СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН1-08-2022, 12:36
Хабарро хонданд: 229 нафар
Назарҳо: 0
24 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат, Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба ӯ сиҳатмандиву саодат ва дар татбиқи нақшаҳои мавриди ҳадаф қароргирифтааш комёбиҳои рӯзафзун орзу намуданд. Дар ин зимн Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми бародари Ӯзбекистон дар роҳи рушди устувор дастовардҳои навин хостанд. Зимни суҳбат Президентҳо бо таъкиди аҳаммияти ба таври фаъол амалӣ гардонидани мувофиқаҳои дар чорчӯби сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон моҳи июни соли равон бадастомада масъалаҳои рӯзмарраи муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд. Ҳамчунин, мавзуъҳои амнияти минтақавӣ ва саммити дарпешистодаи Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад, мавриди муҳокима қарор гирифтанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.