
Тибқи омор кӯдакон дар як рӯз тахминан 600 маротиба ва калонсолон бошанд, аз 15 то 100 маротиба механданд.
Одамони сертабассуми ҷаҳон дар Бразилия ва Куба зиндагӣ мекунанд.
Табассум ва ханда саломатии рӯҳӣ ва ҷисмонии инсонро мустаҳкам намуда, иммунитетро баланд менамояд.
Олимони Швейтсария ба чунин хулоса омадаанд, ки табассум хусусияти гузаранда дошта, вақте нафаре тарафи шумо бо самимият механдад, ҳатман шумо низ табассум менамоед.
Занон нисбат ба мардон бештар табассум мекунанд.
Табассум миёни ҳамаи миллатҳо мавҷуд буда, он нишонаи рӯҳияи хуб ва табъи болида мебошад.
Белачу Гирма шаҳрванди кишвари Эфиопия қаҳрамони ҷаҳон оид ба ханда буда, ӯ тавонистааст, муддати се соату шаш дақиқа беист хандад.
Инсон бо қобилияти табассум таваллуд шуда, кӯдакони навзод аз якҳафтаинагӣ табассум мекунанд, ҳатто дар хоб.
Таҳияи Саида ХОҶАЕВА