ОҒОЗ
Ба назар чунин мерасад, ки оғози қарни 21 иттиҳоди Аврупо ва Атлантик “лагери сотсиалистӣ”-ро, ки ба он кишварҳои пайрави идеологияи коммунистӣ шомил буданд, комилан мағлуб кард. ИМА баъд аз анҷоми “ҷанги сард” ҷойгоҳи худро ба унвони ягона давлати абарқудрат ҳифз намуд. Ҳатто сиёсатшиноси маъруфи амрикоӣ Фукуяма, дар китоби худ “Поёни таърих” таъйид кард, ки демократияи либералӣ пирӯз шуд ва дар тамоми ҷаҳон паҳн шудани арзишҳои либералӣ, дигар танҳо фурсат мехоҳад. Кишварҳои аврупо низ, бо асъори ягона ва арзишҳои муштарак як иттиҳоди бузурги сиёсиву иқтисодиро созмон доданд ва мисли шарики стратегиашон ИМА аз як тараф нақши “жандарми ҷаҳонӣ” ва аз тарафи дигар “ҳомии ҳуқуқи башар”-ро мебозанд.
Ҷаҳони муосир дар муқоиса бо гузаштаи начандон дур хеле тағйир ёфтааст. Имрӯз дар ИМА ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо амри душвор аст сиёсатмадореро мисли Франклин Рузвелт, Роналд Рейган, Конрад Аденаур, Ҳелмут Кол, Шарл Де Гол ва Маргарит Теччер, ки халалдоршавии низоми ҷаҳонро бо роҳи гуфтушунид пешгирӣ мекарданд, пайдо намуд. Ҷойи онҳоро сиёсатбозоне, ба истилоҳи маъруф политиканҳо (шахсони ғаммоз, бидуни принсип, дар сиёсат худхоҳ ва дасисабоз ) ишғол намудаанд, ки тамоми ҷаҳонро ба моҷаро кашидаанд. Ин тоифа дар муносибатҳои байналмилалӣ хушунату ҷангро фарози гуфтушунид ва муносибатҳои дипломатӣ мегузоранд, ки паёмади хубе надорад. Аксари роҳбарони кишварҳои аврупо, бавижа кишварҳои назди Балтик, бонувони ҷавоне, ки дар заминаи популизми авомфиребӣ сари қудрат омадаанд, ҳатто ҷанги ҳастаиро бидуни андеша аз оқибатҳои он, ки имкон дорад тамоми мавҷудоти заминро несту нобуд кунад, дар замони муосир як амри табиӣ мешуморанд, ки хеле нигароникунанда аст. Ҷаҳон то ҳанӯз шоҳиди ин гуна ҳамоқат ва сабукмағзии роҳбарони кишварҳои мутараққӣ набуд.
Баъд аз Ҷанги дувуми ҷаҳон ба хотири пешгирии хунрезиҳои шадид дар кураи замин абарқудратҳо Созмони Миллали Муттаҳидро замина гузоштанд. Ба хотири фароҳам овардани фазои ором ва бидуни ҷангу хушунат дар ҷаҳон ва шароити мусоид барои рушди кишварҳо, силсилаи санадҳои хеле муҳим ба тасвиб расиданд: Қарордоди Потсдам (1945), Муоҳидоти сулҳи Париж (1947), Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани ҳама шаклҳои табъизи нажодӣ (1965), Муоҳида оид ба паҳн накардани аслиҳаи ҳастаӣ (1968), Конвенсияи Вена дар мавриди ҳуқуқи муоҳидот (1969) ва мисли ин даҳҳо санадҳои дигар.
Имрӯз аз он арзишҳои асили демократӣ, ки боди нарми озодиро дар ҷаҳон паҳн мекард асаре намондааст. Демократияи муосир бо авторитаризми худхоҳона, трайболизми бузургманишӣ, либерализме, ки арзишҳои таърихӣ, миллӣ, динӣ ва суннатҳои санияи мардумро инкор мекунад ва ЛГБТ (Lesbian, Gay, Bisexual,Transgender- ба хотири нафратовар будани шарҳи ин рамз, аз тафсири он худорӣ мекунам), ки қонунҳои илоҳӣ ва табиатро инкор мекунад, олуда шудааст.
Теъдоде аз кишварҳои ҷаҳон, мисли кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Канада, Япония, Корея, Австралия..., бо дастури англосакҳо, мехоҳанд ин арзишҳоро сари кишварҳои дигар, ки ба расму оин, фарҳанг, дин ва таърихи худ арҷ мегузоранд, таҳмил кунанд. Кишварҳои дигари ҷаҳон, ки аз лиҳози нуфус, захираҳои табиӣ ва масоҳат бузургтаранд, ин арзишҳои сунъӣ ва ғайрисуннатиро қабул надоранд.
Баъзан сари баҳс дӯстони ғарбгаро иддао мекунанд, ки сифати зиндагии мардуми амрико ва ё аврупо ба маротиб аз Русияву Эрону мисли ин беҳтар аст. Бале, беҳтар аст, вале агар мо дуруст таваҷҷуҳ кунем, шахсиятҳое мисли Ден Сяо Пин – Роҳбари Љумҳурии Мардумии Чин, Ли Куан Ю - Сарвазири Сингапур, Моҳатҳир Муҳаммад - сарвазири Малазия, Хосе Мухика - Президенти Уругвай низ будаанд, ки кишварҳояшонро дар муддати хеле кӯтоҳ аз муфлисшавӣ наҷот дода, дар радифи кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ хеле пешрафта ва сатҳи зиндагии мардумаш баланд қарор доданд. Тафовути ин кишварҳо аз мамолики ғарб дар ин аст, ки онҳо бидуни дастгирии Хазинаи байналмиллали асъор, бонкҳои аврупоӣ ва созмонҳое мисли Сорос ба ин сатҳ расиданд ва фарҳангу суннатҳои санияи худро ҳифз намуда, аз паҳншавии арзишҳое мисли либерализм ва ҳамҷинсгароӣ ҷилавгирӣ карданд. Онҳо собит намуданд, ки барои фароҳам овардани зиндагии арзишманд ва шоистаи мардум мисли кишварҳои ғарб аз фарҳанг, таърих, расму оини миллӣ даст кашидан шарт нест, балки баръакс имкон дорад, ки ҷаҳони сармояро дар хизмати ин арзишҳо гузоранд.
ХАТАРИ АВВАЛ: РАДИКАЛИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ
Вожаи “экстремизм” ва “радикализм” аз забони лотинӣ то ба мо расида маънои “экстремизм” “ифротӣ” ва “радикализм” “реша” аст. Чунин афрод ба муҳит ва ҷомеа бо хасму нафрат мутамоиз мешаванд. Ҳамаро дар атрофаш ба “худӣ” ва “бегона” тақсим мекунад. Касе, ки назару андешаашро пазируфт “худӣ” аст ва касе, ки қабул накард “бегона”. Ин тоифа бо “бегонагон” оштинопазиранд ва маҳв кардани онҳоро фарз медонанд. Ба моҷаро кашидан ва ба ҷангу куштор таҳрик додани онҳо кори мушкиле нест.
Радикализми динию мазҳабӣ, бахусус исломӣ имрӯз ба яке аз василаҳои барҳам задани низоми суннатии кишварҳои шарқ табдил ёфтааст. Агар дақиқан таваҷҷӯҳ намоед, кишварҳои ғарб ба ба созмонҳои ҷамъиятии мамолики рӯ ба тараққӣ, ки дар бахши таблиғи демократия, озодии баён, мушкилоти гендерӣ ва мисли ин фаъолият мебаранд, гарантҳои ночиз ихтисос медиҳанд.
Чаро? Ба назар чунин мерасад, ки ҷаҳони ғарб “демократия” ро ҳаққи вижаи нажодҳои баргузидаи аврупоӣ мешуморад ва ҳаргиз бунёди ҷомеаи демократӣ дар кишварҳое, ки мардумаш аз ин доира берунанд, барои онҳо муҳим набудааст. Агар мо ба таърихи на чандон дури кишварҳое мисли Миср, Сурия, Либия Афғонистон ва даҳҳои дигар таваҷҷӯҳ намоем ба хубӣ дарк хоҳем кард, ки рушди ин кишварҳои демократӣ солҳои 60-70-и асри гузашта аз кишварҳои мутамаддини ҷаҳони ғарб, тафовуте надошт. Онҳо нав ҳалқаҳои занҷири ҷаҳолати низоми феодалии диниро гусаста, рӯ ба илму маърифат ва озодӣ оварда буданд. Вале бубинед. чи гуна ба иттиҳоми ғайридемократӣ эълон кардани ин низомҳо, ҷаҳони ғарб онҳоро шикаст ва боз нерӯҳои исломи радикалиро, ки дар сатҳи тафаккури қуруни вусто қарор дошт, дар шакли ҷоҳилтар сари қудрат овард.
Кишварҳои ғарб барои пиёда кардани аҳдофи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геостратегии худ дар кишварҳои дувумдараҷа ҳаргиз ба нерӯҳои нарм ва тамоюли демократӣ дошта эътимод надоранд, балки ба гуруҳҳои радикалии динӣ такя мекунанд, ки хеле мутаассибу таҷовузкоранд ва ба ҷуз ҷаҳонбинии маҳдуди худ ҳеҷ назару андешаи дигарро қабул надоранд. Онҳо ҳатто ҳамқавмони худро, ки бо назари эшон мувофиқ нестанд, ба ҷурми “муртад” ва “ёғӣ” ба қатл ҳукм мекунанд. Таассуб эшонро ба ҷое кашидааст, ки ҳатто аз номи Худо ҳукм мекунанд, амалҳои ғайриинсонӣ ва ваҳшиёнаи худро як амали хайр дар роҳи Оллоҳ меҳисобанд. Вале дар асл бо дастгирии молии кишварҳое, ки такфирӣ ва душмани ислом мехонанд, бо мардуми ҳамдину ҳамкеши худ муборизаҳои хунин мебаранд.
ХАТАРИ ДУВУМ, МИЛЛАТГАРОӢ ВА НАЖОДПАРАСТӢ (НАЦИЗМ)
Замоне, ки аз тамоюли нанговари миллатгароӣ ҳарф мезанем, дар зеҳни мо бештар бедодиҳои Ҳитлер ва олмони фашистӣ бедор мешавад. Вале нишонаҳои миллатгароӣ ҳанӯз дар замони мустаъмароти атиқа ба назар мерасид. Миллатҳое, ки худро нухба ва баргузида меҳисобиданд, миллатҳои нисбатан нодор ва аз лиҳози рушд оқибмондаро, ваҳшӣ меҳисобиданд ва онҳоро бидуни ҳеҷ сабаб, торумор мекарданд.
Суоли матраҳ ин аст, ки идеологияи фашистии Ҳитлер зодаи андешаи ӯст ё аз манобеи дигаре обишхур дорад?
Агар сандаҳои таърихиро варақ гардонем, аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳанӯз садсолаҳо қабл аз зуҳури Ҳитлер, истеъморгарони инглис дар Амрикои Шимолӣ ва Австралия ба бедодгариҳое даст мезаданд, ки аз фашизми олмонӣ ҳеҷ тафовуте надошт. Милатгароёни инглис дар ин кишварҳо на танҳо ҷиноёти ҳарбиро муртакиб мешуданд, балки ба зуҳуроти наслкушӣ низ замина гузоштанд. Ҳадаф аз ин ваҳшоният чӣ буд? Танҳо фатҳи заминҳои бузурги “тавсеанаёфта” (коркарднашуда), ки ба хотири соҳиб шудан ба он аз тамоми имконот, ҳатто комилан нобуд кардани мардуми “фурумоя”-и маҳаллӣ кор мегирифтанд.
Боиси таассуф аст, ки имрӯз низ тамоми фитнаҳои замони муосир ба хотири соҳиб шудан ба сармоя, замин, дороиҳои табиӣ ва мисли ин сурат мегирад ва то ҳанӯз назарияи нажодпарастиву миллатгароӣ ба ҳайси яке аз аслиҳаҳои пуриқтидори кишварҳои абарқудрат дар роҳи расидан ба ин ҳадафҳо, истифода мешавад.
Ҳитлер фашизмро асос нагузоштааст, балки танҳо идеологияи онро такмил дод. Тасаввури ӯ ин буд, ки афроде, ки хуни нордӣ (Nordic race —як нажоди баргузида, бахше аз нажоди бузурги аврупоӣ. Ин истилоҳ тавассути идеологҳои нажодпарастӣ ба вижа дар “назарияи нордик” истифода мешавад.) дар рагҳояшон ҷараён дорад, дар тафовут бо миллатҳои дигар баргузида, бунёдкор ва сари дигар нажодҳо ҳукмронанд. Дигар миллатҳо, ки хуни нордики онҳо камтар аст, бояд ба ҳайси ғулом истифода шаванд. Фаразан Ҳитлер сари ин ақида буд, ки бояд замини лаҳистониҳо, русҳо, укроиниҳо ва белорусҳо пурра тасарруф ва генофонди миллии онҳо то андозаи муайяне торумор карда шавад, ки дигар ба ҳайси як давлат ва миллати соҳибихтиёр сар баланд карда натавонанд. Теъдоди ками ин миллатҳо, ки қобили кори ҷисмонианд, бояд дар хизмати нажодҳои олӣ қарор бигиранд. Дар ин радиф Ҳитлер хуни яҳудиро ба шумули бадтарин ва пасттарин хунҳо нисбат медод ва ба пурра маҳв кардани он амр дод, ки ин ҳаракат ба унвони Ҳолокост маъруф аст. Теъдоди умумии яҳудиёни маҳвшуда дар Ҳолокост ба беш аз шаш миллион расид ва дар ин моҷаро, соли 1945 дар кишварҳои аврупо аз се яҳудӣ ду нафараш қир карда шуд.
Идеологияи миллатгароӣ (натсизм) низ мисли иделогияи радикализми динӣ бо дигарандешӣ оштинопазир аст. Абзори асосии ин идеология низ таассуб, ҷаҳолат, куштор ва даҳшатпароканист. Аз ин лиҳоз давлатҳои абарқудрати ҷаҳон, ки идеологияи миллатгароӣ ва нажодпарастӣ дар кишварашон расман манъ шудааст, ба хотири роҳандозии нақшаҳои истеъмории худ дар кишварҳои мавриди ҳадафашон аз ин ҳаракатҳои мутаассиб моҳирона истифода мебаранд. Мисоли истифодаи гуруҳҳои радикалии динию мазҳабӣ ва алайҳи дигарандешон таҳрик додани онҳоро дар асри XXI, мо дар Афғонистон, Сурия, Ироқ, Миср, Либия шоҳид шудем. Фаразан дар Ироқу Сурия ДОИШ, дар Миср Ихвон –ал-муслимин, дар кишварҳои Африқо Боко - Ҳарам ва дар Афғонистон - “Толибон” зуҳур карданд. “Толибон” як неруи омехтаи радикали-нажодпарастӣ буд, ки дар заминаи таълимоти исломи ифротӣ ва пуштунволӣ ба таври сунъӣ бунёд гузошта шуд.
Ҳамин гуна барои аз нав эҳё ва таҳрик додани миллатгароӣ ва нажодпарастӣ дар кишварҳои назди Балтик, қисмати аврупоии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, манзур Украина, Белорусия, кишварҳои Қафқоз замина гузошта шуд.
Имрӯз низ барои ноором сохтани вазъи кишварҳои аврупо, қафқоз ва Осиёи Марказӣ тарҳи иғвоангезе бо номи “Тӯрони бузург” роҳандози шудааст, ки қабилаҳои туркнажодро зери як парчам муттаҳид намуда, алайҳи дигар миллатҳо, ба хусус форсҳо таҳрик медиҳад. Харитаи “Тӯрони бузург” таҳдид ба якпорчагии қаламрави кишварҳои бузурге мисли Русия, Эрон, Чин... аст, ки дар ҳоли муваффақ шудан яқин аст боиси фитнаи бузурге гардад ва ҷони садҳо ҳазор нафарро зери хатар гузорад.
ХАТАРИ СЕВУМ: ТАСЛЕҲОТИ ҚАТЛИ ОМ
Дар ин матлаб манзур аз таслеҳоти қатли ом, танҳо мушакҳои ҳастаӣ нест. Ба ҷуз таслеҳоти ҳастаӣ, ки воқеан даҳшатборанд ва метавонанд курраи заминро ба коми нестӣ бикашанд ва машҳар барпо кунанд, василаҳои дигаре низ ҳастанд, ки бидуни зарари бештаре расонидан ба табиат, инсонро маҳв кунанд. Имрӯз ба шарофати технологияњои муосир усулҳои нави қатли ом кашф шудаанд, ки ба таври пӯшида ва бидуни он, ки инсон аз нақшаҳои шуми он огоҳ шавад тарҳрезӣ мегардад.
Нахуст мутаваҷҷеҳ мешавем ба мушакҳои ҳастаӣ. Бузургтарин ва даҳшатноктарин бомби ҳастаиро олимони Иттиҳоди Шӯравӣ кафш карданд (АН602, зери роҳбарии академик И.В.Курчатов соли 1956-1961), ки бо унвони “шоҳ-бомба” маъруф аст . Бомбаи мазкур термоҳастаӣ буд ва иқтидораш сад мегатонро ташкил медод. Ҳангоми озмоиш мавҷи зарбаи инфиҷор се маротиба курраи заминро давр зад ва дар масоҳати садҳо км. тамоми алоқаи радиёиро аз кор баровард. Посухи ИМА ба Никита Хрушёв, ки ин аслиҳаро мавриди озмоиш қарор дод, нисбатан заифтар буд ва ҳамагӣ 15 мегатон иқтидор дошт. Баъдтар бомбаҳои нейтрони, вакуумӣ ва мисли ин низ ихтироъ шуданд, ки аз лиҳози экологӣ “камзарар”, вале аз ҷиҳати наслкушии инсон хеле ваҳшатнок буданд.
Яке аз кишварҳои дорои бузургтарин арсенали ҳастаӣ Русия, барои истифодаи он солҳои охир мушакҳои фаросавти (фавқуссадо)-ро ихтироъ кардааст, ки дигар кишварҳои ҷаҳон пеши он оҷизанд.
Имрӯз дар натиҷаи ихтилофи бесобиқаи кишварҳои гегемон, хатари набарди ҳастаӣ зиёд шудааст ва дар ҳоли истифодаи он дар сайёра фаро расидани охирзамон (армагедон) аз эҳтимол дур нест.
Дар мавриди таслеҳоти дигари қатли ом метавон, аслиҳаи биологӣ ва пандемияи вирусҳои гуногунро мисол овард, ки имкон дорад бидуни эълони чанг ва пай бурдани ҷомеаи ҷаҳонӣ дар тамои олам ба таври сунъӣ паҳн шавад ва ба ҷони миллионҳо нафар таҳдид кунад.
Ахиран роҳбари комиссия оид ба коронавируси маҷаллаи тибии Бритониё “Lancet” Джеффри Сакс изҳорот дод, ки эҳтимолан COVID-19 ба таври сунъӣ бо истифода аз технологияҳо пешрафтаи амрикоӣ дар озмоишгоҳ сохта шудааст. Чанд руз қабл дар ВАО фарзияе паҳн шуд, ки дар яке аз озмоишгоҳҳои ИМА дар натиҷаи омезиши вируси “Омикрон” ва “Коронавирус” –и навъи Уҳан, вируси ҷадиде ихтироъ шудааст, ки дар ҳоли паҳн шудан 80% гирифторони он ҷон ба саломат намебаранд.
Агар ба таърихи даҳшатбори паҳншавии вирусҳои наслкуш таваҷҷӯҳ намоем, тоуни испанӣ соли 2018 -2020 тамоми манотиқи ҷаҳонро фаро гирифт ва 550 миллион одамро аз пой даровард, ки ҳамон вақт баробар ба 30% аҳолии замин буд.
Истифодаи аслиҳаи биологӣ ҳануз дар асри XIV дар дафтари таърих сабт шудааст. Тоторҳо ҳангоми ба муҳосира гирифтани истеҳкоми Каффа ҷасади ҷанговареро, ки гирифтори вируси тоун буд бо манҷаниқ ба қалъа партофтанд, ки дар натиҷа аксари истеҳкомнишинон аз ин вирус сироят ёфта, талаф шуданд. Англисҳо, фаронсавиҳо ва испаниҳо, ки худро аз нажоди баргузида меҳисобиданд барои фатҳи заминҳои Амрикои шимолӣ, Тунис ва маҳви кардани тамаддуни астекҳо борҳо аз усули паҳн кардани вирусҳои тоун, вабо, обила (оспа) истифода намудаанд.
Дар таърихи башар як ҳодисаи нанговар сабт шудааст, ки шоҳиди ваҳшонияти аврупоиҳо нисбат ба мардуми таҳҷоии амрикост. Соли 1763 ҳиндуҳои сурхпӯст форти Питтро ба муҳосира гирифтанд. Инглисҳо маҷбур шуданд, ки бо ҷанговарони ҳинду гуфтушунид кунанд. Ҳангоми мулоқот ба онҳо ду курпаи сабукро аз ҳоспитали ҳарбӣ тақдим карданд, ки бо вируси обила (оспа) олуда буд. Ин муҳосира ба чӣ анҷомид дар хотирҳо боқӣ намондааст, вале ҳамин курпаҳо боис шуданд, ки дар байни қабилаҳои таҳҷоӣ, ки организмашон пешорӯи вирусҳои аврупоӣ хеле оҷиз буд, бемории обила ба шиддат паҳн шавад ва боиси талафоти ҷонии зиёд гардад.
Солҳои охир вирусҳои ВНМО (СПИД) зукоми хук, зукоми паранда, эйбола, сарс ва мисли ин дар кишварҳои гуногун паҳн шуданд, ки боиси ҳалокати миллионҳо нафар гардиданд. Агар мо таҷрибаи истеъморгарони аврупоиро ба назар бигирем, имкон дорад, ки ин вирусҳои наслкуш, дар баъзе гӯшуҳои олам имрӯз низ ба ҳайси як таслеҳоти қатли ом истифода шаванд.
Олимони маъруфи ҷаҳон дар риштаи билогия ва тиб аз пажӯишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон кайҳо собит намудаанд, ки аксари ин вирусҳо дар озмоишгоҳҳои кишварҳои пешрафта ба таври сунъӣ эҷод мешаванд ва ҳадафашон маҳв намудани насли башар аст.
ХАТАРИ ЧАҲОРУМ: НАБАРДҲОИ ИТТИЛООТӢ ВА ТЕРРОРИЗМИ МАЪНАВӢ
Як фаҳмиши ғалат дар ҷомеаи мо роиҷ аст, ки “набарди иттилооти”-ро танҳо дар маҳдудаи ҷангҳои расонаӣ мешиносанд. Аммо маҳфуми “набарди иттилоотӣ” аз гумону андешаҳои мо хеле васеътар буда, чангҳои расонаии ду ҷониб, ки алайҳи ҳам сангар гирифтаанд, бахше аз он аст.
Дар асри 21 мутахассисон ниҳоят сарҳади навъҳои суннатӣ ва муосири набарди иттилоотиро дар шакли зер муайян карданд:
-заиф намудани ситоди фармондеҳӣ - ба хотири аз байн бурдани робитаи байни фармондеҳӣ ва муҷриён (иҷрокунандагон);
-набарди ҷосусӣ - дастрасӣ ба иттилооти ҳарбии рақиб ва ҳифзи иттиллоти худ; набарди электронӣ алайҳи васоити электронии алоқа, марказҳои иртиботи радиёӣ, шабакаҳои компютерӣ равона шудааст;
-набарди равонӣ – таблиғот, мағзшӯйӣ тариқи паҳн кардани филмҳо ва иттилооти таъсиррасон, коркарди иттилоотии ҷомеа, ки ба заиф кардани рӯҳияи шаҳрвандон, заъфи нерӯҳои мусаллаҳ, раҳгумзании фармондеҳӣ ва ҷанги фарҳангӣ нигаронида шудааст;
- киберҷанг – ба маънои харобкории алайҳи марказҳои электронии низомӣ ва ғайринизомии душман, ки ба фалаҷ кардани тамоми шабакаҳо боис мегардад, паҳн кардани вирусҳои компютерӣ ва ба таври ғайриқонунӣ раҳ ёфтан ба шабакаҳо, бо мақсади ба манфиати худ истифода бурдани иттилоот; - набарди иттилоотии иқтисодӣ – ҳадаф фалаҷ кардани бахши иқтисод ва тиҷорат ва мисли ин.
Набардҳои иттилоотӣ ҳанӯз аз аҳди бостон то ба мо расидаанд. Истифодаи дуҳул, кӯс ва карнайҳои ҷангӣ ҳангоми набард, ки садои ваҳшатангез доштанд, пӯшидани кулоҳу зиреҳҳои ҷангии ҳаросафкан, ки ба рӯҳияи рақиб таъсири манфӣ мерасониданд, аз усулҳои таъсиргузоре ба рӯҳияи душман ба шумор мерафт. Фаразан, дар заминаи баъзе фарзияҳо бо сабаби кулоҳи душоха пӯшидани Искандари Мақдунӣ, мавсуф бо лақаби “зулқарнайн” маъруф буд ва рақибони ӯ воқеан ҳам бар ин бовар буданд, ки ӯ инсони фавқулода ва соҳиби ду шох аст. Ин мифҳо ҳароина ба рӯҳияи аскарон таъсир мерасонд ва боиси заъфу ҳароси онҳо мегашт.
Яке аз бузургтарин мактабҳои дурӯғпароканӣ дар ҳукумати Ҳитлер асос гузошта шуд, ки таъсири он то ҳанӯз дар кишварҳои аврупо эҳсос мешавад.
Ҷозеф Геббелс, аз асосгузорони хадамоти таблиғотии Олмони фашистӣ, идораи мазкурро “даҳон ва гӯши Рейх” меномид. Зери роҳбарии ӯ усули “60 ба 40”- и паҳн кардани иттилооти дурӯғ роҳандозӣ шуд, ки зимни он 60% иттилооти дуруст бояд ба манфиати душман паҳн карда шавад, вале баъд аз ба даст овардани боварии рақиб, 40% иттилооти дурӯғ, вале хеле муҳиму таъсиргузор ба манфиати Рейх анҷом дода мешуд. Дар Ҷанги дувуми ҷаҳон радиостансияе бо ҳамин принсип фаъолият мекард, ки мардум гумон доштанд бритониёӣ аст, вале баъд аз ҷанг маълум шуд, ки он мутаалиқи олмон будааст.
Усули “60 ба 40” дар марказҳои иттилоотрасони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хеле такмил ёфтааст ва имрӯз низ бахши умдаи иттилооти расонаҳоро фаро мегирад.
Имрӯз рушди бесобиқаи техника ва технологияҳои замони муосир дар бахши иттилоот, боиси он гардидааст, ки набарди иттилоотӣ ба яке аз хатарҳои хеле ҷиддӣ табдил ёбад ва боиси нооромиҳо дар дилхоҳ манотиқи ҷаҳон гардад. Инқилоби рангаи маъруф ба унвони “Баҳори араб”, ки дар кишварҳои арабистон тарҳрезӣ ва амалӣ шуданд, моҷарои Афғонистон, Укроин мисоли рӯшани ин гуна набардҳост, ки ба заъфи пояҳои давлатдорӣ ва барҳам задани низоми суннатии ин кишварҳо замина гузошта, боиси кушта ва аз ватан овора шудани садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта гардидааст. Саҳнасозиҳои қалбакӣ, паҳн кардани хабарҳое, ки ҳақиқат надоранд, филмҳое, ки ба мағзи мардум таъсир мерасонанд, онҳоро ба амалҳои ғайриқонунӣ таҳрик медиҳанд имрӯз фазои иттилоотии ҷаҳонро фаро гирифтааст ва ба ҳайси яке аз воситаҳои таъсиргузор аз ҷониби кишварҳои абарқудрат истифода мешавад.
ХАТАРИ ПАНҶУМ: ЛИБЕРАЛИЗМИ ҒАРБӢ
Либерализм (аз лотинӣ-озодӣ) як раванди фалсафӣ ва ҷамъиятиву сиёсӣ маънидод мешавад, ки дахлнопазирии ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро эълом медорад. Ин раванд ба ҳайси як аксуламал алайҳи зулми ҳокимони мутлақ ва бедодиҳои калисои католикӣ тавлид шудааст. Дар ибтидо либерализм ҳамчун раванде, ки ҳуқуқ ва озодии инсонро арзиши олӣ эътироф мекард, маъруф буд. Тамоюле буд барои озодии рӯҳияи инсон аз таҳмилҳои динӣ, расму оин, давлат ва мисли ин. Аз бузургтарин дастовардҳои либерализм озодии баён, озодии виҷдон (фосилагирии дин аз давлат), ҳуқуқ барои ширкати бидуни монеа дар муборизаҳои сиёсӣ маҳсуб мешуд. Дар муносибатҳои иқтисодӣ аз принсипҳои асосии ин раванд дахлнопазирии моликияти хусусӣ, озодии тиҷорат ва соҳибкорӣ, дар муносибатҳои ҳуқуқӣ волоияти қонун ва баробари тамоми шаҳрвандон дар назди қонун, новобаста аз боигарӣ ва мансаб эътироф гардида буд.
Ин гумон, ки либерализм ва демократия ҳамманоанд иштибоҳи бузург аст. Либерализм ва демократия на танҳо аз ҳам тафовут доранд, балки муқобили ҳам қарор гирифтаанд. Аз назари либералҳо диктатураи қишрҳои нодор ба моликияти хусусӣ ва кафолати озодии шахс таҳдид дорад. Вале аз зовияи диди демократҳо, аз ҳуқуқи интихобӣ маҳрум намудани қишри нодор, як шакли ғуломдорӣ талаққи мешавад.
Либерализми муосир, ки имрӯз ба унвони либерализми ҷаҳони ғарб машҳур аст, хеле такмил ва тағйир ёфтааст. Маҳфумҳое мисли либерализми сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ пайдо шуданд, ки дар шакли омехта дар аксарияти кишварҳои ғарб низоми давлатиро асос гузоштаанд ва суннатҳои санияи ин кишварҳоро, ки таърихи ҳазорсола доранд, аз байн бурдаанд.
Хатари либерализм дар ин аст, ки ба хотири озодии мутлақи инсон, тамоми арзишҳои дигарро, мисли идеологияи миллӣ, дин, расму оин, фарҳанг, таърих... инкор мекунад.
Фаразан либерализми фарҳангӣ зидди танзими давлатии бахшҳои адабиёт, санъат, илм аст (яъне инсон ихтиёр дорад дар риштаи санъат ва адабиёт фарҳанги урёнӣ, фаҳшнависӣ ва бадахлоқиро озод таблиғ кунад). Инчунин дар доираи ин таълимот ҳеҷ кас ҳақ надорад монеъ ба таблиғ ва амалкарди ҳамҷинсгароӣ, танфурӯшӣ, қиморбозӣ, маҳдуд кардани сину сол дар муносибатҳои ҷинсӣ, истифодаи машрубот, маводи мухаддир бошад.
Бубинед, танҳо аз байн бурдани низоми оиладорӣ, кӣ қолаби онро ҳазорсолаҳо тамаддуни башар рехтааст, метавонад ба вайрон шудани низоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсир гузорад ва мардумро ба як туъдаи бемасъулият табдил диҳад.
Имрӯз ихтилофи назарҳо байни кишварҳои ҷаҳон бештар дар ҳамин замина ба вуҷуд омадааст. Ҷаҳони ғарб мехоҳад ин арзишҳоро ба кишварҳои дигари ҷаҳон таҳмил намояд. Фаразан ихтилофи ИМА ва Иттиҳоди Аврупо бо Русия ва Чин шояд, ки омилҳои зиёд доранд, вале яке аз сабабҳои асосии он нигаришҳои мутафовит сари ҳамин арзишҳост, ки солҳои охир вазъи ҷаҳонро хеле ноором сохтааст.
Либерализми ғарбӣ бо ин, ки хилофи арзишҳои ватанпарастӣ, идеологияи миллӣ, суннатҳои санияи мардумӣ, фарҳанг ва таърих аст, ҷомеаи берӯҳеро бунёд мегузорад, ки дигар қобили ҳифзи марзҳои миллӣ ва фарҳанги маънавӣ намебошад. Дар ҳоли, дар тамоми кишварҳои ҷаҳон паҳн шудани ин “арзиш” раванди идораи давлатҳо ва миллатҳо хеле сода ва осон мегардад ва табиист, ки роҳ барои ғорати захираҳои модии онҳо боз мешавад.
ФАРҶОМ
Хатарҳое,ки дар маҳдудаи ин матлаб зикр шуданд ба амнияти аҳолии тамоми сайёра таҳдид дорад ва мутаасифона кишваре ва созмоне, ҳатто ба шумули СММ дар танҳоӣ қодир нест, ки шиддати онро коҳиш диҳад. Феълан чунин ба назар мерасад, ки ҷаҳони сармоя бар маънавиёт, фарҳанг, ахлоқ, дину оин тасаллут пайдо кардааст ва теша ба решаи арзишҳои инсонӣ мезанад, ки тӯли ҳазорсолаҳо шакл гирифтаанд ва дар ҳаёти иҷтимоъ татбиқ шуданд.
Ҷаҳони сармоя ин ҷаҳони манфиатҳои фардӣ ва ё гурӯҳӣ аст, ки ба тақдири инсоният комилан бетафовут буда, онро танҳо ба ҳайси як абзори қобили меҳнат мавриди истисмор қарор медиҳад. Панҷ хатаре, ки дар мақола зикрашон рафт аз усулҳои модерни ҷаҳони муосир аст, ки сармоядорон тавассути он коҳиш додани насли башар дар кураи замин ва соҳиб шудан ба захираҳои моддиро ҳадаф қарор додаанд.
Гумони ғолиб ин аст, ки то фарҳанги маънавӣ, илм, ахлоқ, расму оин, суннатҳои сания ва дигар арзишҳои башарӣ дар ҳаёти ҷомеа фарози сармоя ва нафси шаҳвонии инсон қарор нагиранд, ҳеҷ умеде нест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин бумбасти ноумедиҳо раҳоӣ ёбад.
Бахтиёр Ҳамдам