Инсон ба дунё доимӣ намеояд. Онҳоеро, ки дар фосилаи кутоҳи умр дар саҳнаи зиндагӣ нақши хотирмон гузоштаву дар мазрааи дил тухми вафо коштаанд, магар метавон фаромӯш кард? Муродалӣ Ҷаббор - нависанда, муаллифи китобҳои «Гӯшаҳои сабзи биёбон» ва «Дурахши сароб аз ҷумлаи ҳамин гуна дӯстон аст, ки ҳар бор беихтиёр симояш пеши назар меояд.
Бо Муродалӣ дар Радиои Тоҷикистон кор кардем. Ӯ як вақт барои ҳафтаномаи «Чархи гардун» қиссаҳо менавишт. Муассиси нашрия, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон шодравон Акбари Саттор мехост, ки ӯ дар ҳайати кормандони ин ҳафтаномаи фарҳангӣ бошад. Аммо Муродалӣ пешниҳоди ӯро қабул накард. Бо Акбар писарамма буд. Вай ба истеъдоду қаламаш бовар дошт, намехост дигарон бигӯянд, ки ба воситаи хешаш ба кор омадааст. Хушбахтона, бекории ӯ дер давом накард. Дар шуъбаи иқтисоди Радиои Тоҷикистон барояш кор пайдо шуд. Барномаи «Ҳаёти деҳот»-аш писанди роҳбарияти радио ва шунавандагон гардид.
Вақте ки шоир Ворис сармуҳаррири барномаҳои адабию фароғатӣ таъин шуд, хоҳиши аввалинаш аз роҳбари радио Мансур Султонов ин буд, ки Муродалиро ба ин идора ба кор гузаронад, зеро ӯ истеъдоди хуби нависандагӣ дошт, бояд дар ҷойи худ бошад. Ҳамин тавр, барномаҳои «Дар суҳбати адиб» ва «Рӯ ба хуршед»-и ӯ ба дили дӯстдорони сухани ноб тез роҳ ёфта, шуъла барафрӯхтанд.
25-уми марти соли 2006, рӯзи шанбе. Истироҳати наврӯзиро дар деҳа мегузаронидам. Пагоҳӣ дӯсти даврони кӯдакиам, журналист Суҳроби Зиё аз касе хоҳиш кардааст, ки ба деҳаи мо рафта, маро ба ҷанозаи Муродалӣ хабар кунад…
Дер кардам ба ҷанозаи ӯ. Ҳине ба деҳаи Учқул (ҳоло Меҳробод) расидам, ки мардум аз қабристон, аз сари манзили охирати Муродалӣ бармегаштанд. Худамро сарзаниш мекардаму афсӯс мехӯрдам, ки дар маросими видоъ бо ин дӯсти ҷонӣ ҳузур надоштам. Ин ғубор то ҳанӯз аз хотираи чашмам зудуда нашудааст. Ҳар гоҳе аз назди оромгоҳи рустои Меҳробод, ки дар паҳлӯи шоҳроҳ воқеъ гардидааст, гузарам, қаду баст, симо ва хандаю шӯхиҳои Муродалӣ аз давраи ошноӣ то вопасин дидор дар навори ёдам намудор мешавад ва беихтиёр даст ба дуо бардошта, «Худоё, ҷамъи гузаштагони ин деҳа, аз ҷумла Муродалии азизи моро ғарқи раҳмату мағфират ва шоистаи ҷаннат гардон», мегӯям.
Муродалӣ 34 сол умр дид. Солҳои охири хаёташ аз беморӣ ранҷ мекашид, ҷисми бе ин ҳам лоғараш лоғартар шуда буд. Аз аҳволи ӯ, ростӣ, гоҳ-гоҳ бохабар мешудам. Он вақт ширкатҳои мобилӣ то ба ин ҳад фаъол набуданд, ки аз ҳоли ҳамдигар зуд-зуд огоҳ бошем.
Гуфтаи нависандаи маҳбуб шодравон Ҷонибек Акобир, ки навиштаҳои Муродалиро аз назари таҳрир мегузаронид ва бо тавсияву сарсухани ӯ маҷмуаи аввалинаш ба чоп расид, ҳеҷ аз ёдам намеравад.
Мавсуф рӯзи фотеҳа ҳамроҳи адибони дигар ба Меҳробод, ба ҳавлии раҳматӣ омада, тасаллияти роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба аҳли хонадони марҳум расонд ва ҳамзамон ёдовар шуд, ки «Муродалӣ гоҳ-гоҳ навиштаҳояшро Иттифоқи нависандагон ба наздам меовард. Мутаассифона, ягон бор ман напурсидам, ки аз куҷо мешавад ва ӯ ҳам нагуфтааст, ки дар Учқул (Меҳробод) хешу табори шуморо мебинам. Акнун фаҳмидам, ки мо ҳамдеҳа будаем…»
Ана, ҳамин хел ғурур дошт Муродалӣ. Истеъдодро боло мегузошт, на ошноиро.
Бо гузашти 19 сол сарсухани Ҷонибек Акобирро ба китоби Муродалӣ Ҷаббор аз нав мехонам, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Гӯшаҳои сабзи биёбон» як чамани сабзу рангин, пурнакҳату дардомезу яъсолуди ҷаҳони ормону андешаҳои Муродалист, ки инак ба намоиши назарҳои мухталиф гузошта мешавад.
Хонандаи борикбин хоҳад дид, ки ин адиб аз рӯйи ҳавову ҳавас қалам нарондааст, тасвиру таъбирҳои тоза, мушоҳидаҳои ҷолиб ва муҳимаш ҷуръат дорад.
Ҳамин ҷуръат доштани Муродалӣ барои ман хушоянд аст, зеро маҳз ҳамин ҷуръатмандии шахси адиб метавонад мамониат ва саддҳои руҳиву эҷодро барои вай бартараф созад ё ошкору ҳамвор кунад. Боз дар асари ин адиб, ҳатто дар ҳикоятҳои қариб фоҷеавии ӯ лутфу зарофате эҳсос мешавад, ки хонандаро дучори оҳангу равиши якнавохти андеша намекунад. Яъне, дилгир қалам намекашад.
Фикр мекунам, Муродалӣ моро ба ҷаҳон ва инсон аз нигоҳи савобҷӯёна ва ормонхезе ошно карданист, ки дар кӯчактарин ҷузъиёт ва рафтору гуфтори қаҳрамонони вай эҳсос мешавад.
Қиссаи «Дурахши сароб», ҳикояҳои «Ишқ», «Бори нанг», «Луқмаи пажан», «Бархӯрд», «Гӯшаҳои сабзи биёбон», «Ҳавас», «Талвоса», «Чарахсаи ёд», «Муъҷиза», «Муҳраи ҷӯгӣ», «Фарёди нигоҳ», ки шаҳодати биниши заргаронаи ин нависандаи рангинхаёлу нозукбинанд, дар дили хонандагон кайҳо боз маъво гирифта, номи ӯро зинда нигаҳ медоранд.
Алӣ ҶӮРА