Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » САНАДИ САРНАВИШТСОЗ

САНАДИ САРНАВИШТСОЗ

26-09-2024, 15:12
Хабарро хонданд: 932 нафар
Назарҳо: 0
 САНАДИ САРНАВИШТСОЗ
Ҷаҳони муосир ва кишварҳое, ки дар қитъаҳои гуногун ҷойгиранд, феълан дар таҳияи қонунҳои нав кӯшишу талошҳои зиёд мекунанд. Махсусан, пас аз хатми Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо дарназардошти ивазшавии харитаи сиёсии ҷаҳон конститутсияҳои нав қабул шуданд, ки аз лиҳози муҳтаво аз қонунҳои пешин фарқ мекарданд.
Вазъи сиёсӣ ва байналмилалӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ зарурати мавриди эътимод қарор додани сатҳи қонунгузории давлатҳоро дар муқоиса бо Қонуни асосии кишвар тақозо мекунад. Кишварҳое низ ҳастанд, ки Конститутсияи онҳо матраҳсозии ормонҳои миллиро дар сатҳи байналмилалӣ низ ҳидоят менамоянд.
Гузашта аз ин, баъзе давлатҳо дар таҳияи Конститутсия танҳо ба вижагиҳои фарҳангӣ ва сиёсиву иҷтимоии минтақа такя кардаанд. Дар ин хусус санаи 5-уми ноябри соли 2021 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия чунин гуфта буданд: “Гузашти солҳо собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик ҷиҳати бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар Конститутсияи давлати соҳибихтиёри тоҷикон дарҷ шудааст, ягона роҳи дуруст ва таҷассумкунандаи манфиатҳои миллӣ, таконбахши рушди бонизоми давлат ва таъминсозандаи зиндагии орому босуботи ҷомеа мебошад. Бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ мақсад ва вазифаи асосии давлат буда, кафолати амалӣ гардидани онҳо дар Конститутсия муқаррар карда шудааст. Дар натиҷаи фаъолияти шабонарӯзии Ҳукумати мамлакат, пуштибонии мардуми Тоҷикистон ва дар асоси ин меъёри конститутсионӣ дар як давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ сохти конститутсионӣ барқарор гардид ва дар кишвар сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, амният ва тартиботи ҳуқуқиву ҷамъиятӣ таъмин карда шуд. Фазои орому осоиштаи кишвар, дар навбати худ, барои рушди бонизому устувори иқтисодиву иҷтимоӣ дар мамлакат шароит фароҳам овард”.
Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тарзи тафаккур ва сатҳи ҷаҳонбинии аҳолӣ соли 1994 Конститутсияи давлати соҳибистиқлолро қабул кард, ки рушди минбаъдаи кишварро бинобар омилҳои хориҷиву дохилӣ таҳқиқ мекунад.
Тибқи моддаи аввали Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Гузашта аз ин, моддаи мазкур Тоҷикистонро давлати иҷтимоӣ дониста, фароҳам овардани шароит бобати зиндагии арзанда барои ҳар як инсонро тақозо менамояд. Акнун сатри аввали моддаро мавриди баррасӣ қарор медиҳем.
Вожаи “соҳибихтиёр” он маъноро дорост, ки давлат дар таҳия ва татбиқи сиёсати дохиливу хориҷии худ ихтиёр дошта, аз дигар давлатҳои дуру наздик вобаста намебошад.
Истилоҳи “демократӣ” низ ба ин маънӣ дарк мешавад, ки тибқи ҳуқуқҳои конститутсионӣ шаҳрвандон дорои озодиҳои нисбӣ мебошанд ва низоми давлатдорӣ ҳам вижагиҳои демократиро соҳиб аст.
Дар ин маврид Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иктифо намуда, масоили демократӣ ва риояи онро тавассути Конститутсия чунин изҳор намудаанд: “Дар Конститутсия дарҷ гардидани принсипҳои демократӣ ба мо имкон дод, ки худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мардуми дорои таърих ва забону фарҳанги бостонӣ ва соҳиби анъанаҳои деринаи давлатдорӣ муаррифӣ намоем. Тағйиру иловаҳое, ки бо дарназардошти таҳаввулоту дигаргуниҳои ҳаёти ҷомеа бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститусия ворид гардиданд, сохтор, мазмуну муҳтаво ва меъёрҳои ин санади муҳимро такмил дода, барои боз ҳам тавсеа бахшидан ба равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, таҳкими асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, такмили низоми қонунгузории кишвар ва ба санадҳои аз ҷониби умум пазируфташуда мутобиқ гардонидани меъёрҳои конститутсионӣ мусоидат намуданд. Зимнан, бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар байни дигар кишварҳои пасошуравӣ яке аз аввалинҳо шуда, Конститутсияи худро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд. Яъне, Конститутсияи мо бо раъйи худи мардуми Тоҷикистон қабул карда шуд. Хотиррасон месозам, ки яке аз сабабҳои асосии сар задани рӯйдодҳои фоҷиабори солҳои навадуми асри гузашта дар Тоҷикистони мо дағалона поймол гардидани талаботи Конститутсия ва қонунҳои он давра буд”.
Баъдан, истилоҳи “ҳуқуқбунёд” меояд, ки дар маънии эътимоди қонун ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва дар асоси ҳуқуқӣ бунёд гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол матраҳ шудааст. Пасон, вожаҳои “дунявӣ” ва “ягона” муаррифӣ мешаванд, ки шояд барои бархе аз ҳамватанони мо бобати идроки онҳо мушкил пайдо гардад.
Бинобар ин, ин ҷо тасмим гирифтем ба баррасии ду калидвожаи конститутсионӣ пардохта, номафҳумиҳоро дар ин маврид бартараф созем.
Истилоҳи “дунявӣ” аз дунё мебошад ва дар баррасиҳои илмӣ алорағми вожаи “динӣ” истифода мегардад. Бинобар ин, бо истифода аз истилоҳи мазкур кишвари мо дар пояи ҷаҳонбинии дунявӣ рушд карда, минбаъд тамоили хурофотии аҳолӣ боздошта мешавад.
Тибқи Конститутсия қудрат вазифадор мешавад, ки алайҳи ақидаҳои хурофотӣ муқовимат нишон дода, кишварро аз хатару таҳдидҳои динзадагӣ раҳо бахшад. Истилоҳи “ягона” бошад, ба маънии воҳид омадааст ва ба ибораи саҳеҳтар агар гӯем, кишвари мо якест ва дуӣ надорад. Вожаҳои мазкур тақвиятдиҳандаи мустақилият зимни идора ва татбиқи ҳокимият аст.
Ҳамакнун, ба худ иҷоза медиҳем, ки дар баррасии мазкур омилҳои таърихии раванди шаклгирии Қонуни асосиро матраҳ созем.
Мафҳуми “конститутсия” аз калимаи лотинии “сonstitutio” гирифта шуда, маънояш “муқаррар мекунам”, “барпо менамоям” мебошад. Ин истилоҳ дар даврони империяи Рум ба вуҷуд омад. Он ҳангом фармонҳои императорҳои Румро Конститутсия меномиданд.
Дар замони асримиёнагии таърихи башарият дар Конститутсия имтиёзу манфиатҳои табақаи ҳоким ҳифз мешудааст. Дар замони муосир фаҳмиши нави конститутсионӣ бинобар падидоии инқилобҳои буржуазӣ пайдо гардиданд. Тибқи ин фаҳмиш, Конститутсия чун санади ҳуқуқӣ ҷиҳати маҳдуд сохтани мутлақияти ҳоким тавлид гардида, ҳокимияти давлатиро дар дилхоҳ давлати рушдкунанда ба шохаҳо тақсим менамудааст.
Дар таърих нахустин Конститутсия соли 1787 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳия гардидааст. Пасон, соли 1791 дар Лаҳистон ва Фаронса нахустин конститутсияҳои сатҳи давлатӣ истиқбол карда шуданд.
Дар замони муосир мафҳуми Конститутсия чун Қонуни асосии давлат, ки иродаи тамоми халқ ва ташкили давлатии мамлакати дахлдорро ба манфиати онҳо ифода менамояд, фаҳмида мешавад.
То имрӯз зиёда аз 200 кишвари ҷаҳон конститутсияҳои худро қабул кардаанд. Муҳаққиқи рус Л.Ю.Фокина зимни пажуҳиши сохти конститутсионӣ ва сайри таърихии он чунин менигорад: “Бори аввал дар ибтидои асри XIX сохти конститутсионӣ дар Шведсия (1809) таҳти унвони пажуҳишгоҳи омбудсменӣ ё тавре ки онро дар дигар кишварҳо низ меноманд, комиссари парлумонӣ (Англия), ҳимоятгари ҷамъиятӣ (Австрия), миёнарав (Фаронса) ва ғайра дар давраи баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон дар мамлакатҳои Аврупо ва дигар кишварҳои ҷаҳон вусъат ёфтааст.
Шуҳрат ва нуфузи хоси ин ниҳод бо бисёр хусусиятҳои демократӣ, ки мақоми онро тавсиф мекунанд, шарҳ дода мешавад: мавқеи мустақил дар системаи мақомоти давлатӣ; тағйирнопазир будан дар тамоми давраи ваколати парлумон, ки ӯро таъин мекунад; ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ; ошкорбаёнӣ ва дастрасии ҳамаи шаҳрвандоне, ки ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои худ ниёз доранд ва амсолашон”.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи нави давлати соҳибистиқлол бинобар омӯхтани вижагиҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии аҳолии маскун аз як ҷониб ва аз ҷониби дигар, вазъи байналмилалии афкори конститутсионӣ дар ҷаҳон таҳия гардида, соли 1994 қабул шуд.
Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муқаддима, 10 боб, 100 модда ва муқаррароти давраи гузариш иборат аст. Дар муқаддима мақсад ва вазифаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардида, муқаррароти давраи гузариш дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионии солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба вуҷуд омадаанд.
Дар боби дуввуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ, озодиҳо ва уҳдадориҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ки бо Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, танзим ва ҳифз мекунанд, ифода ёфтааст.
Мутобиқи моддаи 14-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд бевосита амалӣ карда мешаванд. Мақсадҳо, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва худидоракуниро муайян намуда, тавассути ҳокимияти судӣ таъмин карда мешаванд. Ҳуқуқи инсон муҳимтарин институти қонуни конститутсионӣ буда, барои таъмини зиндагии шоистаи инсон ва шаҳрванд, шароити фаъолияти озоди зиндагии ӯ пешбинӣ шудааст.
Мутобиқан ҳуқуқу озодиҳои конститутсионӣ имкониятҳое мебошанд, ки дар Конститутсия ифода ёфта, аз ҷониби давлат кафолат дода шудаанд, ки ба ҳар кас имкон медиҳад озодона ва мустақилона фаъолият намояд ва андозаи рафтори худро интихоб кунад, неъматҳои иҷтимоии ба онҳо додашударо ҳам ба манфиати шахсӣ ва ҳам ба манфиати ҷамъиятӣ фароҳам оварад ва истифода барад.
Таснифоти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба мазмуни Конститутсия ва асосҳои шартномаҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон асос ёфтааст. Дар ин асос ҳуқуқҳои инсон ба гурӯҳҳо тақсим мешаванд:
1. Ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ
2. Ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ
3. Ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ
Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои шахсии инсон ва шаҳрванд инҳо мебошанд:
1. Ҳуқуқ ба зиндагӣ
2. Беайбии шахс
3. Дахлнопазирии манзил
4. Ҳуқуқ ба дахолатнопазирӣ, сирри шахсӣ ва оилавӣ, аз ҷумла махфияти мукотиба, гуфтугӯҳои телефонӣ ва дигар хабарҳо
5. Ҳуқуқи ҳар кас ба озодии ҳаракат, интихоби ҷойи истиқомат, рафтуомади озод берун аз кишвар ва бозгашти озод ба он.
6. Озодии виҷдон ва интихоби дин
7. Ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои зерини сиёсиро пешбинӣ мекунад:
1. Озодии сухан, матбуот, ҳуқуқи истифодабарии ВАО
2. Ҳуқуқи интихоб ва интихоб шудан
3. Ҳуқуқи гузаронидани ҷаласаҳо, гирдиҳамоӣ ва намоишҳои осоишта
4. Ҳуқуқи иштирок дар идоракунии корҳои давлатӣ бевосита ё ба воситаи намояндагони онҳо
5. Ҳуқуқ ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои зерини иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешбинӣ шудааст:
1. Ҳуқуқи моликияти хусусӣ ва ҳуқуқи мерос
2. Озодии меҳнат ва ҳуқуқ ба меҳнат
3. Ҳуқуқ ба истироҳат
4. Ҳуқуқ ба таъмини иҷтимоӣ
5. Ҳуқуқ ба манзил
6. Ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва ёрии тиббӣ
7. Ҳуқуқ ба таҳсил
8. Ҳуқуқи озодона иштирок кардан дар ҳаёти мадании ҷамъият, эҷодиёти бадеӣ, илмию техникӣ ва истифодаи комёбиҳои онҳо.
Ҳамаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки дар боло зикр гардидаанд, бо Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, танзим ва ҳифз карда мешавад.
Илова бар ин, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад.
Конститутсия муҳимтарин ҳуҷҷат ва асоси боэътимоди ҳаёти ҳар як давлат мебошад. Кабули Конститутсия барои мамлакат иқдоми муҳим ва гарави инкишофи мутаносиби давлат мебошад.
Конститутсия ба рушди кишвар роҳнамоӣ мекунад, мазмуни дигар қонунҳоро муайян менамояд ва ҳаёти ҷомеаро танзим мекунад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи қабул ва татбиқи Конститутсияи даврони истиқлолро чунин матраҳ кардаанд: “Мо дар даврони истиқлол, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, бо такя ба Конститутсияи худ давлате бунёд намудем, ки дар он сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ пойдор буда, мардум ба имрӯзу ояндаи худ дилпурона назар мекунанд ва дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ ба сар мебаранд. Бовар дорам, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар оянда низ саъю кӯшиш мекунанд, ки бо заҳмати содиқонаву аҳлона дар ободиву пешрафти Ватани азизамон, тараққиёти давлат ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар як оила саҳми арзишманд гузоранд. Вазифаи ҷониву имонии ҳар яки мост, ки дастовардҳои бузурги милливу давлатиро таҳкиму тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони Ватанамонро бо кору фаъолияти содиқонаву софдилона, яъне бо дастони худамон созем, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем ва дар асоси он барои расидан ба ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем”
Мувофиқи Конститутсия ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се шохаи асосӣ - ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим гардида, ҳар яке дар иртибот бо дигаре фаъол ҳастанд, аммо ягона омиле, ки ҳар се шохаро муттаҳид месозад, сатҳи давлатии онҳо маҳсуб меёбад.
Чунин тақсимот дилхоҳ Конститутсияро бартарӣ дода, бобати густариши низоми сиёсии демократӣ дар дилхоҳ давлат мусоидат менамояд.
Бояд зикр кард, ки ҳокимияти қонунгузори кишвар - Маҷлиси Олӣ ва ду палатаи он ба шумор меравад ва ба истилоҳи муосир Парлумони кишварро ташкил медиҳанд.
Дар моддаи 11-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар пешбинӣ гардида, нақши сулҳро дар идомаи давлатдории миллӣ тазаккур додааст: “Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад”.
Конститутсия зимни баррасии моликият, ки пояи иқтисодро дар дилхоҳ давлат ташкил медиҳад, ҳамаи шаклҳои онро дифоъ намуда, гузашта аз ин, қонунӣ будани моликияти хусусиро кафолат медиҳад. Ин тафсир моддаи 12-и Конститутсияро фаро гирифтааст.
Дар моддаи 33-и Конститутсия оила чун пояи асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша дар мадди назари давлат қарор дошта, мутобиқи он занону мардон дар бастани ақди никоҳ ҳуқуқҳои баробар дошта, озод ҳастанд.
Зимни баррасии моддаи мазкур лозим медонем тазаккур диҳем, ки тибқи ин модда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёрникоҳӣ манъ аст ва шаҳрвандон зимни риоя накардани талаботи он ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Аммо мо бобати баррасии ин модда мехоҳем ҷиҳати таҳқиқи масъалаи бисёрникоҳӣ таваққуф кунем.
Лозим ба ёдоварист, ки аксар занону бонувони кишвар ба қонуншиканӣ роҳ дода, оқибат ба сарнавишти хеш ва ҳамдиёрони худ зулмро раво мебинанд. Онҳо ба хурофоти бофташудаи руҳониёни динӣ эътимод намуда, дер ё зуд ба қаллобии баъзе шаҳрвандон мубтало мегарданд.
Гузашта аз ин, дар замони муосир тасаввур кардани бисёрникоҳӣ ва ба истилоҳи машҳур дузанагӣ қобили қабул намебошад. Ин анъанаи асримиёнагӣ то кунун мушоҳида мешавад, дар ҳоле ки ҳеҷ тасаввур намегардад, ки ду зан дар никоҳи як мард қарор бигиранд.
Бинобар ин, чун ин тамоюл манъ гардида, ҷиҳати содир кардани он тибқи Конуни конститутсионӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида хоҳанд шуд, пас чаро баъзе занону бонувон дидаву дониста ризоият медиҳанд, ки зани дуввуми фалонӣ гарданд. Ҳамчунин, теъдоди муайяни оилаҳои ҷавон ҳамасола барҳам мехӯранд ва омилҳои ҷудошавии ҷавонони хонадоршударо коршиносон ба ҳар навъе баррасӣ мекунанд.
Бинобар ин, пажуҳиши ин масъала дар аксар маврид моро ба хулосае меорад, ки баъзан ҷавонони муосир ба раванди мустақил зистан омода нестанд. Онҳо асрори оилавиро зуд паҳн намуда, дигаронро водор мекунанд, ки ба ҳаёти оилавии онҳо дахолат намоянд. Чун дигарон дар ҳаёти оилавии онҳо дахл карданд, эҳсоси ризоият ва ҳамдигарфаҳмӣ аз байн меравад ва ҷойи онро кинаву интиқом ва майли ҷудошавӣ хоҳад гирифт.
Бинобар ин, лозим медонам тазаккур диҳам, ки масъулини никоҳбандӣ бояд қабл аз хонадоршавии ҷавонон сатҳи омодагии онҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷиҳати ҳамзистӣ ба ҳаёти мустақилона ҷавононро омода кунанд.
Олимони тоҷик М. Маҳмудзода ва Б. Худоёрзода моддаи мазкурро бо дарназардошти иртиботи оилаи солим бо ҷомеаи шаҳрвандӣ чунин тафсир намудаанд: “Бе оилаи солим мавҷудияти ҷомеаи солим ғайриимкон аст. Таърихи ташаккул ва инкишофи ҷомеаи башарӣ дар тӯли садсолаҳо ин ҳақиқати бебаҳсро ба ҳукми исбот расонидааст. Муносибатҳои никоҳию оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оила ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешавад. Қонунгузории оилавӣ, қабл аз ҳама, бинобар зарурати таҳкими оила, ташкили муносибатҳои оилавӣ дар заминаи эҳсоси муҳаббати пок, эҳтиром ва гиромидошти мутақобилаи ҳамсарон, кумаки байниҳамдигарӣ ва масъулияти аъзои оила дар назди якдигар, роҳ надодан ба дахолати худсаронаи ашхоси беруна ба ҳаёти оилавӣ, таъмини бемамониати татбиқи ҳуқуқҳои аъзои оила ва билохира муҳофизати судии онҳо бунёд ёфтааст. Моддаи 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, ки дар муносибатҳои оилавӣ зану шавҳар баробарҳуқуқанд, яъне онҳо дорои ҳуқуқҳои баробари шахсӣ ва амволӣ мебошанд”.
Бо дарназардошти моддаи 41-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти муҳтавои хеш ҳамаи вазифа, ҳуқуқ, ваколат, масъулият ва уҳдадории шаҳрвандонро новобаста аз мавқеи иҷтимоиашон баррасӣ карда, пешрафти ҷомеаро тибқи сохтору шаклҳои давлати соҳибихтиёр матраҳ намудааст.
Аз ин хотир, месазад онро чун қонуни сарнавиштсоз муаррифӣ карда, воқиф будани шаҳрвандонро аз муҳтавои он таъкид намоем.
Дар муддати 30 сол ба мо муяссар гашт, ки як силсила меъёрҳои усулии низоми демократӣ, аз ҷумла асосҳои демократии сохти давлатдорӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии давлат, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, принсипи гуногунфикрии сиёсӣ, фаъолияти парлумони касбӣ, бунёдҳои ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ, дахлнопазирии моликияти хусусӣ, таъмини адолати судӣ, баробарии ҳама дар назди қонун, баробарии ҳуқуқи зану мард ва ғайраро дар сатҳи Конститутсияи кишвар асоси устувори қонунӣ бахшем.
Тавре Конститутсияи кишвар муайян кардааст, дар Тоҷикистон ҳаёти сиёсӣ дар асоси гуногунфикрӣ ҷараён гирифта, шаҳрвандон метавонанд дар заминаи мавқеи сиёсӣ ва фикрии худ ташкилоти ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ таъсис намоянд.
Конститутсия ҳуҷҷати воқеан, сарнавиштсозе аст, ки тақдири миллату давлатро муайян намуда, роҳ ба сӯйи ояндаи онҳоро мунаввар месозад.
Он пояҳои истиқлол ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро таҳким бахшида, сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузории давлати муосири мо гардид ва иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат ва идораи давлат таъмин намуд.
Агар ин санад соли 1994 қабул карда шудааст ва аз татбиқи он 30 сол сипарӣ мешавад, аммо бинобар пайдошавии вижагиҳои нав дар муносибат ва ташаккули сохти давлатсозии ҷадид мо метавонем дилхоҳ ибораву истилоҳоти заруриро аз Қонуни асосии кишвар дастрас кунем. Яъне бо гузашти айём, санади мазкур аҳаммияти ҳуқуқиву таърихии хешро боз ҳам тақвият дода, ба талаботи қонунгузории замони муосир ҷавобгӯ мебошад.
Ширин ҚУРБОНОВА,
доктори илмҳои таърих,
муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: