Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар ҳошияи "Рўзи муаллим"

Дар ҳошияи "Рўзи муаллим"

18-10-2021, 14:30
Хабарро хонданд: 321 нафар
Назарҳо: 0
Дар ҳошияи "Рўзи муаллим"

Рўзи муаллим, соли муаллим, асри муаллим
Дар базми ишқ шамъи фурўзон муаллим аст,
Мардум чу пайкаранд агар, ҷон муаллим аст.
Он боғбони гулшани андешаҳои жарф,
Парвардагори рўҳи ҳакимон, муаллим аст.
Номае аз конслагер
Оре, муаллимро ҳар сифате лоиқ бидонем, арзанда аст. Вале дар ҷомеаи мо оё ҷойгоҳи ў ҳамчуноне ҳаст, ки бояд бошад?
Боре ҷое хонда будам, ки муаллиме, ки баъди конслагери Освенсим (қатлгоҳе, ки фашистон миллионҳо одамонро бо роҳҳои гуногуни пуразоб куштанд. Озмоишҳои хатарнок бо ҷисми онҳо карданд. Дар хонаҳои гази бўғи карданд ва насли одамро аз миллатҳои гуногун хоса русҳо ва яҳудиҳо зиёд қир карданд) зинда монда буд, номае ба бозмондагон ва хоса омўзгорон гузошта будааст.

"Муаллимони муҳтарам, ман конслагерро пушти сар кардаам. Чашмони ман он чиро дидаанд, ки ягон инсон онро бояд намедид. Дидам, ки чи тавр:
- Олимону инжинерон камераҳои газдор сохтанд;
- Духтурон, одамон, хоса кўдаконро заҳр дода, куштанд;
- Хоҳарони шафқати махсус омўзонидашуда тифлонро бо чи усул мекуштанд;
- Хатмкардагони мактабҳои оли, кўдакон ва занонро мепарронданд ва дар камераҳои гази месўзонданд.
Аз ин рў, ман ба маълумот доштан бовар намекунам.
Барои ҳамин кўшиш кунед, ки шогирдонатон инсон шаванд. Одамгари биомўзедашон. Заҳмати шумо бояд самари дигар бидиҳад, то қотилу одамкушу бераҳму шафқат не, балки одами ақлу дил, дошта тарбия намоед. Дониш, хат, арифметика ва ҳар фанни дигар бояд ба фарзанди инсон барои одам шуданаш кўмак созад".

Ин нома, инак, беш аз 70 сол қиммати худро гум накардааст.
Ҳар волиде аз тифли фарзанди хешро барои омўзиш (дар шаҳр) сараввал ба боғчаҳо баъдан аз синни 7-солаги ба мактаб мебарад. Дар деҳа низ падару модар мекўшад фарзандро то бо ноз бипарварад, то рўзе бирасад, ки бо сад ҳавас ўро ба ихтиёри муаллиме бигзорад, то таълим ва тарбия- аш кунанд.
Даҳ-ёздаҳ соли ҳаёти ҷигарбандони худро мо ба ихтиёри мактаб мегузорем, бо умеде, ки аз ў нафари саводноке омода шавад. Баъдан боз 5-6 соли дигар ба макотиби олияш бурда, мунтазири соҳибкасб шуданаш мегардем, то он ҷо ҳам устодон пайи такмили дониш ва ёд гирифтани ихтисосаш бигарданд. Яъне, мо азизтарин ва қимматтарин дороии хешро ба дасти муаллим месупорем.
Ҳамон муаллиме, ки решаи вожааш илм ва таълим аст.
Аммо имрўзҳо, аниқтараш чанд соли охир атрофи номи муаллим андешаҳои зиёди зиду нақиз дар ҷомеа чарх мезанад.
Яке муаллимро сано мехонаду дигар шиква аз бесаводии омўзгорон мекунад. Овоза паҳн мешавад, ки шогирде муаллимро лату кўб кардаасту наворе дар шабакаҳо чарх мезанад, ки муаллиме худ бадахлоқи кардааст.
Яке аз бенавоии ин қишри ҷомеа меноладу дигаре аз ҳазорон ҳазор тарки ин касб кардани омузгорон садои SOS (диққат) баланд мекунад.
Нафароне аз системаи маориф меноланду аз бесавод мондани фарзандонашон дар хавотиранду гурўҳе аз порахўр гаштани муаллим арз мебаранд. Хулоса, масъалаҳои зиёди ҳалталабе гирди номи маориф, мактаб, муаллим, талаба, дониш, бесаводи, бадахлоқи, бетарбияги ва номозгориҳои таълиму тарбия мавриди таваҷҷуҳу барраси дар ҷомеа мегардаду гўё ҳалли худро намеёбад. Чаро?
Касоне, ки бояд таваҷҷуҳ барангезад
Агар шикваи муаллимро гўш куни ў аз зиёдии нависонависи ҳуҷҷатҳои аксаран нозарур, талаботҳои беҳисоби қоғазбозиҳои система ва мушкилоти камии маошу сангинии рўзгораш шикоят мекунад. Кор то дараҷае расида, ки волидон бо пеш овардани ҳуқуқҳои худ ва фарзандонашон муаллимро дар тангное қарор додаанд, ки ба ҳар амалаш таҳдид ҳам мешунавад.
Боз аз дигар тараф волидон ҳам ҳақ мебароянд, ки тамоми таҳсилоти фарзандонашон пулаки бошад ҳам, омўзгорон камсаводи ё беодобии фарзандонро айби падару модарон эълон месозанд: «Ман туро ба суд медиҳам!». «Ман туро фалону беҳмадон мекунам».
Дар ин миён аз системаи Шўравии таълим то гузариши замони демократи дар соҳаи маориф ба назар мерасад, ки низоми муайяне роҳандози нашудааст, ки он мақбули ҳамагон бошаду дастгири биёвад ва шакл бигираду мустаҳкам шавад.
Ба миён омадани таҳсилоти пулаки ва қисман гўё бепул, ки он ҳам ба қавли волидон аз дусар пулаки аст, духўрагиеро ба миён меорад.
Масалан ҳамсуҳбатони ман, ки кормандони таҷрибаноки ин соҳаанд, аз он дар ҳайратанд, ки литсейҳои президентие, ки дар оғоз танҳо барои хонандагони болаёқат таъсис ёфта буданд, баъдан чун мактабҳои оддии пулаки шуданд.
Ин кор ба қавли онҳо аз аввал на аз ҳисоби муаллимони донишмандтар аз дигарон ҳайати омузгори ташкил кардан фарқ дошту на бо имтиҳонҳои ҷудо кардани болаёқатҳо аз хонандагони камистеъдод. Ҳоло дигар маълум нест, ки чаро бо ин қадар нархҳои гарон саводи аксар хонандагони ин мактабҳо ҳам суст аст.
Як роҳи муайян кардани саводнокии талабаҳо ин баҳо аст, ки мутаассифона, он ҳам кайҳо қимати худро гум кардааст. Баҳои паст низ пинаки талаба ё волидеро имрўзҳо қариб, ки вайрон намекунад. Маҷлисҳои падару модарон аксар барои пулҷамъкуниҳо даъват мешаванд, дигар масоили ьаълими-ахлоқи дар онҳо хеле кам ва ё умуман барраси намегарданд.

Муаллим ба падару модар эълон медорад, ки аз ўҳдаи тарбияи фарзанди шумо ман намебароям, асабам хароб аст. Худатон аз пайи тарбияаш шавед. То андозае мумкин, вале муаллим маълумоти педагоги дораду агар впзифаашро иҷро карда натавонад, яъне завқи хонандаро бедор накунад, саводаш надиҳад, бо методикаи (усул) омўхтааш ба хислати кўдак таъсир расонида натавонад, як модари бе маълумот бо он талаба чи кор карда метавонад? Ин масъалаи хеле ҷидди аст, ки мутаасифона дар миёни мактаб ва оила каме бе соҳиб мондааст.
Масъалаи дар олимпиадаҳои мактаби, ноҳияви, ҷумҳурияви ва ғайраҳо медалгирии талабагон ҳам на ҳамеша нишондиҳандаи воқеият аст. Ҳарчанд ин чорабиниҳо барои фаъол шудани талаба ва муаллим кумак мекунад, вале шикоятҳо аз ноҳақиҳои ин озмунҳо ҳам кам нестанд. Хуб, ин мавзўи дигар аст.
Масъалаи хеле ҷидди ин тарзи тайёр кардан ва сифати дониши омўзгорон дар макотиби оли аст. Аз рўзе, ки миёни донишҷў ва устод муносибати пуливу моли ба миён омад, яъне дақиқтараш баҳо дар макотиби оли фурўхта шуд ва хатмкардагони бесаводи мактабҳо ба донишгоҳ осон шомил шуданд, системаи донишомўзи ҳам рўз аз рўз бадтар гашт ва дипломдорони бесавод ба мактабҳо рафта, ин системаро низ заиф гардониданд, мегўянд муаллимони ботаҷриба.
Яъне, аз омўзгорони камсавод шогирди босавод интизор шудан номумкин аст.
Дар ин матлаб мисоли мушаххасе намеорем, ҳарчанд зиёд дар даст дорем, вале ҷомеа аз он нигарон аст, ки то чанд дар ҷаҳон тараққиёти илму техника боло меравад, дар кишвари мо сатҳи саводи талаба поинтар меравад ва ин ҷо чанд омиле ҳаст, ки метавон аз он ёдовар гашт.
Масъалаи сарулибоси мактаби ва либоси омўзгорон ҳар сол вокунишҳои зиёдеро дар ҷомеа ба вуҷуд меоварад. Аммо чун пешин бе роҳу ҳал мемонанд.
Ин ҷо мехостем аз либоси омўзгорон дар деҳот ва навоҳии атрофи шаҳр чанд сухане бигўем. Ин масъалаи хеле ҷиддист, ки таъсири он ба хонанда ҳам кам нест.
Пеш муаллим барои хонанда намунае барои пайрави буд. Ў тозаву озода, хушлибос ва бо донишу рафтори мадани барои талаба як нафари бошахсият ва сазовори тақлиду пайрави буд. Аммо ҳоло либоси аксари муаллимон нишонаи камбағалтарин қишри ҷомеа буданаш ҳасту мавриди писханди дигарон ҳам гашта.
Суоли матраҳ ин аст, ки омўзгорон воқеан камбағаланд ё завқи либосхариву интихоб ва либоспўширо надоранд. Аксар вақт ба андешаи ҳамсўҳбатони ман бемаданияти аз худи омўзгорон аст. Зеро либос ҳамеша муайянкунандаи завқи эстетикии одам аст. Ҳатто бойтарин шахс ҳам агар завқи зебоипарасти надошта бошад, сарулибоси хуб намехарад ё дар пўшидану интихоби он маълум мекунад, ки фарҳанги воло надорад. Дар аксар муаллимони деҳот ин камбуди дида мешавад, ки ин ҳам боиси паст гаштани обрўи муаллим аст.
Баъзе аз масоили калиди
Вақте ки урбанизатсия (шаҳрнишини) бо суръати аз ҳад баланд рух дод, аксари одамони аз деҳа омада маданияти шаҳрро наомўхта шаҳрнишин шуданд. Ин ба рафтору гуфтор ва либосу палоси онҳо бетаъсир намонд. Хоса вақте ки либоси талаба аз муаллим қимматтар аст ё зиндагии хонанда аз омўзгор болотар аст, ин боиси беқадр гаштани илму маърифат мегардад.
Камии музди меҳнати муаллим сабаби аксар проблемаҳои таълиму тарбия аст, ки ин ба ҳама маълум аст.
Масъалаи ҷаҳонбини ё рушди дониш ва сатҳи фаҳмиши талаба ва муаллим низ аз масъалаҳои хеле муҳими соҳаи маориф аст. Ҳарчанд дар мактаб ба хонанда телефонҳои мобили иҷоза дода намешавад, вале фаромўш накунем қариб ҳамаи вақти боқмондаи талаба бо телефон ва интернет мегузарад. Талаба дар интернет бештар аз баъзе муаллимон иттилоъ дорад, аз ин рў идора кардани хонандаи дар заковат аз устод пешрафта хеле душвор аст.
Муаллимони имрўз аксарияташон хеле каммутолиаанд. Ин бохти онҳо пеши шогирдон аст. Қариб 90 дар 100 омузгорон на матбуоти даври мехонанду на китоби бадеи ё соҳави. Онҳо фикр мекунанд, ки ҳамон 5 соли мактаби оли кифоя аст, ки ба кўдак дарс бидиҳанд. Аммо кўдакон дар аксар ҳолат пешрафтатар аз устодонанд. Вақте ки муаллим барои таксмили ихтисоси хеш ҳар рўз чанд соате намебахшад, пас аз замона қафо мемонад. Аз технологияи навин истифода накардани муаллим имрўз айб аст. Аксари онҳо компутар чи, ки ҳатто телефонро истифодаи дуруст карда наметавонанд. Ин дар ҳоле, ки шогирд бе интернет дарс тайёр карда наметавонад. Яъне фарқ миёни рушди техникии шогирд ва устод масъалаи муҳим аст.
Магар имрўз замоне расида, ки мо аз муаллим шогирди донишманд талаб намоем ё бештар таваҷҷуҳи устод ба тарбияи инсони комил равона гардад? Медонам, ки посухи шумо ин аст, ки мактаб инсон ва инсони саводноку донишвар тарбия кунад.
Аммо барои расидан ба чунин ормон чи намерасад?
Ин суолҳо посух мехоҳанд. Ки омода аст, ба онҳо ҷавоб бигўяд?
Масъалаи қадри омўзгор дар ҷомеа яке аз масъалаҳои баҳсталаб аст. Ба беқадрии муаллим ки гунаҳгор? Давлат, ҷомеа ва ё худаш? Дар ин бора дар матлаби дигар хоҳем навишт.
P.S: Дар матлаби мазкур мушкилоти соҳа номбар шудааст.
Барои таҳлили ҳар кадоме аз ин масъалаҳо мақолаи алоҳида дар назар аст.
Агар касе хоҳишманди кушодани ин масоил ё ширкат дар баҳсу баррасии онро дорад, марҳамат. Мо интизори номаҳои шумо ба почтаи идора, ки дар саҳифаи аввали ҳафтавор аст, мебошем.
Мақсад барраси ва дарёфти роҳи ҳали масоили маориф аст, ки он шаҳсутуни ҳар як ҷомеа аст.

Ҳуриннисо Ализода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: