Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд Июль 4, 2022 08:10

ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд Июль 4, 2022 08:10

4-07-2022, 10:30
Хабарро хонданд: 681 нафар
Назарҳо: 0
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд Июль 4, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 04.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ чангу ғубор ба амал меояд, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 13-18, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 17-22 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм, рӯзона 37+42 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 18-23 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 дараҷа ва рӯзона 42+47 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 19+24 дараҷа ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17 дараҷа ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 20+22 дараҷа ва рӯзона 39+41 дараҷа гарм мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: