Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Боздид аз маҷмааи таърихии “Ичан-Қалъа” дар шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон 03.06.2022 17:23, Узбекистон

Боздид аз маҷмааи таърихии “Ичан-Қалъа” дар шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон 03.06.2022 17:23, Узбекистон

6-06-2022, 08:15
Хабарро хонданд: 88 нафар
Назарҳо: 0
Боздид аз маҷмааи таърихии “Ичан-Қалъа” дар шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон 03.06.2022 17:23, Узбекистон

3 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз мавзеи таърихии шаҳри Хива - “Ичан - Қалъа” боздид ба амал оварданд.

Иттиллоъ дода шуд, ки Хива яке аз қадимтарин шаҳрҳои Узбекистон буда, дар тӯли таърих барои инкишофи маданияти маънавӣ ва моддии мардум саҳми арзанда дорад.

Хива яке аз марказҳои сайёҳии байналхалқӣ эътироф гардида, дар шаҳр зиёда аз 120 ёдгории меъморӣ нигоҳ дошта мешавад.

Дар шаҳри бостонии Хива қисми қадимаи он “Ичан - қалъа” то замони мо бегазанд боқӣ мондааст.

Ёдгориҳои нодири Хива маҳсули эҷодии кори ҳунармандони маҳаллӣ мебошад, ки анъанаҳои чандинасраи меъмории Хоразми қадимро ба мерос мондаанд.

12 декабри соли 1990 “Ичан - қалъа” дар Осиёи Марказӣ ҳамчун мероси фарҳангии ҷаҳонӣ эътироф шуда, ба Рӯйхати мероси моддии ЮНЕСКО дохил карда шудааст.

Дар асри 19 шаҳри Хива ба ду қисм ҷудо шуд: “Ичан-қалъаи Шаҳристон” қисми дарунии шаҳр ва “Дешон-қалъа-работ” шаҳри беруна бо даҳҳо қишлоқҳои атрофи шаҳр.

Деворҳои қалъаи “Ичан-қалъа” бо мурури замон борҳо вайрон ва аз нав сохта шудааст. Доираи деворҳои қалъа қариб 2200 метр, баландиаш 7-8 метр ва ғафсии таҳкурсӣ 5-6 метрро ташкил медиҳад.

Баъди шиносоӣ бо мавзеъҳои қадимаи шаҳри Хива Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва бостоншиносон барои муаррифии шоистаи шаҳри қадимаи Хива изҳори сипос карда, ба мардуми дӯсти узбек дар роҳи гиромидошти арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ комёбиҳои беназир орзу карданд.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:
Маводи дигар вобаста ба робитаҳо дар сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: