Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲАДЯИ ТАЪРИХ

ҲАДЯИ ТАЪРИХ

24-06-2023, 14:23
Хабарро хонданд: 297 нафар
Назарҳо: 0
ҲАДЯИ ТАЪРИХ

Миллати тамаддунофари тоҷик имрӯзҳо дар арафаи таҷлили 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорад. Зиёда аз сӣ сол муқаддам миллати бохираду бофарҳангу ватандӯст атрофи роҳбари навтаъиншудааш ҷамъ омада, тавассути ақли расо, роҳнамоиҳои хирадмандона ва суханони ибратомӯзи ӯ озодиро аз бардагӣ, доноиро аз нодонӣ, зебоиро аз зиштӣ, рӯшноиро аз торикӣ боз шинохту даст ба дасти ҳам дода, кинаву надомату интиқомро як тараф гузошту роҳи сулҳу ободкориро пешаи худ намуд.
Агар ба таърихи пурҳаводиси миллати тоҷик таваҷҷуҳ намоем, хуб дарк мекунем, ки дар чандин давраҳои мураккабу сангин ба сарзамини тоҷикон таҳдидҳои хатарзои парокандагӣ ва аз байн рафтани давлатдорӣ ба мушоҳида мерасад. Аммо фарзандони фарзонаи миллат ба хотири ҳифзи марзу бум, номуси модарону хоҳарон, ва нигоҳ доштани забони поки модарӣ алайҳи қувваҳои истилогари аҷнабӣ муборизаву муқовиматҳо намуда, ҷонашонро фидо карданду аммо нагузоштанд Ватан поймоли хунхӯрону уштурону филону аспони ҷавмасташон гардад.
Миллати озодидӯсти тоҷик, шуруъ аз давлатдории нахустинаш илму фарҳанг ва тамаддуни беназирро асос гузошт. Ин миллат дар тӯли таърих дасти таҷовуз ба мамолики дигар дароз накардааст, балки силоҳи он китоб буду сухани нек. Муборизаҳои қаҳрамонони ҷасуру диловари ин миллат бар зидди Искандари ҷаҳонгиру арабҳо дар роҳи озодихоҳии миллӣ ба таъсиси давлати бузурги Сомониён боис гашт. Метавон ёдрас шуд, ки пеш аз ин давлатдорӣ давлатҳои тозабунёди тоҷикон - Саффориён ва Тоҳириён низ арзи вуҷуд карда буданд, аммо бо сабабҳои ноиттифоқию низоҳои дохилӣ аз тарафи душманон саркӯб шуда буданд.
Исмоили Сомонӣ аз иштибоҳи давлатдорони пешин сабақҳои омӯзанда бардошта, ба таъсис додани лашкари бузургу қудратманд ва рукнҳои асосии давлатдорӣ тавонист ба дилу ҷони душманон -қабилаҳои бодиянишин ларза андозад.
Пас аз таназзулёбии давлати бузурги Сомониён миллати тоҷик бо гузашти солҳои бешумор, баъд аз пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ истиқлол ба даст оварду соҳиби давлати тозабунёд гардид. Дар он замон низ душманони миллат кӯшишҳои зиёде намуданд, ки кишварро порча-порча кунанду миллатро ба нестӣ, ба гумномӣ баранд. Барои наҷоти ин миллату ин марзу бум ягона сабаб ба арсаи сиёсат қадам гузоштани фарзанди сарсупурда ва маҳбуб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки давлату миллатро аз вартаи нобудӣ наҷот доданд. Дар фурсати ниҳоят кутоҳ Пешвои миллат ба кишвар сулҳ оварданд, гурӯҳҳои мухолифро сарҷамъ намуданду оштӣ доданд, ки натиҷаи он ба ваҳдати миллӣ расидани миллати тоҷик буд.
Имрӯзҳо барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ваҳдат азизу муқаддас аст. Ҳар як фарди солимфикри Меҳан бахубӣ дарк намудааст, ки ин дилбастагии тамоми мардум ба зиндагии осоишта, дӯстиву бародарӣ, озодии сухану виҷдон, озодию эътиқодҳои диниву мазҳабӣ ва амсоли ин мебошад. Ин саҳифаи таърихи миллат набояд аз хотираҳо фаромӯш шавад.
Дар сарзамини ободу ором осудаҳолона зиндагӣ кардан хушбахтии беинтиҳост. Насли ҷавон бояд хуб дарк кунад, ки ин сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ на ба осонӣ, балки бар ивази хуни ҳазорон шаҳидон ба даст оварда шудаасту онро бояд чун гавҳараки чашм ҳифз кард.
Маҳз ба шарофати сулҳу озодӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари мо мардум рӯ ба созандагиву ободкорӣ овард.
Барои ҳар як фарди тоҷик зарур аст, ки дар таҳкими ваҳдати сартосарӣ, пойдории сулҳу осоиштагӣ, сарҷамъиву ягонагии миллат бо ниятҳои нек амал намуда, тамоми кӯшишҳои худро баҳри пешрафти кишварамон равона созад.


Ҷонон ҲОҶИБЕКОВ,
узви ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии “Кӯшк”-и ноҳияи Шуғнон


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: