Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Рушди маориф дар даврони истиқлолият

Рушди маориф дар даврони истиқлолият

10-03-2021, 15:00
Хабарро хонданд: 492 нафар
Назарҳо: 0
Рушди маориф дар даврони истиқлолият

Даврони Истиқлолияти давлатӣ собит намуд, ки маориф ва илм неруи бузург аст. Истифодаи ин неруи беназир дар корҳои созандагӣ метавонад на танҳо ба рушди соҳаи маориф мусоидат намояд, балки дар шукуфоии имрўзу фардои диёр ва мафкураи ҳар як сокини он низ, ки ҳадафи муҳимтарини сиёсати Пешвои миллати мост, саҳми беандоза гузорад.
Бо ҳамин далел, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду инкишофи бемайлони соҳаи маориф ва илм, сатҳу сифати донишандўзии хонандагону донишҷўён дар ҳама зинаҳои таҳсил, сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисосу унвондор таваҷуҳи хосса зоҳир мекунад.
Таърихи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии таърихи халқи тоҷик аст. Дар давоми даҳсолаи охир оид ба паҳлуҳои алоҳидаи мактабу маорифи Тоҷикистон асарҳои зиёди илмӣ, интишор гардиданд. Дар ин ҷода хизмати ходими намоёни илм, академик Б.Ғафуров, И.О.Обидов, М.Лутфуллоев хело калон аст.
Соҳаи маориф дар сохтори фаъолияти худ ду шохаи асосии пайваста ва ногусастаниеро чун таълим ва тарбия дар алоқаманди инкишоф медиҳад. Агар мактаб ба насли ҷавони мо илмро омўзонад, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ чун муассисаҳои ёрирасон бо тарбия, мукамал гардондани дониши онҳо машғул, дар интихоби касбу ҳунар ба онҳо ёрӣ мерасонад. Таҳсилоти иловагӣ қисми таркибии соҳаи маориф буда, ба рушди қобилияту истеъдоди кўдакон, наврасон ва ҷавонон, қонеъ гардонидани майлу рағбат ва талаботи маънавии онҳо нигаронида шудааст. Он маълумоти ибтидоӣ, умумии хонандагонро пурра гардонида, барои интихоби касб замина мегузорад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 83 маркази таҳсилоти иловагӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар онҳо дар соли таҳсили 2018-2019 1411 маҳфил ва 48646 нафар аъзо фаъолият мекунанд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2014 2491 нафар бештар мебошад.
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо” таъсис ёфт, ки он яке аз самараҳои беҳтарини давраи соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбад. Марказ бо мақсади рушди истеъдодҳо таъмин намудани хоҳиш ва майлу рағбати хонандагон ба донишомўзи ташкил шуда барои рушди фаъолияти илмӣ - таҳқиқоти ва эҷодии хонандагони болаёқат шароит фароҳам меорад.
Дар давраи истиқлолият 9 муассисаи типи нави таълимӣ бо шароитҳои замонавӣ таъмин, аз қабили Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе мактаб ва литсейҳои президентӣ барои бачаҳои болаёқат дар ҳамаи минтақаҳои кишвар арзи вуҷуд намуданд, ки аз тарафи Президент сохта, ба истифода дода шудаанд. Боиси дастгирист, ки маҳз шогирдони чунин муассисаҳо дар ҳамаи шаклҳои олимпиада иштирок намуда шаъну шарафи илми маорифро дар дохил ва хориҷи кишвар баланд мебардоранд.
Натиҷаи чунин корҳо буд, ки бори аввал дар давраи истиқлолияти давлатӣ хонандаи тоҷик Муҳаммадфирўз Ҳасанов дар Ҷумҳурии Қазоқистон аз фанни математика сазовори ҷоизаи “Гран при” шуд. Инчунин, бори аввал хонандаи тоҷик Улуғбек Баротов аз фанни химия дар ИМА сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гашт. Натиҷаи ин дастовардҳо нишон медиҳад, ки соҳаи маорифи мамлакат бо дастгирии Пешвои миллат рушд намуда, дар оянда ба пеш хоҳад рафт. Аз ҷумла, дар сохтори маориф бошад, дар зинаи муассисаҳои олӣ тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд.
Муассисаҳои олии типи нав, ба монанди донишгоҳу донишкадаҳо, филиалҳои онҳою коллеҷҳо ва гурўҳҳои таълими фосилавӣ (курсҳои махсуси забономўзи) ба фаъолият шурўъ намуданд, ки ҳоло оид ба тайёр намудани мутахассисони маълумоти олидор барои рушди ватан фаъолият нишон дода истодаанд. Дар ҳар як корхонаю идораҳои давлатӣ пешравию навкориҳо ба чашм мерасад, ки бо мақсадҳои дар пеши гузоштаашон амал мекунаду инкишоф меёбанд ва албатта, дар ҷомеа нақши худро иҷро менамоянд. Ва мақсади асосии маорифчиён, пеш аз ҳама, исонпарастӣ мебошад, ки тавассути тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ба парваришу такомули шахсони алоҳидаи ҷамъият асос мегузоранд. Рушди маориф дар даврони истиқлолият
Ҳоло дар ҷумҳурӣ қариб 2 миллион нафар хонандагони мактаби таҳсилоти умумӣ, донишҷўёни мактаби олӣ, коллеҷҳо ва техникуманд. Шумораи таълимгоҳҳо, хонандагону донишҷўёни онҳо, омўзгорон ва устодон хело афзуд. Агар соли ташкилёбии Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон ҳамагӣ 7 мактаб бо теъдоди 152 хонанда ва 26 омўзгор мавҷуд буд, соли соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон (1991) шумораи мактаби таҳсилоти умумӣ ба 3179 ва хонандагони онҳо ба 1310,2 ҳазор нафар расид. Тайи ин солҳо мазмун ва мундариҷаи таълим тағйир ёфт.
Имрўз дар кишвар 145 литсею гимназия ва мактабҳо, боғчаи кўдакони болаёқат фаъолият мекунанд ва дар онҳо беш аз 67 ҳазор хонанда таълиму тарбия мегирад, ки аз ҷумла 25 адади онҳо мактабҳои хусусӣ мебошанд. Теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 13 ба 28 адад ва шумораи донишҷўён аз 70 ба 160 ҳазор нафар расонида шуд, ки ин нисбат ба давраи то истиқлолият мутаносибан ду ва дуюним маротиба зиёд мебошанд.
Давлат ҳамчун танзимгар ва кафили тарбияи шаҳрвандонни худ уҳдадор аст, ки вазифаҳои таҳсилоту мактабро ба нафъи ҷомеа равона созад. Дар баробари ин, худшиносӣ ва ҷаҳонфаҳмии мактабиён кам рушд намуда, онҳо дар интихоби касб мушкилӣ мекашанд. Дар асоси таҳлилҳо ва инчунин, дигар шудани муносибат ба таҳсилот дар замони муосир вақти гузаштан ба низоми нави таҳсилот ба миён омадааст. Ин гузариш бештари камбудиҳои ҷойдоштаро аз байн мебарад.
Гузариш ба таҳсилоти 12-сола имкон медиҳад, ки шаҳрвандони сатҳи маърифаташон баланди ҳамаҷониба рушдёфтаро, ки соҳиби дониши амиқ ва маҳорату малакаи касбӣ мебашанд, тайёр намоем.
Гузариш ба низоми нави таҳсилот, инчунин, оид ба аз худ кардани арзишҳои миллию умумибашаӣ, тарбияи инсондўстонаи насли наврас, ташвиқу тарғиби пайванди наслҳо ёрӣ расонида, ҳисси шаҳрвандии хонандагонро бедор менамояд.
Инсон дар ин гуна ҷомеа имконият пайдо мекунад, ки дар доираи қонун озодона амал намуда,тамоми қобилияти фардии худро зоҳир намояд. Раванди таълиму тарбия ва ташаккули шахсият дар муассисаҳои таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», Стандартҳои давлатии таҳсилот, Консепсияҳои маълумоти миллӣ ва тарбия, Низомномаҳои муассисаҳои таҳсилоти Тоҷикистон ҳамчун самтҳои афзалиятноки ислоҳоти мактабу маориф ва ҳаёти иҷтимоии кишвари Тоҷикистон эътироф гардиданд.

М.Ошимова, Д.Абдураҳимова, кафедраи педагогика
ва психологияи ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: