Омӯзгор” дар назди Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии соҳаи маориф дар такмили ихтисоси омӯзгорон нақши муассир гузошт. Ин ташкилот борҳо дар озмунҳои беҳтарин ташкилоти ҳизбӣ дар сатҳи ноҳия, пойтахт ва ҷумҳурӣ мақоми аввалро соҳиб шуда, бо Ифтихорномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сазовор гардидааст. Кумитаи иҷроияи "Ориёфар" дар назди ҶСК "Ориёнбонк" имрӯз дар миёни ташкилотҳои ҳизбии ҷумҳурӣ намуна аст. - Ба андешаи Шумо ташкилотҳои ҳизбӣ дар ҳоли ҳозир фаъолияташонро бояд бештар ба кадом самтҳо равона намоянд? - Аз диди ман ташкилотҳои ибтидоӣ асоси ҳизбро ташкил медиҳанд. Онҳо тарғибгари арзишҳои олии давлатдорӣ, ваҳдату баҳамоӣ, Истиқлоли давлатӣ, бедор кардани ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, баланд бардоштани сатҳи ахлоқи ҳамида, эҳтирому муҳаббат ба ҳамдигар, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир ва ҷиддияту меҳнатдӯстӣ бошанд. Бисёр мехоҳам, ки ҳизби мо дар фазои маҷозӣ низ доимо дастболо бошад. Имкон надиҳем, ки дар рақобатҳои идеологӣ рақибони мо ҷавононро мағзшӯйӣ кунанд. Зеро ҷавонон қишри асосӣ ва ояндаи ҷомеа мебошанд. Ба онҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Онҳоро ба машғулиятҳои судманд ҷалб кард. Масалан, дар деҳот дар баробари дигар намудҳои варзиш барои онҳо бояд шароитҳое фароҳам овард, ки дар баробари дигар машғулиятҳо ба бозии шоҳмот ва шашка машғул шаванд. Зеро ин бозиҳо варзиши ақл аст. Ҳар деҳа бояд китобхона дошта бошад ва ҷавононро ба мутолиа дилгарм бояд кард. Тарбияи онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ ваэҳтиром ба арзишҳои миллӣ ҷиддӣ ба роҳ монд. - Шумо яке аз муаллифони китоби дарсии "Ифтихори ватандорӣ" барои хонандагони синфи 5 ҳастед. Дар сурате, ки дар дигар фанҳо, аз ҷумла таърих, адабиёт ва соатҳои тарбиявӣ атрофи ин мавзуъ сухан меравад, зарурияти таҳияи ин китобро дар чӣ мебинед? - Ғояи таҳияи ин китоб солҳои 2005-2006 бо ибтикори маорифпарвари шинохта, академик Муҳаммадулло Лутфуллозода рӯйи кор омада буд. Бо дастуру ҳидояти устоди арҷманд нақша ва барномаи китоб мураттаб гардид, таҳия ва таълифоти онро устод ба зиммаи ман ва дӯсти зиндаёдам, профессор Ҳасани Муродиён вогузор кард. Ин иқдом ду махсусият дорад. Аввал ин, ки ҳама гуна ҷанги шаҳрвандӣ, новобаста аз хисороти иқтисодӣ ба маънавиёти мардум таъсири манфӣ расонда, ахлоқи инсонҳоро дар ҷомеа коста мегардонад. Дар ин маврид зарур аст, ки насли имрӯз аз иштибоҳи содирнамудаи таърихӣ сабақи нек гирифта, хулосаи мушаххас бароранд, аз раванди дигаргуншавии тамаддуни ҷаҳонӣ, ки бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, хулосабарорӣ намуда, бештар мутолиа кунанд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Сониян месазад, ки наврасону ҷавонони даврони соҳибистиқлоли мо Ватани азизи хешро бештар дӯст доранд. Аз таърихи гузаштаи худ огоҳии комил дошта, бо он ифтихор намоянд, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои Истиқлоли давлатиро ҳифз кунанд, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати миллӣ саҳмгузор бошанд. Зеро Ватан азизтарин, муқаддастарин ва ноёбтарин сарват аст. Он ифтихор, шаъну шараф, нангу номус ва эътибори мост. Ҳифзи марзу бум, риояи ватандорӣ, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандӣ рисолати ҳамешагии насли имрӯзу фардои миллат аст. То имрӯз китоби мазкур се бор чоп шуд ва ва ба дасти хонандагон расид. Нашри нахустини он соли 2007 бо теъдоди 200 000 нусха, нашри дуввумаш соли 2016 барои дарси тарбиявии хонандагони синфи 5-ум ба теъдоди 50 000 нусха чоп гардид. Дар нашри навбатӣ бо теъдоди 100 000 дастуру маслиҳатҳои муфиди устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муаррихи варзида, профессор Қаҳҳор Расулиён ба сифати ҳаммуаллиф калон аст. Ба андешаи муаллифон, интихоб ва ҷобаҷогузории мавзуъҳо он гуна сурат гирифтаанд, ки як навъ шабеҳи таълифоти оммавӣ-ахлоқист. Яъне бидуни синну сол, ҳар нафар хоҳишманд метавонад онро мутолиа намояд. - Сипосгузорем аз он ки фурсат ёфта, ба суолҳои мо посух гуфтед. Мусоҳиб Алӣ ҶӮРА |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.