Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » АМАЛИ СОЛЕҲ

АМАЛИ СОЛЕҲ

19-06-2022, 10:00
Хабарро хонданд: 74 нафар
Назарҳо: 0
АМАЛИ  СОЛЕҲ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолии хеш ба бунёди маорифи миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, чунин мешуморад, ки бунёди миллат аз маориф сарчашма мегирад. Дар атрофи ҳамин мавзуъ суҳбате доштем бо нависанда, сардабири маҷаллаи “Душанбе”, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи ИЖТ ба номи А. Лоҳутӣ, муаллифи беш аз 35 асар, аз ҷумла панҷ дастури таълимӣ, ки аз ҷониби ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп тавсия шудааст, Аълочии фахрии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Ҳасанзода, нафаре, ки барои рушди маорифу фарҳанги кишвар нақши бориз гузоштааст.
- Устод, мехостем дар бораи таърихи ин касби пуршараф ва мушкилоти тарбияи насли наврас чанд сухан бигўед?
- Нуқтаи назари хешро аз як фармудаи Пифагор оғоз кардан мехоҳам. “Хирадманд! Ҳамроҳи мардум бош, аммо чун равғани рўйи об ба он олуда нашав. Дониш ва хирадмандиро як чиз мадон”.

Омўзгорӣ аз замоне, ки инсон худро шинохт, дар ҷомеа аз ҷумлаи касбҳои мушкил, пурмашаққат ва бошараф ба ҳисоб меравад. Мутафаккирони бузурги Аҳди Қадим камолоти ҷомеа, рушду рукуди ҷомеаро ба омилҳои рўҳии ҷавонон мансуб медонистанд, аз нооромиву нокомии насли ҷавон безобита мегаштанд, роҳи раҳоӣ аз ин буҳронро ҷўё мегаштанд. Таъкид мекарданд, ки омўзгор боиси алоқамандии ҷомеа бо насли наврас мегардад, маҳз ў вазифаҳои ин қишри ҷомеаро месозад, роҳҳои ҳаллу фасли мушкилотро аниқу дақиқ месозад. Ташаккули минбаъдаву равиши минбаъдаи ҷавонон ба таҷрибаву роҳнамоии омўзгор ҳирфавӣ суръат мегирад. Дар ин росто, маҳорати шоистаи баҳогузорӣ, амали ибратомўз рушди ҷаҳонбинӣ, фаъолияти инфиродӣ, мувофиқати сухану амал, ҷасорату дурусткорианд, ки муҳимтарин хусусиятҳои ҷолиби омўзгор мегардад. Маҳз дар ҳамин марҳила ҷараёни инкишофу созмондиҳии олами имрўз муайян мегардад, оре меъёрҳои аниқу дақиқ муайянкунии таъсирҳои гуногуни судманду зиёновар нисбат ба ташаккули шахсият ҳам зарур ва ҳам душвор аст. Албатта, тарбия ва таълими ҷараёни мазкур кори якрўза ва яксола набуда, вазифаву масъулияти наслҳову асрҳост. Дар навиштаи рўйи косаи харобаҳои Бобул, ки таърихи беш аз серҳазорсола дорад, омадааст: «Ин ҷавонон ахлоқан вайрон, баднияту бесар шудаанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ ба ҷавонони замони пеш баробар шуда наметавонанд». Ин навиштаҳо шояд шиквае аз кашмакашҳои миёни сарварони ҷавони Бобул, Шумеру Аккадҳо маншаъ гирифт, ки наслҳои минбаъд низ рушд ёфт. Имрўзҳо қасодии маънавиёт, саноат ва иқтисодиёти мамлакатро ба ёд меорад, бе ихтиёр солҳои 90-уми асри гузашта, аз бехирадии бархе мулки тороҷгашта, мактабҳои бемуаллим, хонандагону донишҷўёни яъне дар тўли 10-15 соли задухўрдҳо, ки аз кўтоҳандешии пешвоёни ҳизбӣ, диниву сиёсии мо ва дурноандешии рақибони сиёсиву мазҳабии кишварамон рўйи кор омад, ки он боиси фалаҷии мактаб, касодии иқтисод гардида, ба шикасти сиёсат оварда расонд. Банда чанд муддате, аниқаш охири солҳои 90-ум дар баробари фаъолияти журналистӣ дар шабакаи аввали ТВТ, ҳамзамон, ба ҳайси муаллим дар ДМТ дарс мегуфтам. Ин ҷо ба ҳеҷ кас эрод гирифтан, касро паст заданӣ нестам, танҳо аз муноқишаҳою фалокатҳои бар сари миллат кашидаи наҳзати ислом сухан гуфтаниям. Ҳамсоякишварҳо ин санҷиши таърихро бо сари баланд убур карданд. Дигар сокинон Иттиҳод сохтори нави давлатӣ демократияро ба осони пазируфтанд, барои зинда мондан, бақои наслу кишвар аз пошхўрии Иттиҳод сахт ба таҳлука наафтанд, бо тадриҷ нақшаи кору амалро мураттаб сахтанд. Мо бо дасти бегонагон, ки солҳо бесарусомонии моро интизорӣ мекашиданд, гиребони якдигар гирифтем. Хайрият, «Раҳми Парвардигори мо омад, нури ҳақ бар диёри мо омад», то ба худ омадему бо чашми хирад ба ҷаҳон нигаристем, бояд ба қадри Пешвои худ бирасем, дарк сохтем, ки чи қадар аз рушди оламу одам бехабар мондем, мактабу маориф, иқтисоду иҷтимоиёт ва маънавиёту фарҳанг хеле касод гашт.
Насли замона қудрату тавон, ҳавасу ҳавсалаи ҳифзи онҳо, роҳ ва силаи таҷдиду азнавсозии онро надошт. Ин равишро ба насли нав бояд омўзгор омўзад, зеро суст гаштани мавқеи ў дар соҳаи маориф, илму фарҳанг ва маърифат ба касодии ҷомеа мерасонад. Яъне ҳар як фарде, ки худро зиёӣ меҳисобад, фаромўш накунад, ки дар соҳаи илму фарҳанг ва маърифат бояд сатҳи донишомўзӣ, тафаккури илмию технологии насли навро баланд бардорад. Ин рисолат тарбия ва ташаккули хислатҳои шоистаи касбӣ мебошад ва зарур аст, ки ҷойнишинони мо фарзандону наберагон пояҳои илму фарҳанги оламшумулро қавӣ гардонанд. Дар ин самт алоқамандии мураббиён, омўзгорон дар робитаи аҳли оила шарти асосист. Маънӣ, вазифаи омўзгор аз ҳама пештару бештар ба омўзиш машғул шуданду расондани андўхтаву гирдовардаи хеш ба дигарон мебошад.
-Устод, нисбат ба нақши ниёконамон дар ин самт чӣ гуфта метавонед?
- Дар таърихи башар ин рисолат, соҳиби китобу дафтар ва қалам, илму маърифат, омўзгорӣ, насиби мардуми оринажод – «Ригведо», «Авесто» буд, аввалин шуда, эҷод ва дар илмҳои дақиқ, ҳандаса, риёзиёт, нуҷум ва кайҳоншносӣ насиби аҷдодони барўманди мо буд. Яккаву ягонагии Худовандро пешвоиёнӣ ориёӣ муайян сохтаанд. Пешвоёни дигари мардуми олам пайравони мо ҳастанд ва бояд ин рисолати таърихиро идома бубахшем, талош ба харҷ бидиҳему боз ҳам бошукўҳу обрўманд гардонем. Вожаи «омўзгор» сирф форсӣ аст:
Агар дар ҷаҳон набвад омўзгор,
Шавад тира аз бехирад рўзгор.
Гуфтаи шоир як ҷаҳон маъно дорад, аз муҳаббати бепоёну эътиқоди беандозаи аҳли ҷомеа дарак медиҳад. Таъкид мешавад, ки рўзгори ҳар як нажод ба фаъолияти муаллим вобастагии қавӣ дорад. Ў боиси барўмандӣ, авҷу барори мо дар ҷодаи илму дониш, ҳунару хирад, зиндагии мустақилонаи минбаъдаи мост.
- Лутфан оид ба муаллимони хеш ва нақши онҳо дар қисмати Шумо изҳори андеша мекардед?
- Ба синни камолоти пирӣ мерасам, устодони банда аксар дар қайди ҳаёт нестанд, онҳое, ки зиндаанд, то кунун бо банда дар тамосанд, то ҳол ғами шикасту рехти зиндагии маро мехўранд, аз ҷумла яке аз онҳо омўзгори химия Қувваталӣ Қаландаров мебошад. Оре, донишманде дуруст гуфтааст, “Оне, ки ба оянда аз даричаи дирўзу имрўз менигарад, омўзгори ҳақиқист”. Вожаи омўзгор дар нигоҳи аввал содаву муқаррарӣ метобад, дар асл ояндасози миллат ва башар аст:
То илму ҳунар оинапардоз нашуд,
З – иқбол даре ба рўи кас боз нашуд.
Суханпардозӣ, маҳорати волои суханварӣ маҳсули устодони банда У. Умаров, А. Раҳимов, А. Абдулҳайев, Қ. Қаландаров, Ҳ. Маҳмадалинов ва дигарон мебошад, ки бо услуби хоси пурталош, рафтору кирдор моро шефтаи андешаи хирадмандон карданд. Ҳар як вожаву ибора ва ҷумлаҳояшон бори гарони маъниро мекашид. Онҳо барои мо шогирдон соату лаҳзаи хос надоштанд, дари дилу дари меҳрашон ҳамеша ба руйӣ мо боз буд. Медидем, ки дар асоси мушоҳидаҳо онҳо афкори воқеъбинона, хулосабарориҳо, услубу вожаҳои таъсирбахш доштанд. Онҳо ба қавли адиби шуҳратёри олам Л.Н.Толстой: “Ҳар як омўзгоре, ки касбашро дўст медорад, омўзгори хуб аст. Ҳар омўзгоре, ки шогирдонашро дўст медорад, низ омўзгори бад нест. Вале омўзгори ҳақиқӣ онест, ки ин ду навъи дўстдориро бо ҳам тавъам кардааст”. Аввалин бор аз онҳо шунидем, ки мегуфтанд: “Як соат омўзиши илм аз яксола ибодат болотар аст”.
- Устоди азиз, чуноне ки мо огаҳӣ дорем, нақшу саҳми Шумо дар бунёди як мактаб дар ноҳияи Восеъ басо калон аст, кадом омилҳо водоратон намуд, ки ба ин амали нек даст занед?
- Дар ҳар Паёмашон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳама пеш ва аз ҳама бештар ба ин соҳаи афзалиятнок- илму маориф ва ба мактабҳои кишвар тавваҷуҳи хоса доранд. Мо низ аз он шодем, ки Сарвари давлат ба ин соҳаи муҳим аҳамияти вижа медиҳанд ва мо ҳам вазифадорем дар пайравии Роҳбари давлатамон дар ин соҳаи муҳим то қадри имкон саҳм гузорем. Мактабе, ки шумо ишора доред, дар Ҷамоати деҳоти Вайсови ноҳияи Восеъ буда, МТМУ №56 ба номи Абдуллоҳи Ҳасан, яъне қиблагоҳи мо номгузорӣ гардидааст. Солҳое, ки банда вазифаи сарварии мактабро ба зимма доштам, ин мактаб аз ҷои зисти мо дар масофаи 3 км дур қарор дошт. Солҳо орзу мекардам, ки дар ҳамин наздикӣ ҳам як мактаб бунёд мегардид, чунин шароит даст дод ва мо дар як мавзеъ марҳила ба марҳила ба бунёди ин мактаб замина гузоштем. Дар бунёди он баробари ман, саҳми бисёр нафаронро ном гирифтан месазад. Ҳар сол то қадри имкон таъмири ин муассисаро ба уҳда дорам ва аз ҳисоби нафақаам аълохонҳо ва ғолибони олимпиадаҳоро ҳавасманд мегардонам.
- Чун ҳамагон аз иқдомҳои бунёдкоронаи Шумо огаҳанд, барои хонандагони мо аз таърихи китобхонаи бунёднамудаатон маълумот медодед?
- Мо, ки солҳои зиёд дар шаҳри Душанбе кору фаъолият дорем, ҳамроҳи аҳли оилаамон тасмим гирифем, ки ҳавлии фарсудаамонро азнавсозӣ намоем. Аз ин рў, дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ як манзили дуошёнаи ҷавобгўй ба тамоми меъёрҳои меъморӣ бунёд намудем, ин бино саҳни хуб ҳам дорад, зеро масоҳати умумии ҳавлӣ 0, 30 га мебошад. Бо зарурате таи дарёфти як китоб роҳ ба сўи китобхонаи деҳа гирифтаму аз ҳолати он дуд аз димоғ баромад. Ба ҳавлӣ баргаштаму ба қароре омадам, ки ин ҳавлиро бо ин бинои дуошёнаи хуштарҳ ба китобхона табдил медиҳам ва ба истифодаи умум мебахшам. Оилаам ва фарзандон низ ба қарори қабулнамудаи банда розӣ шуданд, мо беҳтарин намунаи китобҳои нодирро ҷамъу харидорӣ намуда, як китобхонаи муосир бо тамоми таҷҳизот ва ҳама гуна толорҳо ба ихтиёри китобдўстон вогузоштем.
- Ин беҳтарин иқдом аст, ки барои маънавиёт дар миқёси мамлакат кам касон анҷом медиҳанд ва аз тарафи масъулини ноҳия ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна ҳамовозӣ пайдо кард?
- Боиси таассуф аст, ки то имрўз аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин китобхона ҳеҷ таваҷҷуҳе дида намешавад. Китобхона на роҳбар дораду на коргар, на ягон воҳидӣ корӣ, ки ба ихлосмандони ин ганҷи бебаҳо хизмат расонад. Умедвор ҳастем, ки ин қазия рўзе роҳи ҳалли худро меёбад ва ин кохи нур ба қалбҳои ҳаводоронаш сафо мебахшад. Мо то тавонистем заррае бошад ҳам, дар назди халқу Ватан рисолати фарзандии хешро адо намудем.
Устод, умедвор ҳастем, ки, албатта, роҳбарияти вазорати мазкур барои ин иқдоми созанда, таваҷҷуҳ хоҳад кард. Барои як суҳбати самимӣ аз Шумо сипосмандем!
- Ташаккур!
Мусоҳиб Акмалхўҷа АКРАМОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: