Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Модар тавъаму ҳаммаъно бо Ватан

Модар тавъаму ҳаммаъно бо Ватан

9-03-2016, 15:50
Хабарро хонданд: 568 нафар
Назарҳо: 0
Модар тавъаму ҳаммаъно бо Ватан
Чун гулеро парвариш мекунем, ба ӯ сад ҷаҳон меҳр мебахшем. То гул зебою хушбӯй ва пурҷозиба шавад. Гулпарвар заҳмат мекашад то нашавад, ки он гули зеборо дар айни сабзишу тароват дағалона поймол созанд.

Ҷинси латиф - духтар ба гулаке монад аст, ки таваҷҷуҳ ва тарбияи дурустро талаб мекунад. Бо тавлид шудани духтар дар оила - дар хонадон гармӣ, меҳру муҳаббат, нуру таровати зиндагӣ ҳувайдо мегардад.

Тарбияи духтар хеле мураккаб буда, аз волидон масъулияти хеле ҷиддиро тақозо менамояд. Зеро духтар - зан модари оянда асту давомдиҳандаи насли инсонҳост. Дар оила ҳамаи фарзандон бештар ба модар эҳтиёҷ доранд.

Модар, ки офаридгори насл аст, бо тамоми ҳастияш дар муқобили ҷанг меистад. Барои модарон мусибате сахтар аз ҷанг нест. Зеро ҷанг самари зиндагии онҳо - фарзандонашонро аз байн мебарад.

Ҷанги бародаркуше, ки дар Ватани мо рух дод, махсусан ба занҳо мусибати сахт овард: модарон фарзанд аз даст доданд, занҳо ҳамсаронашонро гум карданд.

Дар шароити душвори иқтисодии замони ҷанг ва баъд аз ҷангӣ бори вазнини зиндагӣ асосан ба дӯши занҳо афтод. Онҳо ҳам барои таъмини иқтисодии оила ва ҳам тарбияи фарзандҳояшон дар шароите, ки бӯҳрони амиқи ахлоқиву маънавӣ наврасону ҷавононро ба ботлоқи фасоду бадахлоқӣ мекашид, иродаву матонат нишон доданд ва пайвандони хешро аз таъсири бад ҳиросат намуданд.

Ва имрӯз низ, чун аз азал тарбияи фарзанд, дар қалбу вуҷуди вай парваридани тухми меҳру вафо, ахлоқи нек, эҳсоси дӯстӣ бо ҳаммилатону ҳамватанон ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ бар зиммаи модарон аст. Бинобар ин, ғамхорӣ ба зан - модар, қадршиносии заҳматҳои бепоёни ӯ чӣ дар миёни аъзои оила ва чӣ дар ҷомеа вазифаи инсонии ҳар яки мост.

Зан хоҳ дар мартабаи модар, хоҳ дар нақши ҳамсар, хоҳ дар сифати хоҳар ва хоҳ дар мақоми маъшуқа, тимсоли малоҳати ҳусн, гармии қалб, латофати эҳсос, наҷобати рафтор аст.

Вале барои ҳар инсон зан пеш аз ҳама, тимсоли модар аст ва бузургии модар бар пояи ҳамин рисолати аз табиат гирифтаи ӯ бунёд шудааст.

Бузургони суханофарин вақте барои Ватан мафҳуми баробару ҳаммаъное ҷустанд, калимаи «Модар»-ро интихоб карданд, ки фақат модар метавонад дар муқаддасӣ ва арҷмандӣ тавъаму ҳаммаъно бо Ватан бошад.

Табиат инсонҳоро чунин бино кардааст, ки зан бе мард ва мард бе зан пурра нест ва дар баҳамоии ин ду нимаи башар зиндагӣ моҳияту маънӣ пайдо мекунад: оилаҳо пайдо мешаванд, фарзандҳо ба дунё меоянд. Аз ин рӯ, иттифоқу иттиҳоду якдигарфаҳмӣ ва эҳтироми тарафайни зану шавҳар омили асосии саодати оила мебошад. Ва, пеш аз ҳама, эҳтироми зан ва махсусан модар ба зиндагии оила шукӯҳу ҳусн мебахшад.

Бо дарназардошти ҳамин Иди занон - 8 - март ҳар қадаре иди гиромидошти зан бошад, ҳамон қадар иди изҳори меҳру муҳаббат ва вафою садоқати мардон ба зан - модар, ба зан - ҳамсар ва хоҳарони мушфиқ аст. Аз ин рӯ, Иди занон - ин иди густариши одобу ахлоқи нек, иди лутфу сафо ва ҷашни муҳаббату дустдорӣ аст. Аз ин ҷашни фархунда, ки ҳамасола қадам ба қадам бо баҳори хуррам меояд, ҳамчун аз омили муассири пешбурди фарҳанги миллӣ ва одобу ахлоқи ҳасанаи инсонӣ барои тарбияи неки насли наврас истифода намудан судманд хоҳад буд.

Зан ва оила маъноҳои ба ҳам наздиканд, зеро зан меҳвари хонавода аст ва аз ин рӯ, Сарвари давлат дастур медиҳад, ки нишонаи солим будани ҷомеа ва камолоти ҷомеа, пеш аз ҳама, муносибати ғамхорона ба зан - модар, зан - мураббии фарзандон ва нигоҳдорандаи чароғи хонадон аст.

Ба ин хотир дар ҳар оила, дар тамоми ҷомеа бояд рӯҳияи эҳтироми беандоза нисбат ба зан - модар ба вуҷуд оварда шавад, мақоми ӯ ҳамеша баланд бошад, ҳуқуқҳояш ҳаргиз поймол нагарданд».

Таваллуди фарзанд барои ҳар инсон ҳодисаи фархунда аст. Бо таваллуд кардани насл инсон вазифаҳои аз табиат бар вай атошудаи идома ва ворисияти наслҳоро ба ҷо оварда, дар баробари ин дар иҷтимоъ, дар пеши ҳамнавъон бо эҳсоси ба инсонҳо хоси қодир ба насл будан тафохӯр менамояд. Вале барои инсони пешрафта дар баробари тафохӯр ва эҳсоси ризоият аз қодир будан ба наслбиёрӣ, масъулияти беҳдошти фарзанд ва парвариши ӯ ҳамчун инсони фаъол дар мадди аввал қарор мегирад. Инсони пешрафтаву бофарҳанг пеш аз он ки ба сари қароре ояд, ки фарзанд таваллуд кунад, нахуст мутаваҷҷеҳи аҳволи худ ва шароити муҳит мегардад. Яъне ӯ дар баробари даҳҳо суол ба андеша меравад, ки оё ӯ қодир аст, ки тифли аз ҳар лиҳоз осебпазирро метавонад аз бемориҳову сироятҳо ҳифз кунад? Оё метавонад онро дар муҳити рӯз ба рӯз ғарқшаванда ва бӯҳронҳои экологиву иқлимӣ солим ба камол расонад?

Инсон мавҷуди муқаддасу шариф аст ва вай аз рӯзи ба дунё омадан то марҳилаи зиндагиро падруд гуфтан бояд ки ба таври шоиста ба ғамхорӣ фаро гирифта шавад.

Вазифаи асосии модар ҳам дар пеши Худованд, ҳам дар назди ҷомеа ва, пеш аз ҳама дар пеши виҷдон таълиму тарбияи кӯдак аз тифли ноогоҳ ба инсони худшинос ва мусаллаҳ бо донишу ҳунар аст. Волидайн вазифадор ҳастанд, ки фарзандони худро дар сояи ғамхории ҳаррӯза фаро гирифта, шароити мусоиди таҳсил ва омӯзиши касбу ҳунарро муҳайё созанд. Ва баъдан фарзандон муваззафанд, ки волидайни пиронсоли худро мувозибат ва нигаҳбонӣ кунанд.

Инсон мавҷуди осебпазир аст ва ҳеҷ кас аз афтодан ба қайди беморӣ, ҳодисаҳои нохӯш ва пирӣ дар амон нест. Инсон, ки ба дунё меояд дар зиндагии хеш ҳамеша таҳти таъсири омилҳои гуногун қарор мегирад, ки омили муассир ин шароити муҳит аст. Дар баробари ин инсон бояд насл ба дунё оварад, ки насл овардани инсон ҳам вазифаи табиӣ ва ҳам иҷтимоии ӯ мебошад. Насли инсон аз нуқтаи назари иҷтимоӣ фақат марбут ба падару модар ва оила нест, вай ҳамчунин узви ҷомеа ва давомдиҳандаи анъанаҳо ва расму одати устуворшудаи ҷамъиятӣ аст. Аз ин рӯ тарбия кардани фарзанд ҳамчун шаҳрванд, шахсияти фаъол ва инсони пешрафта қабл аз ҳама вазифаи волидайн ва низ вазифаи ҷомеа дар симои давлат аст. Вале бунгоҳи тарбияи инсони бомаърифату бархурдор аз одобу ахлоқи ҳамида ва кӯрае, ки хишти шахсиятро мепазонад ин зан - модар аст.

Зан дар оила баробари шавҳараш аз кадхудоёни хонадон аст, ва барои фарзандон муқаддастарин инсон мебошад. Одамро аз модар муқаддастар, шарифтар ва наҷибтар шахсе нест. Модар аст, ки то охирин нафасаш ҷонашро дар гарави ҷони фарзанд мемонад ва серии фарзанд серии ӯст, роҳати фарзанд роҳати ӯст ва дарди фарзанд дарди ӯст
Дар мамлакатҳои пешрафта мақому мавқеъ ва нақши зан дар ҷомеа нишондиҳандаи асосии маданияту фарҳанги ҷомеаро муайян месозад. Мо низ бояд ҷаҳд намоем, ки мақоми зани тоҷик дархури мартабаи баланди ӯ бошад.

Иди байналхалқии занон 8 - март дар замони шуравӣ ҳарчанд бо ибтикори дастгоҳи ҳизбӣ ҷорӣ шуда буд, бино ба мазмуни олияш - гиромидошти зан, аз ҷониби тамоми халқи шуравӣ гарму ҷӯшон истиқбол шуд ва хеле зуд ба иди воқеъии миллӣ табдил ёфт. Иди занон дар маҷмуи идҳои зиёде, ки аксаран мазмуни сиёсӣ доштаанд, дар баробари иди Соли нав, иде буд, ки онро бо самимият истиқбол менамуданд.

Барои миллати тоҷик чи дар даврони шӯравӣ ва чи ҳоло Рӯзи занон, хушбахтона, яке аз идҳои муҳим ба шумор меравад ва дар баробари иди Наврӯз хеле гарму самимӣ истиқбол мешавад.

Иди занон моҳиятан ҷашни муҳаббат аст ва сабаби аз тарафи халқҳои гуногун чун оини миллӣ қабул шуданаш низ ба ҳамин ҷиҳат иртибот мегирад.

Мусалламу мантиқист, ки занон нафақат дар як рӯзи махсус балки ҳамеша бо муҳаббату муваддат фаро гирифта шаванд. Рӯзеро эълом доштани иди занҳо, ин пеш аз ҳама таъкиди махсусест ба мақоми баланди зан, фурсати дигарест ба изҳори меҳру сипос ба вуҷуди офаридгори ӯ, ба худфарсоиву ҷоннисории ӯ, ба муҳаббату меҳрубонии ӯ.

Боиси қаноатмандист, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ғамхорӣ ба занонро бахши муҳимми сиёсати давлатӣ муайян намудааст. Қабул шудани «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998 - 2005» намунаи беҳтарини ғамхорӣ ва эътимоду боварӣ ба ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ғайрату кордонии занони ҷумҳурӣ мебошад.

Бояд зикр кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар пайвастагӣ бо тадбирҳои баланд бардоштани мавқеъю мақоми зан, нисбати духтарон бобати ҳар чӣ бештар соҳибмаълумот ва ихтисосмандӣ соҳаҳои гуногуни иқтисоду фарҳанг шудани онҳо пайваста ғамхорӣ менамояд. Яке аз корҳои назаррас, ки нисбати духтарон ва ояндаи онҳо ба сомон расонида шуд, ин аст, ки дар ҳама мактабҳои олию миёнаи махсуси мамлакат барои духтарони ноҳияи кӯҳистон квотаи президентӣ ҷорӣ карда шуд.

Тибқи ин дастур духтарони бо баҳои аъло хатмкардаи мактабҳои ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дар асоси имтиёзҳои муайяннамудаи Президенти ҷумҳурӣ ба донишкадаҳои олии пойтахт дохил мешаванд.

Албатта, ғамхорӣ нисбати занону духтарон дар сатҳи давлатӣ боиси қаноатмандист ва ин аз сиёсати оқилонаву хирадмандонаи давлат ва Ҳукумати мамлакат дарак медиҳад. Ҳодисаи камоли матлуб ин аст, ки дар ҳар оила ва дар тамоми ҷомеа рӯҳияи эҳтиром ба занон ва арҷгузории заҳмати модарон густариш меёбад. Зеро муносибати гарму самимӣ нисбати занону духтарон далели ҷавонмардиву наҷобати мардон маҳсуб мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: