Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ПОКИРО АЗ ЧАШМА ОМӮЗ...

ПОКИРО АЗ ЧАШМА ОМӮЗ...

15-12-2022, 10:26
Хабарро хонданд: 217 нафар
Назарҳо: 0
Ба муносибати 75-солагии олими физик Дӯстназар Шерматов

ПОКИРО АЗ ЧАШМА ОМӮЗ...
Дӯстназар ҳамроҳи падари бузургвори худ амаки Шермат ба Чилучорчашма сафар карданашро аз ёд намебарорад. Он вақт дар синфи панҷуми мактаби миёнаи ба номи Рӯдакии ноҳияи Қубодиён таҳсил менамуд. Онҳо макони муқаддасро зиёрат карда, дар зери чанори ҳазорсолаи лаби чашма нишастанд, то ба моҳиён ѓизо диҳанд. Ҳамин вақт падар суханони зайлро изҳор намуд:
- Чашму чароѓи падар, покиро аз чашма омӯз! Оби софи ин чашма замини як деҳаи калонро шодоб мекунад. Одамон аз ошомидани оби руҳбахши он фараҳманд мешаванд.
Пас аз фосилае падараш ба суханонаш давом дод:
- Мувофиқи ривояти бобокалони мо, Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ пеш аз сафари дуру дарози худ дар оби ҳамин чашма дасту рӯ шуста, як каф нӯшидаасту баъдан ба роҳ баромадааст. Қабл аз мусофирати худ шоир ва мутафаккири бузург дар Қубодиён шамъи илму маърифатро фурӯзон карда буд. Агар ту ҳам хонӣ, риёзат кашӣ, ҷаҳду кӯшиш намоӣ, пас олими баобрӯ хоҳӣ шуд.
Ин панду насиҳати падар барои Дӯстназар дастури доимии ҳаёт гардид.
Вақте ки Дӯстназар соли 1965 таҳсили дабистонро ба анҷом расонид, дар номаи камоли ӯ фақат аз фанҳои таърих ва забони хориҷӣ баҳои чор гузошта шуда, дигар ҳама аъло буданд. Дӯстназар орзу дошт, ки дар Донишгоҳи тиббӣ таҳсили илм намояду ҷароҳатҳои аз ҷанг бардоштаи падарро муолиҷа созад. Вале хатти сарнавишти ӯ андаке дигар хел нақшбандӣ шуд. Дӯстназар ду сол бо зарурати шароити оилавӣ дар мактаби ҳафтсола муаллимӣ кард, сипас ба факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил гардид. Ин ният бо маслиҳати роҳбари синфаш Назрулло Ҷӯраев амалӣ гашт.
Вай ҳанӯз аз курси сеюм ба кафедраи физикаи ҳастаии донишгоҳ вобаста гардида, бо сабақу ёрии устодон роҳи душвор ва тӯлонии омӯзиш, ҷустуҷӯ ва таҳқиқро пайгирӣ намуд. Пас аз хатми донишгоҳ шомили аспирантура шуд ва фаъолияти таҳқиқотиро боз амиқтару густурдатар идома дод. Мавзӯи рисолаи номзадии Дӯстназар Шерматов «Спектри сатҳи мустаҳкамӣ ва пойдории полимерҳо» гардида, ба он олимони намоёни ҷумҳурӣ, доктори илмҳои физикаю риёзӣ, профессор Б.Н. Назруллоев ва доктори илми кимиё, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои кишвар С.К. Каримов роҳбарӣ намуданд.
Дар фарҷоми тадқиқ Дӯстназар Шерматов олами то ҳанӯз кашф нагардидаи полимерҳоро боз намуд, ки он дар кайҳоннавардӣ ва саноат васеъ истифода мешавад. Ҳамчунин дар соҳаи тиб ин мавод барои иваз намудани баъзе узвҳои инсон, масалан, рагҳои хунгард, дандонҳо, зимни амалиёти ҷарроҳии пластикӣ хеле зарурат дорад. Ҳимояи рисолаи номзадии Дӯстназар Шерматов дар Донишгоҳи физикаи шаҳри Маскав баргузор шуда, аз тарафи олимон якдилона ҷонибдорӣ ёфт.
Олими ҷавон ба фатҳи аввал қаноатманд нагардида, таҳқиқи табиати полимерҳо ва истифодаи ин маводро суботкорона давом дод. Оид ба натиҷаҳои илмии бадастовардаи худ дар маҷаллаи «Акта полимерка»-и Олмон дар маҷмуаҳои олимони кишварҳои Эрон, Сингапур, инчунин маҷаллаи «Полимерҳои нави Россия»-и Амрико мақолаҳои таҳқиқотии худро чоп намуд. Зимнан Дӯстназар Шерматов узви ҳайати таҳририяи ҳамин маҷалла мебошад.
Муҳаққиқи соҳибистеъдод бо мушовирати олими машҳури Россия Г.М. Бартенев дар мавзуи «Спектри дискретии хосиятҳои физикӣ ва табиати фатаротшавии полимерҳо» рисолаи докторӣ навишт. Дар ин рисола пажӯҳишҳои бистсолаи олими тоҷик ҷамъбаст гардиданд. Ӯ аз ҳаммаслакони худ, олимони маъруф Шарофиддин Тӯйчиев, Тошбой Бобоев ва Бронислав Тсой миннатдор аст, ки онҳо дар эҷоди рисолаи докториаш маслиҳату машварати хешро дареѓ надоштаанд.
Соли 2002 Дӯстназар Шерматов рисолаи доктории худро дар шурои илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бомуваффақият дифоъ намуд.
- Моҳи май бароям моҳи босаодат аст, - мегӯяд олими ҷӯянда Дӯстназар Шерматов, - 8 майи соли 1985 рисолаи номзадӣ тасдиқ гардидааст, 17 майи соли 2002 ба дараҷаи докторӣ ва 23 майи соли 2003 ба унвони профессорӣ мушарраф шудаам.
Олими намоёни тоҷик Дӯстназар Шерматов дар кишварҳои хориҷӣ низ ҳамчун муҳаққиқи номвари соҳаи полимерҳо обрӯю эътибори баланд дорад. Ӯ узви ду Шурои ҳимояи рисолаҳои докторӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад. Ҳамчунин мавсуф узви ҳақиқии Академияи байналхалқӣ ва академики илмҳои иҷтимоӣ ва педагогии Федератсияи Россия интихоб гардидааст.
Дӯстназар Шерматов бо нишонҳои «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофотонида шудааст. Ӯ инчунин бо унвони «Муаллими сол» дар байни омӯзгорони макотиби олии кишвар шарафёб гардидааст.
Олими бузурги миллат беш аз шаст соли умри бобаракати худро бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино пайвастааст. Тӯли солиён дар ин донишгоҳ ба сифати декани факултаи педиатрӣ, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ фаъолият дошта, ҳоло ба ҳайси мудири кафедраи физикаи тиббиву ҳаётӣ хидмат менамояд.
Ба қалами олими бузурги тоҷик Дӯстназар Шерматов зиёда аз сесад мақолаи илмӣ, 7 монография ва 8 китоби дарсӣ барои донишҷӯён тааллуқ дорад. Таҳти роҳбарии ӯ 20 рисолаи доктори ва номзадӣ ҳимоя шудаанд.
Панду андарзи падар барояш дастури доимии зиндагӣ буда, байти зерини шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ шиори фаъолияташ мебошад:
Ба шогирдӣ ҳар он к-ӯ шод гардад,
Расад рӯзе, ки худ устод гардад
.
Бахтиёр Муртазо,
нависанда
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: