Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Ӯ МУРОДИ ДИЛИ МОСТ

18-02-2023, 11:56
Хабарро хонданд: 624 нафар
Назарҳо: 0
Ӯ МУРОДИ ДИЛИ МОСТ

Аё устод, аз хотир фаромӯшат нахоҳам кард,
Чароғи дар дили шогирд, хомӯшат нахоҳам кард.





Ё худ як сабад гулҳои пур аз накҳати шодбошии дӯстону шогирдон ба истиқболи фарорасии ҳаштодумин баҳори арбоби шинохтаи сиёсӣ ва илмиву фарҳангии кишвар, номзади илмҳои иқтисодӣ, собиқ мудири шуъбаи иҷтимоиву иқтисодии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, мудир ва бунёдгузори кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ёвари Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродасен Худоиев.
Ӯро беш аз шаст сол боз бо номи поку пурифтихори Мурод Назарович садҳо донишмандону фозилон ва фарҳангиёну сиёсатмадорони кишвар мешиносанду ба эътибори баланди сиёсӣ ва илмию фарҳангиаш арҷ мегузоранд. Замони фарҳангсолории Иттиҳоди абарқудрати Шуравӣ, ки Тоҷикистон миёни понздаҳ ҷумҳурии он қаламрав соҳиби ҷойгоҳи пурарзиши хеш буд, ин донишманди фарҳехтаи миллат бо мақому манзалати сиёсии хеш миёни садҳо арбобони сиёсиву фарҳангӣ ва илмиву роҳбарии Ҳизби коммунисти вақт соҳиби обрӯву эътибори баланд буд. Ҳамон нуфузи баланди илмиву сиёсӣ ва фарҳангӣ номи покашро миёни на танҳо роҳбарияти сиёсии кишвар, балки миёни ҳалқаҳои пурэътибори илмӣ хеле шуҳратёр намуд. Таълифоти пурмуҳтавои илмии ӯ оғози солҳои ҳафтодуми садаи гузашта дар риштаи иқтисоди сиёсӣ, ки сутуни иқтисодиёти собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба шумор мерафт, баҳсҳои зиёдеро ба миён оварда буд. Китоби илмию назариявии “Факты против фальши”, ки Мурод Худоиев муҳарририи масъули илмии онро бар дӯш дошт, эътибори илмии ӯро миёни даҳҳо олимони шинохтаи иқтисоддони Тоҷикистон хеле овозадор намуда буд. Ҳамин талошу ҷонфидоиҳо дар шоҳроҳи илми иқтисодӣ – сиёсии Шуравӣ ӯро аз Донишгоҳи ягонаи кишвар ба Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти ҳокими вақт овард ва дар ҳамин даргоҳ то соли 1991 вазифаҳои пурмасъули давлатиро ба уҳда дошт. Новобаста аз мақомҳои баланди сиёсӣ дар қатори даҳҳо олимони иқтисоди сиёсии он замон ӯ лаҳзае фориғ аз кори таълиму тадриси донишгоҳ набуд. Дарсҳояш бо донишҷӯён дар донишгоҳ мунтазам дар ҷараён буду эътибори илмиаш ифтихори шогирдон. Бо зарурати таърихӣ Иттиҳоди Шуравӣ мақомашро ба Истиқлоли давлатӣ дода, аз ин баъд иқтисоди сиёсии собиқ Шуравӣ ҷояшро ба иқтисоди нав дар муносибатҳои нави давлатдорӣ дод. Ҳамакнун, муносибатҳои нави иқтисодӣ, воридшавӣ ба шакли нави иқтисодӣ мутахассисони варзидаи иқтисоди сиёсиро водор сохт, ки раванди рушди иқтисоди кишварро дар шакли нави давлатдорӣ ба роҳ андозанд. Мурод Худоиев дар замони нави дигаргуниҳои иқтисоди бозаргонӣ бо дониши баланди илмӣ ва таҷрибаи бузурги корӣ дар факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналмилалиро бунёд гузошт. Бо ибтикори ин донишманд ва дастгирии бевоситаи роҳбарияти олии мамлакат ин кафедра тавонист беҳтарин донишмандони илми иқтисодро ба кор даъват намояду нахуст қадамҳои иқтисоди байналмилалии Тоҷикистонро рӯйи кор биёрад. Ҳамин тавр, соли 1994 дар замони хеле вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар Мурод Худоиев роҳбарии ин кафедраро бар дӯш гирифта, шогирдони воқеан ҳам, ташнаи илм ва ватандӯстро ба хотири фардои дурахшони кишвар атрофи хеш ҷамъ овард. Ба ҳамаи мушкилиҳои иқтисодиву сиёсии кишвар нигоҳ накарда, ӯ дар роҳи тарбияи шогирдон ҷоннисору садоқатпеша буд. Баъд аз ду соли кашмакашиҳои сиёсӣ ба шарофати барқарорсозии Ҳукумати конститутсионӣ, ки баъд аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олӣ ба даст омад.

Нахустин гуфтушунидҳо бо собиқ неруҳои даргири дар он шабу рӯз оштинопазир дар шаҳри Хоруғ ба миён омад. Мурод Худоиев яке аз ҳампешагони раиси тозаинтихоби Шурои Олии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки борҳо дар ин сафарҳои тақдирсоз иштирок намуда, саҳми арзандаи хешро дар барқарории сулҳу субот дар кишвар гузоштааст. Ӯ бо ифтихори зиёди ватандорӣ аз ҷасорату ватанхоҳӣ ва ватансозии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шогирдон қиссаҳо намуда, худро аз пайравони мактаби давлатсозии ӯ медонад. Ҳамин донишмандӣ, фарҳангсолорӣ ва инсондӯстиаш ин донишмандро миёни олимони кишвар соҳиби эътибори баланд намудааст.

Солҳои 1994-1997, ки давраи хеле душвор дар кишвар буд, Мурод Худоиев ҳамеша машғули таълиму тадрис буду дар такопӯи таҳияи маводи таълимӣ ва дастуру китобҳои роҳнамо барои донишҷӯён. Шояд дар он шабу рӯз ӯ ягона нафаре буд, ки дар баҳои ҷону хонумонаш ба хотири фардои дурахшони кишвар тарбияи шогирдонро ба роҳ монда, таълиму тадриси онҳоро қарзи ватанхоҳонаи хеш медонист. Силоҳшӯрҳои аз майдони оташу хун беруншуда гоҳ-гоҳе ба донишгоҳ омада, бо таҳдиду зурӣ устодонро мавриди истинтоқ қарор медоданд. Ҳамин буд, ки бисёре аз устодон бо баҳонае аз омадан ба дарс худдорӣ менамуданд. Мурод Худоиев дар ҳамон рӯзҳои сангини хатарзо бо ҷасорату садоқати ватанхоҳона баъзе рӯзҳо ба ҷойи ду-се муаллим худаш дарс мегуфт. Ана ҳамин тавр, кафедраи иқтисоди байналмилалиро бо баҳои ҷонаш нигоҳ дошта, Шурои илмиро ташкил намуд. Шогирдони зиёдеро ба хотири ояндаи дурахшони илми кишвар тарбия намуд. Бисёре аз шаҳрвандон дар ҳамон рӯзҳои душвор бо дастгирӣ ва ғамхориҳои падаронаи ӯ рисолаҳои илмии худро дифоъ намуда, ҳаёти хешро чун устодашон ба тарбияи шогирдон ва шукуфоии Ватан бахшиданд. Барои ошно гардидан бо шаклҳои нави иқтисоди ҷаҳонӣ коромӯзони факулта ва кафедраро баъд аз хатми аспирантура зарурати дар хориҷи кишвар таҳсил намудан ба миён омада буд. Ҳамин зарурат ва масъулияти баланди ватандорӣ ӯро водор намуд, ки барои таҳсил ва ба омӯзиш фаро гирифтани шогирдон дар хориҷи мамлакат забони англисиро ба таври бояду шояд омӯзанд. Ба ҳамин хотир дар роҳи омӯзиши забони англисӣ ба шогирдон талошҳои зиёде намуд. Беҳтарин устодони забони англисӣ ба кафедра ҷалб карда шуданд. Дар андак муддат сатҳи забондонии шогирдон баланд бардошта шуда, аксари шогирдон бо забони англисӣ озод муошират менамуданд. Ҳамин тавр, баъд аз омӯзишҳои зиёд ва муколамаҳои англисӣ дарвозаҳои тиллоии илм дар хориҷи кишвар ба рӯи шогирдон боз гардид. Соли 1997 бо ибтикори профессор Г.Бобосодиқова курсҳои думоҳаи такмили ихтисоси риштаи иқтисодӣ дар Донишгоҳи TWENTE-и Нидерланд ташкил карда шуд. Роҳбарияти донишгоҳ бошад, бинобар нарасидани омӯзгорон ҳангоми машғулиятҳо ин таклифро рад намуданд. Мурод Худоиев роҳбарияти донишгоҳро водор сохт, ки ба хотири таҷриба андӯхтани шогирдон дар хориҷи кишвар худаш ба ҷойи омӯзгорони ҷавон машғулиятҳоро хоҳанд гузаронид. Ҳамин тавр, онҳо барои таҷриба андӯхтан ба Нидерланд фиристода шуданд. Ин ҳама нахустин кадамҳои устувор дар риштаи муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар буд. Бо ҳамин уфуқҳои нави илм кушода гардида, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар овозадор гардид. Аз ин ба баъд даҳҳо коромӯзони кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ коромӯзиашонро дар хориҷа гузаронида, бо таҷрибаи андӯхтаашон муносибатҳои нави иқтисоди байналмилалиро дар чаҳорчӯбаи меъёрҳои байналмилалӣ ба шогирдон меомӯзониданд. Ногуфта намонад, ки шогирдони Мурод Худоиев имрӯз олимони шинохтаи кишвар ва берун аз он буда, эътибори кишвар ва давлати азизамонро шуҳрати саросари собиқ қаламрави Шуравӣ намудаанд.
Номи доктори илми иқтисод, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Академияи муҳандисии Тоҷикистон” ва ноиби президенти Академияи байналмилалии муҳандисӣ, собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Лутфулло Саидмуродзода, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, собиқ муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон, раиси Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон, муовини аввали ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, номзади илмҳои иқтисод, муовини аввали вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон, собиқ мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ, раиси Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода, доктори илми иқтисод, профессор, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршорев Шермамад Ҷонмамадов, декани факултаи молия ва иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Илҳомуддин Иброҳимзода, дотсент Меҳтархон Содиқов, намояндаи ширкати “KazakhExport” дар Тоҷикистон Рамеш Худоиев ва даҳҳо шогирдони дигари устод Мурод Худоиев дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар дар фаъолият буда, номбардори ӯ ва кишвари азизамон мебошанд. Донишманди варзида Мурод Худоиев муаллифи беш аз 90 асари илмиву тадқиқотӣ ва таҳлилии иқтисодӣ буда, аз ҷумла 22 монография ва даҳҳо рисолаву мақолаҳои пурмуҳтавои илмиаш миёни олимони иқтисодшинос соҳиби ҷойгоҳи пурарзиши илмӣ мебошанд. Бисёре аз тадқиқоти устод на танҳо дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, балки дар хориҷи дуру наздик бо забонҳои англисиву русӣ рӯи чоп омада, ҳанӯз арзиши илмиашон пойбарҷост. Бо қалами ин донишманди сермаҳсул асарҳои илмиву тадқиқотӣ - “Бахши буҷаи давлатӣ” бо ҳаммуаллифии собиқ вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов, “Низоми худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо ҳаммуаллифии академик Маҳмадшо Илолов, китоби дарсии “Иқтисодиёти бозор” ва даҳҳо дастури роҳнамоияш манзури хонандагон гардида, ҳангоми фаъолияташ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо ҳаммуаллифии М. Ҳотамӣ китоби таърихи “Вакилони халқ 1938-2010”-ро рӯи чоп овардааст, ки ин китоби пурарзиши таърихӣ бозгӯи давлатсозии нави мо тоҷикон дар замони Шуравӣ ва 20 соли соҳибистиқлолӣ мебошад. Шахсияти Мурод Худоиев миёни на танҳо донишмандону сиёсатмадорони кишвар, балки аҳли қаламу сухан соҳиби ҷойгоҳи хоса мебошад.
Бо ҳама талошҳои ватандӯстона ва муҳаббати ватандорӣ ӯ ҳанӯз чун анъанаи аҷдодӣ беш аз чил сол боз моҳе як маротиба бо шогирдон вохӯрӣ намуда, ба онҳо аз муҳаббати ватандорӣ ва шукуҳи илму маърифати ҷаҳонӣ машғулиятҳо гузаронида, қалби поки онҳоро саршори садоқати ватандорӣ менамояд. Дар ҳар як вохӯриаш бо шогирдон таъкидан онҳоро ба омӯхтани забони русӣ, ки забони илмии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад, ҳидоят намуда, зарурати донистани забони англисиро дар муносибатҳои нави иқтисоди ҷаҳонӣ шарти аввали воридшавӣ ба ҷаҳони нави илм мешуморад. Ҳамин вохӯриҳои пурҳикмати устод уфуқҳои нави илмии иқтисоди ҷаҳониро ба рӯйи шогирдон боз намудааст.
Дар анҷом мехоҳам суханони Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳтарами Ҳотамро биёрам, ки саропо муҳаббату самимият нисбат ба Мурод Худоиев буда, арзиши баланди илмиву инсони ӯро манзури ҳамагон гардонидааст:
“Бо Муродасен Худоиев, ки мо ӯро бо номи Мурод Назарович мешиносем, аз соли 2000 то соли 2010, тақрибан даҳ сол дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкор будем. Ҳар ду дар котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагон - ман ҳамчун мудири котибот ва Мурод Худоиев дар вазифаи ёвари раис ифои вазифа мекардем. Дар тайи ин даҳ соли ҳамкорӣ Мурод Худоиевро ҳамчун як инсони донишманду кордон, самимӣ ва дорои беҳтарин хислатҳои инсонӣ шинохтам. Бар дӯши Мурод Худоиев ва ман ҳамчун кормандони Котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагон вазифа ва масъулиятҳои хеле мушкил вогузор гардида буд. Мо бояд тамоми фаъолияти роҳбарияти Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла баргузории ҷаласаҳои иҷлосияҳо, Шуроҳои Маҷлиси намояндагон, мулоқотҳо бо сафирону ҳайатҳои парлумонии кишварҳои хориҷӣ, сафарҳои хориҷии раиси Маҷлис ва ҳайатҳои парлумонӣ, гузоришу баромадҳо, мақолаҳо барои матбуоти хориҷиву дохилӣ ва ғайраро таҳия мекардем. Бахши таҳияи мавод, сафарҳо барои иштирок дар ҷаласаҳои байнипарлумонӣ ва Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳрҳои Санкт - Петербург, Москва, Минск, Боку, Остона, Тошканд ва ғайраро ба забони русӣ Мурод Худоиев таҳия мекард. Ҳар маводе, ки ӯ барои нашр ё гузориш омода мекард, аз он саҳве ё камбудие ёфтан муҳол буд. Дар бораи сиёсат ва робитаҳои байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маҷаллаҳои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар созмонҳои байнипарлумонӣ аз номи роҳбарияти Маҷлиси намояндагон мақолаҳо таҳия мекард.
Мурод Худоиев аслан иқтисодчӣ буд. Ӯ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз фанни иқтисодиёт дарс мегуфт. Дар бораи иқтисодиёт як силсила китобҳо навишта, дар ин бахш шогирдони зиёдеро тарбия карда буд. Бори нахуст фарҳанги русӣ - тоҷикии истилоҳоти иқтисодиро мураттаб намуд.
Ашрофнамову бовиқор буд, як инсони самимӣ, хоксору фурӯтан, рафиқи меҳрубону ғамгусор мебошад. Ҳам дар Маҷлиси намояндагон, ҳам берун аз он ӯ сазовори обрӯ ва нуфузи зиёд буд.
Хеле қаноатманд ҳастам, ки чанд муддат бо чунин инсони донишманду хирадманд, рафиқи меҳрубону ғамхор ҳамкор будам. Ҳангоми фаъолияти ҳамкорӣ аз ӯ бисёр чизҳоро омӯхтаам».
Оре, ӯ муроди дили садҳо нафар ватанхоҳ буда, номаш дар равоқи тиллоии миллати тоҷик ба абадият сабт гардидааст. Хидматҳои пурарзиши ин донишманд бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо нишонҳои сарисинагии ба номи академик Р.И. Вавилов, “Инқилоби Октябр”, орденҳои “Иттиҳод” “Содружество” ва “Байрақи сурхи меҳнат” мукофотонида шуда, номи ӯ дар қатори беҳтарин иқтисоддонҳои шинохта вирди забонҳост.


Ҷумъахон ТЕМУРЗОДА



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: