Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Конференсияи V ҳисоботӣ- интихоботии КИИ "Дониш"

Конференсияи V ҳисоботӣ- интихоботии КИИ "Дониш"

22-06-2022, 07:51
Хабарро хонданд: 2864 нафар
Назарҳо: 0
Конференсияи V ҳисоботӣ- интихоботии КИИ "Дониш"


Дар толори Донишгоҳи милии Тоҷикистон конференсияи V ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Дониш" баргузор гардид.

Дар кори конференсия муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Хайриниссо Юсуфӣ иштирок доштанд.

Нахуст ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш”, ректори донишгоҳ, Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар самти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” шунида шуд. Зимнан таъкид гардид, ки кумита дар давраи ҳисоботӣ ба як зумра дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” ба сифати зерсохтори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур яке аз кумитаҳои калонтарин ва фаъол буда, ташкилотҳои ибтидоии кумита дар заминаи факултетҳо ва зерсохторҳои мавҷудаи донишгоҳ таъсис ёфтаанд, ки фаъолияти пурсамар доранд.

Сипас, бо пешниҳоди аъзои ҳизб, раёсат, раис, муовини раис, котиби кумита ва масъулини комиссияҳои кор бо занону ҷавонон ва намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз нав интихоб гардиданд.

Ҳамзамон як гуруҳ вакилон барои иштирок дар конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур интихоб шуданд.

Пас аз он муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ суханронӣ намуда, афзуд, ки Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ маорифро дар ҷойи аввал гузошта, тадбирҳои судмандро мунтазам амалӣ менамояд. Ин нукта аҳли илм ва маорифро водор месозад, ки дар тарбияи худогоҳии миллӣ ва меҳанпарастии ҷавонон саҳми бештар гузоранд. Таъкид шуд, ки дар амалӣ намудани Барномаҳои ҲХДТ ва ҳадафҳои созандаи он, рушди илму техника, фановарӣ ва тарғиби идеологияи солими миллӣ аъзои ҲХДТ, омӯзгорони Донишгоҳи миллӣ бештар аз ҳар вақти дигар нақши арзишманд гузораед. Инчунин, оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлол, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги тоҷикӣ, тарбияи ҷавонони ҳушманди дорои тафаккури таҳлилӣ ва қобилияти дарки равандҳои мураккаби ҷаҳонӣ ибрози андеша намуд.

Ҳамчунин мавсуф зимни суханронии худ қайд намуд, ки миллати тоҷикро ҷаҳониён ҳамчун миллати бофарҳангу тамаддунсоз шинохта , иттиҳодпешаву сулҳпарвар дарёфтанд. Зеро асоси ҳама пирӯзиҳо дар иттиҳоду ваҳдат аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: