Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МУЛОҚОТ БО ПРОКУРОРИ ГЕНЕРАЛИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

МУЛОҚОТ БО ПРОКУРОРИ ГЕНЕРАЛИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

1-08-2022, 12:22
Хабарро хонданд: 62 нафар
Назарҳо: 0
25 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Красновро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои вобаста ба таъмини амният ва ҳамкориҳои ҳуқуқӣ дар чорчӯби шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид.
Дар ин зимн мавзӯъҳои таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳифзи шаҳрвандони ду кишвар аз ҳама гуна зуҳуроти ҷиноятӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд.
Ба ин манзур муҳиммияти таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар самти муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар намудҳои ҷинояткории махсусан вазнин таъкид карда шуд.
Ҳамзамон бо ин, ҷонибҳо масъалаҳои аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилиро, ки аз ҷумла бо тамоюлҳои таҳмили идеологияи тундгароии динӣ ба ҷомеа, ҳамчунин гурӯҳҳои «хуфта»-и терроризму экстремизми байналмилалӣ алоқамандӣ доранд, муҳокима намуданд.
Дар рафти суҳбат атрофи вазъи мураккаб дар Афғонистон, ҳамчунин масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ҳамкории мақомоти прокуратураи ду кишвар дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноӣ ва истирдоди ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта мубодилаи афкор сурат гирифт
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: