Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНӢ

ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНӢ

6-04-2023, 11:58
Хабарро хонданд: 514 нафар
Назарҳо: 1
НАҚШ ВА ҶОЙГОҲИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР ҲАЁТИ ШАҲРВАНДОНТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНӢ
Дар доираи нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шафоат”- и Муассисаи давлатии Маркази саломатии рақами 6 вохӯрӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода, Марзия Худоёрбекова директори муассиса, намояндаи шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва аъзои ҳизб доир гардид.
Нахуст, Марзия Худоёрбекова зимни сухани ифтитоҳӣ меҳмононро муаррифӣ намуд.
Сипас Убайдулло Қурбонзода дар суханронии худ қайд намуд, ки дастгирии ҳаматарафаи аъзои ҳизб, натиҷаҳои ташаббускорӣ, ватандӯстӣ ва миллатпарварӣ, такя намудан ба шахсони боистеъдод ва бофарҳанг, тарбия кардани кадрҳои муосири сиёсӣ, тақвияти ваҳдати миллӣ, мустаҳкам кардани ғояҳои давлат, эҳё намудани тамоми боигариҳои маънавии халқ, мусоидат кардан ба пешрафти Тоҷикистони азиз мақсади асосии Раиси ҳизб ва ҳамаи аъзояи он мебошад.
Инчунин, намояндаи шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.
Хуршед Аминҷонов бинобар сабаби ба кор дигар гузаштан аз вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шафоат” озод карда шуда, бо ҷонибдории аъзоёни ташкилот Марзия Худоёрбекова ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шафоат” интихоб гардид.
Дар фарҷом ба нафароне, ки мавқеи сиёсии худро дар ҷомеа муайян намуда, аъзои ҲХДТ гардидаанд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.
Ҳамзамон, якчанд фаъолони ҳизбии ташкилоти ибтидоӣ бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

АМАЛИ ХАЙРУ ЭҲСОН ДАР МОҲИ РАМАЗОН
ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНӢ
Дар пайравӣ ба иқдому ташаббускориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расонидани кумак ба оилаҳои камбизоат, шахсони яккаву танҳо, нафарони имконияташон маҳдуд, пирони барҷомонда ва собиқадорони меҳнат дар моҳи шарифи Рамазон амали хайру савоб аз ҷониби нафарони эҳсонкор хеле зиёд шуда истодааст.
Дар ин росто, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Меҳрдод Қаҳҳорзода бо аъзои оилаҳои ниёзманд, собиқадорони меҳнат, маъюбони ҳудуди ҳавзаи интихоботии “Дуредгарон” №6 вохӯрӣ доир намуда, дар баробари мулоқоти самимӣ ба онҳо кумакҳои моддию молиявӣ расониданд.
Зимни суҳбат қайд гардид, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои инсониро дар мадди аввал гузошта, барои ба ғамхорӣ фаро гирифтани ҳар як шаҳрванд кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки таваҷҷуҳ ба қишри ниёзманди ҷомеа дар мадди назари давлату ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияти хешро зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ба қишри ниёзманди ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, баҳри некуаҳволии мардум саҳми худро гузорад.
Аёдатшудагон бо шукргузорӣ аз амну амонӣ аз ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат изҳори қаноатмандӣ намуда, баён доштанд, ки чун нафарони роҳнамо дар ҷомеа барои тарбияи насли ояндасоз хизмат хоҳанд кард.

ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНӢТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНӢ
Таҳти ин унвон дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бахшида ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар ҳамкорӣ бо бахши ҳифзи муҳити зист мизи мудаввар баргузор гардид.
Нахуст чорабиниро муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова ифтитоҳ бахшида, иштирокдоронро ба муносибати пазируфта гардидани ташаббус ва пешниҳоди ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани соли 2025 –“Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” табрик намуд. Зикр шуд, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки моҳи декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсус тасдиқ гардида, мувофиқи он соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон карда шуд. Гуфта шуд, ки сиёсати байналмилалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард.
Сипас, тибқи барномаи мизи мудаввар аз ҷониби омӯзгорони фаъоли муассисаҳои таълимӣ бобати пайдоиши пиряхҳо, намуд ва таъсири иқлим ба обшавии онҳо маърӯзаҳо ироа гардиданд. Дар баромадҳо масъалаҳои обу иқлим, ҳалли мушкилоти таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба оби тозаи ошомиданӣ, ҳифзи пиряхҳо ва ҳифзи муҳити зист мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Намояндаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Нафиса Бобоҷонова оид ба аҳамияти об дар ҳаёти инсон, тоза нигоҳ доштан ва ошомидани он бо далелҳо баромад намуд.
Дар анҷоми чорабинӣ Сардори бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом Даврон Рауфов аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар тоза нигоҳ доштани маҳалли зисти худ ва шаҳр бетараф набошанд, дар пешгирии вайроншавии экологияи шаҳр чораандешӣ намоянд ва маърифати экологии кофӣ дошта бошанд.


САФИ ТАБИБОН ДАР ҲИЗБ МЕАФЗОЯД

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дарвоқеъ ҳизби мардумӣ буда, ифодакунандаи ормонҳои миллати тамаддунофари тоҷик мебошад. Фаъолияти пурсамари ҲХДТ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар симои ҳар як аъзои он тарғибгари сиёсӣ, роҳнамо, ғамхору сарпараст, ҳамчунин, шаҳрванди намунаи ҷомеаи навин таҷассум меёбад. Ҳар як узви ҳизб аз аъзо буданаш ифтихор менамояд. Бо ҳамин мақсад, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардида, ба 70 нафар табибони ҷавон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Мудири шуъбаи кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мастона Муродзода қайд намуд, ки аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан ифтихор буда, махсусан ба ҷавонон заминаи мусоиди зиндагиро кафолат медиҳад. Бояд гуфт, ки яке аз самтҳи асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мустаҳкам ва зиёд намудани сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби ҷавонони донишманд, хушахлоқ, ватандӯсту ватанпарвар ва ташаббускору бунёдкор ба ҳисоб меравад. Бо ҳамин мақсад, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент тасмим гирифтааст, ки сафи аъзову ҷонибдорони ҳизбро аз ҳисоби ҷавонони фаъол ва пешқадами шаҳр бештар мегардад.

КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ ВУСЪАТ МЕЁБАНД

Бо мақсади баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилотҳои ҳизбӣ, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи №4”, “Сайф Раҳими Афардӣ”, “Сафармад” ва “Маҳаллаи №9” вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни мулоқот нахуст, нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” тавзеҳ ёфта, зикр гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар 5 соли сипаригардида ва дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллиро барои солҳои минбаъда муайян намуданд.

Таъкид карда шуд, ки бевосита барои муайянсозии дурнамои рушд ва инкишофи бахшҳои гуногуни хоҷагии мамлакат дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабулу татбиқи якчанд ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ, аз қабили 1 Консепсия, 1 Стратегия ва беш аз 5 Барномаи давлатӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин, дар ин замина оид ба соҳибкасб намудани шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон, дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ, бобати таҳияи лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёна аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ» дастур дода шуд.

Дар идома аз ташаббусҳои Пешвои миллат дар соҳаи об ва захираҳои обии олам ёдоварӣ шуда, пуштибонӣ ёфтани ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон намудани соли 2025 аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ воқеаи фараҳбахш барои миллати мо арзёбӣ гардид. Қабули қатъномаи “Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷониби 153 кишвари узви Созмони Милали Мутаҳид иқдоми нодир маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон бояд ёдовар шуд, ки сиёсати пайгирона ва оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти ҳизбиёнро барои амалӣ шудани ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи ҲХДТ баланд бардошта, барои таъмини зиндагии шоистаи наслҳои имрӯзу оянда чун ворисони арзанда ва фарзандони солеҳ рисолати пешоҳангиро ба ӯҳда мегузорад.
Таҳияи Ибодулло Тоҳиров
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Augustina 29 февраля 2024 03:04
unsolved inositol vs metformin olores what are the 10 side effects of metformin? - generic metformin metformin symptoms takashis can metformin cause hypoglycemia
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: